© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Тоҷикистон: энергияи офтобӣ кумакрасони неругоҳҳои барқи обӣ

Дар Тоҷикистон барои истифодаи густурдаи нерӯгоҳҳои барқи офтобӣ ва ҷалби сармоя ба ин бахш шароити мусоид фароҳам нашудааст. Ин ҳам дар ҳоле ки кишвар пайваста гирифтори гирдоби норасоии барқ ва буҳрон дар низоми барқрасонӣ мебошад.


Батареяҳои офтобӣ дар Душанбе. Акс: CABAR.asia
Панелҳои офтобӣ дар Душанбе. Акс: CABAR.asia

Тоҷикистон яке аз кишварҳои осебпазир ба тағйирёбии иқлим аст. Баландшавии ҳарорат боиси обшавии пиряхҳо ва тағйирёбии шакли боришот гардид. Ин ҳолат барои низоми гидроэнергетикии кишвар, ки зиёда аз 95 дарсади нерӯи барқро тавлид мекунад, як мушкили ҷиддиро ба вуҷуд овардааст.

 Соли 2023 дар Тоҷикистон беш аз 21,8 миллиард кВт/соат нерӯи барқ ​​тавлид шудааст. Аммо солҳост, сокинони деҳоти кишвар дар фасли зимистон дар як шабонарӯз ҳамагӣ 8-10 соат нерӯи барқ ​​доранду халос.

 Тибқи гузоришҳои мақомот, ҳамасола дар ин давра ба далели коҳиши мизони об дар рӯдхонаҳо нерӯи барқи​​камтар тавлид мешавад. Ин дар навбати худ боиси ҷорӣ шудани маҳдудияти интиқоли барқ ​​дар деҳот мешавад, ки тибқи иттилои расмӣ 70 дарсади сокинони кишвар онҷо зиндагӣ мекунанд.

Рӯзи якуми март тақрибан дар тамоми қаламрави кишвар нерӯи барқ ​​қатъ гардид. Ба гуфтаи мақомот, сабаби қатъ шудани нерӯи барқ ​​дар пойтахт ва аксари манотиқи Тоҷикистон садама дар хатҳои асосии баландшиддати барқи ҷумҳурӣ будааст.

95 дарсади тамоми нерӯи барқи кишвар дар неругоҳҳои барқи обӣ тавлид мешавад. Коршиносон мегӯянд, дар Тоҷикистон бояд аз усулҳои алтернативии тавлиди нерӯи барқ ​​фаъолона истифода шавад, то сокинон ба он дастрасии доимӣ дошта бошанд.

Бар асоси маълумоти хадамоти обуҳавошиносӣ, Тоҷикистон солона аз 260 то 300 рӯзи офтобӣ дорад ва кишвар дорои иқтидори бузурги энергияи офтобӣ мебошад. Мувофиқи ҳисобҳои муқаддамотии Вазорати энергетика ва захираҳои об, иқтидори солонаи истифодаи энергияи офтоб 3103 миллиард киловатт/соатро ташкил медиҳад. Дар сурати истифода бурдани имкониятҳои мавҷуда, сокинони минтақаҳои кишвар қисман бо нерӯи барқ ​​таъмин хоҳанд шуд.

Чорводор Соҳибназар Муродов, сокини ҷамоати Сари Хосори ноҳияи Балҷувон як сол мешавад, ки дар чарогоҳи тобистонаи худ панелҳои офтобӣ насб кардааст.

“Ин система як сол пеш дар доираи як барнома ба мо тақдим карда шуд. Он дар ҷойе насб шудааст, ки нерӯи барқ ​​нест”,- гуфт ӯ дар суҳбат бо CABAR.asia.

Вай таъкид кард, нерӯи барқе, ки аз панелҳои офтобӣ тавлид мешавад, дар чарогоҳҳое, ки нерӯи барқ ​​мавҷуд набуд, хуб истифода мешавад.

“Мо тобистонро дар чарогоҳ мегузаронем. Нерӯи барқ барои мо танҳо шабона барои рӯшноӣ ва нерӯ додани телефонҳо ​​лозим аст”,- гуфт Муродов.

Мақомот барои тағйир додани вазъ чӣ чораҳо меандешанд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар паёми солонаи худ изҳор дошт, “бо мақсади расидан ба ҳадафҳои Стратегияи рушди “иқтисоди сабз” ҷиҳати бунёди неругоҳҳои барқӣ аз ҳисоби манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва то соли 2030 ба ҳаҷми на кам аз 1000 мегаватт расонидани иқтидорҳои алтернативии истеҳсоли “энергияи сабз”, яъне бо истифодаи захираҳои офтобиву бодӣ тадбирҳои амалӣ андешида шаванд”.

