Без рубрики
Ҷамъоварии ғайриқонунии партовҳо дар Тоҷикистон на танҳо нақзи қонун аст, балки ба саломатии одамон ва муҳити зист таҳдид мекунад. Коршиносон мегӯянд, барои ҷилавгирӣ аз афзоиши бозори ғайриқонунии ҷамъоварӣ ва коркарди партовҳо чораҳои фаврӣ андешидан лозим аст. (more…)
Мушкилоти камбуди оби нӯшокӣ барои сокинони ноҳияи Деваштичи вилояти Суғди Тоҷикистон солҳо боз ҳалношуда боқӣ мемонад. Барои рафъи он чанд маротиба маблағҳои қобили таваҷҷуҳ ҷудо шудааст, аммо сокинони маҳаллӣ шикоят доранд, ки ҳанӯз маҷбуранд об бихаранд ва касе барои ҳалли мушкили онҳо иқдом намекунад. (more…)
Гузориши вижаи CABAR.asia нишон медиҳад, ки дар Тоҷикистон муҳоҷирони экологӣ баъди кӯчидан ба макони нав аксар вақт дар шароити сангин зиндагӣ карда, “рӯ ба раҳми Худо” нишастаанд. (more…)
Дар ҷануби Тоҷикистон малах аллакай ба чарогоҳҳои куҳӣ ҳамла кардааст. Деҳқонон метарсанд, ки ҳашарот ба зудӣ ба водиҳо фуромада, ҳосили онҳоро нобуд мекунад. Коршиносон мегӯянд, малахҳо бояд аз роҳҳои биологӣ маҳв карда шаванд. (more…)
Як тадқиқоти журналистии CABAR.asia нишон дод, ки бахше аз маблағҳои ҷудошуда аз ҷониби мақомот ва созмонҳои байналмилалӣ барои коркард ё нобуд кардани миллионҳо фурӯзонак ё лампаҳои симобдор дар Тоҷикистон, мувофиқи мақсад истифода нашудааст. Фурӯзонакҳои симобдори истифодашуда дар партовгоҳҳои умумӣ партофта мешаванд, ки ба саломатии одамон хавф эҷод мекунад. (more…)
Дар Тоҷикистон давоми 10 соли охир ихроҷи моддаҳои зараровар ба атмосфера тақрибан ду баробар афзоиш ёфтааст. Нақлиёт манбаи асосии олудашавии ҳаво мебошад. Коршиносон мегӯянд, бояд нақлиёти ҷамъиятии “сабз” тавсеа дода шавад. (more…)
Садҳо хонавода дар ҷануби Тоҷикистон аз дуди сиёҳу бӯйи ғализи танӯр ё хумдонҳои оҳакпазӣ азият мекашанд. Коршиносони муҳити зист мегӯянд, зарари ин партовҳо ҳатто берун аз ҳудуди минтақа эҳсос мешавад. (more…)
Дар вилояти мухтори куҳистони Бадахшон (ВМКБ) ҷангалзорҳое, ки дар остонаи нобудшавӣ қарор доштанд, эҳё мешаванд. Дар ин кор нақши усули “аз поён ба боло”, ки иштироки фаъолонаи сокинони маҳаллӣ дар тасмимгириҳо оид ба барқарорсозӣ ва истифодаи устувори ҷангалро дар назар дорад, калидӣ ба шумор меравад.
(more…)
Дар Тоҷикистон барои истифодаи густурдаи нерӯгоҳҳои барқи офтобӣ ва ҷалби сармоя ба ин бахш шароити мусоид фароҳам нашудааст. Ин ҳам дар ҳоле ки кишвар пайваста гирифтори гирдоби норасоии барқ ва буҳрон дар низоми барқрасонӣ мебошад. (more…)
Коршиносони тоҷик мегӯянд, масъулини бахши энержии кишварро мебояд ба низоми куҳнашудаи таъмини барқ дар кишвар таваҷҷуҳи бештар зоҳир кунанд. (more…)