© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Дар Тоҷикистон ҳолатҳои ғоратгарӣ ва дуздӣ афзудааст

Маҳдудиятҳои марбут ба пандемияи СOVID-19 сабаби афзоиши ҳолатҳои ғоратгарӣ, дуздӣ ва хушунати оилавӣ дар Тоҷикистон шудааст.


Ба канали мо дар  Telegram обуна шавед!


Дар Тоҷикистон шумори ҳолатҳои ғоратгарӣ афзудааст. Акси намоишӣ аз CABAR.asia
Дар Тоҷикистон шумори ҳолатҳои ғоратгарӣ афзудааст. Акси намоишӣ аз CABAR.asia

Авохири моҳи апрел мақомоти Тоҷикистон мавҷудияти пандемияро дар кишвар иқрор карда, аз 15 ҳолати сироятёбӣ хабар доданд. Дар зимн, тасмим гирифта шуд, ки муваққатан фаъолияти бузургтарин бозорҳои ғайриғизоӣ дар ҷумҳурӣ қатъ шавад.  Бештари сокинон, ба вижа дар пойтахт маҷбур шуданд, чанд муддат дар хона бимонанд, то аз паҳншавии пандемия ҷилавгирӣ шавад.

Ҳамаи ин маҳдудиятҳо, ки бо бад шудани вазъи муҳоҷирони тоҷик дар Русия рост омад, сабаби афзоиши фақр ва бекорӣ дар кишвар гардид. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ВАО-и Тоҷикистон хабарҳо перомуни ҳолатҳои хушунат ва ҷинояткорӣ бештар шуданд.

Навори латту кӯби ду кӯдак аз сӯи падари онҳо дар Хуҷанд, ки охирҳои моҳи май ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт, ба вокуниши шадиде дар ҷомеа рӯбарӯ шуд.

Ба гуфтаи модари ин кӯдакон, ки дар Русия қарор дорад ва дар пайи маҳдудиятҳои карантинӣ ҷойи корашро аз даст додааст, шавҳараш барои он тифлонро латту кӯб намуда, ин ҳолатро навор гирифтааст, ки ӯ пул нафиристодааст.

“Ман пули зиёд равон кардам. Аммо шабу рӯзе, ки пул надорам ва наметавонам чизе равон кунам, ӯ кӯдаконро латту кӯб мекунад”,-гуфт ин зан дар як мусоҳибаи видеоӣ бо блогери тоҷик Диловар Сафаров.

Шӯъбаи тафтишотии ВКД дар Хуҷанд рӯзи 26 май аз оғози парвандаи ҷиноӣ нисбати ин падар – Фирдавс Иномзодаи 34-сола хабар дод. Ӯ бо дастрасии банди “в”-и моддаи 117-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, ки маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати аз 3 то 7 солро пешбинӣ мекунад, гумонбар дониста мешавад.

Моддаи 117. Азобу уқубат
1) Азобу уқубати ҷисмонӣ ё руҳӣ бо роҳи латту кӯби мунтазам ё бо усули дигари зӯроварӣ в) нисбати баръало ноболиғ ё шахсе, ки нотавон будани ӯ барои гунаҳгор аён аст ё шахсе, ки аз ҷиҳати моддӣ ё аз ҷиҳати дигар вобастаи гунаҳгор аст, инчунин шахси рабудашуда ё гаравгон гирифташуда;

Бино ба иттилои ВКД, Иномзода пайваста кӯдаконаш Илҳомҷони 7-сола ва Сумаяи 6-соларо латту кӯб мекардааст.

Фирдавс Иномзода соли 2017 барои ба муомилот баровардани асъори тақаллубӣ ба ҷавобгарӣ кашида шудааст.

Худи Иномзода гуфтааст, кӯдаконро барои он мезад, ки ҳарчӣ зудтар розигии ҳамсарашро барои бекор кардани ақди никоҳашон ба даст биёрад. Яъне, вақте завҷааш “мебинад, ки чӣ тавр кӯдаконаш ранҷ мекашанд, ба ватан баргашта, бигӯяд, ки ҷудо мешавад” ва ӯ тавонад аз нав зан бигирад.

Ба иттилои ВКД, Иномзода пайваста фарзандонаш – Илҳомҷони 7-сола ва Сумаяи 6-соларо мезадааст. Акс аз дафтари матбуоти ВКД ҶТ
Ба иттилои ВКД, Иномзода пайваста фарзандонаш – Илҳомҷони 7-сола ва Сумаяи 6-соларо мезадааст. Акс аз дафтари матбуоти ВКД ҶТ

“Аз ҳамин хотир ин корро кардам ва ҳоло сахт пушаймон ҳастам”,-гуфт Иномзода дар як гузориши телевизионии дафтари матбуоти ВКД.

Бар пояи маълумоти Агентии омори назди Президенти Тоҷикистон, давоми панҷ моҳи соли равон (аз январ то май) мизони умумии ҷинояткорӣ дар кишвар коҳиш ёфтааст. Аммо дар оҷонсӣ иқрор карданд, ки далелҳои дуздӣ 14 дарсад ва ғоратгарӣ 23 дарсад афзоиш ёфтааст.

Вале моҳи май вазъият бадтар шудааст. Бино ба иттилои Агентии омор, моҳи майи соли ҷорӣ дар қиёс ба ҳамин давраи соли сипаришуда, шумори ҳодисаҳои куштор ва суиқасд ба он ба миқдори 62%, дуздӣ дар манзилҳо – 35% ва роҳзанӣ – 75% афзудааст.

Моҳи май инчунин сабти ҳодисаҳои авбошӣ (5%) ва далелҳои дуздӣ дар умум (13%) зиёд шудааст.

Вазорати корҳои дохилӣ ҳанӯз омори худро вобаста ба ҳолати ҷинояткорӣ давоми се моҳи ахир нашр накардааст.

Аммо дар сомонаи ВКД ахиран хабарҳои марбут ба ҳолатҳои дуздӣ, роҳзанӣ ва кордкашӣ, аз ҷумла миёни хешовандон зиёд нашр мегардад.

Барои мисол, танҳо давоми ҳафтаи равон ВКД аз ҳафт ҷиноят, бо шумули ду ҳолати маҷруҳ кардан бо корд ҳангоми сар задани баҳс миёни хешовандон хабар додааст.

Афзоиши камбизоатӣ сабаби зиёд гардидани хушунат шудааст?

Дар Тоҷикистон карантинаи шадид ҷорӣ нашуд. Аммо ба андешаи коршиносон, ҷорӣ гардидани маҳдудиятҳо ва бадтар шудани вазъи муҳоҷирон дар Русия ба афзоиши ҷинояткорӣ ва хушунати хонаводагӣ мусоидат мекунад.

Мадина Низомова, ҳуқуқшиноси ташкилоти ҷамъиятии “Ғамхорӣ”, ки асосан бо қурбониёни хушунати хонаводаӣ кор мекунад, ба CABAR.asia гуфт, дар даврони пандемияи коронавирус муроҷиат ва шикоятҳо бештар шудааст.

Мадина Низомова. Акс аз саҳфаи ӯ дар facebook.com
Мадина Низомова. Акс аз саҳфаи ӯ дар facebook.com

“Ин вазъият ба зиндагии одамон таъсири амиқ гузошт. Манбаи даромади бештари оилаҳо муҳоҷират буд, аммо дар ин давра ҳама дар Русия ҷойи корашонро аз даст доданд. Ҳаҷми интиқоли маблағҳо коҳиш ёфт.  Дар оилаҳо душворӣ ба миён омад, бархеҳо наздикони худро аз даст доданд ва ин зарбаи ҷиддии равонӣ буд”,-мегӯяд Низомова.

Бино ба охирин маълумоти омории Бонки марказии Русия, давоми се моҳи аввали соли равон муҳоҷирон ба Тоҷикистон 359 миллион доллар интиқол додаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 103 миллион доллар ва ё 22 дарсад камтар мебошад.

Ба гуфтаи коршиносон, дар умум давоми ним моҳи карантин интиқоли маблағҳо ба 22 дарсад коҳиш ёфтааст. Иқтисоддонҳо бар инанд, ки кам шудани интиқоли пул аз Русия ба Тоҷикистон шумораи бенавоҳоро бештар мекунад.

Ба андешаи коршиносон, афзоиши хушунати хонаводаӣ ба таври назаррас эҳсос мешавад. Бигӯ магуҳое, ки дар пайи мушкилоти маишӣ ва ё иҷтимоӣ-иқтисодӣ сар мезанад, баъзан бо куштор меанҷомад.

Абдураҳмон Сангинов, сокини ноҳияи Рӯдакӣ чанде пештар ба Додситонии кулл ва Вазорати корҳои дохилӣ шикоят навишта, таҳқиқи марги писарашро тақозо кард. Шаҳобиддин Сангинови 26-сола рӯзи 21 май пас аз он ки ҳангоми ҷанҷоли оилавӣ бо зарби корд маҷруҳ шуд, дар беморхона даргузашт.

Ҳодиса дар рустои Чортути ноҳияи Рӯдакӣ ба вуқӯъ пайваст. Ба гуфтаи Абдураҳмон Сангинов, як рӯз қабл аз ҳалокати писараш бародари яке аз келинҳои оила ҳамроҳ бо ҳафт шиносаш шабона ба хонаи ӯ омада, Шаҳобиддинро латту кӯб кардаанд. Моҷаро бо ин хатм нашудааст, рӯзи дигар вақте писараш дар хонаи холааш дар Чимтеппа будааст, ӯро бо корд маҷруҳ кардаанд.

Абдураҳмон Сангинов. Акс аз CABAR.asia
Абдураҳмон Сангинов. Акс аз CABAR.asia

“Субҳи рӯзи дигар, вақте ман ба кор рафтам, писарам ҳамроҳи фарзандонаш ба хонаи холааш ба Чимтеппа рафт. Онҳо ӯро кофта, дар манзили холааш меёбанд ва бо корд мезананд”,-мегӯяд Сангинов.

Ба гуфтаи Абдураҳмон Сангинов, табибон бо баҳонаи карантин қабули писари ӯро ба беморхона ба дарозо кашидаанд. Ӯ муътақид аст, агар сари вақт ба писараш ёрии тиббӣ расонида мешуд, шояд зинда мемонд.

Ватан Абдураҳмонов, додраси собиқ ва ҳоло раҳбари Маркази ёрии ҳуқуқӣ низ изҳор дошт, моҳҳои ахир шумораи муроҷиатҳо ба марказ афзудааст.

Ба гуфтаи Абдураҳмонов, бештари одамон дар даврони коронавирус дар хона бидуни кор мондаанд ва ин ташдиди ҳолати равонӣ дар хонаводаҳоро афзудааст. Ӯ меафзояд, дар пасманзари бадтар шудани вазъи иқтисодӣ, он сабаби зиёд гардидани низоъ ва ҷинояткорӣ, махсусан дар оилаҳо гардидааст.

Аз ҷониби дигар, ба гуфтаи ӯ, ба афзоиши ҷинояткорӣ миёни наврасон баста будани мактабҳо ва марказҳои варзишию фарҳангӣ ҳам таъсиргузор будааст.

“Тамоми ҷойҳо бастаанд, наврасону ҷавонон дар кӯчаҳо мегарданд. Ин метавонад сабаби анҷом додани ҷиноятҳое, мисли дуздӣ ва роҳзанӣ гардад”,-мегӯяд Абдураҳмонов.

Ватан Абдураҳмонов. Акс аз ozodi.org
Ватан Абдураҳмонов. Акс аз ozodi.org

Ба қавли ӯ, афзоиши ҷинояткорӣ дар замони пандемия метавонад оқибатҳои душвореро боқӣ гузорад.

“Аз ҷумла, чунин авзоъ метавонад сабаби зиёд гардидани азҳампошии оилаҳо  ва афзоиши бепарасторӣ миёни кӯдакон шавад”,-таъкид намуд ҳуқуқшинос.

Ба пешбинии ӯ, вақте садҳо муҳоҷири меҳнатӣ, ки ҷойи кори худро дар Русия аз даст додаанд, иҷозаи бозгашт ба Ватанро дарёфт мекунанд, мушкил метавонад печидатар гардад.

“Ҳукумат бояд ҷиҳати пешгирии оқибатҳои манфӣ чораҳои ҷиддӣ биандешад ва ҷойҳои корӣ фароҳам биёварад”,-мегӯяд Абдураҳмонов.


Ин мавод дар доираи лоиҳаи “Giving Voice, Driving Change – from the Borderland to the Steppes Project” омода шудааст.

If you have found a spelling error, please, notify us by selecting that text and pressing Ctrl+Enter.

Spelling error report
The following text will be sent to our editors: