© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Муносиботи Тоҷикистону Эрон дар шароитҳои нав

“Бо вуҷуди доштани мақоми соҳибихтиёрӣ, Тоҷикистон дар интихоби баъзе ҷанбаъҳои калидии сиёсати берунии худ, аз ҷумла дар муносибат бо Эрон ба андозаи кофӣ маҳдуд аст”,-таъкид медорад сиёсатшинос Парвиз Муллоҷонов дар як матлаб, ки барои CABAR.asia навиштааст.   


Ба саҳифаи мо дар Фейсбук обуна шавед!


Муносиботи Эрону Тоҷикистон на танҳо барои ду кишвар арзиши вижае дорад, балки дар дурнамо метавонад ба тавсеаи авзои минтақа таъсиргузор бошад. Эрон ҳамеша барои таҳкими мавқеи худ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ манфиатдор буд, ин минтақаро ба сифати яке аз самтҳои асосӣ ҷиҳати раҳоӣ аз бунбасти геополитикӣ ва иқтисодӣ, ки дар пайи бархӯрдҳои чандинсола бо Ғарб гирифтори он аст, мешинохт. Аз ин нуқтаи назар, Тоҷикистон бо наздикии забониву фарҳангӣ бо Эрон яке аз векторҳои дипломатияи эронӣ дар минтақа ба ҳисоб меравад.

Барои Тоҷикистон ҳам муносибат бо Эрон на танҳо аз нигоҳи манфиатҳои иқтисодӣ ва геополитикии он аҳамияти махсус дорад. Гап сари ин аст ки тоҷикон ва форсҳо ҷузъи ба истилоҳ “Ҷаҳони эронӣ” – фазои воҳиди тамаддунӣ, таърихӣ ва забонӣ ҳастанд, ки ҳар ду мардумро асрҳои тӯлонӣ бо ҳам пайванд мекунад.  

Бо вуҷуди он ки мафҳуми мазкур бештар хосияти тамаддунӣ ва башарӣ дорад, инчунин таъсири назаррасе дар геополитика ҳам мерасонад. Дар муносибат бо ҳамдигар ҳукумат ва сиёсатмадорони ҳар ду кишвар новобаста ба фарқиятҳои идеологӣ ба ин ё он шева маҷбуранд, ин омилро ба инобат бигиранд. Бо ин ҳол, новобаста ба наздикии таърихӣ, фарҳангӣ, манфиатҳои иқтисодӣ ва геополитикӣ муносиботи миёни ду кишвар ҳамеша бо хусусияти душвору баҳсбарангез фарқ мекард.

Давраҳои гармӣ ва ҳамкорӣ чандин маврид ғайриинтизор бо марҳилаҳои ҳамдигарнофаҳмӣ, даъвоҳои мутақобил ва сардӣ дар муносибот тағйир карданд. Дар натиҷа муносиботи Эрону Тоҷикистон ҳанӯз дар вазъи муаллақ ва номафҳумӣ боқӣ мондааст – аз як сӯ соли сипаришуда ҷонибҳо ба тарафи ҳамдигар қадамҳое гузоштанд; ҳамзамон дар муносиботи онҳо ҳанӯз беътимодӣ ва бегонагӣ боқӣ мондааст.    

Давоми чанд соли наздик муносиботи Эрону Тоҷикистон ба кадом самт – сардӣ ва ё гармӣ майл мекунад? Ин муносибот дар пасманзари ҳаводиси ахир дар минтақа ва ҷаҳон – эҳтимоли ба мақом расидани Толибон дар Афғонистон, шиддати низои миёни Эрону Амрико, феномени нав – пандемияи коронавирус чӣ гуна шакл мегирад?      

Ва динамикаи ин муносибот ба сиёсат ва мавқеи Эрон дар маҳдудаи кишварҳои пасошӯравӣ ва Осиёи Марказӣ, инчунин Афғонистони ҳамсоякишвар чӣ таъсире  хоҳад гузошт? Барои ба ин суолҳо ҷавоб гуфтан, ба таври кутоҳ ба динамикаи рушди муносиботи Эрону Тоҷикистон, манфиат ва мавқеи ҷонибҳо, неруҳои таҳрикдиҳанда ва омилҳое ки ба тавсеаи минбаъдаи он таъсир мерасонанд ё метавонанд таъсиргузор бошанд, назар меафканем. 

Динамикаи муносиботи Эрону Тоҷикистон

Дар маҷмӯъ, таърихи ҳамкориҳои мутақобил миёни элитаи сиёсии Тоҷикистони пасошӯравӣ ва низоми раҳбарикунандаи Эронро мешавад шартан ба се марҳилаи пайдарпай ҷудо кард: 

Марҳилаи аввалро мешавад ҳамчун давраи муқобилияти геополитикӣ унвон кард, ки ба солҳои аввали ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон рост меояд. Эрон дар ибтидо ба Иттиҳоди неруҳои оппозитсионии тоҷик (ИНОТ) пас аз мағлубияти низомӣ ва хоки кишварро тарк карданаш дар соли 1992 кумаки сиёсӣ ва тибқи бархе маълумотҳо ёрии пулӣ расонд. 

Дар марҳилаи ҷанги шаҳрвандӣ қисми асосии раҳбарони мухолифин дар Эрон мустаққар шуданд, ки ба туфайли он эрониҳо тавонистанд таъсири назаррасеро ба ҷараёни ҳаводис дар низои миёни тоҷикон гузоранд. Бар ин асос, дар ин давра муносибати ҳукумати Тоҷикистон бо Эрон душманона буд.

Марҳилаи дуюм, ки дар ҷараёни он дар муносибат гармӣ дамид ва ҳамкориҳои миёни ду кишвар ба роҳ монда шуд, ҳамзамон бо раванди сулҳи тоҷикон оғоз гардид. Зуҳури Толибон дар Афғонистон тамоми бозигарони асосии геополитикии минтақаро ба пайдо кардани имкониятҳо барои ҳарчи зудтар анҷом ёфтани низои байни тоҷикон маҷбур кард.

Эрон ба ҳайси яке аз давлатҳои кафили раванди сулҳ баромад кард; ҳамроҳ бо Русия ва Эътилофи Шимоли Афғонистон эрониҳо ба ҳар ду ҷониби низоъ фишор оварданд, ки ба истиқрори ҳарчи зудтари сулҳ оварда расонд. Пас аз имзои созишномаи сулҳ дар соли 1997, муносибати Душанбе ва Теҳрон ба марҳилаи рушди босубот ворид гардид ва ин гармӣ дар муносибат қариб 13 сол идома кард. Дар ин давра, Эрон ба яке аз шарикони иқтисодӣ ва сармоягузорони асосии Тоҷикистон табдил ёфт.

Яке аз давраҳои музокироти байни тоҷикон дар Теҳрон баргузор шуд. Акс аз ozodi.org
Яке аз давраҳои музокироти байни тоҷикон дар Теҳрон баргузор шуд. Акс аз ozodi.org

Соли 2013 табодули мол миёни ду кишвар 292,3 миллион доллари амрикоиро ташкил дод; 9,9 дарсади содирот ва 4,3 дарсади воридоти Тоҷикистон ба Эрон рост меомад[1]. Эрон дар тарҳҳои гидроэнергетикӣ ва инфрасохтории Тоҷикистон маболиғи бузурге харҷ кард, ҷонибҳо инчунин дар мавриди тарҳҳои муштарак дар бахши коммуникатсия ва телевизион гуфтушунид доштанд.

Эрониҳо чандин маврид ҳангоми баҳсҳои иқтисодӣ ва ҳамдигарнофаҳмӣ бо ҳамсояҳо – қаблтар аз ҳама бо Узбекистону Туркманистон ба таври фаъол аз Тоҷикистон ҷонибдорӣ карданд. Дар навбати худ, Душанбе аз манфиатҳои Теҳрон дар маҳдудаи кишварҳои пасошӯравӣ, ба вижа дар чорчуби иттиҳодияҳои гуногуни кишварҳои узви ИДМ, монанди Иттиҳоди АвруОсиё пуштибонӣ мекард.   

Марҳилаи сеюм, ки дар ҷараёни он муносиботи дуҷониба якбора ба сардӣ гаравид, аз соли 2013 оғоз ёфт. Аввалин зарбаро ба муносиботи Эрону Тоҷикистон қазияи миллиардери маъруфи эронӣ Бобаки Занҷонӣ зад, ки Эрон ӯро дар пӯлшӯӣ тавассути бархе бонкҳои чинӣ ва тоҷикӣ муттаҳам мекард. Гап дар бораи ду миллиард долларе мерафт, ки гӯиё миллиардер ба шарикони тоҷикаш додааст. Аммо дар ҷавоб ба дархости ҷониби Эрон, ҳукумати Тоҷикистон изҳор дошт, “ҷониби Эрон ягон санади дақиқ дар мавриди сармояи Занҷонӣ дар бонкҳои Тоҷикистон пешниҳод накард”[2]. Ихтилофи назар дар масъалаи миллиардҳои гумшуда чанд сол идома дошт ва ба таври қобили мулоҳиза ба муносибати байни ду кишвар рахна ворид кард.  

Зарбаи дигар, қабули мухолифини тоҷик, дар навбати аввал Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ, созмони дар Тоҷикистон мамнӯъ) дар сатҳи расмӣ дар Эрон буд. Сентябри соли 2015 мақомоти тоҷик ҲНИТ-ро дар омодагӣ ба табаддулоти давлатӣ муттаҳам ва фаъолияти онро дар қаламрави кишвар манъ карданд. Ҳузури Кабирӣ дар яке аз ҳамоишҳои расмӣ дар Теҳрон зарбаи дигаре дар бадтар шудани муносиботи байни ду кишвар гардид. 

Раҳбари Эрон Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ бо роҳбари Ҳизби Наҳзати Исломӣ дар Тоҷикистон мамнӯъ Муҳиддин Кабирӣ соли 2015. Акс аз Форс
Раҳбари Эрон Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ бо роҳбари созмони дар Тоҷикистон мамнӯъ ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ соли 2015. Акс аз Форс

Пас аз ин, дар Тоҷикистон маъракаи таблиғотӣ ва идеологии давомдор оғоз шуд, ки дар доираи он Эрон дар барангехтани ҷанги шаҳрвандии солҳои 1990, ташкили ҷиноятҳои низомӣ дар ин давра, омода кардани террористони исломӣ ва ғайра муттаҳам мешуд. [3] Тамоми барномаҳои ҳамкорӣ бо Эрон барҳам зада шуд ва лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва нақшаҳои солҳои гузашта иҷронашуда боқӣ монданд.

Пажуҳишгарон ҳанӯз дар мавриди сабабҳои аслии сард шудани муносиботи Эрону Тоҷикистон ба як андешаи воҳид нарасидаанд. Аксарияти онҳо ба қазияи Занҷонӣ ишора мекунанд ва чунин мешуморанд, ки ӯ ба манфиатҳои сохторҳои бонуфӯзи тиҷоратӣ дар бахши бонкии кишвар дахл намудааст.

Дар саргаҳи маъракаи зиддиэронӣ дар Тоҷикистон аксаран бозигарони беруна, ба вижа саудиҳо ва лоббиҳои байналмилалии салафӣ қарор доранд. 

Дигарон ба таъсири Арабистони Саудӣ ва як қатор кишварҳои Халиҷи Форс, ки бо Эрон дар мухолифати доимӣ ҳастанд, ишора мекунанд. Ҷонибдорони нуқтаи назари дуввум бар инанд, ки Тоҷикистон бандии бархӯрдҳои байни ду маркази асосии геополитикии ҷаҳони Ислом – Эрон ва Арабистони Саудӣ гардид. Ҳар дуи ин кишварҳо таърихан барои соҳиб шудани нақши пешво дар ҷаҳони Ислом талош мекунанд ва барои таъсиргузорӣ дар минтақаҳои мусалмонӣ, аз ҷумла  Осиёи Марказӣ мубориза мебаранд. Дар ин ҳол, Тоҷикистон ва тоҷикон дар пайи наздикии забонӣ, фарҳангӣ ва таърихии худ бо Эрону эрониҳо аз ҷониби саудиҳо ва салафиҳо хатти заъф шумурда мешаванд.    

Аз ин рӯ, маҳз дар муносибат бо тоҷикон маъракаи нисбатан тақвиятшудаи таблиғотӣ ва ташкилӣ бурда мешавад, ки аҳдофаш салафикунонии ҷомеа, тағйири худогоҳиву ҳувияти тоҷикӣ, ба вуҷуд овардани фазои зиддиэронӣ ва зиддишиа дар кишвар мебошад. Бинобар ин, бар пояи ин нуқтаи назар, дар саргаҳи маъракаи зиддиэронӣ дар Тоҷикистон аксаран бозигарони беруна, ба вижа саудиҳо ва лоббиҳои байналмилалии салафӣ қарор доранд.

Гармии ғайримунтазира дар муносиботи Эрону Тоҷикистон: пушти он чӣ меистад?

Моҳи июни соли 2019 дар муносиботи байни кишварҳо ногаҳ, мисле ки гармии ғайриинтизор ба вуҷуд омад. Ин кор асосан бо тағйири мавқеи Душанбе имконпазир шуд. Ба ин тариқ, якуми июн вазири хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар Теҳрон бо раисҷумҳури Эрон Ҳасан Руҳонӣ ва ҳамтои эрониаш Ҷавод Зариф мулоқот намуд[4].  

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ҳангоми мулоқот бо Президенти Эрон Ҳасан Рӯҳонӣ. Акс аз Вазорати корҳои хориҷии ҶТ
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ҳангоми мулоқот бо Президенти Эрон Ҳасан Рӯҳонӣ. Акс аз Вазорати корҳои хориҷии ҶТ

Ба андешаи таҳлилгарон, ин аввалин мулоқоти дипломатӣ дар солҳои охир буд, ки лаҳни дӯстона дошт ва метавонад нишонаи наздикшавии дигарбораи кишварҳо дар рӯёрӯи мушкилоти молӣ ва сиёсӣ бошад. Аз ҷониби дигар, ин мулоқот ҳеч амали воқеиро дар пай надошт, ки ҷиддияти ҷонибҳо дар самти воқеан беҳтар сохтани муносиботро зери шубҳа мебарад.   

Бар андешаи коршиносон, чунин як гоми нобоварона ба ҷониби якдигар метавонад сабабҳои зерро дар худ дошта бошад:

Аввалан, яке аз сабабҳо фишор ба Душанбе аз ҷониби Русия ва шариконаш аз шумули давлатҳои пасошӯравии дигар дониста мешавад. Феълан, дар Ховари Миёна ва Наздик де-факто ду паймони геополитикии ғайрирасмӣ шакл гирифтааст – аз як сӯ ИМА, Арабистони Саудӣ ва Исроил ва аз ҷониби дигар Эрон, ки аз мавқеи он то андозае Русия, Чин ва Қатар дастгирӣ мекунанд. Дар чунин шароит маъракаи зиддиэронӣ, ки дар Тоҷикистон ҷараён дошт, аз ҷониби иттифоқчиёну шарикон дар ИДМ ва СҲШ бо тааҷҷуб қабул карда мешавад. Дар ҳоле ки Русия ва Чин дар саддади тавсеаи СҲШ аз ҳисоби ба ҳайати он шомил кардани кишварҳои дигар, эҳтимолан Эрон ҳастанд. Аз ин хотир, талоши Душанбе ҷиҳати блок гузоштан ба узвият ва иштироки Эрон дар созмони мазкур ҳамроҳ бо лаҳни зиддиэронӣ имрӯз чандон мувофиқ нест ва ба стратегияи умумии СҲШ мухолифат мекунад. 

Президенти Тоҷикистон моҳи июни соли 2019 ҳангоми форуми байналмилалии CICA дар Душанбе бо президенти Эрон Ҳасан Рӯҳонӣ мулоқот мекунад. Акс аз сомонаи president.tj
Президенти Тоҷикистон моҳи июни соли 2019 ҳангоми форуми байналмилалии CICA дар Душанбе бо президенти Эрон Ҳасан Рӯҳонӣ мулоқот мекунад. Акс аз сомонаи president.tj

Дуввум, эҳтимолан, Душанбе худ аллакай дарк намудааст, ки феълан фурсати мусоид барои ба мувозинат овардани сиёсати беруна аст. Майли яктарафа ба ҷониби Арабистони Саудӣ принсипи бисёрҷонибии сиёсати хориҷиро, ки ҳанӯз дар оғози солҳои 2000-ум эълон гардид, вайрон мекунад.  

Беҳтар кардани муносибат метавонад барои ҳар ду кишвар манфиати геополитикӣ ва иқтисодӣ биёрад. Барои Эрон дастгирии Тоҷикистон дар чорчуби СҲШ ва ИДМ, дар муносибат бо дигар кишварҳои маҳдудаи пасошӯравӣ муфид мебуд; дар дурнамо тиҷорати хусусӣ ва ширкатҳои эронӣ метавонанд бурд намоянд. Барои Тоҷикистон ин дурнамои дарёфти сармоя барои рушди иқтисодиёташ мебошад. Эрон дар ҷаҳон аз нигоҳи захираи нафт дар ҷойи 5 ва аз нигоҳи захираи газ дар мақоми дуюм қарор дорад, ки мешавад аз он барои коҳиши арзиши маводи сӯхт дар Тоҷикистон истифода кард. Дар Эрон бахши саноати кишоварзӣ, сехҳои миёна, масолеҳи сохтмонӣ хуб рушд кардааст – чизе ки имрӯз тиҷорати хурд дар Тоҷикистон ба он ниёз дорад. 

Солҳои оянда кадом омилҳо ба муносиботи Эрону Тоҷикистон таъсир хоҳанд расонд?

Ояндаи муносиботи Тоҷикистону Эрон аз бисёр ҷиҳат аз омилҳои асосии зер бастагӣ дорад, ки дар рушди авзои минтақа таъсири ҳалкунанда мерасонанд:

Аввалан, интихоботи ахири парлумонӣ дар Эрон, ки бо пирӯзии муҳофизакорон – ҷонибдорони сиёсати тавсеаталабона, хатм шуд. Аз ҳоло маълум аст ки муҳофизакорон бештари курсиҳои парлумонро дар ихтиёр мегиранд. Ҳамин тариқ, ҳукумати ояндаи Эрон аз ҳисоби дастнишондаҳои гуруҳҳои нисбатан муҳофизакор шакл хоҳад гирифт.     

Мутобиқан, ҳукумати нав аз бисёр созишномаҳое ки ислоҳталабон баста буданд, даст мекашад – қаблтар аз ҳама комилан аз тавофуқоти ҳастаӣ берун мешавад. Бар илова, ҳукумати нав лаҳни зиддиғарбиашро таҳким бахшида, фаъолнокиро дар берун аз марзҳои Эрон, аз ҷумла дар минтақаҳои наздик бештар мекунад. Ин ба маънии бадтар шудани муносибот бо Ғарб аст, ки ҳамчунин ба рушди минбаъдаи муносиботи Эрон, чӣ бо Тоҷикистон ва чӣ бо дигар кишварҳои пасошӯравӣ таъсир мерасонад. 

Бадтар шудани муносибат бо Ғарб ба рушди минбаъдаи муносиботи Эрон, чӣ бо Тоҷикистон ва чӣ бо дигар кишварҳои пасошӯравӣ таъсир мерасонад.   

Дуюм, бисёр чиз аз натиҷаи интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар ИМА вобаста хоҳад буд. Агар дар натиҷаи интихобот Трамп дар курсии президентӣ боқӣ монад, Амрико сиёсати феълиашро дар минтақа идома медиҳад, ки аз фишоррасонӣ ба Эрон, шадид кардани таҳримҳо, наздикӣ бо Арабистони Саудӣ, аз хоки Афғонистон комилан берун кардани низомиёни амрикоӣ ва монанди ин иборатанд.

Агар намояндаи ҳизби демократ ба қудрат бирасад, бештари иқдомҳои Трамп дар сиёсати берунӣ бозбинӣ мешаванд – бархе аз онҳо куллан ҳолати аксро хоҳанд гирифт. Дар маҷмӯъ, тавофуқоти ҳастаӣ бо Эрон дар замони президентии Обама ба даст омада буд ва демократҳо онро яке аз дастовардҳои асосии маъмурияти Обама арзёбӣ мекунанд. Бар ин асос, ҳангоми раисҷумҳурии як демократ эҳтимоли муътадилӣ ва коҳиши шиддати муносиботи Эрону Амрико зиёд мегардад. Дар чунин шароит ба Душанбе ва Теҳрон ба иҷмоъ расидан дар бисёр масъалаҳо осонтар мегардад – авзои нисбатан ором дар минтақа ба муколамаи нисбатан ороми Эрону Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.     

Сеюм, омили нави таъсиргузор эпидемияи коронавирус мебошад, ки Эронро фаро гирифт ва ба Тоҷикистон ҳам таҳдид мекунад. Оқибатҳои эпидемияи коронавирус аллакай дар сатҳи ҷаҳонӣ эҳсос мегардад – барои иқтисоди Эрон, ки дар пайи таҳримҳо заиф шудааст, зарбаи вирус дардноктар хоҳад буд. Ба ҳамин андоза дардноктар, агар аз он бештар набошад, пандемия ба иқтисоди Тоҷикистон таъсир мерасонад. Дар дурнамо пандемия ба тамоми низоми муносибатҳои байналмилалӣ, аз ҷумла дар муносибати Эрон бо ҳамсояҳояш, бо шумули Тоҷикистон, таъсири ҳалкунанда хоҳад гузошт.

Чорум, омили дигаре ки ҳамчунон оқибатҳои душворпешбинишаванда дорад, буҳрони дохилисиёсии ахир дар Афғонистон мебошад. Сиёсати маъмурияти Трамп, ки ба тавофуқи яктарафа бо Толибон равона шудааст, низоми мувозина миёни қавм ва элитаҳои сиёсии мухталиф дар Афғонистонро, ки давоми бист соли ахир дар ин кишвар шакл гирифта буд, хароб мекунад. Дар натиҷа, кишвар де-факто ба се тақсим шуд, гуруҳҳо ва ҷиноҳҳои сиёсӣ бошанд, босуръат ба даври нави муқовиматҳои мусаллаҳона бо ҳамдигар омодагӣ мебинанд. 

Барои Тоҷикистон, мисли дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ мавҷи нави муқовиматҳо дар Афғонистон масъалаи муҳиммияти аввалиндараҷаро ифода мекунад – аммо фишангҳои аслии таъсиррасон ба авзоъ дар он кишвар дар дасти бозигарони бузурги геополитикӣ қарор дорад. Бар пояи иттилои ғайрирасмӣ, русҳо, эрониҳо ва чиниҳо бо тамоми ҷонибҳои низои Афғонистон машваратҳои ғайрирасмӣ анҷом медиҳанд, то барои худ шева ва стратегияи беҳтареро ҳангоми  шаклгирии нави сиёсӣ муайян намоянд. Аз натиҷаи ин мулоқотҳои ғайрирасмӣ мавқеи Тоҷикистон ҳам вобаста хоҳад буд.

Хулосаҳои асосӣ – дурнамои оянда

Бо вуҷуди доштани мақоми соҳибихтиёрӣ, Тоҷикистон дар интихоби баъзе ҷанбаъҳои калидии сиёсати берунии худ, аз ҷумла дар муносибат бо Эрон ба андозаи кофӣ маҳдуд аст.    

Дар натиҷа, Тоҷикистон де-факто маҷбур аст ҳамеша самти сиёсати хориҷӣ ва иқдомҳояшро бо бозигарони асосии геополитикӣ дар минтақа бисанҷад – бо ИМА-ву Ғарб аз як сӯ ва бо Русияву Чин аз ҷониби дигар. Раҳбарияти Тоҷикистон маъмулан бо Эрон ва низоми он бо нобоварӣ ва шубҳа муносибат мекунад. Барои Тоҷикистон бо назардошти вобастагӣ аз донорҳои ғарбӣ ва кумакҳои иқтисодӣ аз институтҳои байналмилалии молиявӣ, аз пушти Эрон шуда, хароб кардани муносибат бо Ғарб ва ИМА муфид нест.       

Тоҷикистон бояд мавқеи Русияро ба инобат бигирад.
Аммо аз ҷониби дигар Тоҷикистон инчунин бояд мавқеи Русияро ҳам ба сифати шарики асосӣ дар СПАД ва бозигари геополитикии калидӣ дар бахши амният дар маҳдудаи пасошӯравӣ ба инобат бигирад. Русия барои фишор ба раҳбарияти кишвар фишангҳои лозимро дар даст дорад ва чандин маврид ҳам аз он истифода кардааст. Ва ба ҳамин шакл ва ҳатто бештар аз он Тоҷикистон аз Чин – қарздиҳанда ва сарпарасти аслиаш вобаста аст. Ҳам Русия ва ҳам Чин ба ҳар шакле аз мавқеи Эрон ҳимоят мекунанд. Бар ин асос, ҳам Русия ва ҳам Эрон аз шарикони хурдашон дар минтақа, СПАД ва СҲШ, аз ҷумла аз Тоҷикистон низ ҳаминро мехоҳанд.     

Аз ин, мешавад хулосаҳои асосии зерро баровард:

Аввалан, ба эҳтимоли зиёд дар вазъи баамаломада Тоҷикистон бо қадри имкон ҳам аз Эрон ва ҳам аз низои байни Эрону Амрико фосила мегирад. Ҳамзамон, гумон аст шоҳиди тағйири куллӣ, чӣ ба самти мусбат ва чӣ ба самти манфӣ дар муносибатҳои ду кишвар гардем. Сенарияи нисбатан мумкин – ҳифзи вазъи мавҷуди муносибот, яъне нисбатан ботаҳаммул, аммо бидуни ҳеч амали вижаи манфие мебошад.

Дуввум, ҳамкориҳои муайяне миёни ҷонибҳо метавонад дар Афғонистон ба амал биёяд, ки мавқеи Душанбе ва Теҳрон дар як қатор масъалаҳо бо ҳам наздик аст. Дар ин робита, омили наздикшавӣ метавонад бесарусомонии низомӣ ва сиёсӣ дар Афғонистон ва дурнамои қисман ва ё комилан ба мақом расидани Толибон гардад. Эҳтимоли қавӣ мавҷуд аст, ки дар чунин шароитҳои нав, Душанбе бо Теҳрон дар як сангар қарор мегиранд, албатта вобаста ба мавқеи шарикони бузурги геополитикиашон дар СПАД ва СҲШ. 

Он чӣ ба дурнамои ҳамкориҳои иқтисодии Эрону Тоҷикистон дахл дорад, ин ҷо бисёр чизҳо аз ҳаҷми хисороте бастагӣ дорад, ки пандемияи коронавирус ба иқтисоди ҳар ду кишвар мерасонад. Зимни мулоқоти охир дар Теҳрон моҳи июни соли 2019 ҷонибҳо чанд тарҳи бузурги иқтисодӣ ва сармоягузориро баррасӣ карданд, ки дар пасманзари ҳаводиси ахир амалӣ кардани он душвор ба назар мерасад. 

Ба эҳтимоли қавӣ, буҳрони харобкори иқтисодӣ, ки дар пайи пандемия сар зад, ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ва ҳаҷми сармоягузории берунӣ зарбаи ҷиддӣ мезанад ва ҳар кишварро маҷбур месозад, ки ба ҳалли мушкилоти дохилии хеш тамаркуз намояд. Дар ҳар сурат, тавре болотар гуфта шуд, пандемия қудрат дорад ба таври назаррас тамоми низоми муносиботи байналмилалиро, чӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ ва чӣ дар сатҳи минтақаӣ дигар кунад.


Ин мавод дар доираи лоиҳаи “Giving Voice, Driving Change – from the Borderland to the Steppes Project” омода шудааст.


[1] Шкваря Л. В., Русакович В. И., Лебедева Д. В. Внешнеэкономические связи Республики Таджикистан с государствами Азии: современные тенденции // Управление экономическими системами: электронный научный журнал. — 2015. — № 6 (78). — С. 9

[2] Иран не доказал наличия в банках Таджикистана денег своего миллиардера Занджони. ТАГ, https://tajikta.tj/ru/news/iran-ne-dokazal-nalichiya-v-bankakh-tadzhikistana-deneg-svoego-milliardera-zandzhoni

[3] Душанбе VS Тегеран: очередной всплеск антииранских настроений в Таджикистане

: https://tj.sputniknews.ru/opinion/20180524/1025667050/tajikistan-iran-pivt-protest.html

[4] Мы нужны друг другу: почему Иран и Таджикистан пошли на сближение

https://tj.sputniknews.ru/analytics/20190604/1029075361/iran-tajikistan-sblizhenie-hassan-rouhani.html 

If you have found a spelling error, please, notify us by selecting that text and pressing Ctrl+Enter.

Spelling error report
The following text will be sent to our editors: