Як тадқиқоти журналистии CABAR.asia нишон дод, ки бахше аз маблағҳои ҷудошуда аз ҷониби мақомот ва созмонҳои байналмилалӣ барои коркард ё нобуд кардани миллионҳо фурӯзонак ё лампаҳои симобдор дар Тоҷикистон, мувофиқи мақсад истифода нашудааст. Фурӯзонакҳои симобдори истифодашуда дар партовгоҳҳои умумӣ партофта мешаванд, ки ба саломатии одамон хавф эҷод мекунад.
Лампаҳои каммасрафи симобдор дар Тоҷикистон пас аз як фармони Президент Эмомалӣ Раҳмон, ки моҳи апрели соли 2009 содир шуд, ба таври густурда мавриди истифода қарор гирифт. Бар асоси ин фармон тамоми корхонаву ташкилотҳо муваззаф шуданд, ки барои сарфаи нерӯи барқ аз фурӯзонакҳои каммасраф истифода намоянд. Дар фармон ҳамчунин гуфта мешуд, ки воридоти лампаҳои муқаррарӣ, ки нерӯи барқро нисбатан зиёдтар сарф мекунанд, давра ба давра маҳдуд карда мешавад.
Баъди интишори ин фармон, расонаҳои давлатӣ дар бораи манфиатҳои фурӯзонакҳои каммасрафи симобдор маъракаи таблиғотии васеъро оғоз карданд. Он вақт дар мавриди эҳтимоли ба саломатӣ зиёновар будани симобе, ки дар ин лампаҳо мавҷуд аст, тақрибан чизе гуфта намешуд. Коршиносон тавсия медоданд, ки фурӯзонакҳои симобдор бояд ба тартиби махсус безарар гардонда шуда, набояд дар партовгоҳҳои умумӣ партофта шаванд.
Дар посух ба ин даъватҳо ҳукумати Тоҷикистон соли 2011 қарор “Дар бораи тадбирҳо оид ба ташкил намудани системаи безараргардонии ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, интиқол ва коркарди лампаҳои симобдор”-ро қабул кард.
Бар асоси ин санад, ҳукуматҳои маҳаллӣ ва корхонаҳои манзилию коммуналӣ муваззаф шуданд, ки фурӯзонакҳои каммасрафро аз сокинон ва корхонаҳо ҷамъоварӣ ва безарар гардонанд. Дар баробари мақомот, бархе корхонаҳо низ ба ҷамъоварии лампаҳои каммасраф шурӯъ кардаанд. Аз ҷумла, соҳибкор Аҳрор Раҳимов дар шаҳри Исфара садҳо чунин лампаҳои симобдорро ҷамъоварӣ карда, дар анбор нигоҳ медошт.
Фурӯзонакҳои каммасраф чӣ гуна омили амалҳои коррупсионӣ шуданд?
Аммо таҳқиқи мавзӯъ нишон дод, ки масъалаи асосӣ — безараргардонии лампаҳои симобдор ҳанӯз ҳал нашуда, як қатор талошҳо дар ин самт бенатиҷа будаанд. Яке аз сабабҳои он мавҷудияти фасод аст.
Дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Чароғ” фаъолият мекунад, ки тибқи санадҳои Кумитаи андоз ба истеҳсоли лампаҳои каммасраф машғул аст. Ин корхона моликияти давлат буда, муассиси он Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Як манбаи муътабар ба CABAR.asia гуфт, ки соли 2019 ҳукумати Тоҷикистон барои харидории дастгоҳи безараргардонии лампаҳои симобдор ба ҶСК “Чароғ” 750 ҳазор сомонӣ (79 535 доллар) ҷудо кардааст. Ба иттилои ҳамин манбаъ, дар давоми соли 2019 ба суратҳисоби бонкии ҶСК “Чароғ” се транш ворид шудааст.
Транши аввал ба маблағи 70 ҳазор сомонӣ (7 415 доллар) рӯзи 18 июл, транши дуюм ба маблағи 322 500 сомонӣ (34 163 доллар) рӯзи 25 июл ворид гардидааст. Аз маблағи умумӣ 392 500 сомонӣ (41 579 доллар) барои қарзи қаблии ҶСК “Чароғ” аз молиёт пардохт шудааст. Ҳамин тариқ, аз нисф зиёди маблағҳои грантии давлатӣ ба мақсадҳои дигар сарф шудааст.
28 декабри соли 2019 транши сеюм ба маблағи 357 500 сомонӣ (36 931 доллар) ба суратҳисоби бонкии ҶСК “Чароғ” ворид шудааст. Аз ин маблағ 10 500 сомонӣ (1 084 доллар) барои хидматрасонии бонкӣ ва қарзҳои андоз гузаронда шудааст. Маблағи боқимонда – 347 ҳазор сомонӣ (35 847 доллар) ба хазинаи ҶСК “Чароғ” гузаронида шудааст.
Ба гуфтаи манбаи мо, нозирони Оҷонсии зидди фасод низ муайян кардаанд, ки Билол Маҳкамов, раиси вақти ҶСК “Чароғ” рӯзи 30 декабри соли 2019 аз хазинаи ширкат 347 ҳазор сомонӣ (35 847 доллар) гирифта, барои харидории таҷҳизот ба Русия рафтааст.
Манбаи мо гуфт, тибқи қарордод, ҶДММ “ВФ ФИД-Д” (Дубнаи Русия) мебоист ба корхонаи “Чароғ” ба маблағи 5 миллиону 970 000 рубл (96 241 доллар) дастгоҳи безараргардонии “УРЛ 2-М”-ро дастрас мекард. Ба гуфтаи манбаъ, ширкати “Чароғ” мебоист дастгоҳро пас аз пешпардохти 70 дарсади маблағ ба даст меовард.
Аудиторони Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардаанд, ки Билол Маҳкамов дар забонхати худ навиштааст, ки Абдуллоев Илҳом Ғайбуллоевич, директори генералии ҶДММ “ВФ ФИД-Д” аз ӯ 2 миллион рубли русӣ, ки муодили 314 ҳазор сомонӣ (32 438 доллар) мебошад, гирифтааст. Аммо санҷиши мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон нишон додааст, ки раиси собиқи ҶСК “Чароғ” Билол Маҳкамов ба директори ҶДММ “ВФ ФИД-Д” на 2 миллион рубл, балки ҳамагӣ 900 ҳазор рубл ё 141 ҳазор сомонӣ ( 14 566 доллар) додааст.
Санҷиши далелҳои пешниҳодкардаи манбаъ нишон дод, ки ҶДММ “ВФ ФИД-Д” воқеан ба фурӯши таҷҳизоти коркарди партовҳо машғул аст. Мо ба ин ширкат нома фиристодем, вале посухе дарёфт накардем.
Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар посух ба дархости “Азия Плюс” тасдиқ кард, ки дар фаъолияти ширкати “Чароғ” як қатор камбудиҳои молиявӣ ошкор шудааст. Тибқи иттилои оҷонсӣ, фаъолияти ҶСК “Чароғ” аз моҳи сентябри соли 2016 то моҳи марти соли 2022 тафтиш гардида, ба маблағи беш аз 233 ҳазор сомонӣ (20 619 доллар, ба ҳолати 1 январи 2022) “камомаду тасарруфи воситаҳои пулию молӣ ва талафи воситаҳои пулию молӣ” ошкор шудааст.
Дар посухи Оҷонсӣ омадааст, дар асоси натиҷаи тафтишот нисбати собиқ директори генералии ҶСК “Чароғ” Билол Маҳкамов бо иттиҳоми тасарруфи маблағ дар ҳаҷми махсусан калон (моддаи 245, қисми 4, банди “б”-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз шудааст. Аммо ба иттилои Оҷонсии мубориза бо фасод, пас аз ҷуброни пурраи маблағи зарар, нисбат ба Билол Маҳкамов санади афв татбиқ шуда, парвандаи ҷиноӣ алайҳи ӯ қатъ гардидааст.
Талоши мо барои пайдо кардани Билол Маҳкамов бенатиҷа буд. Аммо тафтиши мавзӯъ нишон дод, ки дар натиҷаи кирдори ӯ ҶСК “Чароғ” натавонистааст дастгоҳи азими безараргардонии лампаҳоро аз Русия дастрас кунад.
Соли 2022 Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд ба корхонаи “Чароғ” таҷҳизоти безараргардонии лампаҳои каммасрафи симобдор тақдим намуд. Аммо ба гуфтаи Валиҷон Салимов, раиси феълии корхонаи “Чароғ”, ин дастгоҳҳо хурд ҳастанд: онҳо қодиранд, ки дар як рӯз то ҳазор лампаро нобуд кунанд.
Ба гуфтаи Салимов, агар дастгоҳи бузурги “УРЛ 2-М” аз Русия дастрас мешуд, он метавонист дар шабонарӯз қариб 3900 лампаро безарар гардонад. Ҳоло дар анбори “Чароғ” 1 миллиону 500 ҳазор дона лампаи симобдор нигоҳ дошта мешавад ва ҳар моҳ ин рақам меафзояд.
Ба гуфтаи раиси ҶСК “Чароғ”, ба корхона аз манотиқи дигари вилояти Суғд лампаҳои симобдори корношоям оварда мешаванд. Валиҷон Салимов дар суҳбат ба мо гуфт, талошҳояш барои дарёфти дастгоҳи безараргардонӣ аз Русия бенатиҷа будаанд.
Таҷҳизоти безараргардонӣ хариданд, аммо мутахассис нест
Ин ягона таҷрибаи номуваффақи безараргардонии лампаҳои симобдор дар Тоҷикистон нест. Соли 2013 бо қарзи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд таҷҳизоти безараргардонии лампаҳои каммасраф харидорӣ ва ба тавозуни Корхонаи воҳиди давлатии “Партовгоҳи партовҳои сахти маишии шаҳри Душанбе” гузаронида шуд. Аммо ин дастгоҳ муддати тӯлонӣ кор накард, зеро тибқи маълумоти расмӣ дар Тоҷикистон мутахассиси безараргардонии лампаҳои каммасраф набуд.
“Ба ин ҷо як корхонаи хурд овардаанд, онро истифода бурданӣ нестанд. Ин таҷҳизот дар тавозуни корхона аст, вале касе бо он кор карда наметавонад. Моҳи майи соли 2023 мо қарзро дар назди БАТР пурра пардохт кардем”,- гуфт Сайбурҳон Атозода, раиси КВД “Партовгоҳи партовҳои сахти маишии шаҳри Душанбе” ба CABAR.asia.
Кумитаи ҳифзи муҳити зист низ таъйид кард, ки таҷҳизот барои безараргардонии лампаҳои симобдор, ки барои шаҳри Душанбе харидорӣ шудааст, “як муддати муайян кор карда, бо сабабҳои техникӣ аз кор монд”.
14 ноябри соли 2023 Кумитаи ҳифзи муҳити зист ба КВД “Партовгоҳи партовҳои сахти маишии шаҳри Душанбе” “ду маҷмӯи таҷҳизот барои безараргардонии лампаҳои симобдор” супурдааст. Ба иттилои ин кумита, ин дастгоҳҳо дар як соат 350 лампаи симобдорро нобуд мекунанд.
Сайбурҳон Атозода моҳи март ба хабарнигори CABAR.asia гуфта буд, дар анборҳои ширкат 32 ҳазор лампаи каммасраф мавҷуд буд, ки давоми якуним моҳ безарар гардонида шуданд. Ба гуфтаи Атозода, онҳо интизоранд, ки аз дигар минтақаҳо лампаҳои каммасраф оварда шавад ва онҳоро безарар гардонанд.
Аммо ин ҷо як саволи мантиқӣ ба миён меояд: оё воқеан дар Душанбе ҳамагӣ 32 ҳазор лампаи каммасраф нобуд карда шудааст?
Дар гузориши “Муомилот бо партовҳо дар шаҳри Душанбе. Ҳолат, мушкилот ва роҳҳои ҳалли онҳо” бар асоси маълумоти Раёсати ҳифзи муҳити зист барои соли 2017 омадааст, “ҳамасола дар шаҳри Душанбе ҳудуди 1,5 миллион лампаи симобдор истифода мешавад. Бо назардошти лампаҳои пастсифат, ки вориди бозор мешавад, ҳамасола ҳудуди 45-50 ҳазор лампаҳои симобдор корношоям мешаванд”.
Яъне, тибқи ин гузориш, дар шаҳри Душанбе ҳамасола то 50 ҳазор лампаи симобдор корношоям мешавад. Фурӯзонакҳои симобдор аз соли 2009 то 2022 мавриди истифода қарор дошт.
Агар давоми 13 сол дар пойтахт ҳамасола дасти кам 45 ҳазор фурӯзонак аз кор баромада бошад, пас шумораи умумии онҳо қариб 600 ҳазорро ташкил медиҳад. Аммо мақомот мегӯянд, тайи 13 сол дар пойтахт ҳамагӣ 32 ҳазор фурӯзонак безарар шудааст.
Чаро қарори ҳукумат иҷро нашуд?
Тадқиқот нишон дод, ки дар ҷумҳурӣ вобаста ба ҷамъоварии лампаҳои симобдор кори муайяне ба анҷом расидааст. Аз ҷумла, дар шаҳри Душанбе то соли 2022 ҳукуматҳои маҳаллӣ ва корхонаҳои хоҷагии манзилию коммуналӣ нуқтаҳои қабули фурӯзонакҳои каммасраф боз кардаанд.
Бар асоси гузориши Кумитаи ҳифзи муҳити зист, аз соли 2009 то соли 2021 дар ҷумҳурӣ 1765 нуқтаи ҷамъоварии лампаҳои симобдор таъсис шуда, аз аҳолӣ ва корхонаҳо 1,4 миллион лампаи симобдор ҷамъоварӣ шудааст. 5 апрели соли 2024 дар посух ба дархости хабаргузории “Азия Плюс” Кумитаи ҳифзи муҳити зист навишт, ки дар ҷумҳурӣ каме бештар аз 2 миллион лампаи симобдори истифодашуда ҷамъоварӣ гардидааст.
Аммо Кумитаи ҳифзи муҳити зист тасдиқ мекунад, ки лампаҳои ҷамъшуда танҳо як қисми ками лампаҳои симобдорро ташкил медиҳанд – ҳамагӣ наздики 18-20%.
Дар як ҷо ҷамъ карда натавонистани лампаҳо танҳо яке аз мушкилот ба ҳисоб меравад. Мушкили дигар имконнопазирии пурра коркард ё безараргардонии лампаҳои ҷамъоваришуда мебошад. Ба иттилои Кумитаи ҳифзи муҳити зист, феълан дар тамоми Тоҷикистон ҳамагӣ се таҷҳизоти коркард ва безараргардонии дампаҳои симобдор фаъолият мекунад, ки дар як соат 350 лампаро нобуд мекунанд. Ин дастгоҳҳо дар шаҳрҳои Исфара, Душанбе ва Турсунзода насб шудаанд.
Худи мақомот иқрор мешаванд, ки қарори ҳукумат дар бораи безараргардонии фурӯзонакҳо дар кишвар иҷро нашудааст. Тибқи банди 1-и қарор “Дар бораи тадбирҳо оид ба ташкил намудани системаи безараргардонии ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, интиқол ва коркарди лампаҳои симобдор” Вазорати рушди иқтисод, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ, Кумитаи ҳифзи муҳити зист, КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” ва мақомоти маҳаллӣ ӯҳдадор шудаанд, ки “дар давоми солҳои 2011-2012 барои безарар гардонидани лампаҳои симобдори корношоям на камтар аз панҷ таҷҳизот харидорӣ ва мавриди истифода қарор бидиҳанд”. Аммо дар гузориши Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар соли 2021 қайд шудааст, ки ин талабот “то ҳол аз ҷониби вазорату идораҳои дахлдор иҷро нашудааст”.
Шумораи умумии лампаҳои симобдори ба Тоҷикистон воридшуда ё дар дохили кишвар истеҳсолшуда давоми солҳои 2009-2022 маълум нест. Хабаргузории давлатии “Ховар” навишта буд, то моҳи сентябри соли 2011 сокинони Тоҷикистон бо “8 миллиону 154 ҳазор лампаи каммасраф таъмин гардидаанд”.
Чаро ин лампаҳо бояд безарар гардонда шаванд?
Ҳам коршиносон ва ҳам мақомот бар ин назаранд, ки лампаҳои симобдор барои саломатии инсон ва муҳити зист хатарнок буда, бояд ба таври махсус нобуд карда шаванд.
Дар ҳамон гузориши Кумитаи ҳифзи муҳити зист, ки барои соли 2021 нашр шуда буд, мутахассисон навиштаанд, “тибқи меъёрҳои санитарӣ ҳадди ҷоизи ғизлати симоб дар ҳавои атмосфераи биноҳои истиқоматию ҷамъиятӣ бояд 0,0003мг/м3-ро ташкил кунад”.
Дар таркиби як адад лампаи каммасрафи симобдор бошад, ба ҳисоби миёна 2-7 мг симоб мавҷуд аст, ки ин хатари ҷиддии экологӣ мебошад.
“Дар сурати шикастани танҳо як лампа ғизлати буғи симоб дар ҳавои атмосфера мумкин аст аз ҳадди ҷоизи ғизлат беш аз 160 маротиба зиёд шавад. Ҳамин тавр таҳдид намудани зарари лампаҳои аз истифода баромадаи симобдор ба саломатии аҳолӣ ва муҳити зист аз эътимол дур набуда, аз мақомоти марбутаи салоҳиятдор чораҷӯии таъҷилиро тақозо менамояд”,-таъкид мешавад дар гузориш.
Аниса Абибуллоева, коршиноси муҳити зист мегӯяд, фурӯзонакҳои симобдор пас аз корношоям шуданашон набояд дар партовгоҳҳои умумӣ партофта шаванд, зеро эҳтимоли онҷо шикастану муҳити атрофро заҳролуд кардани онҳо зиёд аст. Ба гуфтаи Абибуллоева, лампаҳои шикаста ва заҳролудшавӣ шояд инсонро дарҳол ба ҳалокат нарасонад, аммо ба саломатии одамон таъсири бад мерасонад.
Умаралӣ Раҷабов, профессори кафедраи кимиёи фармасевтӣ ва заҳршиносии Донишгоҳи тиббӣ ба CABAR.asia гуфт, симоб як моддаи заҳролуд буда, барои одамон паёмадҳои сангин дорад.
“Агар симоб бирезад ва одам буғи онро нафас бикашад, метавонад ба узвҳои дарунӣ, аз ҷумла ҷигар осеб расонад. Он пӯстро сӯзонда, мисли махав пӯстро сафед мекунад”,- гуфт Умаралӣ Раҷабов.
Заҳролудшавӣ аз симоб ба майнаи сар низ осеб мерасонад ва метавонад сабаби аз ҳуш рафтан гардад. “Заҳролудшавӣ аз симоб метавонад ба марг оварда расонад. Агар миқдори симоб кам бошад, заҳролудшавӣ оҳиста-оҳиста сурат мегирад, агар зиёд бошад, зуд оғоз мешавад”,- таъкид кард табиб.
Ба гуфтаи ӯ, миқдори симоб дар дохили як лампаи каммасраф он қадар зиёд нест, аммо агар фурӯзонакҳо зиёд бошанд, он гоҳ боиси заҳролудшавии одамон мешаванд. Профессор аз сокинон даъват кард, ки лампаҳои симобдорро дар партовгоҳҳои умумӣ напартоянд, балки онҳоро ба нуқтаҳои махсус супоранд.
Бо қарори ҳукумат аз моҳи июни соли 2022 воридот, истеҳсол ва фурӯши лампаҳои симобдор дар Тоҷикистон манъ карда шуд.
Аммо як таҳқиқоти рӯзноманигорӣ нишон дод, ки сарнавишти миллионҳо лампаҳои симобдор, ки барои ҷомеа ва муҳити зист хатарноканд, ҳанӯз рӯшан нест.