Дар нишасти хабарии Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон рӯзи якуми феврали соли 2024 гуфта шуд, ки соли 2023 дар минтақаи Мурғоб бо маблағгузории USAID як нерӯгоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 600 кВт мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Илова бар ин, дар доираи лоиҳаи Бонки ҷаҳонӣ оид ба “Сохтмони нерӯгоҳҳои хусусии офтобӣ дар вилояти Суғд” (бо иқтидори 200 МВт) 17 феврали соли 2023 бо консорсиуми JURU Energy Limited (Бритониёи Кабир) ва Rina Consulting (Италия) барои омода намудани лоиҳаи асосноккунии техникии иқтисодӣ шартнома баста шуда, созишнома ба имзо расид.

“17-18 марти соли 2023 бошад, кор оид ба таҳияи асосноккунии техникии иқтисодӣ оғоз гардид”,- таъкид шуд дар нишасти матбуотӣ.

Қаблан ин вазорат хабар дода буд, ки бо Global Renewable Alliance масъалаи сохтмони нерӯгоҳҳои офтобӣ ва бодӣ бо иқтидори 700 МВт то соли 2030-ро баррасӣ кардаанд.

Маблағгузорӣ чӣ гуна идома дорад?

Соли 2023 Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) ба корхона ва бонувони соҳибкори Тоҷикистон барои осон кардани дастрасии онҳо ба технологияҳои сабз ва мутобиқшавии беҳтар ба тағйирёбии иқлим ба маблағи 50 миллион доллар маблағҳои нав ҷудо кард.

БАТР ва Хазинаи иқлими сабз Бунёди маблағгузории иқтисоди сабз дар Тоҷикистон II (GEFF Tajikistan II)-ро оғоз карданд. Ин лоиҳа барои баланд бардоштани стандартҳои самаранокии истифодаи энергия ва захираҳо ва дастгирии гузариши кишвар ба иқтисоди сабз равона шудааст.

Соли 2022 Бонки осиёии рушд барои таҳкими идоракунии хатарҳои офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон ва коҳиши хисороти иқтисодӣ аз тағйирёбии иқлим ва офатҳои табиӣ 30 миллион доллар грант ҷудо кард.

Коршиносон: “Имкониятҳо истифода намешаванд”

Тимур Идрисов, эколог ва коршиноси бахши тағйиёбии иқлим мегӯяд, ҳарчанд нерӯгоҳҳои барқи обӣ ҳудуди 90 дарсади тамоми нерӯи барқро дар Тоҷикистон тавлид мекунанд, аммо саҳми онҳо дар масрафи ниҳоии нерӯи барқ ​​камтар аз 60 дарсадро ташкил медиҳад. Қисми боқимонда ба сӯзишвории истихроҷшаванда рост меояд. Аммо саҳми нерӯи барқи офтобӣ ва бодӣ дар тавозуни умумии энергетикӣ камтар аз як дарсадро ташкил медиҳад.

Бар асари тағйирёбии иқлим пиряхҳо об шуда, қабати барф кам мешавад. Боришот бештар хосияти тағйирёбандагӣ мегирад. Ҳамаи ин ба реҷаи ҷараёни дарёҳо ва давраи гидрологии онҳо, ки нерӯгоҳҳои оби барқӣ ба он вобастаанд, таъсир мерасонад. Коршинос қайд мекунад, ки ин эътимоднокӣ ва иқтидори ҳам иншооти гидроэнергетикӣ ва ҳам шабакаҳои тақсимотро коҳиш медиҳад.

“Дар шароити номуайянии афзоянда муҳим аст ки бештар ба манобеи таҷдидшавандаи энергия такя карда шавад ва рӯйи барномаҳои сарфаи энергия ва самаранокии энергия таваҷҷуҳи бештар сурат бигирад. Дар натиҷаи рӯйкарди дуруст, бидуни муболиға, офтоб метавонад баъд аз нерӯгоҳи барқи обӣ ба яке аз манобеи калидии нерӯи барқ ​​дар Тоҷикистон табдил ёбад”, – гуфт Идрисов дар суҳбат бо CABAR.aisa.

Ба гуфтаи коршинос, Тоҷикистон, ки дар “камарбанди офтоб”-и ҷаҳон ҷойгир аст, барои рушди нерӯгоҳи барқи офтобӣ иқтидори бузург дорад. Шиддатнокии радиатсияи офтоб дар аксари минтақаҳои ҷумҳурӣ ба 1 кВт/ м2 мерасад.

“Аммо, иқтидори бузурги энергияи офтоб амалан ғайри қобили истифода боқӣ мемонад, ҳарчанд тибқи баъзе маълумотҳо, Тоҷикистон метавонад то 25 дарсади эҳтиёҷоти худро бо истифода аз энергияи офтоб қонеъ гардонад. То ҳамин авохир дар Тоҷикистон ҳеч пружаи муҳиме дар самти истифодаи энергияи офтоб амалӣ нашуда буд”,- шарҳ дод ӯ.

Ба гуфтаи коршинос, ба рушди густурдаи тавлиди барқи офтобӣ дар кишвар як қатор мушкилиҳо монеъ мешаванд.

“Сухан дар бораи адами қоидаҳои рушану дақиқ, бюрократизми аз ҳад зиёд, монополия дар бозори энергетикӣ ва паст будани тарифҳо, адами таҷриба ва коршиносии маҳаллӣ, инфрасохтори куҳна ва ғайра меравад. Агар содатар карда бигӯем, дар Тоҷикистон то ҳол шароити мусоид барои истифодаи густурдаи энергияи офтоб ва ҷалби сармоя ба ин бахш фароҳам нашудааст”,- гуфт Идрисов.

Барномаҳои миллӣ чӣ гуна кор мекунанд?

Дар Тоҷикистон чанд барномаи давлатӣ барои истифодаи манобеи барқароршаванда қабул шудааст. Масалан, соли 2010 дар Тоҷикистон қонун “Дар бораи истифодаи манобеи барқароршавандаи энергия” қабул шуд. Дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030 ва дар Стратегияи рушди иқтисоди сабз барои солҳои 2023-2037 энергетика яке аз бахшҳои асосии кишвар эътироф шудааст. Дар ҳамин ҳол, яке аз ҳадафҳои стратегии ҳукумати Тоҷикистон ба даст овардани истиқлоли энергетикӣ мебошад.

Ҳамчунин, яке аз ҳадафҳои Стратегияи рушди иқтисоди сабз барои солҳои 2023-2037 дар Тоҷикистон афзоиши иқтидори тавлиди нерӯи барқ ​​аз манобеи барқароршавандаи энержӣ (офтоб, шамол ва биоэнергия) ба андозаи 10 дарсад мебошад.

Аммо ба гуфтаи Тимур Идрисов, барномаҳое, ки то кунун амалӣ шудаанд, таъсири чашмрасе надоштаанд.

Дар Тоҷикистон ҳанӯз соли 2007 Барномаи истифодаи ҳамаҷонибаи манобеи барқароршавандаи энергия барои солҳои 2007-2015 тасвиб шуда буд, ки тақрибан амалӣ нашудааст. Соли 2010 қонун “Дар бораи истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия” қабул карда шуд ва дар пайи он як қатор санадҳои зерқонунӣ ва фармонҳои марбут ба насб, пайвастшавӣ ва истифодабарии иншооти энергияи барқароршаванда қабул гардид.

“Аммо онҳо низ ба рушди тавлиди нерӯи барқи офтобӣ дар ҷумҳурӣ таъсири ҷиддӣ нарасонданд”,- мегӯяд Идрисов.

Ба гуфтаи ӯ, ҳарчанд диверсификатсияи манобеи энержӣ ва тавсеаи манобеи алтернативии энергия аз ҷанбаҳои муҳим эътироф шуда буд, аммо нақши асосӣ ба нерӯгоҳҳои обӣ ва нерӯгоҳҳои барқи ҳароратӣ, ки бо ангишт кор мекунанд, гузошта шудааст.

Бояд аз таҷрибаи кишварҳои дигар истифода кард

Бисёр кишварҳо аллакай таҷрибаи муваффақи рушди энергияи офтобиро доранд.

“Ин соҳа қоидаҳои дақиқи бозӣ, инҳисорзӯдоии бозор ва ҳавасмандии молиявию иқтисодиро талаб мекунад”,-мегӯяд Тимур Идрисов.

Дар Узбекистон тавлидкунандаҳои манобеи барқароршавандаи  энергия ба муддати 10 сол аз пардохти молиёти моликият ва андози замин озоданд, шахсони воқеӣ ҳақ доранд ҳангоми насби панелҳои офтобӣ ё обгармкунанда аз давлат ҷуброни 30 дарсадӣ дарёфт кунанд.      Дар Қирғизистон барои хариди нерӯи барқ ​​давраи имтиёзнок ҷорӣ шудааст – барои нерӯгоҳҳои барқи офтобӣ он 25 сол аст.

Дар Қазоқистон сармоягузорони лоиҳаҳои энергияи барқароршаванда аз пардохти боҷи гумрукӣ, андоз аз арзиши иловашуда барои воридот ва баъзе намудҳои дигари андоз озоданд.

Дар кишвар барои лоиҳаҳои энергияи барқароршаванда низоми музояда амал мекунад.

“Мо бояд ин таҷрибаҳоро омӯзем, он чизеро, ки дар шароити Тоҷикистон самараноктар кор мекунад, интихоб ва мутобиқ созем”,- мегӯяд Тимур Идрисов.

Энергияи офтобӣ ба кишвар чӣ медиҳад?

Ду сол қабл эколог Наталя Идрисова дар суҳбат бо CABAR.asia гуфта буд, бояд захираҳои алтернативии энергетикиро ҷустуҷӯ кард, зеро такя кардан танҳо ба як манбаъ хатарнок аст.

“Бале, об манбаи барқароршавандаи энергия аст ва мо онро зиёд дорем. Аммо бо назардошти обшавии босуръати пиряхҳо бо таъсири тағйироти иқлим хавфи тадриҷан коҳиш ёфтани он дар тӯли солҳо вуҷуд дорад. Аз ин рӯ, бояд алтернатива вуҷуд дошта бошад ва барои ин дастгирӣ ва субсидияҳои давлатӣ лозим аст, ки ҳанӯз дастрас нест. Як дидгоҳи умумӣ вуҷуд дорад, мегӯянд, ки ин чиз лозим аст, аммо ҳеч чизи ҷиддие анҷом дода намешавад”,- гуфта буд ӯ.

Тимур Идрисов мегӯяд, барои ба даст овардани нерӯи барқ ​​бо истифода аз офтоб зарурати сӯзондани сӯзишворӣ нест, дастгоҳҳо бесадо ва аз ҷиҳати экологӣ тоза мебошанд. Илова бар ин, онҳо қобили эътимод ва корбурдӣ ҳастанд, ки ба муддати 25 сол ё бештар аз он ниёз ба нигаҳдорӣ надоранд.

“Бо ёрии энергияи офтоб на танҳо нерӯи барқ ​​тавлид кардан мумкин аст, балки масалан, обро гарм кардан, хонаҳоро гарм ё салқин кардан имконпазир мебошад. Як бартарии дигари энергияи офтобӣ – имкони истифодаи мустақил ва инфиродии он мебошад”,- мегӯяд ӯ.

Ба андешаи коршинос, бо дарназардошти мавзеи куҳистонии Тоҷикистон ва дурдаст будани бисёре аз маҳаллаҳои аҳолинишин, ки ба шабакаҳои барқи марказӣ дастрасӣ надоранд ё он ба таври ҷиддӣ маҳдуд аст, истифодаи дастгоҳҳои офтобии арзон метавонад зиндагии хонаводаҳои маҳаллиро ба таври қобили мулоҳиза беҳтар карда, сарбории захираҳои табииро коҳиш бидиҳад. Бо рушди бозори энергияи барқароршаванда ва худи технологияҳо, дастгоҳҳои офтобӣ барои хоҳишмандон бештар дастрас мешаванд.

“Агар мо хоҳем, ки эҳтиёҷоти аҳолӣ ба нерӯи барқро қонеъ гардонем, вобастагӣ аз содироти маҳсулоти нафтиро коҳиш диҳем, уҳдадориҳо дар мавриди маҳдуд кардани партовҳои газҳои гулхонаиро иҷро кунем, муҳити зистро ҳифз кунем ва як қатор мушкилоти иҷтимоию иқтисодиро ҳал кунем, пас бояд аз манбаъҳои алтернативӣ, аз ҷумла офтоб фаъолона истифода барем”,- хулоса кард коршинос.

If you have found a spelling error, please, notify us by selecting that text and pressing Ctrl+Enter.

Spelling error report
The following text will be sent to our editors: