© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Нишасти сарони кишварҳои Чин ва Осиёи Марказӣ: Пекин аз минтақа чӣ мехоҳад? 

Дар Тоҷикистон ба омӯзиши ҳамсояи абарқудрати худ диққати махсус дода намешавад. Дар бисёр мақолаҳо ва тадқиқоти коршиносону донишмандони тоҷик танҳо ҷанбаҳои мусбати муносибатҳои Тоҷикистону Чин оварда шудааст, вале арзёбии холисона ва баррасии вижаи самтҳои муҳими ҳамкорӣ амалан вуҷуд надорад. Ин нукта дар матлаби барои CABAR.asia навиштаи сиёсатшиноси мустақил, хатмкардаи Мактаби таҳлилгарии CABAR.asia — Умедҷон Иброҳимзода таъкид шудааст.


Раҳбари Чин Си Ҷинпин (дар мобайн) ва президентҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Сиан. Акс: reuters.com
Раҳбари Чин Си Ҷинпин (дар мобайн) ва президентҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Сиан. Акс: reuters.com

Нахустин нишасти сарони кишварҳои Чин ва Осиёи Марказӣ (С+С5) дар шаҳри Сиан ба анҷом расид. Дар гузашта ҳамоиши С+С5 дар сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ баргузор мешуд. Танҳо дар моҳи майи соли 2022 дидори “панҷгона” ва Чин дар шакли маҷозӣ сурат гирифт, ки ба 30-юмин солгарди барқарор кардани равобити дипломатӣ миёни ин кишварҳо бахшида шуд. Нишасти 18-19-уми майро давраи навини ҳамкориҳои Пекин бо кишварҳои Осиёи Марказӣ мегӯянд. 

Дар асоси эъломияи Сиан, изҳороти муштараки сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин ва тамоми асноди дар ҷараёни ҳамоиш имзошуда метавон таъкид намуд, ки Пекин барои ин ҳамоиш омадагии ҷиддӣ гирифта, ниёз ва вижагиҳои кишварҳои минтақаро дар алоҳидагӣ омӯхтааст.

Нуктаҳои муҳими нишасти Чин – Осиёи Марказӣ

Нишасти дурӯзаи Сиан дар пасманзари заиф шудани нуфузи Русия дар минтақа ва таваҷҷуҳи афзояндаи бозигарони дигар ба Осиёи Марказӣ баргузор шуд. Агар қаблан Чин бештар ба равобити дуҷониба бартарӣ медод, ҳамакнун сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва раҳбарияти Ҷумҳурии Мардумии Чин метавонанд дурнамои ҳамкориҳои минбаъда, мушкилоти мубрами минтақаӣ ва муқоисаи мавқеъҳо вобаста ба масъалаҳои муҳими рӯзномаи ҷаҳониро ба таври муштарак баррасӣ кунанд. 

Гузашта аз ин, ба фарқ аз Созмони ҳамкории Шанхай дар қолаби чинии С+С5 ихтилоф байни бозигарони минтақаӣ, мисли Русия, Ҳиндустон, Эрон ва Покистон вуҷуд надорад.

Дар ҳоле ки дар нишасти “Ҳафтгонаи бузург” дар Ҷопон масъалаи андешидани чораҳо ҷиҳати коҳиши нуфузи афзояндаи Чин баррасӣ мегардид, Сӣ Ҷинпин дар дидор бо сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ тақвият бахшидани ҳамкории тиҷории фаромарзиро пешниҳод кард. Ӯ инчунин ихтисоси кумакҳои молӣ ба кишварҳои минтақа ва ҳамкориҳо дар заминаи амниятро ваъда дод.

Чанд нуктаи ба назари мо муҳим, ки дар нишасти мазкур ба он таъкид шуд. 

Якум, изҳороти ҷонибҳо дар мавриди роҳандозии механизми мулоқоти сарони давлатҳои Чин ва Осиёи Марказӣ. Қарор аст, нишасти сарони кишварҳо ҳар ду сол баргузор шавад. Нишасти навбатии Чин – Осиёи Марказӣ соли 2025 дар Қазоқистон доир хоҳад шуд. Ин ташаббус ба кишварҳои минтақа ва Чин имкон медиҳад, ки барномарезии ҳамаҷонибаи густариши ҳамкориро дар қолаби С+С5 таҳия карда, механизми нави муносибатҳои сатҳи баландро эҷод намоянд.

Дувум, раҳбари Ҷумҳурии Мардумии Чин зимни суханронии худ бо масъалаҳои ҳамкории иқтисодӣ маҳдуд нашуда, дар самти таъмини амнияти муштарак ва пуштибонӣ аз соҳибихтиёрии кишварҳои Осиёи Марказӣ изҳори назар кард. Сӣ Ҷинпин таъкид намуд, ки кишварҳои минтақа ва Чин бояд “дар доираи Ташаббуси ҷаҳонии амният амал кунанд ва алайҳи талошҳои дахолат ба корҳои дохилии кишварҳои минтақа ва барангехтани “инқилобҳои ранга” аз сӯйи кишварҳои хориҷӣ муқовимат намоянд”. Ҳамчунин гуфта шуд, ки дар самти нигоҳдории тоқатпазирии сифрӣ ба “се қувва” – экстремизм, терроризм ва сепаратизм ва пешгирии низоъҳо ба таври муштарак амал кунанд.

Севум, ташаббуси муҳими дигар эҳтимоли таъсиси механизми вохӯриҳо дар сатҳи ниҳодҳои калидӣ ва самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ, ба ҷараёни корӣ пурра дохил кардани вазоратҳои корҳои хориҷии ҳар кишвар ба ҳисоб меравад. Инчунин ҷонибҳо имконияти таъсиси Котиботи “Чин – Осиёи Марказӣ”-ро баррасӣ намуданд.

Яъне, Чин аз пешниҳодоти мубҳам (абстрактӣ) ва ибораҳои норӯшан ба эҷоди абзори воқеии тавсеадиҳандаи ҳамкориҳо мегузарад, ки ба он имкон медиҳад сохтори ҷадиди муносибатҳоро бо давлатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ шакл диҳад. Ҳатто болотар аз сармоягузориҳо.

Чаҳорум, истифодаи зарфияти механизми “Муколама ва ҳамкорӣ дар самти тиҷорати электронӣ”, инчунин густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои ҷадид, аз ҷумла тиҷорати рақамӣ ва “иқтисоди сабз”. Чунин рӯйкарди фарогири Пекин, ки абзорҳои ҷадид ва самтҳои гуногуни ҳамкориро пешниҳод мекунад, на танҳо ҷолиби диққат аст, балки аз ҷониби кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамчун як самти алтернативӣ дар ҳама соҳаҳои ҳамкорӣ қабул мегардад. 

Агар инро ба рақобати афзояндаи бозигарони минтақавӣ ва ҷаҳонӣ дар Осиёи Марказӣ рабт диҳем, метавон гуфт ки Чин, ба назари мо, бо бартарии назаррас дар ҳоли пирӯзӣ аст.

Бо назардошти теъдоди зиёди асноди имзошуда, лоиҳаҳои нав дар соҳаҳои гуногун, ташаббусҳо дар самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ ва абзорҳои дар ҷараёни нишаст таҳияшуда метавон гуфт, ки нишасти Чин – Осиёи Марказӣ рухдоди бесобиқае буд, ки миқёси он ҳамаро дар ҳайрат гузошт.

Аммо дар ҳолати хушҳолӣ аз саховатмандии Чин кишварҳои Осиёи Марказӣ набояд зиракиро аз даст бидиҳанд. Зеро хатари эҳтимолии фаромӯш кардани консепсияи асосии сиёсати хориҷии худ –  “нигоҳ доштани масофаи мутавозин аз марказҳои ҷаҳонии қудрат” ва ба доми абарқудрати дигари нерӯяш афзоянда афтодан вуҷуд дорад.

Чин бозигарони асосии минтақаро иваз мекунад?

Сӣ Ҷинпин, раисҷумҳури Чин зимни суханронӣ дар ин нишаст изҳор дошт, ки “бо ҳадафи рушди кишварҳои Осиёи Марказӣ” Пекин барои ин давлатҳо ҳудуди 3,7 миллиард доллар кумаки молӣ ва бебозгашт ҷудо мекунад. Ин маблағ бо 25 миллион долларе, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баъд аз сафари котиби давлатияш Энтонӣ Блинкен ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ваъда дод, ғайри қобили муқоиса мебошад.

Чин тадриҷан бозигарони асосӣ дар минтақаи Осиёи Марказиро иваз мекунад ва дар ҳамаи самтҳои ҳамкорӣ пешсаф аст. Таъсири афзояндаи Чин ба минтақа на танҳо ба сармоягузориҳои зиёди ин кишвар ва фаъол шудани Пекин дар соҳаи амният вобаста аст, балки нишондоди гардиши молу коло низ онро исбот мекунад. Соли 2022 додуситади тиҷории Чин бо кишварҳои Осиёи Марказӣ нисбат ба соли 2022 тақрибан ду баробар афзуда, ба 70 миллиард доллар расидааст. Нишондиҳандаҳои Русия, ки ба таври анъанавӣ бозигари асосӣ дар минтақа маҳсуб мешавад, хеле камтар аст. Дар як сол гардиши молу колои Русия бо Осиёи Марказӣ 6 миллиард доллар афзуда, ба 42 миллиард доллар расидааст. Тибқи ин нишондодҳо Русия баъд аз Иттиҳоди Аврупо дар зинаи сеюм қарор дорад.

Чунин ҳолат бесабаб нест, балки натиҷаи роҳбурди жарфи сиёсати хориҷӣ аз сӯйи Чин дар Осиёи Марказӣ аст. 

Нишасти мазкур нишон дод, ки Чин бисёр ҷиддӣ омодагӣ дидааст ва кишварҳои Осиёи Марказиро дар алоҳидагӣ омӯхта, дар асоси ниёзу талаботи онҳо ташаббусҳо, лоиҳаҳо ва кумакҳои молиро таҳия кардааст. Чин бо кишварҳои Осиёи Марказӣ як қатор лоиҳаҳоро дар самти энержӣ, иқтисоди рақамӣ, зерсохторҳо, таъсиси корхонаҳои иктишофии нафту газ ва истеҳсолот ба роҳ мондааст.

Ғайр аз нишондиҳандаи мусбати иқтисодӣ, тавре дар боло зикр гардид, Чин дар бахши амният, инчунин дар паси “дабдабанокӣ” бо ибораҳои норӯшан ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ташаббусҳои ҷаҳонӣ ва биниши худро дар бораи низоми муносибатҳои байналмилалӣ пешниҳод менамояд.

Чин тадриҷан бозигарони асосӣ дар минтақаи Осиёи Марказиро иваз мекунад ва дар ҳамаи самтҳои ҳамкорӣ пешсаф аст.

Ташаббусҳои ҷаҳонии Чин бо вуҷуди он ки дар шакли умумӣ оварда шудаанд ва муҳтавое надоранд, барои кишварҳои минтақа метавонанд домҳои эҳтимолиро ба вуҷуд оранд. Азбаски Пекин дар сиёсати хориҷии худ рӯйкарди роҳбурдиро истифода мекунад, пас аз пайвастани кишварҳои минтақа ба ин ташаббусҳо метавонад муҳтавои жарф илова намояд. Ҳамин тариқ, дар сурати муташанниҷ шудани вазъи ҷаҳонӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ мушкилоте ба вуҷуд меояд – бо Чин ҳастанд ё не.

Чин ба Тоҷикистон кадом лоиҳаҳоро пешниҳод кард?

Чин сармоягузори асосии Тоҷикистон ва яке аз се шарики муҳими иқтисодии кишвар ба шумор меравад. Пекин ба иқтисоди Тоҷикистон сармояи зиёд ҷудо мекунад, дар амалисозии лоиҳаҳои бузург ҳамроҳ аст ва дар сохтмони иншооти гуногун иштирок менамояд. Мақомоти Тоҷикистон чунин саховатмандии Чинро ба манфиатдор будани он кишвар барои нигоҳ доштани субот дар Тоҷикистон шарҳ медиҳанд. Чин дар нишасти Сиан бори дигар чунин саховатмандӣ нишон дод ва як қатор ташаббусҳои барои ҳарду кишвар муҳимро пешниҳод кард.

Масалан, зимни мулоқоти раисҷумҳури Чин Сӣ Ҷинпин ва раҳбари Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаҳои аз ҷиҳати роҳбурдӣ барои кишвар муҳим баррасӣ шуд, ки татбиқи барномаҳои муштарак ҷиҳати таҷдиди ширкати алюминийи тоҷик “Талко” аз ҷумлаи чунин лоиҳаҳост.

Ҳамчунин сарони ду кишвар таъсиси роҳи иқтисодии “Чин – Тоҷикистон – Афғонистони Шимолӣ”-ро дастгирӣ карданд ва дар ин самт сохтмони қитъаи роҳи Варшез дар ноҳияи Шуғнони ВМКБ то чорроҳаи Кулма-Қарасуғро ба нақша гирифтанд. Ин лоиҳаҳо аз ҷониби раисҷумҳури Чин мусбат арзёбӣ шуданд ва бо эҳтимоли зиёд аз ҳисоби сармоягузории Пекин бо ҷалби ширкатҳо аз ин кишвар амалӣ карда мешавад. Чун тибқи маълумоти Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, уҳдадории сохтмони роҳҳо ва пулҳо дар ВМКБ ба ширкати “China Road and Bridge Corporation” супорида шудааст.

Илова бар ин, Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ барои сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” 500 миллион доллар маблағи имтиёзнок ҷудо мекунад. Раиси бонки мазкур дар ин бора дар мулоқот бо раисҷумҳури Тоҷикистон, ки 17 май дар Пекин баргузор шуд, изҳор дошт. Дар мавриди кай ва бо кадом шартҳо ҷудо кардани маблағ иттилоъ надоданд.

Дар баробари дигар созишномаҳо ва лоиҳаҳои муштарак ҳукумати Чин ба Тоҷикистон 57 миллион доллар “кумаки бебозгашт” мерасонад. Дар ҳуҷҷат гуфта мешавад, ки кумак бо дархости ҳукумати Тоҷикистон барои татбиқи лоиҳаҳое, ки ҷонибҳо мувофиқа кардаанд, расонида мешавад. Дар ин ҳолат инчунин ибораҳои норӯшан мавҷуд аст ва маълум нест, барои кадом лоиҳаҳои мушаххас маблағ ҷудо шудааст ва оё воқеан “бебозгашт” аст?

Дар ин маврид метавон гуфт, ки Чин бо сармоягузориҳои пайдарҳами худ муҳимтарин иншооти роҳбурдии Тоҷикистонро ба даст гирифта, бо ҷалби ширкатҳои худ бунёд мекунад. Албатта, хатарҳои муайяни вобастагии Тоҷикистон ба чунин як “азимҷуссаи иқтисодӣ” бо назардошти қарзи хориҷии кишвар дар назди Чин вуҷуд дорад.

Вале бо назардошти он ки Тоҷикистон дар айни замон ба ҷуз аз ҳамсояи шарқӣ ҷойгузине надорад, мақомоти дахлдорро мебояд ҳангоми ҷалби сармоягузории Чин ва гирифтани қарзҳои имтиёзнок эҳтиёткор бошанд. Азбаски чунин ҳолат метавонад кишварро ба пайомадҳои гуногуни манфӣ то афтодан ба дефолт оварда расонад.

Вазифаҳо дар назди Тоҷикистон

Бо хости тақдир Чин ҳамсояи мост ва инро тағйир додан наметавонем ва ҳамкории мутақобила бо ин кишвар дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон яке аз самтҳои афзалиятнок буд ва боқӣ мемонад. Аммо бо вуҷуди ин, бар асоси афзоиши нуфузи Чин ҳам дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва ҳам дар Тоҷикистон, чанд нуктае вуҷуд дорад, ки Тоҷикистон бояд дар ҳамкорӣ бо ин абарқудрат ба назар гирад.

Бо вуҷуди он ки Пекин ва Душанбе муддати тӯлонӣ шарикони муҳим дар ҳамаи соҳаҳои ҳамкорӣ ҳастанд ва Чин аз соли 2012 ба иқтисоди кишвар маблағи зиёд сармоягузорӣ намуда, дар амалисозии лоиҳаҳои гуногун иштирок мекунад, дар Тоҷикистон ба таҳқиқи жарфу фарогири кишвари ҳамсояи худ аҳамият дода намешавад. Ҳамакнун беҷавоб мондани саволҳои асосӣ ба монанди “Чин аз Тоҷикистон чӣ мехоҳад?”, “Манфиатҳои воқеии Чин дар Тоҷикистон кадомҳоянд?”, “Ҷиҳатҳои манфии сармоягузориҳои Чин дар дарозмуддат чист?”, “Тоҷикистон ба Чин чӣ пешниҳод карда метавонад” ва бисёр саволҳои муҳими дигар пайомади ин амалкард маҳсуб мешавад.

Чунин муносибат дар ниҳоят метавонад Тоҷикистонро ба ҳолати шарикии беандеша ва “кӯркӯрона” бо Чин оварда расонад. Аз ин ҷиҳат Тоҷикистон бояд ба омӯзиши ҳамсояи абарқудрати худ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намояд, то минбаъд дар ҳамкорӣ бо Пекин авлавиятҳоро дуруст гузорад ва бо назардошти манфиатҳои миллии худ муколамаро ба роҳ монад.

Талошҳо дар доираи равандҳои ҳамгироӣ дар Осиёи Марказӣ дар ин самт нақши умда доранд. Гузашта аз ин Чин Осиёи Марказиро ҳамчун як минтақаи ягона қабул намудааст, ки нишасти Сиан аз он гувоҳӣ медиҳад. Дар ин ҳолат ҳам Тоҷикистон ва ҳам кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ барои монёвр байни қудратҳои минтақаиву ҷаҳонӣ ва татбиқи сиёсати бисёрсамтаи худ имкониятҳои бештар пайдо мекунанд.

Ҳамчунин Тоҷикистонро мебояд сиёсати хориҷии худро тариқи муттаҳидшавӣ бо кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ ба роҳ монад, чун барои як кишвари хурд бо захираҳои маҳдуд пешбурди барномаҳо дар ҳамкорӣ бо абарқудрате мисли Чин душвор аст.

Хулоса

Дар асоси нуктаҳои зикршуда дар бораи нишасти Сиан чунин хулосаи умумӣ баровардан мумкин аст.

Нишасти дар Сиан баргузоршуда нишон дод, ки Чин бо тақвияти қолаби С+С5 дар сатҳи сарони кишварҳо ният дорад муносибати худро бо Осиёи Марказӣ ниҳодина кунад, ки аз ин ташаббусҳо барои ташаккули созукори мулоқоти вазирон дар соҳаҳои муҳим ва самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ ва таъсиси эҳтимолии Котиботи “Осиёи Марказӣ – Чин” гувоҳӣ медиҳанд. Чин дидгоҳи худро вобаста ба Осиёи Марказӣ ҳамчун як минтақаи ягона ташаккул додааст ва дар ин самт нуфузи худро тақвият бахшидааст.

Чин батадриҷ абзорҳои нуфузи худ дар минтақаи Осиёи Марказиро васеъ мекунад, ки он на танҳо фишангҳои иқтисодӣ, балки таъсири фарҳангӣ ва сиёсиро низ дарбар мегирад ва аз бозигарони асосӣ ба мисли Русия, ИМА ва Иттиҳоди Аврупо қариб дар ҳама самтҳои ҳамкорӣ пешсаф аст. Далели ин гуфтаҳо ҳам афзоиши нишондиҳандаи сармоягузорӣ ва ҳам гардиши молу коло байни Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ аст.

Гузашта аз ин Пекин ба кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ на танҳо сармоягузорӣ, балки биниши худро дар бораи низоми равобити байналмилалӣ пешниҳод мекунад. Дар ин ҳол вазифаи асосии давлатҳои минтақа ташаккули дидгоҳи худ дар бораи равандҳои ҷаҳонӣ ва татбиқи сиёсати хориҷӣ дар асоси усули нигоҳ доштани масофаи мутавозин аз марказҳои ҷаҳонии қудрат маҳсуб мешавад.

Чин дар айни замон шарики асосии Тоҷикистон ба шумор меравад ва соли равон аз барқарор шудани равобити дипломатӣ миёни ду кишвар 31 сол сипарӣ мешавад. Бо вуҷуди ин дар Тоҷикистон ба омӯзиши ҳамсояи абарқудрати худ диққати махсус дода намешавад. Дар бисёр мақолаҳо ва тадқиқоти коршиносону донишмандони тоҷик танҳо ҷанбаҳои мусбати муносибатҳои Тоҷикистону Чин оварда шудааст, вале арзёбии холисона ва баррасии вижаи самтҳои муҳими ҳамкорӣ амалан вуҷуд надорад. Дар робита ба ин Тоҷикистон бояд ба омӯзиши Чин шурӯъ намояд, зеро ин самт барои интихоби роҳбурди дуруст дар ҳамкорӣ бо Чин дар дарозмуддат аҳамияти муҳим дорад.

If you have found a spelling error, please, notify us by selecting that text and pressing Ctrl+Enter.

Spelling error report
The following text will be sent to our editors: