© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Тоҷикистон: дилемма миёни саломатӣ ва бақо

Аз замони эълони расмии мавҷудияти коронавирус дар Тоҷикистон як моҳ сипарӣ шуд, аммо бар хилофи интизориҳои аҳолӣ дар кишвар низоми карантин ҷорӣ нашуд. Таътил дар макотиби миёна то 16 август ва манъи баргузории чорабиниҳои оммавӣ аз маҳдудиятҳоеанд, ки мақомот ҷорӣ кард.  


Ба канали мо дар  Telegram обуна шавед!


Абдухалил Холиқзода. Акс аз саҳфаи шахсии ӯ дар facebook.com
Абдухалил Холиқзода. Акс аз саҳфаи шахсии ӯ дар facebook.com

Ба андешаи коршинос дар бахши тандурустӣ Абдухалил Холиқзода, Тоҷикистон метавонист аз роҳи Шветсия пеш равад, яъне карантинаи нармро интихоб кунад. Ӯ бар ин аст ки вазъияти паҳншавии вирус аз назорат хориҷ шуда ва бо гӯшанишинии шадид пеши роҳи онро гирифтан имкон надорад.

Холиқзода инчунин таъкид мекунад, ки карантинаи шадид ба пуррагӣ хонанишин кардани шаҳрвандонро металабад ва дар ин ҳол ризқу рӯзии мардумро таъмин кардан имконнопазир аст.

Ба гуфтаи ӯ, карантинаи нарм ба ин маънӣ аст, ки афроди шомили гуруҳи риск бояд гӯшанишинӣ ихтиёр кунанд ва онҳое ки ба ёрии тиббӣ ниёз доранд, танҳо бо мошини ёрии таъҷилӣ ба беморхона мунтақил шаванд. Аз ин рӯ, тамоми беморхонаҳо бояд бо мошини ёрии таъҷилӣ ва кормандони он бо либосҳои ҳифозати шахсӣ таъмин бошанд.

Холиқзода меафзояд, дар давраи карантинаи нарм танҳо муассисаву корхонаҳои муҳим бояд фаъолият кунанд. Ба муассисаҳое ки аз сабаби қатъ шудани рафтуо бо кишварҳои дигар ва шуюъи вирус аз кор монданд, таътилоти молиявӣ дода шавад ва пардохти қарзу фоизи бонкҳо низ мувақатан боздошта шавад.  Дар муассисаҳое ки ба кор идома медиҳанд, ҳарорати бадани кормандон доим санҷида шавад ва дар ҷойҳои корӣ фосила таъмин карда шавад.

 Шамсиддин Қурбонов. Акс аз CABAR.asia
Шамсиддин Қурбонов. Акс аз CABAR.asia

“Танҳо масъулияти баланди ҳамагонӣ метавонад паёмадҳои нохуши ин вабои асрро коҳиш бидиҳад”,-таъкид мекунад ӯ.

Доктори илми тиб ва сарвари Маркази тиббии “Насл” Шамсиддин Қурбонов низ ҷонибдори ҷорӣ кардани карантинаи нарм дар кишвар мебошад. Ӯ мегӯяд, ин амал метавонад теъдоди гирифторӣ ба ин бемориро коҳиш диҳад, ҳарчанд комилан пешгирӣ кардани паҳншавии он душвор аст.

“Бояд иртиботи миёни одамон ба ҳадди имкон маҳдуд карда шавад. Ҳатто беморхонаҳо ба ҳадди маконҳои ҷамъшавии теъдоди зиёди одамон хавф надоранд”,-гуфт вай.

Ба таъкиди Шамсиддин Қурбонов, карантинаи нарм бояд чораҳое монанди маҳдудияти ҳадди имкони гаштугузор дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва минтақаҳои карантиншуда, инчунин манъи баргузории чорабиниҳои оммавиро фаро бигирад. Тамоми муассисаҳои тиббӣ бояд бо маводи зарурӣ барои ташхис ва табобати беморон таъмин бошанд. Минтақаҳои махсусгардонидашуда барои муроқибат ва муолиҷаи беморон, инчунин омӯхтани таҷрибаи кишварҳои дигар низ зарур ҳастанд.

Ба гуфтаи ӯ, карантинаи нарм бояд дар ҳар минтақаи кишвар ба муҳлати бештар аз як моҳ – вобаста ба миқёси паҳншавии коронавирус ҷорӣ карда шавад.

“Омодагии муассисаҳои тиббӣ, таъминоти онҳо бо кадр, мавҷудияти тестҳо барои ташхиси беморӣ, таъмини маводи якбормасраф, таъмини муассисаҳои тиббӣ бо доруворӣ, таъсиси низоми муассир ва муътамади корӣ, дастгирии равонии кормандон, таъмини хонаводаҳои онҳо бо маводи зарурӣ – ин ҳама метавонад ёрии тиббӣ дар муқобила бо бемориро муассир намуда, дар ниҳоят ба пирӯзӣ ба эпидемия оварда расонад”,-мегӯяд Қурбонов.

Амин Муқаддам, вирусолог ва табиб аз Оксфорд (Бритониёи Кабир) бар ин назар аст ки барои кишварҳое монанди Тоҷикистон карантин ягона роҳи пешгирии беморӣ нест.

Амин Муқаддам. Акс аз CABAR.asia
Амин Муқаддам. Акс аз CABAR.asia

Ба гуфтаи ӯ, роҳи аз ҳама муфид ин риояи гӯшанишинии иҷтимоӣ, истифодаи ниқобҳои тиббӣ, тавсеаи тестҳо барои коронавирус ва таъсиси низоми пайгирии одамоне мебошад, ки метавонанд ба коронавирус мубтало шаванд.

“Агар чунин чораҳо амалӣ гарданд, эҳтимол ҳоҷат ба ҷорӣ кардани карантин намемонад”,-мегӯяд Амин Муқаддам.

Бархе коршиносон мегӯянд, таҷрибаи Шветсия дар мубориза бо пандемия метавонад барои Тоҷикистон муфид бошад. Шветсия яке аз кишварҳои пешрафта бо низоми пурзӯри ҳифзи иҷтимоӣ карантин ҷорӣ накард ва тамоми муассисаҳо, бо шумули мактабҳо боз буданд.

Аммо ба андешаи Амин Муқаддам таҷрибаи Шветсия вижагии худро дорад ва онро намешавад ба кишварҳои дигар мунтақил кард. Барои мисол, ба гуфтаи ӯ, беморхонаҳо дар Шветсия аз қабл ба зуҳури пандемия омода карда шуданд, рафтори иҷтимоии шведҳо бошад, аз зиндагӣ дар Тоҷикистон тафовут дорад.

“Дар Шветсия одат доранд, ки ҷудо зиндагӣ кунанд, ҳатто дар танҳоӣ. Ин ҷузъе аз фарҳанги онҳо мебошад”,-меафзояд Муқаддам.

Нуқтаи назари иқтисоддонҳо

Иқтисоддонҳо бар инанд ки дар ҳолати эълони карантин ҳукумат бояд ба қишри муайяни аҳолӣ ёрии молӣ ироа кунад.

 Ашурбой Солеҳзода: Акс аз glavportal.com
Ашурбой Солеҳзода: Акс аз glavportal.com

Муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Ашурбой Солеҳзода дар мусоҳиба ба нашрияи “Тоҷикистон” изҳор доштааст, ки “эълони карантин ба манфиати иқтисодиёт ва мардуми Тоҷикистон нест”.

Ба гуфтаи ӯ, карантин ба фалаҷ шудани бахшҳое сабаб мешавад, ки ба таъминоти яклухт машғуланд. Корхонаҳо баста мешаванд, иртиботи иқтисодӣ канда мешавад. Солеҳзода таъкид меекунад, ки барои барқарор кардани истеҳсолот вақту харҷҳои иловагӣ лозим мешаванд.

Шариф Раҳимзода, раҳбари Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои Тоҷикистон низ мегӯяд, ҷорӣ кардани карантин ба иқтисоди Тоҷикистон зиён мерасонад. Ба ҳисоби вай, бастани тамоми бахшҳо дар моҳи апрел ба иқтисодиёти кишвар наздики 16 миллиард сомонӣ (ҳудуди 1,6 млрд. доллар) хисорот мерасонд.

Ҳоҷимуҳаммад Умаров, доктори илмҳои иқтисодӣ мегӯяд, дар ҳолати эълони карантин, ҳазинаи давлат барои кумак ба тамоми мардуми кишвар басанда нест.

Ҳоҷимуҳаммад Умаров. Акс аз CABAR.asia
Ҳоҷимуҳаммад Умаров. Акс аз CABAR.asia

Ба андешаи Умаров, давлатро зарур аст муайян кунад, ки ба кадом гуруҳи аҳолӣ, монанди маълулон, одамони аз 60-сола боло, хонаводаҳои серфарзанд, модарони танҳо ва дигар гуруҳҳои хавф метавонад ёрӣ расонад.

Аммо ба таъкиди вай, бо назардошти мизони поини гирдоварии молиёт ҳатто барои ин гуруҳҳо низ пайдо кардани маблағ душвор мегардад.

“Ҳарчанд мансабдорон мегӯянд, ки ҳама чӣ таҳти назорат аст, аммо авзоъ ба он андоза хуб нест. Мансабдорон баъзан вазъро сарсарӣ арзёбӣ мекунанд”,-гуфт Умаров.

Олимҷон Бобоев, иқтисоддон ва вакили собиқи парлумони Тоҷикистон бар ин аст ки ҳангоми карантини думоҳа мешавад аҳолиро аз ҳисоби захираҳои мавҷудаи давлат, фондҳои захиравӣ ва кумакҳои башардӯстона таъмин намуд.

Ба маълумоти ӯ, аз карантин бештар аз ҳама тиҷорати хурду миёна зарар мебинад. Аз ин рӯ, мақомот бояд чунин тиҷоратҳоро дастгирӣ намуда, аз пардохти бархе молиёт озод намояд.

Олимҷон Бобоев. Акс аз ozodi.org
Олимҷон Бобоев. Акс аз ozodi.org

“Ҳукумат бояд маблағи муайянеро барои дастгирии муҳоҷирони меҳнатӣ ҷудо намуда, ба аҳолӣ қарзҳои бефоизи истеъмолӣ пешниҳод намояд. Дар ин ҳолат, тамоми харҷҳои давлат ба дигар бахшҳо боздошта ва ба дастгирии аҳолӣ равона мегарданд”,-илова намуд Бобоев.

Тоҷикистон то куҷо барои кори фосилавӣ омода аст?

Асомиддин Атоев, коршинос дар бахши технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ изҳор дошт, ки дар сурати эълони карантин аҳолии Тоҷикистон наметавонад ба таври фосилавӣ фаъолият кунад.

“Таҷриба нишон медиҳад, ки на ҳамаи кишварҳо омодаи дуркорӣ ҳастанд. Ба вижа Тоҷикистон. Хусусан агар татбиқи ғайриқонунии зидди технологии сиёсати давлатии рушдро дар солҳои охир ба назар бигирем”,-гуфт Атоев.

Мавсуф ба ин хулоса пас аз мушоҳидаи таҷрибаи “истифодаи таълими фосилавӣ дар шароити пандемия дар кишварҳои Осиёи Марказӣ” расидааст.

“Муваффақияти нисбии Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбекистон дар ин самт дар қиёс ба талоши анҷомнашудаи ватании истифодаи чунин низоми омӯзиш далели ин аст ки кишвари мо на ба таълими фосилавӣ ва на ба дуркорӣ (кори фосилавӣ-идора) омода нест”,-мегӯяд Атоев.

Ба қавли вай, решаи “чунин вазъи ҳузнангезро бояд дар маҷмӯъ аз иқдомҳои татбиқи сиёсати давлатии рушд ва махсусан дар хатоҳои танзимкунандаи бахши ТИК ҷустуҷӯ кард”.

Атоев аз чанд тасмимҳои нодуруст мисол зад.

Масалан, “ҷорӣ кардани андози аксизӣ бар хилофи меъёрҳои дар соли 2011 амалкунандаи Кодекси андози ҶТ”.

“Ин андоз ҳанӯз мавҷуд аст ва аз моҳи апрели соли 2015 (афзоиши андоз аз 3% то 5%) ду дарсад афзоиш ёфт”,-гуфт Атоев.

 Асомиддин Атоев. Акс аз саҳфаи шахсии ӯ дар facebook.com
Асомиддин Атоев. Акс аз саҳфаи шахсии ӯ дар facebook.com

Ӯ инчунин таъсиси Маркази ягонаи коммуникатсионӣ дар соли 2015-ро иштибоҳ номид. Ба андешаи вай, тамоми ин иқдомҳо ба он оварда расонд, ки бозори ТИК-и Тоҷикистон рақобатнопазир гардид.

“Нишондоди дигари омода будани кишвар метавонад мавҷудияти ҷаласаҳои онлайнии барои мисол Ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо пандемия бошад. Мутаасифона, чунин як таҷриба мушоҳида намешавад”,-афзуд Атоев.

Ӯ инчунин ба тавоноии инфрасохтори алоқа ва арзиши дастрасӣ ба чунин манобеъ таваҷҷуҳ кард.

“Агар дар шароити шаҳр инфрасохтори алоқаи бозигарони бозори ватанӣ ҳанӯз дар вазъияти таъмин кардани дастрасии босифат (новобаста ба тамоми талошҳои танзимкунанда барои маҳдуд кардани он) бошад, пас дар маҳалҳо ин нишондиҳанда бамаротиб поин аст”,-илова намуд коршинос.

Ба гуфтаи ӯ, барои гузариш ба таълимоти фосилавии хонандаҳои мактаб ба хонаводаҳо компютер намерасад. Мушкили дигар “саводи рақамӣ”-и одамон аст.

Ин ҳам ба андешаи Атоев натиҷаи иқдоми зиддитехнологӣ дар бахши маориф аст, ки аз соли 2009 манъ ва маҳдудияти истифодаи технологияи мобилӣ дар мактаб ва муассисаҳои олии таълимӣ амал мекунад.

Ҷаноби Атоев аз суръати интернет дар Тоҷикистон ҳам нигаронии шадид кард.

“Суръати дастрасӣ нишондиҳандаи муҳимтарин барои кори бароҳати онлайн мебошад. Мешавад ин нишондиҳандаро ба суръати интернети ба кишвар воридшаванда (мили аввал), ба суръати канал дар дохили кишвар (мили миёна) ва баъдан ба суръати дастрасии истифодабарандаи ниҳоӣ (мили охир) тақсим кард. Ба ин тартиб, суръати мили аввал шурӯъ аз январи соли 2017 аз Тоҷиктелеком вобаста аст. Суръати канал дар мили миёна, ки ҳанӯз  рақобати хурде ҳифз шудааст, беҳтар мебошад”,-гуфт Атоев.

Як сокини Душанбе, ки фарзандонаш дар литсеи хусусӣ таълим мегиранд, гуфт, ҳоло фарзандонаш ба таври фосилавӣ бо муаллимон дарс меомӯзанд.

“Аммо сифати интернет ба ҳадде бад аст, ки вақте омӯзгор 4-5 дақиқаи дарсро шурӯъ мекунад, алоқа канда мешавад. Вақте пас аз чанд дақиқа дубора пайваст мегардад, таваҷҷуҳи кӯдак ба дарс гум мешавад”,–гуфт ин сокини пойтахт, ки нахост номаш ошкор шавад.


Ин мавод дар доираи лоиҳаи “Giving Voice, Driving Change – from the Borderland to the Steppes Project” омода шудааст.

If you have found a spelling error, please, notify us by selecting that text and pressing Ctrl+Enter.

Spelling error report
The following text will be sent to our editors: