Ҷангҳои мазҳабӣ пӯшише ҳастанд, ки кишвару доираҳо аз он ба манофеи худ истифода мекунанд ва имрӯз ҷангҳои мазҳабӣ дар кишварҳои ҷаҳони сеюм, хусусан, мамолики исломӣ ба мушоҳида мерасад.
Ба Telegram канали мо обуна шавед!
Дар Ховари Миёна рақобат миёни қудратҳои бузурги минтақа аз қабили Эрон, Арабистон ва Туркия шиддат гирифта, ҳар яке аз ин тарафҳо талош мекунанд, саҳми бештареро аз они худ кунанд ва манофеи хешро пеш баранд. Коршиносон ба ин боваранд, ки қудратҳои минтақавӣ аз қабили Эрон, Арабистони Саудӣ ба шӯълавар шудани ҷангҳои мазҳабӣ доман мезананд.
Дар ҳамин ҳол Сайидмукаррами Абдулқодирзода, раиси Шӯрои Маркази исломии Тоҷикистон аз сокинони кишвар даъват меорад, ки аз баҳс ва бардоштани масоили ихтилофи мазҳабӣ миёни мардум худдорӣ варзанд. Ба таъкиди ӯ, паҳн кардани бархе аз масоили ихтилофоти мазҳабӣ миёни омма хиёнат ба дини Ислому миллат ва давлат мебошад.
Ба ишораи вай, мардуми тоҷик зиёда аз ҳазор сол мешавад, пайравӣ аз мазҳаби Имом Абуҳанифа дошта, набояд аз он пой берун ниҳанд: “Имом Абуҳанифа, ки мо тоҷикон беш аз ҳазор сол боз пайравӣ аз мазҳаби ӯ дорем, ягон суханеро дур аз оятҳои Қуръону ҳадисҳои паёмбар (с) нагуфтааст. Пас мо барои чӣ ин роҳи ҳақро тарк ва пайравӣ аз мазҳабҳои дигари бегонаву тундрав кунем, ки ҳамеша миёни мардум душманиро мехоҳанд.” Ба иттилои Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода, раиси Шӯрои уламои дини вилояти Суғд солҳои охир дар байни мамолики мусулмоннишин ва аз ҷумла дар Тоҷикистон ин раванд халалдор шуда аз ҷониби як гурӯҳ ҷавонон тарғиби бемазҳабӣ ё пайравии кӯр-кӯрона ба ҷамъияту ҳаракатҳои ихтилофангез ба назар мерасад ва дар бораи мазҳаб, соҳибмазҳаб, муҷтаҳид, соҳибфатво ва китобҳо оид ба мазҳаб беэътиборӣ ва беэҳтиромӣ аз хориҷи кишвар бо ҳадафҳои маълум ворид мешаванд. Ин ҷо сухан дар бораи эътироф накардани мазҳабу соҳибмазҳаб, пайравӣ аз мазҳабҳои дар диёри мо ғайримаъмул меравад. Ба бовари ӯ, мазҳаб «чаҳорчўба» ва «роҳи муайян» асту “бемазҳабӣ гумроҳӣ ва роҳи сарбаста аст. Тартибу низом дар ибодат ба шарофати мазҳаб зебо аст”,-таъкид менамояд ӯ. Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ мегӯяд, “мазҳаб далели қавӣ аз Қуръон дорад. Вале ин ниҳоди динии кишвар нигаронӣ кардааст, ки аз сабаби камогоҳӣ ва ё ноогоҳӣ бархе афрод гумон мекунанд, ки баъзе масоили мазҳаби ҳанафӣ далели шаръии муътамад надоранд ва ба ин васила афкори мардумро мушавваш месозанд. Набояд фаромӯш кард, ки аз тарк намудани пайравии як мазҳаби муайян саҳлангорӣ дар умури дин пайдо мешавад, ки боиси ба вуҷуд омадани низоъу фитна дар ҷомеъа мегардад. Пайравӣ аз як мазҳаб яке аз сабабҳои амну субот дар ҷомеа буда, инсонро аз изтироб ва шакку шубҳа дур месозад. Саидмукаррами Абдуқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон зимни вориди тағйироти ахир ба қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» гуфта буд, “мебинем, ки олами ислом аксарияти кулл ноором асту дар он кишварҳо мазҳабу равияҳои ботил ва тундрав ба вуҷуд омада, кишварҳои орому пешрафтаро ба хоку хун кашиданд. Президенти кишвар ҳанӯз соли 2009 ба мардум муроҷиат кард, ки эмоми мазҳаби худро бишносед ва ба ҳар мазҳаби ботилу равияҳои тундрав наравед.” Раиси Шӯрои Маркази исломии Тоҷикистон борҳо аз минбари масҷиди марказӣ ба намозгузорон гушрас намудааст, ки дахолат кардани як мазҳаб дар байни пайравони мазҳаби дигар қатъиян аз нигоҳи Ислом ҳаром мебошад. Ба гуфтаи ӯ, муфтиёти кишварҳои исломӣ дар пайи як конфронс дар ин бора қарор қабул кардаанд, ки дахолати як мазҳаб дар байни мазҳаби дигарро манъ мекунад.Зубайдулло Давлатов, корманди Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон мегӯяд, аз ҳама ваҳшонияттар ин терроризми мазҳабӣ буда, дар байни баъзе мазоҳибу равияҳои дини мубини ислом дар масъалаҳои бунёдии дин ҳамдигарнофаҳмӣ аст:
“Ман гуфтаниам, ки истифодаи дин бо мақсадҳои нопок, дар ҷанг ва низоъандозӣ ба таърихи башарият баробар буда, инсон пайдо шуд, ҷаҳонӣ ва давлат пайдо шуд, барои мансаб мубориза бурдан лозим омад ва муборизаҳо бо дину мазҳаб мешавад. Имрӯз суистифода аз дин бо мақсадҳои нопоки инсонӣ ва иротгароиву террористӣ маъмул аст ва боз ин воситаҳои техникӣ ба террористон имконият медиҳанд, ки ақидаи хешро дар як лаҳзаи вақт паҳн намоянд. Идеяҳои бегона вақте меоянд инҳо хатар доранд. Инҳо хатарҳои маъмулие ҳастанд, ки байни мазоҳиби Ҷумҳурии Тоҷикистон низоъ андозанд”,-мегӯяд ӯ. Ба нигаронии Маҳмуд Сангалиев, сармутахассиси Раёсати фатвои Маркази исломии Тоҷикистон, солҳои охир бисёр равияҳои номатлубро мебинем, ки аз номи дини мубини ислом истифода мекунанд: -Ҷавонони мо бояд додананд, ки ин равияҳо дар пушти парчами сафеди ислом ҳазорон хабосати инсониро пинҳон кардаанд. Онҳо мехоҳанд, ки ҳадафҳои хоҷагони хешро пиёд намоянд. Дин мехоҳад, ки инсон дар рӯйи замин давлат, фарҳанг, замин дошта бошад. Забон дошта бошад. Ҳатто Қуръон мефармояд, мо инсонҳоро бо забонҳои гуногун офаридем, то якдигарро муарриф кунанд, бишиносанд. Лекин онҳо аз ин истиллоҳҳо истифода карда, ҷавононеро ки огоҳ аз ақида, мазҳаб ва қуръон нестанд роҳгум занонанд. Худованд дар Қуръон барои марди қотил 5 ваъда додааст: Касе муъминеро қасдан мекушад, ҷояш ҷаҳаннам аст, ҳамеша онҷо мемонад. Алоҳ ӯро ғазаб кардааст ба ӯ лаънат кардааст ва барои ӯ азоби бузурге омода кардааст, ҳатто барои кушандаи нафс низ. Касе нафсеро бикӯшад. Фарқ намекунад ӯ мусалмон аст ё шахси дигаре. Соли 2016 президенти кишвар зимни суханронӣ дар оғози соли нави таҳсил дар ноҳияи Данғара таъкид намуда буд, ки дини мубини ислом ва хусусан, мазҳаби таҳаммулгарои ҳанафӣ, ки мо пайравони он ҳастем, дини тарбияву адаб, ахлоқи ҳамида, сулҳу салоҳ ва башардӯстиву инсонпарварӣ мебошад. Дар Тоҷикистон аксарият пайрави мазҳаби ҳанафӣ буда, инчунин пайравони шиаи ислмоилия низ ҳастанд. Президенти кишвар соли 2013 зимни суханронӣ дар мулоқот бо намояндагони аҳли ҷомеаи мамлакат гуфта буд, Ҳамчунин имрӯз барои адои фаризаҳои динии пайравони мазҳаби исмоилия ҳамаи шароити зарурӣ муҳайё гардида, дар пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе Маркази исмоилия амал мекунад ва 83 нафар халифаҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тибқи талаботи қонун озодона фаъолият доранд. Сафарбек Кабиров Ин гузориш дар ҳамдастӣ бо Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи «Тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон» омода шудааст.