© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Ваксинзанӣ бар зидди Covid-19 дар Тоҷикистон: овоза ва ҳақиқат

Тоҷикистон ба ҷойи ваксинаи AstraZeneca/Oxford намуди дар Ҳиндустон тавлидшудаи онро дарёфт кард, ки сару садо ва овозаҳои зиёдеро миёни аҳолӣ ба вуҷуд овард. Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, ваксина бехатар аст, аммо барои бархе эмгирифтаҳо шояд оризаҳои манфӣ дар пай дошта бошад. Ояндаи наздик Тоҷикистон аз Чин ваксинаи CoronaVac ҳам дарёфт мекунад.


Ба саҳифаи мо дар Фейсбук обуна шавед!


Ваксина алайҳи COVID-19, ки иборат аз 192 ҳазор воя буд, 8 марти соли 2021 тавассути механизми COVAX бо дастгирии ЮНИСЕФ ба ҷумҳурӣ оварда шуд. Тоҷикистон маъракаи эмгузарониро алайҳи COVID-19 рӯзи 23 март оғоз кард. Маълумоти бештарро дар мавриди механизми COVAX ва ваксинаи AstraZeneca инҷо бихонед.

Дар маҷмӯъ дар доираи механизми COVAX ҷумҳурӣ 732 ҳазор воя ё доза ваксина дарёфт мекунад. Ин миқдор воя барои иммунизатсияи 1,8 миллион тоҷикистонӣ, ки баробар ба 20 дарсади аҳолӣ аст, кифоят мекунад. Қарор аст, қисмати дигари аҳолӣ ваксинаҳои дигарро бигиранд.

Нахуст Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон изҳор дошт, ки Тоҷикистон ваксинаи AstraZeneca/Oxford-ро, ки аз ҷониби донишмандони Донишгоҳи Оксфорд ва ширкати “AstraZeneca” тавлид шудааст, дарёфт мекунад. Аммо ба ҷумҳурӣ намунаи ҳиндустонии ин ваксина – CoviShield, ки дар Институти Мумбай сохта шуда, 15 феврали соли 2021 аз ҷониби СҶТ ба қайд гирифта шуд, ворид гардид. Ва ин чиз сабаби ба миён омадани ҳар гуна овоза ва хабарҳои бофта дар ҷомеаи Тоҷикистон шуд. Бархе аз онҳоро инҷо таҳлил мекунем.

Ваксинзанӣ хатарзо аст?

Дар мавриди ваксинаи AstraZeneca бунёдгузори беморхонаи “Ибни Сино” Абдухалил Холиқзода андешаи худро иброз дошт ва он вокунишҳои зиёдеро дар пай дошт.

Ӯ 1 апрели соли равон дар матлабе дар саҳфаи Фейсбуки худ аз ҷумла гуфт, “шояд дар гузарондани он шитоб накунем, натиҷаи моҷарои кишварҳои ғарбиро интизор шавем”.

“Агар ин воксин қобили эътимод дониста нашавад, аз он даст кашем ва воксани дигареро аз Covax дархост кунем? Бе ин ҳам мо ба миқдори кофӣ ба ин вируси манҳус қурбонӣ додем”,-навишт Холиқзода.

Ба гуфтаи вай, бемористони “Ибни Сино” ҳам дар ҳаҷми 100 воя ваксинаи AstraZeneca дарёфт намуд ва 31 март ба 10 кормандашон онро гузаронидаанд ва дар се нафар оризаи сабуки таби баланд ба назар расидааст, ки ба қавли коршиносон пешбинӣ шудааст ва ҳатто нишонаи вокуниши системи эмании бадан аст ба он маъно, ки подтан тавлид мешавад.

“Вале аз дуру наздик хабари оризаҳои вазнини ин воксан низ ба гӯш мерасанд. Аз ҷумла, чанд рӯз пеш дар Олмон гузарондани ин воксанро ба шахсони аз шастсола поён ба сабаби оризаҳои вазнин ва ҳатто марг мамнӯъ карданд ва танҳо ба касони аз шастсола боло иҷозат додаанд, дар ҳоле ки тавлидкунанда дар аввали дам онро ба шахсони синни аз шаст боло тавсия надода буд. Умедворам ин на ба он маъност, ки бехатарии одамони аз шаст боло барои олмониён аҳамияти камтар дошта бошад…

Қаблан ҳам чанд кишвари аврупоӣ задани ҳамин воксанро боздошта буданд. Ин ҳама ногузир таассуроте ба бор меорад, ки гӯё ин воксан ба таври лозим омӯхта нашудааст”,-менависад Холиқзода.

Хабарҳои расонаҳои Аврупо воқеан сабаб шуданд, ки бисёриҳо ба муассир будани ин ваксина шубҳа карданд. Корбарони бахши тоҷикии Фейсбук ҳам дар ин маврид зиёд навиштанд. Дар ин бастагӣ Кумитаи умумиҷаҳонии машваратии СҶТ дар умури амнияти ваксинаҳо ба омӯзиши механизмҳои биологии инкишофи лахташавии хун пас аз эмкунӣ бо ин ваксина шурӯъ кард.

Таҳлил нишон дод, ки иртибот миёни ваксинаи AstraZeneca (Vaxzevria ва CoviShield) ва лахташавии хун имконпазир аст, аммо ҳолатҳои лахташавӣ хеле кам ҳастанд.

“Зарур аст оризаҳо пас аз иммунизатсия бо назардошти хавфи маргу мир аз бемории COVID-19 ва потенсиали ваксина дар пешгирии сироятёбӣ ва коҳиши ҳолатҳои марг арзёбӣ шавад”,-гуфта мешавад дар изҳороти расмии Кумитаи умумиҷаҳонии машваратии СҶТ дар умури амнияти ваксинаҳо.

Мутахассисони СҶТ таъкид мекунанд, ки лахташавии хун пас аз эмгузаронӣ албатта мояи нигаронӣ мебошад, аммо чунин ҳолатҳо хеле нодиранд. Сухан сари даҳҳо ҳолат аз 200 миллион эмгирифта меравад. Ин дар ҳолест, ки ба таъкиди мутахассисон бар асари бемории COVID-19 — 2,6 миллион нафар ба ҳалокат расидааст.

“Бо назардошти охирин маълумотҳои дастрасшуда, хавфи пайдо шудани лахташавии хун пас аз гузаронидани ваксинаи Vaxzevria ва CoviShield хеле поин арзёбӣ мешавад. Маълумотҳои Бритониёи Кабир нишон медиҳанд, ки ин хавф тақрибан чор ҳолат аз миёни миллион шахси калонсоли эмгирифтаро ташкил медиҳад (яъне, аз 250 000 эмгирифта 1 ҳолат), ин ҳам дар ҳоле ки дар Иттиҳоди Аврупо ин нишондод тақрибан аз 100 000 эмгирифта ба 1 ҳолат рост меояд”,– гуфта мешавад дар иттилоияи СҶТ.

Аммо дар айни замон мутахассисони СҶТ ҳушдор медиҳанд, хавфи лахташавии хун пас аз эмгузаронӣ дар он нафароне зиёдтар аст, ки то замони ваксинзанӣ дар минтақаи хатар қарор доранд. Аз ин рӯ, онҳо ба табибон тавсия медиҳанд, қабл аз ваксинзанӣ мизоҷонро ташхис кунанд, ҳадди ақал сатҳи лахташавии хунро чен кунанд ва ташхиси рентгенӣ гузаронанд.

Дар сомонаи СҶТ таъкид мешавад, ки барои тамоми ваксинаҳо мониторинг анҷом дода мешавад ва бо ҳадафи эътимоди аҳолӣ ба ваксинаҳо боз ва шаффоф паҳн кардани иттилои аз ҷиҳати илмӣ асоснок дар мавриди манфиат ва хавфҳои эҳтимолии ваксинзанӣ чӣ барои эмгирифтаҳо ва чӣ барои ҷомеа дар маҷмӯъ хеле муҳим мебошад.

Пажуҳишҳо чӣ мегӯянд?

15 апрел яке аз муаллифони ваксинаи AstraZeneca – Донишгоҳи Оксфорд – дар сомонаи худ маълумотеро дар робита ба хавфи ба вуҷуд омадани лахташавии хуни мағзи сар пас аз эмгузаронӣ, ки расонаҳо зиёд дар борааш мегӯянд, нашр кард.

“Хатари лахташавии хуни рагҳои мағзи сар пас аз сироят ба COVID-19 нисбат ба ваксиназанӣ ё пас аз зукоми маъмулӣ тақрибан 100 маротиба зиёдтар аст”,-таъкид мекунанд пажуҳишгарон.

Пажуҳиш бо иштироки бештар аз 500 ҳазор мизоҷе, ки ба COVID-19 сироят ёфтааст ва 480 ҳазор нафаре, ки ваксин шудаанд, анҷом шудааст. Онҳо ба ин хулоса расидаанд, ки дар қиёс ба ваксинаи AZ-Oxford хавфи лахташавии хуни рагҳои мағзи сар аз COVID-19 тақрибан 8 маротиба бештар мебошад.

Дар Донишгоҳи Оксфорд умедворанд, ки ин пажуҳишҳо барои дуруст қабул кадани ваксинзанӣ алайҳи коронавируси нав кумак мекунанд.

Ваксинаи истеҳсоли Ҳиндро дар тоҷикистониҳо месанҷанд?

Ин яке аз саволҳои маъмултарин мебошад. Дар бахши тоҷикии Фейсбук бо навишта ё шарҳҳо дар мавриди ин ки ваксинаи тавлиди Ҳиндустон шубҳаовар аст, пурра санҷида нашудааст, муассир нест ва ҳатто хавфнок мебошад, зиёд дучор шудан мумкин аст.

То имрӯз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон аз ҳеч ҳолати марги одамон пас аз эмгузаронӣ алайҳи бемории КОВИД-19 хабар надодааст, аммо расонаҳои кишвар аз бархе оризаҳо иттилоъ додаанд.

Ба иттилои Наврӯз Ҷаъфаров, сардори Раёсати амнияти санитариву эпидемиологии Вазорати тандурустии Тоҷикистон то 16 майи соли равон теъдоди онҳое, ки ваксин шудаанд, ба 72 347 нафар расидааст. Аз ин шумора 269 нафар аз оризаҳои манфӣ хабар додаанд, ки 0,4 дарсади ваксингирифтаҳоро ташкил медиҳад.

“Шикояти асосӣ ин таби баланд, сустии мушак ва дарди мушакҳо мебошад. Ин оризаҳо ночиз дониста мешаванд”,-гуфт ӯ дар суҳбат ба CABAR.asia.

Ҷаъфаров таъкид намуд, ки қисмати дигари ваксинаи AstraZeneca/ COVIDSHIELD охири моҳи май аз Ҳиндустон ба ҷумҳурӣ ворид карда мешавад.

“Ваксина боэътимод аст ва дорои сертификати СҶТ мебошад. Ин навъи ваксина аз ҷумла барои он интихоб шуд, ки Ҳиндустон наздиктар аст, аз ин рӯ интиқоли он ҳам осонтар мебошад, зеро парвоз тақрибан ду соат тӯл мекашад. Вобаста ба таъсири манфӣ, пеш аз ваксина, ҳама огоҳ карда мешаванд, ки пас аз эмгузаронӣ табибро аз вазъияти худ бояд огоҳ намоянд”,-илова намуд ӯ.

Интихоби ваксинаи тавлиди Ҳиндустон барои Тоҷикистон шояд аз ин сабаб ҳам бошад, ки бар асоси уҳдадорӣ ваксинаи AstraZeneca-и сохти Бритониёю Шветсия пеш аз таҳвил ба кишварҳои дигар нахуст бояд ба давлатҳои Аврупо дастрас шавад.

 Маълумот аз пажуҳишДар шиносномаи ваксинаи COVIDSHIELD, ки дар сомонаи ширкати истеҳсолкунанда – Serum Institute of India Pvt. Ltd – нашр шудааст, таъкид мешавад, ҳарчанд ваксина аз озмоишҳо гузаштааст, “метавонад оризаҳои ҷиддӣ ва ғайримунтазираро дар пай дошта бошад”.

Аз ин паём маълум мешавад, ки ваксина ҳанӯз пурра омӯхта нашудааст, аммо барои вазъияти пандемия, чунин натиҷаи ҳолатҳо меъёр ҳисобида мешавад.

Ваксинзанӣ бар зидди COVID-19 дар Тоҷикистон пулакӣ аст?

Баъзе табибон ва муаллимони мактабҳои миёна ба шарти ифшо нашудани номашон мегӯянд, барои эмгузаронӣ аз онҳо 10 сомонӣ (камтар аз 1 доллар) талаб карда мешавад.

“Аз ман 10 сомонӣ гирифтанд, аммо нагуфтанд, ки барои чӣ. Ман медонам, ки ваксина ройгон аст, аммо дар дармонгоҳ навбат буд ва ман маҷбур шудам, ки пул диҳам то зуд ваксина гузаронам. Ба ғайр аз ин, ба мо гуфтанд, ки эмгузаронӣ ҳатмӣ аст”,-гуфт муаллимаи синфҳои ибтидоии яке аз мактабҳои шаҳри Душанбе.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон расман эълон кард, ки ваксина ройгон аст, зеро он ба кишвари мо ҳамчун ёрии башардӯстона дар доираи механизми COVAX ворид карда мешавад. Ин ниҳод ҳамчунин эмгузарониро ихтиёрӣ мегӯяд. Аммо кормандони соҳаи тандурустӣ, муаллимон ва хизматчиёни давлатӣ мегӯянд, онҳоро маҷбур мекунанд, ки ваксина гиранд.

“Мо як ҳафта пеш ваксина гирифтем. Ман гуфтам, ки фишори хуни музмин дорам, аммо онҳо ҳатто маро гӯш кардан нахостанд. Инак як ҳафта аст, ки дар хона ҳастам, се рӯзи аввал дасти чапамро, ки сӯзандорӯ гузаронида шуда буд, боло карда наметавонистам. Баъдан чархзании сар, таб ва дилбеҳузурӣ сар шуд. Ҳоло беҳтар ҳастам, аммо рӯзҳои аввал душвор буд”,- гуфт яке аз кормандони мақомоти давлатӣ ба CABAR.asia.

Ваксинаи Чин кай ба Тоҷикистон мерасад?

150 ҳазор вояи ваксинаи CoronaVac, ки ширкати Sinovac Biotech-и Чин тавлид кардааст, тобистони имсол ба Тоҷикистон ворид карда мешавад. Дар ин бора Наврӯз Ҷаъфаров ба CABAR.asia хабар дод.

“Ваксина аз Чин ба Тоҷикистон дар доираи ҳамкориҳои ду кишвар, тибқи мувофиқаи сарони Тоҷикистону Чин ройгон оварда мешавад. Дар мавриди ворид кадани ваксинаи русии Sputnik V ҳам гуфтушунидро  идома медиҳем ва умедворем, ояндаи наздик бо ҷониби Русия ба мувофиқа мерасем”,- афзуд ӯ.

Вай илова кард, ин ваксина ҳам дар навбати аввал барои гуруҳи осебпазири аҳолӣ – табибон, муаллимон, кормандони давлатӣ, шаҳрвандони аз 60-сола боло гузаронида мешавад.

“Ин мавод дар доираи лоиҳаи барномаи “Рушди расонаҳои нав ва рӯзноманигории рақамӣ дар Осиёи Миёна” таҳия ва аз ҷониби Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) бо дастгирии Ҳукумати Бритониё роҳандозӣ шудааст. Муҳтавои маводи мазкур метавонад бо мавқеъи IWPR ва ё Ҳукумати Бритониё ҳамхон набошад”.

If you have found a spelling error, please, notify us by selecting that text and pressing Ctrl+Enter.

Spelling error report
The following text will be sent to our editors: