© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Парвиз Турсунов ба Тоҷикистон истирдод мешавад?

Мақомоти тоҷик бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ аз ниҳодҳои  интизомии Беларус хостаанд, Парвиз Турсунов, футболбози собиқи тими “Хайр”-и шаҳри Ваҳдатро ба Тоҷикистон истирдод  кунанд.


Ба Telegram канали мо обуна шавед!


Парвиз Турсунов

Парвиз Турсунов, футболбози собиқи ришдори тоҷик, ки ба экстримизм муттаҳам мешавад, миёнаҳои моҳи сентябри соли ҷорӣ дар кишвари Беларус боздошт шуд. Он шабу руз ин хонаводаи иборат аз зану шавҳар ва чаҳор кӯдак озими Аврупо буданд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, барои истирдоди футболбози собиқ ба Минск аллакай тамоми санадҳои қотеъ пешниҳод шудааст. Умарҷони Эмомалӣ сухангуи ин вазорат рузи 20-уми октябр гуфт, мақомоти интизомии Тоҷикистон ба ҳамтоҳои худ дар Белорус хабар доданд, ки Парвиз Турсунов дар ватан бо ҷурми экстримизм муттаҳам шуда, дар ҷустуҷуи байналмилалӣ қарор дорад ва ў бояд ба Тоҷикистон истирдод шавад.

Парвиз Турсунов ҳафт сол пеш барои риши дарозаш аз ҳайати тими “Хайр”-и Ваҳдат берун андохта шуд ва тавре хонаводааш мегӯянд, ҳафт соли охир дар Дубай ва Туркия зиндагӣ мекард. Вазорати корҳои дохилӣ рӯзи 22-юми феврали соли 2018 алайҳи Парвиз Турсунов бар асоси моддаи 307, қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон – “Даъвати оммавӣ барои ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ” – парванда боз кардааст. Ин парванда дар ҳоле боз шуд, ки Турсунов бо ҳамсар ва чаҳор кӯдакаш дар Туркия ба сар мебурд. Мақомот ҷузъиёти парвандаи Турсуновро боз накарданд ва маълум нест, ки ӯ чӣ гуна ва киро ба тундгароӣ даъват кардааст.

Ҳамчунин дар ҳоли ҳозир дурустии ин ҳарфҳо аз манбаи дигар имкон надорад ва худи Парвиз Турсунов ҳам дар бораи ҷурме ки ўро муттаҳам медонанд бо матбуот суҳбат накардааст. 

Дар бораи боздошти Парвиз Турсунов рӯзи 23-юми сентябр ҳамсараш Сайёра Субҳонова аз шаҳри Киев ба расонаҳо хабар дод. Ӯ гуфт, шавҳарашро рӯзи 18-уми сентябр ҳангоми кӯшиш барои муҳоҷират дар фурудгоҳи Минск дастгир карданд. Ҳамсари Парвиз Турсунов афзуд, дар фурудгоҳ пас аз тафтиши санадҳои онҳо шавҳарашро ба утоқи дигар бурданд ва дигар наоварданд. Худи Сайёра ва чаҳор фарзандашро дар фурудгоҳ се рӯз нигоҳ дошта, сипас, ба Украина фиристодаанд.

Боздошти Парвиз Турсунов дар Белорус ва талаби истирдоди ў ба Тоҷикистон, фаъолони ҳуқуқи башарро нигарон кард. Онҳо мегӯянд дар сурати истирдоди варзишгари тоҷик ба ватан, ба ӯ шиканҷаву бадрафторӣ таҳдид мекунад. Аз ҷумла ҳафтаи гузашта созмонҳои Human Rights Watch, Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ ва Кумитаи норвежии Ҳелсинки бо ҳимоят аз Турсунов изҳорот пахш карданд. Онҳо аз мақомоти Беларус даъват карданд, ки дар ҳеҷ сурат Парвиз Турсуновро ба Тоҷикистон истирдод ё ихроҷ накунанд.

Стив Свердлов, пажӯҳишгари масоили Осиёи Марказӣ дар созмони Human Rights Watch мегӯяд: “Таъқиби давомдор ва бераҳмонаи диндорон дар Тоҷикистон шаклҳои торафт бемаъниеро касб мекунад ва инсонро метавонанд, ҳатто барои риш гузоштан ба ифротгароӣ айбдор кунанд. Беларус ӯҳдадор аст, то Парвиз Турсуновро ба кишваре, ба мисли Тоҷикистон, ки онҷо метавонад, ба шиканҷаву бадрафторӣ дучор шавад, насупорад. Беларус бояд ӯҳдадориҳои байналмилалиашро риоя кунад.”

Ин изҳороти созмонҳои ҳуқуқи башар дар ҳоле нашр шуд, ки Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, “ин назари онҳо аст ва истирдоди Турсунов дар асоси санадҳои пешниҳодшуда сурат мегирад, ки ў дар ҷустуҷу қарор дошт”.

Мақомоти интизомии Беларус 28-уми сентябр эътироф карданд, ки Парвиз Турсунов, шаҳрванди 43-солаи Тоҷикистонро дар фурудгоҳи ин кишвар боздошт карданд. Он замон хабаргузории расмии “Белта”  ҳам аз қавли Дмитрий Брилев, намояндаи расмии Додситонии кулли Беларус, гуфт, Турсунов дар боздоштгоҳи рақами яки шаҳри Минск нигаҳдорӣ мешавад ва дар ростои истирдод ба ватан аст. Ӯ гуфтааст, Додситонии кулли Беларус ҷониби Тоҷикистонро аз боздошти Парвиз Турсунов, ки барои фаъолияти экстремистӣ ҷустуҷӯ мешуд, огоҳ кардааст ва мунтазири дастрас шудани асноди зарурист. “Пас аз онки санадҳо дастрас шуд, онро меомӯзем ва баҳои ҳуқуқӣ медиҳем”, – афзудааст Брилев.

Исми Парвиз Турсунови 43-сола, ки яке аз футболбозони асосии тими “Хайр”-и шаҳри Ваҳдат буд, ҳафт сол пеш ба далели риши дарозаш расонаӣ шуд. Он замон ӯ ба бозиҳои мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон роҳ наёфт ва барои риш тарк кардани футбол, Парвиз дар сархати ахбори расонаҳои ҷаҳон қарор гирифт. Ин футболбози ришдарози тоҷик, ки бо шеваи пӯшиши либоси варзишӣ ҳам аз дигарон фарқ мекард ва ҳамеша аз зери шортиҳои футболбозӣ таҳпӯши сиёҳ дошт, гуфта буд, баъд аз хондани Қуръон қарор кард, ки тамоми қонунҳои Исломро риоя кунад.

Ба гуфтаи як дӯсташ, Парвиз Турсунов чанд сол боз “аз дасти кормандон, (мақомоти интизомӣ) гурехта буд ва дар хориҷ зиндагӣ мекард”.

Сайёра Субҳонова, ҳамсари Парвиз Турсунов ҳам иқрор мекунад, ки  мушкили шавҳараш бо мақомот баъди сарусадо дар бораи ришаш шурӯъ шуд. “Вақте ки футболбозӣ мекард, мушкилаш сар шуд. Аввал намонданд, ки футбол бозӣ кунад, баъд гуфтанд, ки интихоб кунад, ё риш ва ё футбол. Он кас бозиро бас карданд”, – гуфт Сайёра Субҳонова. Ба қавли ӯ, баъдан мақомот ӯро ба салафигарӣ муттаҳам карданд, аммо наздикони Парвиз Турсунов мегӯянд, феълан аъмоли ӯ аз тарафи мақомоти интизомии Минск баррасӣ шуда, ҳанӯз маълум нест, ки тасмими ниҳоӣ чӣ хоҳад шуд.

Як манбаъи мо гуфт баъд аз боздошти Парвиз Турсунов, ҳамсари ў Сайёра Субҳонова ҳамроҳ бо чаҳор фарзандаш ба Тоҷикистон омада ҳоло инҷо ба сар мебарад. Яке аз пайвандони Парвиз Турсунов ки ин хабарро тасдиқ кард, гуфт, ҳоло ҳамсари Турсунов омода нест бо матбуот суҳбат кунад.

Қонунҳои Тоҷикистон барои “даъват ба ифротгароӣ” аз ҷаримаҳои ҳангуфт то ба панҷ соли зиндонро пешбинӣ мекунад. Тоҷикистон як кишвари мусалмонист, ки 90 дарсади аҳолиаш аз мазҳаби Ҳанафия пайравӣ мекунанд. Мақомот равияҳои дигари мазҳабӣ, аз ҷумла Салафияро барои амнияти кишвар хатарзо дониста, назоратро бар пайравони ин равия шадид кардаанд. Давоми як соли ахир садҳо нафар сокинони Тоҷикистон бо ҷурми ифротгароӣ боздошт шудаанд, ки аксари онҳо пайравони равияи “Салафия” ҳастанд.

“Салафия” як шохаи мазҳаби Ислом аст, ки дар Арабистони Саудӣ ба он пайравӣ мекунанд ва баъзан ин мазҳабро бо мазҳаби Ваҳҳобия тавъам медонанд. Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳанӯз дар соли 2009 фаъолияти ҷараёни “Салафия”- ро дар қаламрави кишвар мамнӯъ ва соли 2014 онро “созмони экстремистӣ” эълон кард.

Мубориза алайҳи пайравони Салафия соли 2015 баъди он шиддат гирифт, ки Додситони кулли Тоҷикистон таъкид кард, ки аксари беш аз 1 ҳазор тоҷикистонӣ асосан бо ташвиқи салафиҳо ба Сурияву Ироқ рафта, дар сафи “Давлати исломӣ” меҷанганд. Ба қавли Юсуф Раҳмон, Прокурори Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон 85 дарсади шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар муҳорибаҳои мусаллаҳонаи кишварҳои хориҷӣ меҷанганд, собиқ муҳоҷирони меҳнатиянд, ки аз ҳудуди Русия ба муҳорибаҳо рафтаанд.

Сарвинози Руҳулло


Ин гузориш дар ҳамдастӣ бо Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи «Тавонмандсозииҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон» омода шудааст.

If you have found a spelling error, please, notify us by selecting that text and pressing Ctrl+Enter.

Spelling error report
The following text will be sent to our editors: