Пушти ташаббуси нави Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) дар бораи ислоҳи системаи интиқоли пул чӣ нуҳуфтааст?
Ба саҳифаи мо дар Фейсбук обуна шавед!
Вазъиятеро, ки ҳафтаи гузашта дар бештари бонкҳои Тоҷикистон ба миён омад, метавон чунин тасвир кард: муштариёни хашмгину асабӣ ва кормандони бонке, ки намедонанд ба мардум чи посух диҳанд. Муштариён, асосан пайвандони муҳоҷирон барои дарёфти пулҳои фиристодашуда меомаданд, вале кормандони бонкҳо натавонистанд ин маблағҳоро бидиҳанд.
Ин мушкил 3 декабр, пас аз он ба миён омад, ки БМТ низоми нави интиқоли пулро ба Тоҷикистон роҳандозӣ кард.
БМТ дар доираи як ислоҳот Маркази миллии протсессингиро таъсис дода, аз тамоми системаҳои интиқолдиҳандаи маблағ ба Тоҷикистон хост, бо қабули ҳамаи шартҳо ба он бипайванданд.
Системаҳои интиқоли пул ба Тоҷикистон то ин замон бе миёнарав ва мустақиман бо бонкҳои тиҷории кишвар шартнома мебастанд. Бонкҳои Тоҷикистон пулҳои фиристодаи муҳоҷирон аз Русияро нақдина мекарданд ва сипас пулҳои харҷ кардаи худро аз бонкҳои Русия бармегардонданд.
Вале аз 3 декабри соли равон ҳамаи системаҳои интиқолдиҳандаи пул ба Тоҷикистон вазифадор шуданд, ки дар БМТ ҳисоберо боз карда, дар он маблағи муайянеро гузоранд.
Дар БМТ мегӯянд, дар гузашта чандин системаи пардохтии Русия муфлис шуданд ва дар натиҷа бонкҳои Тоҷикистон зарар диданд. Масъулони БМТ муфлисшавии системаҳои “Мигом” ва “Лидер”-ро намуна меоранд, ки аз бонкҳои Тоҷикистон 20 миллион рубл (ҳудуди 315 ҳазор доллари ИМА) қарздор гаштанд. Ба гуфтаи БМТ, бонкҳо маҷбур шуданд ин пулҳоро аз ҳисоби худ ба муштариён диҳанд.
Ҳаминтариқ гӯиё маблағи муайяне, ки системаҳои интиқоли пул қарор аст, дар БМТ гузоранд кафили амният ва устувории бонкҳои Тоҷикистон хоҳад шуд.
“Золотая Корона” ба ташаббуси БМТ напайваст
Ба гуфтаи намояндагони БМТ, дар ҳоли ҳозир танҳо се системаи интиқоли пул – «Юнистрим», «Контакт» ва «Вестер Юнион» ба Маркази миллии протсессингӣ пайвастаанд.
Системаи “Золотая Корона”, ки дар миёни муҳоҷирон машҳур буда, беш аз 82 дарсади пулҳо ба Тоҷикистон тавассути он интиқол меёбанд, ҳанӯз ба маркази тозатаъсис напайвастааст.
Дар ҳамин ҳол, анҷумани миллии пардохтҳои Русия мегӯяд, системаҳои интиқоли пул дар сурати пайвастан ба маркази нави БМТ эҳтимол дорад, дар нақзи қонунгузории Русия айбдор шаванд.
Бар асоси қонуни федеролии Русия «Дар бораи системаи миллии пардохт», маркази ҳисоббаробаркунӣ ҳангоми интиқоли пул танҳо метавонад Сентрбонк, Внешэкономбонкб ё ташкилоти қарзие бошад, ки дар қаламрави Русия ҷойгир аст ва иҷозатномаи бонки марказии ин кишварро дорад.
Мария Михайлова, раиси Анҷумани миллии пардохтҳои Русия, ки шабакаҳои интиқоли пул узви он ҳастанд, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, он ширкатҳое, ки тақозои Бонки миллии Тоҷикистонро пазируфта, шомили маркази протсессингӣ шудаанд, риски нақзи қонунгузории Русияро ба дӯш гирифтаанд.
«Бонки марказии Русия то ҳол посух надодааст ва пайвастани системаҳои интиқоли пул рискҳои эҳтимолиеро дар пай хоҳад дошт. Онҳо намедонанд, ки ин кор барояшон чи паёмаде хоҳад овард», – мегӯяд Михайлова.
Вокуниши шабакаҳои иҷтимоӣ: «Кӯдакони мо гуруснаанд»
Ташаббуси ахири БМТ асосан миёни корбарони тоҷик дар шабакаҳои иҷтимоӣ вокуниши манфиеро ба бор овардааст. Бино ба иттилои Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия, беш аз як миллион шаҳрванди Тоҷикистон дар муҳоҷирати корӣ дар ин кишвар қарор доранд ва ҳар чаҳорумин хонавода аз ҳисоби пулҳои онҳо зиндагӣ мекунанд.
Муҳоҷири тоҷик Умар Раҳматов як ҳафта пеш аз роҳандозӣ шудани ташаббуси БМТ 65 ҳазор рубл (ҳудуди 1 ҳазор доллари ИМА) тавассути системаи «Золотая корона» ба Тоҷикистон фиристодааст. Вале дар бонке, ки дар зодгоҳаш – ноҳияи Ванҷ ҷойгир аст, аз додани ин пул худдорӣ мекунанд. Дар бонк ба наздикони Раҳматов гуфтаанд, ки системаи «Золотая корона» ба Маркази миллии протсессингии БМТ напайвастааст ва бинобар ин, онҳо пулҳоеро, ки ба воситаи ин система интиқол меёбанд, нақдина нахоҳанд кард.
Имрӯзҳо дар баробари Умар Раҳматов даҳҳо одам дар шабакаҳои иҷтимоӣ шикоят доранд, ки наметавонанд ба Тоҷикистон пул фиристанд. Аз ҷумла, корбари шабакаи иҷтимоии Фейсбук Бузургмеҳр Гусейнов аз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дархост кардааст, ки қарори БМТ-ро дар бораи таъсиси низоми нави интиқоли пул ба кишвар бекор кунад.
Бояд гуфт, муҳоҷирон ягона қишре нестанд, ки бо мушкили интиқоли пул рӯбарӯ ҳастанд. Шаҳрвандони Тоҷикистон аз Аврупо ва ИМА низ мегӯянд, як ҳафта мешавад наметавонанд ба Тоҷикистон пул фиристанд. Рӯзноманигори тоҷики муқими ИМА Нури Наср ба номи раиси БМТ Ҷамшед Нурмаҳаммадзода изҳоротеро нашр карда, аз ӯ хостааст, ки ба пайвандонаш 300 доллар фиристад.
“Ба раиси Бонки миллии Тоҷикистон!!! Хоҳиш мекунам, ба хонаи ман 300 доллар фиристед. Фарзандони ман аз гуруснагӣ ранҷ мебаранд. Чанд рӯз мешавад, наметавонам аз Амрико ба Тоҷикистон пул фиристам. Инҷо «Юнистрим» ва «Контакт» нест. Ба Худо, бидуни воҳима мегӯям, дар хона пул нест. Ҳар вақте мушкили интиқолиатон ҳал шуд, ман шахсан ин пулро ба шумо мефиристам», – навиштааст Нури Наср.
Вале масъулони БМТ ба танқидҳо нигоҳ накарда мегӯянд, Маркази миллии протсессингӣ барои устувории низоми бонкии кишвар лозим аст.
«Мақсади таъсиси Маркази миллии протсессингӣ пешгирӣ аз равандҳои пулшуӣ, сармоягузории терроризм ва ҳимояти ҳуқуқи муштариён аст”, – омадааст дар изҳороти БМТ.
Бино ба гуфтаи масъулони БМТ, низоми нави интиқоли пул дар ҷаҳон ҳамто надорад.
Ин нуктаро муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев, ки муаллифи тарҳи мазкур шумурда мешавад, дар суҳбат бо телевизионҳои кишвар баён дошт.
«Бонки миллии Тоҷикистон ба унвони яке аз ислоҳотҳое, ки дар ҷаҳон ҳамто надорад, барои таъмини амнияти низоми бонкии кишвар Маркази миллии протсессингиро таъсис дод”, – гуфт Нуралиев.
«Бояд ҷомеаро омода мекарданд»
Ба гуфтаи коршиноси тоҷик Исмоил Азизов, ки беш аз 15 сол таҷрибаи корро дар соҳаи бонкдорӣ дорад, БМТ бояд нахуст ҷомеаро омода ва сипас Маркази миллии протсессингиро роҳандозӣ мекард.
«Тасмиме, ки ба зиндагии аксари тоҷикистониҳо таъсир мерасонад, набояд шитобкорона гирифта шавад. Дар ҳоли ҳозир интиқоли пул яке аз мушкилиҳои асосии ҷомеа ба шумор меравад. Нафаре аз Русия пул фиристодааст, вале наздиконаш дар инҷо наметавонанд онро дарёфт кунанд. Пулҳо миёни Русия ва Тоҷикистон банд мондаанд. Мардум намедонанд, ки ба кӣ муроҷиат кунанд”, – изҳор дошт таҳлилгари тоҷик.
Азизов мегӯяд, таъсиси маркази миллии протсессингӣ аз нигоҳи амниятӣ метавонад зарур бошад, зеро он аз амалиётҳои шубҳаноки пулӣ пешгирӣ хоҳад кард.
Бино ба ҳисоби Бонки марказии Русия, муҳоҷирон солона беш аз 2,5 миллиард доллари ИМА ё дар як рӯз ҳудуди 13 миллион доллар мефиристанд. Ба гуфтаи Азизов, танҳо дар давоми ҳафт рӯзе, ки системаҳои интиқоли пул ба Тоҷикистон кор накарданд, дасти кам 80 миллион доллар дар ҳисоби бонкҳои Русия дармонданд.
«Ин ҳам дар ҳоле ки иқтисоди Тоҷикистон аз маблағҳои интиқолшуда сахт вобастааст», – афзуд таҳлилгар.
Нигаронии асосии муҳоҷирон аз эҳтимоли боло рафтани ҳаққи интиқоли маблағ дар пайи таъсиси маркази мазкур аст.
Аммо масъулони БМТ мегӯянд, харҷи Маркази миллии протсессингиро худ рӯйпуш мекунанд ва ҳаққи интиқоли пул ба кишвар боло нахоҳад рафт.
Коршинос: ҳадафи ташаббус бостақсими бозори интиқоли пулҳост
Ба гуфтаи иқтисодшиноси тоҷик Нур сафаров, ҳадафи асосии таъсиси Маркази миллии протсессингӣ тақсими дубораи бозори интиқоли пул аст.
«Агар ҳадаф чизи дигар мешуд, чаро имкони пайвастани «Золотая корона» ба Маркази миллии протсессингиро пешбинӣ накардаанд? Ин ҳам дар шароите ки беш аз 82 дарсади пулҳо ба Тоҷикистон маҳз тавассути ин система интиқол меёбанд”, – гуфт Сафаров.
Сафаров афзуд, ки рӯзҳои наздик дар миёни иштирокдорони бозори мазкур тағйироте низ сурат хоҳад гирифт.
«Ҳоло «Сбербонк»-и Русия вориди бозор шуда, интиқоли маблағро тавассути кортҳои бонкӣ сахт таблиғ дорад. Албатта, ин як шакли нав аст, вале на ҳама муҳоҷирон корти бонкӣ ё имкони дарёфти онро доранд», – изҳор дошт иқтисодшинос.
Ҳамсуҳбати CABAR.asia гуфт, истинодҳо дар бораи он ки гӯиё дар сурати пайвастан ба Маркази миллии протсессингии БМТ қонунгузории Русия поймол мешавад, “баҳонае беш нест”.
“Мушкили асосӣ на дар қонунгузории Русия, балки дар он аст, ки бозорро чи гуна тақсим мекунанд. Бозоре, ки тавассути он беш аз 3 миллиард доллар интиқол меёбад ва даромади холиси он 3 миллион доллар аст”, – қайд кард Сафаров.
Ба назари иқтисодшиноси тоҷик, «Юнистрим» ва «Контакт» ҷойгузини «Золотая корона» шуда наметавонанд.
“Мушкил дар бахши интиқоли пул замоне ҳалли худро хоҳад ёфт, ки Бонки миллии Тоҷикистон бо «Золотая корона» ва системаҳои дигар созишнома имзо кунад”, – зикр кард Сафаров.
Таъсиси маркази ягонаи интиқоли пул кушиши нахустине нест, ки мақомоти тоҷик барои зери назорат даровардани бахши даромадовари иқтисоди кишвар анҷом медиҳанд. Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ҳам моҳи феврали соли 2018 тамоми ширкатҳои фароҳамкунандаро маҷбур кард, ки Интернетро аз ширкати давлатӣ бихаранд.
Ин мавод дар доираи лоиҳаи “Giving Voice, Driving Change – from the Borderland to the Steppes Project” омода шудааст.