© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Тоҷикистон: эпидемияи пневмония ё коронавирус?

Мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз ҳам таъкид мекунанд, ки дар кишвар ягон ҳолати сироятёбӣ ба коронавируси нав сабт нашудааст. Аммо далелҳои фавти мармузи даҳҳо нафар, дафни онҳо зери чораҳои шадиди эҳтиётӣ ва карантини пайвандони эшон ин изҳоротро зери шубҳа мебарад.


Ба канали мо дар  Telegram обуна шавед!


Бемористони марказии ноҳияи Ҷаббор Расулов. Акс аз: CABAR.asia
Бемористони марказии ноҳияи Ҷаббор Расулов. Акс аз: CABAR.asia

Дар мавриди аввалин фавти мармуз дар Тоҷикистон оғози моҳи апрел хабар расид. Тибқи иттилои мақомот, сокини ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд Ҳабибулло Шодиев бар асари бемории илтиҳоби шуш ё пневмония даргузашт. Баъди ин, мақомот тамоми пайвандони ӯро ба карантин фаро гирифтанд. Беморхонаи ноҳиявии Ҷаббор Расулов, ки Шодиев онҷо бистарӣ буд, ҳамроҳ бо табибоне, ки ӯро муроқибат мекарданд, карантин шуд.

Хабари марги Шодиев сабаби баҳсҳои доманадор дар бораи коронавирус дар ҷомеа гардид. Намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ маҷбур шуданд бо баргузории брифинги вижа, изҳор намоянд, ки сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов на аз коронавирус, балки аз пневмония даргузашт. Ба гуфтаи мақомот, натиҷаи тести Шодиев ба коронавирус манфӣ будааст.

Аммо Вазорати тандурустӣ дархости намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ВАО-ро дар мавриди нашри натиҷаҳои тестӣ нодида гирифт, ки ин шубҳаҳоро ба дурустии изҳороти ин ниҳод бештар кард.

Пас аз даҳ рӯзи марги Ҳабибулло Тошев бар асари пневмония сокини дигари ноҳияи Ҷаббор Расулов – Ҳоҷимуҳаммад Тошев, мудири кабинети методии шӯъбаи маорифи ноҳия даргузашт. Абдухалил Ҷӯрабоев, сокини дигари ноҳияи Ҷаббор Расулов ҳам аз бемории илтиҳоби шуш фавтид. Марги шубҳаноки се нафар дар ноҳияи бо Қирғизистон ҳаммарзи Ҷаббор Расулов таваҷҷуҳи ВАО-и кишварро ба худ кашид.

Ба ҷуз ин, рӯзи 27 апрел боз ду сокини дигари ноҳияи Ҷаббор Расулов – адвокат Комилҷон Ибодуллозода ва табиб Набиҷон Отаеви 68-сола фавтиданд. Отаев дар беморхонаи марказии ноҳияи Ҷаббор Расулов даргузашт. Маълумоти бештар дар мавриди ҳолатҳои ин фавтҳо дастрас нестанд. 

Инчунин, аз маргҳои мармуз дар дигар минтақаҳо низ хабар расид. Масалан, Оишамоҳ Алимова табиб аз Бохтар, Шодмон Раҷабов дар ноҳияи Шаҳристон ва Ҷалолиддин Абдуҷабборзода корманди додситонии шаҳри Душанбе. Мақомот маросими дафни ин афродро назорат намуда, ҷасадҳо аз сӯи одамони либоси махсуси ҳифозатидошта дафн карда шуд.

Ин ҳама шубҳаҳоро дар ҷомеа бештар кард.

Бисёриҳо ҷавоби ин саволро меҷӯстанд, ки агар ин афрод аз коронавирус нафавтидаанд, пас ин чораҳои эҳтиётӣ чӣ лозим буд?

Вазорати тандурустӣ дар посух гуфт, ин ҳама бо ҳадафҳои профилактикӣ анҷом мешаванд.  

Инчунин, сабаби марги ногаҳонии Хуршед Каримов, омӯзгори литсеи кӯдакони болаёқати Душанбе номаълум аст. Хоҳари ӯ, ки дар Иёлоти Муттаҳида зиндагӣ мекунад, дар саҳфаи Фейсбуки худ навишт, бародараш аз коронавирус вафтидааст. Мақомот ҳанӯз ба ин ҳолат вокуниш накардаанд.

Танҳо давоми ҳафтаи гузашта дар Маркази тиббии №1-и Душанбе, ки ҳамчун беморхонаи “Якум советский” маъруф аст, дасти кам 7 нафар ба ҳалокат расиданд, ки бештари онҳо афроди аз 60-сола боло будаанд. Ва мақомот боз ҳам сабаби марги онҳоро пневмония гуфт. Аммо раванди дафни онҳо бо риояи чораҳои эҳтиётӣ сурат гирифт.

Пажуҳишгоҳи гастроэнтерологии Академияи илмҳо дар шаҳри Душанбе. Акс аз CABAR.asia
Пажуҳишгоҳи гастроэнтерологии Академияи илмҳо дар шаҳри Душанбе. Акс аз CABAR.asia

Сухангӯи Вазорати тандурустӣ Бибихонум Дарвешзода изҳор дошт, ки ба карантин фаро гирифтани пайвандони фавтидаҳо ва чораҳои андешидашуда дар маросими дафн бо мақсади профилактикӣ анҷом мешаванд.

Дар ҳамин ҳол, далели мариз шудани чанд чеҳраи шинохтаи Тоҷикистон, монанди шоир Озарахш, муовини раиси ҲХДТ Хайринисо Юсуфӣ ва нависанда Муҳиддин Хоҷазода мавҷи нави шубҳаву гумонҳоро дар мавриди коронавирус дар Тоҷикистон баланд кард.

Рӯзноманигори тоҷик Мирсаид Сатториён низ хабар дод, баъди бозгашт аз вилояти Суғд ба бемории илтиҳоби шуш гирифтор шудааст.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон ба тамоми хабарҳо дар мавриди коронавирус зуд вокуниш нишон медиҳад ва ахиран ҳатто журналистонро ҳушдор дод, ки агар расонаҳо маълумоти аз нигоҳи вазорат нодурустро дар мавриди коронавирус нашр кунанд, мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ҷалб мекунад.

Намояндагони ниҳодҳои тандурустӣ дар Тоҷикистон мегӯянд, нигаронии одамон аз марги чанд нафар аз пневмония беасос аст, зеро ҳамасола бар асари ин беморӣ одамони зиёде мефавтанд. Дар ҷавоби худ ба номаи ҷомеаи маданӣ Вазорати тандурустӣ гуфт, давоми се моҳи аввали имсол 5023 ҳолати гирифторӣ ба илтиҳоби шуш сабт шудааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли сипаришуда 169 ҳолат камтар мебошад.

Саидбек Сатторов, вирусологи тоҷик мегӯяд, пневмония бемориест, ки метавонад дар пайи навъҳои мухталифи бактерия ва ё вирусҳо, бо шумули коронавирус ба вуҷуд биёяд. Ба гуфтаи Сатторов, бидуни маълумотҳои озмоишӣ дар мавриди маргҳои мармуз чизе гуфтан ғайриимкон аст. Ӯ меафзояд, танҳо ташхиси лабораторӣ метавонад муайян намояд, ки оё бемор ба коронавирус мубтало аст ё на.

Маргҳои шубҳанок сабаби ташдид дар ҷомеаи Тоҷикистон гардид. Бархе сокинон ба кӯдакони худ рафтан ба мактабро манъ карданд. Кӯчаҳои Душанбе мисли пештара серодам нест, бештари сокинон бошанд, бидуни ниқоб аз хона берун намешаванд. Мақомот аз 10 апрел марзҳоро бастаанд.

Кӯчаҳои Душанбе мисли пештара серодам нест, бештари сокинон бошанд, бидуни ниқоб аз хона берун намешаванд. Акс аз CABAR.asia
Кӯчаҳои Душанбе мисли пештара серодам нест, бештари сокинон бошанд, бидуни ниқоб аз хона берун намешаванд. Акс аз CABAR.asia

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ на танҳо Вазорати тандурустӣ, балки намояндагии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон ҳам ба боди танқид кашида мешавад. Коршиносон ва ВАО Галина Перфилева, раҳбари ин намояндагиро барои он танқид карданд, ки ӯ танҳо баёнияи мақомоти Тоҷикистонро дар мавриди адами коронавируси нав дар кишвар тасдиқ мекунад. Аммо дар мусоҳибаи ахири худ ба “Коммерсант” Перфилева изҳор дошт, “наметавон қотеона гуфт, ки ягон мавриди сироятёбӣ вуҷуд надорад”.

Даврон Муҳаммадиев, доктори илмҳои тиб ва раҳбари Барномаи аврупоии тандурустии Федератсияи байналмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ба CABAR.asia гуфт, Тоҷикистон набояд зуҳури вирусро интизор шуда, пасон ба пайравӣ аз тавсияҳои СҶТ шурӯъ кунад. Ба гуфтаи Муҳаммадиев, мақомот бояд ба ҷомеа тамоми маълумоти заруриро пешниҳод намоянд, то нобоварӣ аз миён биравад.

“Шаккокияти зиёд миёни аҳолӣ аз он сабаб нест, ки ба ин бовар дорад ё не, балки барои он аст, ки иттилои муътамад надорад. Бояд бо одамон корҳои фаҳмондадиҳӣ анҷом дод. Инчунин, бо ҳадафи профилактика мешавад тестҳои такрорӣ гузаронд. Мо мебинем, ки дар кишварҳои дигар барои дарёфти натиҷаҳои дақиқ ба бемор на як, балки се ё чор тест мегузаронанд”,- афзуд Даврон Муҳаммадиев.

Тестҳоро аз куҷо меоранд?

Эътимод ба тестҳои коронавирус, ки дар Тоҷикистон анҷом мешавад ҳолати дигарест, ки изҳороти мақомотро дар мавриди адами коронавируси нав зери шубҳа мегузорад. Дар мактуби намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон, ки ҳафтаи сипаригардида нашр шуд, ҳамчунин дар мавриди ин тестҳо пурсида шудааст. Дар мактуб ба вижа ба сифати тестҳои аз Русия дарёфтшуда ишора мешавад. Қаблан, президенти Белорус Александр Лукашенко изҳор дошта буд, ки танҳо 30 дарсади тестҳои русӣ натиҷаи муътамад медиҳанд.

Дар баёнияи Вазорати тандурустии Тоҷикистон гуфта мешавад, тамоми тестҳои аз Русия, Чин ва Олмон гирифташуда сертификати Созмони ҷаҳонии тандурустиро доранд. Ба омори вазорат, то имрӯз Тоҷикистон аз Русия 23 ҳазор тест, аз Чин 22 ҳазор ва аз Олмон 1900 тест дарёфт кардааст.

Дар ҳамин ҳол, 27 апрел хабаргузории русии “Интерфакс” бо такя ба манобеи худ навишт, коронавируси нав аллакай ба Тоҷикистон расид ва мақомоти кишвар рӯзҳои наздик расман дар ин бора эълон медоранд.  

Ба иттилои ин хабаргузорӣ, ҳукумат барои эълони вуҷуди коронавирус дар Тоҷикистон омодагӣ мегирад.

Огоҳии манъ будани дастфишорӣ дар деворе дар Душанбе. Акс аз CABAR.asia
Огоҳии манъ будани дастфишорӣ дар деворе дар Душанбе. Акс аз CABAR.asia

Чанд беморхона дар Тоҷикистон дар карантин қарор доранд. Аз ҷумла, дар Душанбе маркази тиббии №1 – “клиникаи Мансуров”, беморхонаи сироятӣ барои кудакон ва ду бинои беморхонаи Истиқлол дар карантин ҳастанд ва онҷо танҳо бемороне қабул мешаванд, ки ҳарорати баланд доранд.

Маҷмааи варзишии “Манеж” ҳам дар Душанбе барои ба реҷаи карантин гузаштан омода мешавад. Дар Хуҷанд бузургтарин беморхонаи минтақаӣ барои қабули беморон бо нишонаҳои коронавируси нав омода шудааст.   

Ҳукумати Тоҷикистон бо ин ки ба адами коронавируси нав дар кишвар исрор меварзад, ахиран бархе тавсияҳои Созмони ҷаҳонии тандурустиро иҷро кард. Тибқи тасмими Ситоди мубориза бо коронавирус, ки онро нахуствазир Қоҳир Расулзода раҳбарӣ мекунад, аз 27 апрел то 10 май дар  муассисаҳои томактабӣ, макобити миёна ва колеҷҳо таътил эълон шуд. Дар асоси ин тасмим, тамоми чорабиниҳои оммавӣ, бозиҳои варзишӣ, инчунин содироти як қатор маводи ғизоӣ манъ гардид. Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аз одамони аз 65-сола боло даъват кард, бидуни зарурат ба кӯча нараванд.     

Ин ҳама дар остонаи сафари ҳайати Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ба Душанбе сурат гирифт. СҶТ эълон кард, барои арзёбии вазъ ҳайатҳои худро ба Тоҷикистон ва Туркманистон мефиристад.

Бархе таҳлилгарон бар инанд, ҳукумат аз эълони карантин ва бастани корхонаҳо хавф дорад, зеро он паёмадҳои сахте барои иқтисоди кишвар хоҳад дошт. Ба вижа дар шароите, ки беш аз 80 дарсади буҷаи Тоҷикистон аз ҳисоби андозҳо пурра мешавад.


Ин матлаб дар чорчӯби тарҳи IWPR «Ҳамовозӣ барои дигарсозӣ — аз ҳошия то бодия» нивишта шудааст.

If you have found a spelling error, please, notify us by selecting that text and pressing Ctrl+Enter.

Spelling error report
The following text will be sent to our editors: