© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Омилҳои эътирозӣ дар ВМКБ аз чӣ маншаъ мегирад?

Барои ба эътидол даровардани вазъ дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон муколама  ва  роҳандозии тамос бо мардум бо истифода аз таҷрибаи созандаи байналмилалӣ зарур аст, мегӯяд коршиноси тоҷик Одил Мадбеков.


Солҳои охир Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон (ВМКБ)-и  Тоҷикистон ба маркази бесуботи сиёсӣ дар кишвар табдил ёфтааст. Аз охири моҳи ноябри соли 2021 сатҳи ташаннуҷ дар минтақа ба шиддат боло рафт ва рӯз то рӯз афзоиш меёбад. Дар натиҷа, ин ба он оварда расонид, ки мушкилоти ВМКБ-ро дар чанд соли охир наметавонанд ҳал намоянд ва ҳамасола масъала душвортар мегардад ва шаклҳои нав пайдо мекунанд. Ҳамаи ин дар назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ва аҳолии ВМКБ мушкилоти калон ба миён меорад.

Эътирозҳо дар Хоруғ  25 ноябри соли 2021. Акс: ozodi.org 

Дар робита ба ин, чунин саволҳо ба миён меоянд: Чаро дар ВМКБ зуд-зуд эътирозҳои оммавӣ ба амал меоянд? Асоси ин ҳама гирдиҳамоиҳои оммавӣ дар чист? Оқ ибатҳои ҳалли бесамари мушкилот чӣ гунаанд? Чаро минтақ а ба худмухтор ниёз дорад? Чаро мушкилоти минтақа роҳи  ҳаллӣ сиёсиро пайдо карда наметавонад? Чаро ҳукумати марказӣ дар бораи ҳодисаҳои ВМКБ шарҳ намедиҳад? Сабаби аслии эътирозҳо дар минтақа чист – ноустувории иҷтимоӣ ё раҳбарони  ғайрирасмӣ?

Чаро эътирозҳо шуруъ шуданд?

Аввалин эътирозҳо дар минтақа моҳи июли соли 2012 рӯй дод, ки дар ҷараёни амалиёти махсус, дар натиҷа ҳам ҳарбиён ва ҳам аҳолии осоишта кушта шуданд. Сабаби асосӣ нест кардани роҳбарони  ғайрирасмии ВМКБ буд. Ин боиси вокуниши зиёди мардум гардид ва мардум ба эътирозҳо баромаданд.

Ба дунбол дар моҳи августи ҳамон сол ба истилоҳ роҳбари  ғайрирасмии ВМКБ Имомназар Имомназаров кушта шуд ва пас аз он мардум бо ҷасади ӯ дар хиёбони марказӣ ба тазоҳуроти такрорӣ баромаданд. Он вақ т ба мақомот муяссар шуд, ки вазъиятро ҳал кунанд ва минтақа ба вазъи пештарааш баргардад. Айнан чунин ҳолат соли 2014 низ такрор шуда буд¸ки ду сокини Хоруғ ба асари тирборони як мошин кушта шуданд. Ин боиси эътирози нави оммавӣ алайҳи ин усули амали мақомоти ҳифзи ҳуқуқ  гардид.

Агар ба таърихи ҳамаи эътирозҳо нигоҳ кунем, маълум мешавад, ки ҳар се – чаҳор сол ҳодисаҳои монанд рух медиҳанд ва ҳамон як мушкилотро ба миён меорад, ки ба ҳеҷ ваҷҳ ҳалли худро намеёбанд.

Соли 2018 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни сафараш ба ВМКБ аз роҳбарияти вилоят ва мақомоти амниятии маҳаллӣ шадидан интиқод карда буд. Пас аз он ба ВМКБ ҳайати иловагии ҳарбиён ворид карда шуд. Аммо пурзӯр кардани минтақа ҳам натавонист роҳи ҳалли мушкилот гардад, балки баръакс вазъро бадтар кард. Мисоли он ҳодисаҳои ноябри соли 2021 шуд, ки боз ҳам мушкилоти асосиро ҳал карда натавонист, ки аксари мардумро дар кишвар ва ҳам дар хориҷ ба ташвиш овард.

Ин гувоҳи он аст, ки усули қ удратӣ вазъро ҳал карда наметавонад ва аллакай даҳ сол мешавад, ки он ба кор намеравад. Танҳо роҳи алтернативӣ мемонад – роҳи гуфтушунид ва музокира, аммо мутаассифона ба он кам таваҷҷуҳ медиҳанд. Албатта, мавқуф гузоштани ҳалли мушкилот дар марҳилаи аввал вазъро дигар мекунад ва боиси дар шакли дигар ба вуҷуд омадани онҳо мегардад. Яъне, он ба мушкилоте табдил меёбанд, ки ҳалли онҳо агар умуман имконпазир бошад, ба таври фоҷеавӣ душвор хоҳад буд.

Асоси эътирозҳои оммавӣ дар ВМКБ дар чӣ аст?

Агар ба таърихи  ҳаводиси эътирозҳо дар ВМКБ назар кунем, пас маълум мегардад, ки мушкилот ба омӯзиши амиқи ҳамаҷониба ниёз дорад. Асоси ин душвориҳо дар он аст, ки маъмурияти вилоят аз сабаби набудани механизмҳои танзими сиёсӣ ба ҳеҷ ваҷҳ худаш аз уҳдаи ҳал намудани масъалаҳои дохилӣ баромада наметавонад. Агар дар сатҳи маъмурӣ баъзе камбудиҳо ҷой дошта бошад, пас усулҳои сиёсӣ не, балки усулҳои дигар, масалан, бо зӯрӣ ва ҳарбӣ истифода мешаванд.

Мушкилоти асосӣ дар ВМКБ аз он иборат аст, ки намояндагони ҳукумати маҳаллӣ дар шахси раиси вилоят дар давоми солҳои зиёд натавонистанд тамоси заруриро бо ҷомеа ба роҳ монад. Ин фазо боиси нобоварии мардум ба роҳбарияти вилоят шудааст.

Қариб аз соли 2012 дар минтақа як навъ «милитократия» – қ удрати низомиён ҳукмронӣ мекунад. Ин ба он оварда мерасонад, ки тамоми корҳои сиёсиву маъмурии минтақа бо ҷалби худи неруҳои низомӣ ва амниятӣ бо усулҳои ҳарбӣ ҳал карда мешаванд ва аз ин рӯ, норозигии мардумро ба вуҷуд меорад. Мисоли ин далели он шуда метавонад, ки аз соли 2018 дар минтақа ҳайати иловагии ҳарбиён ворид карда шуд; дар Хору ғ маркази маъмурӣ штаби байниидоравӣ барои мубориза бо ҷинояткорӣ таъсис дода шуд. Дар шаҳр ҳафт гузаргоҳи назоратӣ бо афсарони мусаллаҳи мақомоти ҳифзи ҳуқ уқ  мавҷуд аст. Саволе ба миён меояд, ки дар замони осоишта дар як шаҳраки хурд чаро инқадар постгоҳҳо ва неруҳои мусаллаҳи амниятӣ вуҷуд доранд? Дар ҳоле, ки дар минтақа ҳатто осори терроризму ифротгароии байналмилалӣ боқ ӣ намондааст. Ин боиси норозигии азими аҳолӣ мегардад ва дар ниҳояти кор боиси бадтарин ҳодисаҳои фоҷеавӣ мегардад.

Соли 2018, вақте Ёдгор Файзов раиси ВМКБ таъин шуд, ки ин интихоби дурандешонаи Душанбе дар муносибат бо минтақа буд, зеро Файзов миёни сокинони маҳаллӣ обурӯи калон дошт ва аз соли 2012 то 2018 маҳз ӯ дар ҳалли низоъҳо миёни ҳукумат ва сокинони маҳаллӣ миёнарав буд.  Ёдгор Файзов дар ин вазифа се сол буд ва дар минтақа амалан дар бораи эътирозҳо фаромӯш карда буданд. Дар таърихи вилоят дар Тоҷикистони соҳибистиқлол  вай аввалин шуда аз уҳдаи ин вазифа баромада тавонист.

Ёдгор  Файзов:  Асоси бойгарии ВМКБ – дар зарфияти инсонии он аст

Баъди барканории Файзов, ба ҷойи ӯ раиси шаҳри Хору ғ Алишер Мирзонабот таъин шуд. Боз кӯшишҳои бо усулҳои ҳарбӣ ҳал кардани мушкилоте, ки пештар худро сафед намекарданд, шуруъ кард. Мирзонаботи ҷавон пас аз ду ҳафтаи иҷрокунандаи вазифаи раиси ВМКБ хостааст, ки худро собит кунад ва дарҳол бо роҳи ҳарбӣ як навъ «ислоҳот» гузаронд. Барои нишон додани садоқати худ ба марказ дар мубориза бо ҷинояторӣ вай амалиёти махсус ташкил кард. аммо ин тадбир таъсири баръакс дод ва баръакс боиси зиёд шудани бегонагии мардум аз мақ омот ва пеш аз ҳама аз мақомоти қудратӣ гардид. Дар натиҷа дар оянда дар чунин фазо кор кардан барои мақомоти вилоят хеле душвор хоҳад буд.

Сабабҳои эътирозҳо дар ВМКБ – ноустувории иҷтимоӣ ва ё «раҳбарони  ғайрирасмӣ»?

Муқовимат миёни мақомоти қудратӣ ва қумондонҳои саҳроӣ дар ВМКБ дар солҳои 1990-ум, вақ те оғоз шуд, дар кишвар ҷанги шаҳрвандӣ шуруъ гардида буд.  Аммо даврони қумондонҳои саҳроии ҷанги шаҳрвандӣ пас аз ба даст овардани сулҳи деринтизор ва созиш дар кишвар, паси сар шуд.

Дар робита бо мушкилоти сиёсӣ ва иҷтимоӣ – иқтисодӣ дар минтақа дар хусуси таҳдидҳои нав дар симои ба ном «раҳбарони  ғайрирасмӣ» сухан меравад. Аммо бо гузашти даҳсолаҳо ниҳодҳои қ удратӣ барои аз байн бурдани ин раҳбарон, ки ба қавли мақомоти маҳаллӣ, ба ҷавонони маҳаллӣ таъсири манфӣ расонида, манбаи бадбахтиҳои зиёди минтақа мегардад. Аммо ин ҳеҷ натиҷае нахоҳад дод. Ҳатто бо барҳам додани ин афрод вазъ беҳтар намешавад, баръакс шакли нав мегирад, гӯё як навъ «мутация» – и ин «пешвоёни  ғайрирасмӣ» ва «гуруҳҳои муташаккили ҷиноятӣ»–и онҳо сурат мегирад.

Агар иддае мушкилоти минтақаро дар мавҷудияти роҳбарони  ғайрирасмӣ медонанд, иддаи дигар онро ба шароити вазнини зиндагӣ дар минтақа: бекории ҷавонон, гаронии қимати маводи  ғизоӣ  ва  ғайра рабт медиҳанд. Ҳатто дар муқоиса бо дигар вилоятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон минтақаи аз ҷиҳати иқтисодӣ ақибмонда мебошад. Вилоят аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ маблағгузорӣ мешавад. Ҳамаи ин ба шароити иқлими вилоят, ки 98%-и онро куҳҳо ва заминҳои камкорам ташкил медиҳанд, ягон корхонаи саноатӣ нест ва дараҷаи бекорӣ дар ҷумҳурӣ аз ҳама баланд аст ва бинобар набудани бозори рақобат барои соҳибкорӣ амалан шароит вуҷуд надорад, нархҳо дар минтақа баландтарин дар кишвар аст: аз ҳисоби таъминоти логистикӣ нибат ба Душанбе ва дигар минтақаҳо 30%  гаронтар аст.

                      ВМКБ нисбат ба дигар минтақ аҳои Тоҷикистон аз ҷиҳати иқтисодӣ қ афомондатар аст.  Акс: cc-by-sa

ВМКБ  аз ҷиҳати аз лиҳози сарчашмаҳо яке аз минтақаҳои бойтарин дар кишвар ба шумор меравад. Дар ин ҷо бисёр конҳои маъданҳои фоиданок ва сангҳои қиматбаҳо мавҷуданд. Ҳамаи ин конҳои калон барои тараққ ӣ додани истеҳсолот ба ширкатҳои Чинӣ ба иҷора дода шудаанд. Корхонаҳои ватанӣ дар истихроҷ ва азхудкунии кону захираҳо ширкат намекунанд ва норасоии мутахассисони соҳибихтисос дар маҳал бевосита ба истифодаи ин захираҳо таъсир мерасонад.

Ҳалли бесамари мушкилот ба чӣ оварда мерасонад?

Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон вилояти ба худ хос буда, аз дигар ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз ҳар ҷиҳат фарқ  мекунад. Дар ин марҳила буҳрони эътимод ва набудани воситаҳои ҳалли низоъ вуҷуд надорад. Мақомот то ҳол роҳи муколама бо мардумро пайдо карда наметавонад ва бо кӯмаки ягона манбаи иттилоъ – шабакаи маҳаллии «Бадахшон» талош доранд афкори ҷомеаро ба эътидол оваранд.

Вале алҳол давоми ду моҳ аст ин усули ҳалли мушкилот ҳеҷ ба кор намеравад. Вазъ бошад, то ҳанӯз тезу тунд аст. Дараҷаи шиддати минтақаро паст кардан лозим аст, зеро шиддат дар навбати худ боиси бесарусомонӣ ва оқибатҳои хеле фоҷиавӣ мегардад. Муколама ва амалисозии робитаҳо бо аҳолӣ бо истифода аз таҷрибаи конструктивии байналмилалӣ зарур аст. Агар барои ҳалли масъала танҳо усулҳои ҳарбӣ ба кор бурда шаванд, пас ин ҳеҷ натиҷаи хубе оварда наметавонад.

Аҳамияти худмухторӣ барои минтақа

Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон яке аз минтақ аҳои дастнораси Тоҷикистон  буда, 47 дар сади қаламрави кишварро ишғол мекунад. Аҳолии вилоят тибқи иттилои расмӣ, ҳудуди 250ҳазор нафар аст. Минтақа аслан беназир аст, ва ин метавонад фарқиятҳои онро аз бисёр ҷиҳатҳо дар бар гирад, масалан, дар хусусиятҳои динӣ, этникӣ, баъзе фарқиятҳои забонӣ ва фарҳангӣ Иттиҳоди Шӯравӣ маҳз дар асоси ҳамин хусусиятҳо ба ин минтақа мақоми худмухтор дод. Аммо шояд суоле ба миён ояд, ки чаро худмухторӣ барои минтақа муҳим аст?

Аввалан, дар Бадахшон то ҳанӯз миллатҳои хурд зиндагӣ мекунанд, ки аз дигар минтақаҳои Тоҷикистон аз ҷиҳати динӣ, этникӣ ва забонӣ, инчунин махсусиятҳо фарҳангӣ ҷудо мешаванд.

Дуввум ин ки, шароити ҷуғрофӣ ва иқлимии минтақа шиддатнок  ва сахт буда, ҳалли мустақилонаи баъзе масъалаҳои муҳимро вобаста ба ин муқаррарот тақозо мекунад. Аз ин рӯ, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон[1], қабул гардид, ки тамоми принсип ва фаъолияти вилоятро инъикос менамояд.

 Аммо пас аз ҳодисаҳои охири моҳи ноябри соли 2021 рухдода, ишораҳое барои тағийр ва ҳатто барҳам додани мақоми худмухтории ВМКБ пайдо шуданд. Баромади вакилони халқ ии ноҳияҳои Дарвоз ва Ванҷ дар Шӯрои вакилони вилоятӣ, ки дар хусуси аз ҳудуди ВМКБ баровардани ин ноҳияҳоро эълон карданд, бо баҳонае, ки гӯё аз сабаби набудани субот ва дараҷаи баланди ҷинояткорӣ дар минтақа имкон намедиҳад, то ин ноҳияҳо рушд кунанд. Аммо ин суханронӣ бештар вокуниши баръакс дод ва боиси норозигии оммавии сокнинони ин ноҳияҳо гардид. Агар вазифаҳо ва аҳамияти мухториятро бодиққат омӯзанд, он гоҳ вазъият гардиши нав мегирад ва роҳҳои ҳалли онро пайдо мекунад.

Чаро ҳукумати марказӣ ҳодисаҳои ВМКБ-ро шарҳ намедиҳад?

Пас аз воқеаҳои ноябри Бадахшон ҳама ба ҷалби ҳукумати марказӣ дар ҳалли масъалаҳои мубрами рӯзгор умед доштанд. Умед буд, ки раиси ҷумҳури кишвар ё раиси парлумон мушкилотро ҳал хоҳанд кард, аммо аз Душанбеи расмӣ изҳори назаре нашудааст. Интизории мардум, ки раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар паёми навбатии худ ба парлумон моҳи декабри соли 2021 (ин дафъа як моҳ пеш) ба ин мавзуъ дахл хоҳад кард, амалӣ нашуд, сарвари давлат дар бораи ВМКБ ҳарф назад.  Эҳтимол, ин аз он шаҳодат медиҳад, ки тафтишот  дар мавриди ҳодисаҳои ВМКБ то ҳанӯз ба анҷом нарасидааст ва то натиҷаҳои дақиқ  ба даст наояд, ҳукумати марказӣ вазъро шарҳ намедиҳад.

Хулосаҳо

Тазоҳуроти оммавӣ дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ба далели надоштани тасмимҳои созандаи маъмурияти вилоят рух медиҳад. Ба инкишофи  худмухтории вилоят диққат додан, хусусиятҳои динӣ – этникии аҳолиро ба назар гирифтан лозим аст. Бархе аз коршиносон тазоҳуротро бо таъсири неруҳои беруна ё ҷинояткорон рабт медиҳанд. Вале маълум аст, ки мушкилоти асосӣ, пеш аз ҳама мушкилоти иҷтимоию иқ тисодӣ хусусияти бевоситаи дохилӣ доранд.

Тавсияҳо

  • Зарур аст то ба мавқеи худмухторӣ дар вилоят диққ ати махсус дод ва таҷрибаи гузаштаи идоракунии минтақаро истифода кард.
  • Системаи маъмурии вилоятро мустаҳкам карда, ин минтақа аз ҳарбиён холӣ карда шавад.
  • Ихтилофҳоро тавассути муколама ва усулҳои созанда ҳал кард. Корхонаҳои вилоятӣ ва минтақавӣ кушода, ба тайёр кардани мутахассисони дохилӣ барои аз худ кардан ва истифода бурдани сарватҳои табиӣ диққ атӣ махсус диҳанд.
  • Истифода ва рушди сармояи инсонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ барои истифода дар сатҳҳо ва бахшҳои гуногун.
  • Ташкили ҷойҳои нави корӣ барои насли наврас, махсусан дар минтақаҳо, ки ба барномасозии веб ва технологияҳои навтарин наздиканд.

  1. [1] ҚОНУНИ КОНСТУТИТУСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КУҲИСТОНИ БАДАХШОН //Қарори Маҷлиси намоядагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 6 июни соли 2007, № 605 қ абул  шудааст (Ахбори Мачлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2007 г., № 6, ст. 476 ). // Маҷлиси  миллии Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 июли соли 2007., № 373 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2007 с., № 7, ст. 715) (Ахбори Мачлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2007с, №7, ст. 653;  Қ онуни ҶТ аз 02.01.2018 с., №1493).

If you have found a spelling error, please, notify us by selecting that text and pressing Ctrl+Enter.

Spelling error report
The following text will be sent to our editors: