© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Набудани интернет зиндагиро дар ВМКБ душвор намудааст

Сокинони Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон (ВМКБ) мегӯянд, қатъ шудани интернет шароити зиндагӣ, таҳсил ва тиҷоратро душвор кардааст.


Фото: asiaplustj.info/ru
Акс: asiaplustj.info/ru

Шабакаи ҷаҳонии интернет дар ВМКБ пас аз намоиши эътирозии 25-28-уми ноябри соли 2021, ки марбут ба марги сокини ноҳияи Роштқалъа Гулбиддин Зиёбеков буд, хомӯш карда шуд. Бо гузашти се моҳ интернет то ҳол бастааст, ки бевосита ба кор, тахсил  ва умуман ба ҳаёти мардум дар минтақа таъсир мерасонад. 

Намояндаи яке аз ширкатҳои алоқаи мобилии дар шаҳри Хоруғ, ба шарти ифшо накардани номаш, ба CABAR.asia гуфт, ки муддати се моҳи охир вазъ дар ВМКБ тағйир наёфтааст, ва шабакаи ҷаҳонии интернет танҳо барои бархе кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва шахсони аввали маъмурияти вилоят дастрас мебошад.

Вай инчунин гуфт, ки тибқи созишномаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ(КДАМ), интернет инчунин барои баъзе бонкҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва байналмилалӣ таъмин карда мешавад.

«Яъне, агар бонкҳо ё ташкилотҳо хоҳанд маълумотеро тариқи интернет фиристанд, онҳо аввал ба КДАМ бо нишон додани асос ва рақамҳое, ки бояд пайваст шаванд, нома менависанд. Агар ба онҳо аз номи ин ниҳод иҷозат шавад, пас онҳоро бо интернет пайваст мекунанд», — гуфт ҳамсуҳбат.

Вай гуфт, пас аз қатъ кардани Интернет сокнинони ВМКБ «ташнаи маълумот» шуданд ва ба маълумоти боэътимод датрасӣ надоранд.

Ба қавли вай, боз мушкили дигар ин набудани тамоси мардум бо хешовандони дар хориҷ будаашон  мебошад.

Ҳамчунин, бештари ташкилотҳо ҳангоми ирсоли ҳуҷҷатҳои корӣ бо мушкилӣ дучор мешаванд. Ҳоло онҳоро зарур аст, то ҳуҷҷатҳоро дар шакли чопӣ ва ё флешка фиристанд, ки ин кори онҳоро душвор кардааст. Масалан, барои он ки ҳуҷҷатеро ба Душанбе фиристанд, бояд субҳи барвақт ба тавақуфгоҳи таксиҳо, ба  шаҳри Хоруғ, ки аз онҷо дар як рӯз як маротиба ба марказ мераванд, ҳозир шаванд.

«Албатта, ин барои сокинон нороҳат аст; баъзан флеш-дискҳо ё ҳуҷҷатҳо гум мешаванд. Роҳ то Душанбе 12-18 соат аст.  Маълум мешавад, ки агар масъала таъҷилӣ бошад, пас ҷавобро сари вақт гирифтан имкон надорад. Илова бар ин аксар вақт дар фасли зимистон бар асари фаромадани тарма ё яхбандӣ роҳҳо баста мешаванд. Баъзан мошинҳо пас аз 20 соат вориди Душанбе мешаванд», – гуфт  ҳамсуҳбати CABAR.asia.

Ба қавли манбаъ, ҳамчунин, тоҷирон, ки тиҷорати худро ба воситаи интернет пеш мебаранд, зарар мебинанд. Ба онҳо ҳоло супориш додани маҳсулот ва борашон душвор шудааст.

Ғайр аз ин, донишҷӯён, ки тавассути интернет дарс мехонанд, хатмкунандагони мактабҳои миёна низ дар супоридани ҳуҷҷатҳояшон азоб мекашанд.

Аслимоҳ Назаралиева, хатмкунандаи мактаби миёнаи шаҳри Хоруғ бо сабаби қатъ кардани интернет наметавонад ҳуҷчатҳояшро барои дохилшвӣ ба яке аз Донишгоҳҳои Русия супорад.

Вай ба хабарнигори CABAR.asia гуфт, ҳангоми дастрас будани шабакаи ҷаҳонии интернет вай метавонист бе душворӣ имтиҳоноти дохилшавиро ба яке аз Донишгоҳҳои Русия дар маркази Хоруғ супорад. Аммо акнун вайро лозим аст, то роҳи дарозро тай намуда бо маблағи калон ба Душанбе биравад. 

«Ман ба Душанбе танҳо барои супоридани тести дар асоси квотаи  яке аз Донишгоҳҳои Русия, ки тариқи буҷавӣ ҷудо намудааст, меравам. Ин бисёр гарон мешавад. Тақрибан 2500 км.ро тай намуда, ман бояд 200доллари амрикоӣ барои як шаб дар Душанбе харҷ намоям, то аз санҷиши тестӣ гузарам. Волидони ман метавонанд ҳамаи инро пардохт намоянд. Аммо на ҳама чунин имконият дорад», — гуфт Аслимо.

Мо дар холигии иттилоотӣ қарор дорем

Фарзона Мародмамадалиева, сокни 31- солаи ноҳияи Роштқала беш аз ду моҳ мешавад, ки наметавонад бо шавҳараш, ки дар Руссия кор мекунад, тавасути интернет тамоси видеоӣ дошта бошад.

Дар суҳбати телефонӣ вай ба хабарнигори CABAR.asia гуфт, ки бо шавҳараш ҳамарӯза бо телефони мобилӣ танҳо 1-2 дақиқа гап мезанад, ки онҳо алоқа гум мешаваду овози ҳамдигарро хуб намефаҳманд.

«Пештар мо бе мукшилӣ тавассути мессенҷерҳо «IMO» ва «WhatsApp» суҳбат мекардем, ман ба фарзандонамонро нишон медодам. Аммо аллакай се моҳ мешавад, ки ман шавҳарамро надидаам», — гуфт Мародмамадалиева.

Илова бар ин вай изҳори таассуф кард, ки сокинон ҳатто намедонанд, ки дар ҷаҳон чӣ мегузарад ва дар як навъ «муҳосираи иттилоотӣ» қарор доранд.

«Шавҳарам аз он нигарон шудааст, ки дар ин ҷо гӯё амалиёти ҳарбӣ мегузаронанд. Маълум, ки аз интернет хондааст. Мо интернет надорем, дар ин бора чизе намедонем. Аз ин рӯ, вай дар нигарон аст ва ҳамарӯза занг мезанад, то фаҳмад, ки мо чӣ аҳвол дорем. Мо мегӯем, ки ҳамаҷо оромӣ аст, вале вай мегӯяд, ки дар интернет ҳар гуна овозаҳо паҳн мешавад», — гуфт Фарзона Мародмамадалиева.

Қатъ намудани  интернет ба соҳаи бонкдорӣ низ таъсир расонидааст. Одамон наметавонанд сари вақт маблағҳои фиристодаи наздиконашонро гиранд. Яке аз онҳо сокини 57-солаи ноҳияи Роштқалъа Исфандиёр Файзов пештар маблағи интиқолдодаи писарашро аз филиали ноҳиявии бонк  мегирифт. Пас аз қатъ шудани интернет Файзов наметавонад аз онҷо маблағ гирад ва ӯро лозим аст тақрибан 50 километрро тай намуда ба шаҳри Хоруғ равад.

«Пештар вай маблағро тавассути бонк равон мекард ва ман бе мушкилӣ дар ноҳияи худ онро гирам. Охирин маротиба вай авали моҳи феврал маблағ равон карда буд, ман натавонистам онро аз бонки ноҳиявӣ гирам. Се маротиба рафтам, ба ман гуфтанд, ки интернет нест. Ман маҷбур шудам маблағ сарф карда,  ба шаҳри Хоруғ равам, дар онҷо ҳам ман бо душворӣ маблағро гирифтам», – гуфт Исфандиёр Файзов.

Таърихи қатъ намудани интернет ва талаби мардум

Ҳукумати вилоят ҳанӯз охири моҳи ноябр ваъда дода буданд, ки дастраси ба интернетро барқарор мекунанд. Аммо ин ваъда то имрӯз амалӣ нашудааст.

Аз ибтидо гуфта мешуд, ки интернет бо далели наворҳои номатлуб аз шабакаҳои иҷтимоӣ барқарор намешавад, зеро гӯё метавонад вазъро дар минтақа печидатар кунад.

Пас аз рӯзи хуруҷи эътирозгарон аз хиёбони марказии Хоруғ, яке аз ширкатҳо интернети мобилиро чанд рӯз дар бархе аз навоҳии вилоят,бахусус дар минтақаҳои Дарвоз, Ванҷ ва Мурғоб фаъол кард, вале баъдан он ҳам мутаваққиф шуд.

Сокинони ВМКБ ва як қатор созмонҳои ҳифзи ҳуқуқи башар набуди дастрасӣ ба интернет дар минтақаро нақзи ошкори ҳуқуқи шаҳрвандон хонда, барқарор кардани  онро тақозо мекунанд.

Пас аз муроҷиатҳои сершумори сокинони вилоят ва изҳороти созмонҳои маҳаллӣ ва байналмилалии ҳуқуқи башар рӯзи 31-уми январ муовини авали раиси Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Тоҷикистон Илҳом Атоев дар нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки шабакаи интернет дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон  бо мақсади «муҳофизат аз терроризми иттилоотӣ» хомӯш аст. 

«Терроризми иттилоотӣ ва таъсири он ба инсон, ҷомеа ва давлат таъсири манфӣ мерасонад. Мақсади асосӣ заиф ва сарнагун кардани сохти конститутсионӣ мебошад. Қувваи иттилоот метавонад ҳам эҷодкор ва ҳам харомкунанда бошад. Аз ин рӯ, тибқи қонунгузории Тоҷикистон, аз ҷумла, дар асоси моддаҳои 33 ва 34-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқа» мо вазифадорем, ки амнияти иттилоотии  шаҳрвандон, ҷомеа ва давлатро таъмин намоем», – қайд кард Илхом Атоев.

Атоев ба рӯзноманигорон гуфт, ки интернет дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон    фаъол аст ва дар шакли 3G, бо истиснои баъзе ноҳияҳо кор мекунад.

Дар ҳамин ҳол, як намояндаи ширкати мобилӣ бо шарти ифшо нашудани номаш  ба CABAR.asia гуфт, ки дар Хоруғ ва манотиқи дигари ВМКБ на стандартҳои интернети 3G, на 4G вуҷуд надорад.

«Суханони муовини раиси Хадамоти алоқа ба воқеият мувофиқат намекунад. Ҳоло дар ин минтақа интернет ҳатто барои кормандони ширкатҳои мобилӣ дастрас нест, танҳо алоқаи овозӣ кор мекунад», — афзуд ҳамсуҳбати CABAR.asia.

If you have found a spelling error, please, notify us by selecting that text and pressing Ctrl+Enter.

Spelling error report
The following text will be sent to our editors: