Низоъҳои марзии ба наздикӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки санаи 28-29уми апрели соли ҷорӣ рух дод, ба ҳаёти сокинони оддии ду ҷониб таъсири манфӣ расонид. Онҳое зарар диданд, ки тиҷорати муштарак доштанд, ба кишвари ҳамсоя хизматрасонӣ мекарданд ё мегирифтанд. Сокинон бовар доранд, ки мушкилот рафъ шуда, ҳамсояҳо метавонанд аз сар ба дидорбинии ҳам раванд.
Сокинони Қирғизистон дар маводи Муносибатҳои қатъшудаи Қирғизистон ва Тоҷикистон андешаҳояшонро изҳор доштанд
Тиҷорат дар «вазъияти форс – мажор»
Шуайбиддин Тоҷиев – аллакай 10 сол мешавад мағозаи меваҷотро ба роҳ мондааст, ки дар маркази деҳаи Хоҷа – Аъло сарҳади Тоҷикистон қарор дорад. Низоъи сарҳадӣ ба тиҷорати ў таъсири сахт расонидааст, гардиши маҳсулоташ нисбати чанд моҳи пеш ба таври назаррас паст шудааст.
Мағозаи Тоҷиев дар маркази деҳа дар роҳи мошингард ҷойгир аст ва сокинони деҳаҳои наздии Қирғизистон қисми зиёди мизоҷони онро ташкил медиҳад. Аммо пас аз вокеаҳои ахири моҳи апрел ва бастани марз, шаҳрвандони Қирғизистон аз ин дукон харидорӣ карданро қатъ намуданд, ки ин ба коҳиши назарраси савдо оварда расонид. Ҳоло харидорони асоси сокинони маҳаллӣ мебошанд.
Ашўрбой Сангинов, дорои тиҷорати хурд дар ин деҳа мебошад, ки ба фурўши масолеҳи сохтмонӣ машғул аст, мегўяд, қаблан қирғизҳо аз вай асосан семент харидорӣ мекарданд.
То низоъҳо масолеҳи сохтмони тариқи Қирғизистон оварда мешуд, аммо ҳоло пас аз баста шудани сарҳад молҳо тавассути гумрук ба ноҳияи Спитамен (тариқи сарҳади кишвари ҳамсояи Ўзбекистон) мегузарад. Ба гуфтаи Сангинов, бо вуҷуди он ки ин гарон меафтад, ба ҳар ҳол он «бехатар» аст.
«Дар Тоҷикистон маводи ғизоӣ арзонтар аст аз ин хотир қисми зиёди сокинони Қирғизистон хоҳиши аз мағозаҳои мо харидорӣ доранд»,-гуфт Сангинов.
Савдогари дигар аз Исфара, ки нахост номаш фош шавад, гуфт меваҳои хушкро тавассути Қирғизистон ба Руссия интиқол медиҳад. Вай ба портали таҳлилии Cabar.asia гуфт, баста шудани сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон ба «вазъияти форс-мажор» оварда расонид.
«Имсол мо дар интиқоли меваҳои хушк ва васеъ намудани тиҷорат нақшаҳои зиёд доштем. Ман бо дўсти худ аз Қирғизистон доир ба ҳамкорӣ созишнома баста будем ва нақша доштем ҳамроҳ меваҷот интиқол медиҳем. Аммо ин низоъҳои марзӣ ва баста шудани роҳҳо ба фаъолияти мо таъсир расонид. Мо намедонем чӣ кор кунем», – гуфт ҳамсуҳбати мо.
Тоҷир мегўяд, ки баъзе мушкилот дар гузашта ҳам, вақте низоъҳо рух медоданд, ба миён меомад. Вале он вақтҳо сарҳадро пурра намебастанд ва онҳо имкон доштанд то бори худро гузаронанд.
Тоҷири тоҷик гуфт, шарикони ў ҳоло ҳам омодаанд, то бо ў ҳамкориро давом диҳанд.
«Вақте сарҳад пурра баста аст, мо ҳатто намедонем чӣ кор кунем. Ба ҳар хол мо умед ба он дорем, ки рўзҳои наздик масъалаи кушода шудани сарҳад баррасӣ хоҳад шуд, ва роҳбарони ҳарду кишвар дар ин маврид андеша хоҳанд кард. Зеро ғайр аз ман, қисмати зиёди шаҳри Исфара ба содироти мева ва меваи хушк машғуланд ва бештари он тавассути Қирғизистон мегузарад. Ва аксаран аз рўи ҳамин зиндагӣ доранд», – изҳор дошт ҳамсуҳбати мо.
«Вақте табиб дар наздикӣ аст, аммо ба наздаш рафта наметавонед»
Сокинони дар марзи ҳарду кишвар Тоҷикистон ва Қирғизситон натанҳо аз мағозаҳои якдигар мол мехариданд, балки аз хидмати тиббии ҳамсоягонашон низ истифода мекарданд. Ҳоло ин таҷриба қатъиян манъ аст.
Яке аз ҳамшираҳои тиб, ки дар деҳаи Хоҷаи Аъло, наздикии деҳаи Уштеппаи Қирғизистон қарор дорад, мегўяд, пас аз низоъҳои марзӣ шаҳрвандони қирғиз ба наздаш барои табобат намеоянд ва шаҳрвандони Тоҷикистон низ ҳуқуқи ба ҷониби дигари сарҳад гузаштанро надоранд.
«Пештар онҳо меомаданд, табибони мо онҳоро муоина мекарданд, ташхис мекарданд, мо онҳоро табобат мекардем. То муноқишаи охирин онҳо моро ба хонаи худ даъват мекарданд,. Хусусан, дар тобистон вақте тамоми занҳои вилояти Ботканд ба саҳро мерафтанд, аҳолии онҳо маҷбур мешуданд, ки аз хидмати табибон ва парасторони тоҷик истифода баранд», – гуфт мусоҳиб.
Баъди панҷ- шаш хона аз хонаи вай оилаҳои қирғиз зиндагӣ мекунанд, ва акнун охиринҳо маҷбуранд то маркази вилояти Бодканд чандин километрро тай карда барои кўмаки тиббӣ раванд.
«Мо бо ду парастори яке аз бемористонҳои вилояти Ботканд шинос ҳастем, ҳатто дўстӣ ва рафтуомад доштем, ба меҳмонии ҳамдигар мерафтем. Онҳо баъзан беморони худро назди мо мефиристониданд ва аз табибони мо машварат мегирифтанд. Аммо ман онҳоро чанд моҳ шуд намебинам», – гуфт ҳамшира.
Ҳамсуҳбати мо инчунин изҳор дошт, ки ба наздикӣ дандонпизишк аз кишвари ҳамсояи Қирғизистон беморхонаи худро дар наздикии сарҳад кушод, ки ба ў сокинони зиёди ҷониби Тоҷикистон муроҷиат менамуданд. Вале пас аз низоъи марзӣ ба назди ў рафтанро манъ карданд.
Ба қавли ҳамшира, ҳама сокинони оддӣ аз барои низоъи рухдод зарар диданд.
«Хеле даҳшатнок буд! Панҷ шабонарўз касе хоб нарафтааст. Беҳтараш бо сулҳ розӣ шавед, то ин ки чунин ҳолат дигар такрор нашавад».
Барои таҳсил ба Тоҷикистон
Муҳаммадисо Зархоров дар шаҳри Ҳайдарканди вилояти Ботканди Қирғизистон таваллуд шудааст, ҳоло тариқи квотаи байнидавлатӣ дар соли дуюми факултаи рўзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад.
«Дар шаҳри мо Ҳайдарканд низ ҳаргуна овозаҳои бад паҳн мешаванд. Ба ман ҳамарўза аз хона занг зада мепурсанд, ки касе маро хафа намекунад? Пас аз он ки ман ба онҳо фаҳмонидам, ки ҳама чиз бо ман хуб аст, оилаи ман каме ором шуданд. Аз ҳама беш оилаи ман аз он хавотир буданд, ки баъди низоъи рухдода роҳҳо баста мешавад ва ман муддати тўлонӣ инҷо мемонам. Хуб аст ки дар Душанбе, Хуҷанд ва дар онҷойҳое, ки қирғизҳо зиндагӣ мекунанд, эҳсосоти миллатгароӣ набошад»- гуфт ў.
Захаров ба ин назар аст, ки акнун барои беҳтар намудани муносибатҳои байни кишварҳо ва рафъи нофаҳмиҳо ва норозигӣ бештар чорабиниҳои муштарак, фестивалҳои гуногунро дар байни ҷавонони ҳарду кишвар, ки дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ зиндагӣ мекунанд. Баргузор намоянд.
Вай гуфт, ки 6-уми июн аз Душанбе ба Қирғизистон рафт ва барои сарҳадро гузаштан ба ягон мушкилот дучор нашудааст.
«Хонавода маро водор мекунад, то ба Қирғизистон интиқол ёбам, аммо ман ният дорам таҳсиламро дар Тоҷикистон давом диҳам. Умед дорам ин имконпазир хоҳад буд», – мегўяд Муҳаммадисо Зархоров.