Тоҷикистон
Созмони Паймони Амнияти даста ҷамъӣ (СПАД) омодагии худро барои кўмак ба Тоҷикистон дар вазъияте, ки пас аз ҳамлаи муваффақонаи Толибон (дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ мамнуъ) дар шимоли Афғонистон ба вуҷуд омадааст, изҳор кард. Коршиносон чунин мешуморанд, ки Москав иштирокчии калидии СПАД аст, бар иваз чизе талаб намекунад, зеро ў худ ба субот дар марзи Тоҷикистону Афғонистон манфиатдор аст.
Дар Тоҷикистон дар аксар ҳолатҳо озори ҷинсӣ нисбат ба кўдакон аз ҷониби атрофиён рух медиҳад. Коршиносон мегўянд, волидон бояд бо кўдакон дар бораи амнияти ҷинсӣ суҳбат намоянд ва ба онҳо «не» гуфтанро омўзонанд. (more…)
Коршиноси афғон мегўяд, террористони «Толибон» аз дастгирии густурдаи аҳолии Афғонистон бархўрдор нестанд ва қонунигардонии террористон аз ҷониби бозингарони калон раванди ноил шудан ба сулҳ ва рушд дар Афғонитонро танҳо мушкилтар мекунад.
Дар Тоҷикистон иҷозатномаи ду бонки калонтарини кишвар – «Агроинвестбонк» ва «Тоҷиксодиротбонк»-ро бозхонд гирифтанд. Дар Бонки миллии Тоҷикистон изҳор доштанд, ки ба хотири ин бонкҳо боварии мардум ба системаи бонкӣ кам гаштааст. Аммо коршиносон бар ин назаранд, ки амонатгузорон бо сабаби номукаммалии тартиби баргардонидани он, ки манфиатҳои шахсони воқеиро таъмин намекунад, ба бонкҳо боварӣ надоранд.
Низоъҳои марзии ба наздикӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки санаи 28-29уми апрели соли ҷорӣ рух дод, ба ҳаёти сокинони оддии ду ҷониб таъсири манфӣ расонид. Онҳое зарар диданд, ки тиҷорати муштарак доштанд, ба кишвари ҳамсоя хизматрасонӣ мекарданд ё мегирифтанд. Сокинон бовар доранд, ки мушкилот рафъ шуда, ҳамсояҳо метавонанд аз сар ба дидорбинии ҳам раванд.
Пайравони ҳаракати Толибон (ташкилоти дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ мамнӯъ) рӯзи 21 июн гузаргоҳи гумрукию тиҷоратии Шерхон-Бандар, воқеъ дар марзи Афғонистону Тоҷикистонро тасарруф карданд. Вазъи нерӯҳои давлатӣ дар вилояти Бадахшони Афғонистон, ки бо Тоҷикистон ҳаммарз аст, бадтар шуд. Дар Тоҷикистон аллакай аз таҳдиди муҳоҷирати ҳазорон гурезаи афғон ҳарф мезананд.
Бар асоси иттилои ғайрирасмӣ, то пандемияи коронавирус ҳамасола тавассути гузаргоҳҳои марзӣ ва минтақаҳои назоратнашавандаи рустоҳо беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба вилояти Ботканти Қирғизистон меомад. Онҳо асосан барои кор, табобат ва истироҳат меомаданд. Аммо пас аз муноқишаҳои мусаллаҳона дар баҳори соли 2021 муносибатҳои дуҷониба қатъ гардид.
Пас аз ба сари қудрат омадани президент Шавкат Мирзиёев ҷараёни гуфтушунидҳои Тошканд ва Душанбе вобаста ба ҷудокунӣ ва аломатгузории сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон босуръат гардид. Ҳукуматҳо бовар мекунонанд, ки ихтилофҳои ҷиддӣ дар ду кишвар оид ба ин масъала вуҷуд надорад. Аммо коршиносон ба ин назаранд, ки гуфтушунидҳои сарҳадиро зарур аст суръат бахшанд, то аз барномаҳои эҳтимолан номатлуб гурезанд. Ҳамчунин коршиносон аз он нигаронанд, ки шаффофият дар ин масъала вуҷуд надорад. (more…)
Таҳлилгарон мегӯянд, муносиботи дуҷонибаро на изҳоротҳои декларативӣ, балки тарҳҳои мушаххас ва мутақобилан судманд дар бахшҳои мухталиф таҳким мебахшанд. (more…)
Мизони баланди фавт ва камғизоӣ дар байни кӯдакон мушкили калидӣ дар Тоҷикистон мебошад. Бештари кӯдакони тоҷик аз имкони гирифтани таҳсилоти томактабӣ маҳруманд. (more…)