© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Талаби маблағ барои гузаштан аз сарҳади Тоҷикистону Узбекистон

Тадқиқоти рӯзноманигорӣ ошкор кард, ки шикояти сокинон дар мавриди ришвахорӣ дар гузаргоҳҳои марзии Тоҷикистону Узбекистон ҳақиқат дорад.


Коллаж: CABAR.asia
Коллаж: CABAR.asia

Мақомоти Тоҷикистон низ вуҷуди ҳолатҳои коррупсиониро дар бархе гузаргоҳҳои марзӣ қисман эътироф карда, изҳор доштанд, ки гунаҳкорон алакай ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд.

Миёни Тоҷикистону Узбекистон 16 гузаргоҳи марзӣ вуҷуд дорад ва то соли 2018 танҳо гузаргоҳҳои “Фотеҳобод” ва “Дӯстӣ” боз буд. Бештари мардум аз се гузаргоҳ — “Фотеҳобод”, “Дӯстӣ” ва “Саразм” сарҳадро убур мекунанд. Соли равон ҳолатҳои ришвахорӣ дар гузаргоҳҳои марзӣ боиси нигаронии зиёд ва ҳатто эътирозҳои сокинон шуд.

Охирҳои моҳи марти соли 2020 бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус бо қарори Ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо “COVID-19” тамоми гузаргоҳҳои сарҳадии байни Тоҷикистону Узбекистон баста шуда, ҳанӯз дар мавриди боз шудани онҳо иттилои расмӣ нашр нагардидааст.

 Аз эътирози сокинон то барканории кормандони гузаргоҳ

Хабарҳо дар мавриди “ҳақситонӣ” ва тамаъҷӯӣ дар гузаргоҳҳои марзии Тоҷикистону Узбекистон моҳи июли соли гузашта дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо пайдо шуд.

Тобистони соли 2021 садҳо нафар талош карданд, тавассути гузаргоҳҳои заминӣ аз Тоҷикистон ба Узбекистон сафар намуда, аз онҷо ба Русия парвоз кунанд, зеро гуфта мешуд, ба ин тартиб пули камтаре масраф мешавад. Аммо гузаштан аз марз барои сокинон осон набуд. Моҳи июли соли 2021 гуруҳе аз сокинон ба бахши тоҷикии Радиои Озодӣ муроҷиат намуда, аз ришвахорӣ дар гузаргоҳи “Фотеҳобод-Ойбек” шикоят карданд.

Моҳи августи соли 2021 Раёсати Оҷонси мубориза бо фасоди молии вилояти Суғд иддаои ришвахорӣ дар гузаргоҳи “Фотеҳобод”-ро таъйид кард, вале гуфт, бинобар набудани номи муаллиф аризаи шикоятӣ баррасӣ нашудааст. Аммо бо вуҷуди он ки мақомот мавҷудияти ришваситонӣ дар гузаргоҳи “Фотеҳобод-Ойбек”, воқеъ дар ноҳияи Мастчоҳро таъйид накарданд, рӯзи 9 августи соли 2021 сардори дидбонгоҳи марзӣ ва муовинони ӯ аз мақом барканор шуданд.

Рӯзи 4 августи соли 2021 гуруҳе аз сокинони шаҳри Панҷакент ба ин далел, ки натавонистанд ба қаламрави Узбекистон гузаранд, дар назди бинои шаҳрдорӣ гирди ҳам омаданд.

комменты 1
комменты 2
комменты 3
комменты 4

Пас аз эътирозҳо ба сокинон иҷоза дода шуд, ки тавассути гузаргоҳи “Саразм” дар шаҳри Панҷакент ба Узбекистон бираванд. Мақомоти шаҳри Панҷакент гуфтанд, сабаби эътироз ин буд, ки сокинон билети ҳавопаймо ба самти Русия харида буданд ва агар сари вақт марзро убур намекарданд, билетҳояшон “месӯхт”.

Аммо наздикони бархе аз эътирозгарон ба Радиои Озодӣ гуфтаанд, “масъалаи насӯхтани пули билет шарҳи ноҷои мақомот аст”. Дар асл, ба иддаои онҳо, сафари наздиконашон баъд аз “ҳақситонӣ” дар гузаргоҳ имконпазир шудааст.

Охирҳои моҳи октябри соли 2021 масъалаи “ҳақситонӣ” дар гузаргоҳи “Фотеҳобод-Ойбек” дубора матраҳ шуд. Моҳи октябр хабарнигори “Kun.uz” аз гузаргоҳи “Фотеҳобод-Ойбек” убур карда, шоҳиди он шудааст, ки чӣ гуна табиби гузаргоҳ аз ӯ пул гирифта, ба ҷайбаш андохтааст. Ин ҳолат дар видео сабт шуда, дар сомонаи расонаи мазкур нашр гардид. Аммо Абдулҳамид Иброҳимов, пизишки маркази саломатии ноҳияи Мастчоҳ, ки аз сӯи хабарнигори узбек ба гирифтани ришва муттаҳам мешавад, ба Радиои Озодӣ гуфт, “аз ягон мусофир барои убури марз пул талаб накардааст”. Мақомот алайҳи Иброҳимов парванда боз накарданд, аммо ӯ аз рӯйхати табибони навбатдори гузаргоҳи марзии “Фотеҳобод” хориҷ карда шуд.

“Гузаргоҳи “Дӯстӣ – 100 сомонӣ диҳед, баъд гузаред”

Расид оиди супоридани тести Ковид дар гузаргоҳи сарҳадии Узбекистон: Акс аз CABAR.asia
Расид оиди супоридани тести Ковид дар гузаргоҳи сарҳадии Узбекистон: Акс аз CABAR.asia

13 ноябри соли 2021 барои рӯшанӣ андохтани масъала ба гузаргоҳи марзии “Дӯстӣ”-и шаҳри Турсунзода, воқеъ дар 65-километрии ғарби Душанбе рафтем. Мо талош кардем мисли шаҳрвандони одӣ гузаргоҳро убур кунем. Вақте вориди гузаргоҳ шудам, афсар шиносномаамро гирифта, дар коғази №14100 навишт, ки “дар ҷойе ки ба шиноснома муҳр мезананд, 100 сомонӣ (тақрибан 9 доллар) пардохт кунед”. Ман ҳарфе нагуфта ба нуқтаи охирин, ки ба шиноснома муҳр мегузоранд, рафтам. Навбат тӯлонӣ буд, беш аз 50 шаҳрванди ду кишвар барои убури марз навбат мепоиданд. Ҳангоми интизорӣ дар навбат дастикам панҷ шаҳрванди Тоҷикистон ба ман гуфт, дар даромадгоҳ ба онҳо низ гуфтаанд, 100 сомонӣ (ҳудуди 9 доллар) супоред.

Аз мо пештар боз се нафар меистод, ки бо ду шаҳрванди Тоҷикистон ҷанҷол карданд, сарҳадбонони тоҷик давида омада, онҳоро ба утоқ бурданд ва пасон бидуни навбат гузарониданд. Ҳангоми баҳсҳои лафзӣ яке аз марзбонҳо маро шинохт ва мунтазири расидани навбати ман нашуда, аз як ҳамкораш хоҳиш кард, ба шиносномаам мӯҳр занад. Ба саволи ман, ки оё мо ҳатман бояд 100 сомонӣ (тақрибан 9 доллар) пардохт кунем, ҷавоби манфӣ дод. Пас аз убури марз дастикам панҷ шаҳрванди Тоҷикистон тасдиқ карданд, ки марзбонон аз онҳо 100 сомонӣ (ҳудуди 9 доллар) талаб кардаанд.

 Гузаргоҳи сарҳадии “Саразм”: Ё соатҳо зери офтоб бимонед ё пул диҳед

Гузаргоҳи "Саразм": Акс: CABAR.asia
Гузаргоҳи “Саразм”: Акс: CABAR.asia

Мӯъминбобо Холиқов, сокини 70-солаи ноҳияи Китоби вилояти Қашқадарёи Узбекистон, рӯзи 6 декабри соли 2021 тавассути гузаргоҳи “Саразм” вориди Тоҷикистон шуд. Хабарнигори CABAR.asia ӯро дар гузаргоҳи марзии Тоҷикистон дид. Ба гуфтаи Холиқов, барои гузаштан як соат интизор шудааст. Мо шоҳид будем, ки чӣ гуна марзбонони тоҷик намехостанд, ки ба Холиқов, ҷияни ӯ ва чаҳор сокини дигари вилояти Ҷиззахи Узбекистон иҷозаи вуруд ба Тоҷикистонро бидиҳанд. Далели инро баста будани марзи Тоҷикистон мегуфтанд. Аммо Холиқов, ҷиянаш ва чаҳор шаҳрванди дигари Узбекистон гуфтанд, марзбонон “пул мехостанд”.

Хабарнигори CABAR.asia аз гузаргоҳи “Саразм” убур кард ва тақрибан як соат дар назди гузаргоҳ мунтазир шуд, то бифаҳмад, ки дар ниҳоят ба Мӯъминбобо Холиқов ва ҳамроҳонаш иҷозаи гузаштанро медиҳанд ё на. Баъди тақрибан як соат Холиқов ва ҳамроҳонаш марзи Тоҷикистонро убур карданд. Ин шаҳрванди тоҷикзабони Узбекистон дар суҳбат бо мо тасдиқ кард, ки марзбонони тоҷик нахуст аз ӯ 200 ҳазор сӯми узбекӣ (18,4 доллари амрикоӣ) талаб кардаанд. Ин ҳамсуҳбати мо гуфт, баъди дархостҳои зиёд бо пардохти 100 ҳазор сӯм (ҳудуди 9 доллар) марзбонони тоҷик ба ӯ иҷозаи вуруд ба Тоҷикистонро додаанд.

Ҳамин тавр, чаҳор шаҳрванди дигари Узбекистон ҳам ба мо гуфтанд, ҳангоми убури марз дар гузаргоҳи “Саразм” марзбонони тоҷик аз онҳо аз 100 то 200 ҳазор сӯми узбекӣ (9,2-18,4 доллар) гирифтаанд.

Оё дар “Фотеҳобод” вазъият беҳтар шудааст?

Номи гузаргоҳи “Фотеҳобод-Ойбек”-и ноҳияи Мастчоҳ дар робита ба ҳолатҳои коррупсионӣ соли равон чандин бор дар расонаҳо зикр шуд. Бо дастури раиси Бахши марзбонии Тоҷикистон пас аз шикояти сокинон гузаргоҳ баста шуд.

Рӯзи 25 ноябри соли 2021, вақте аз ин гузаргоҳ гузаштем, навбати тӯлонӣ буд. Аз соати 9 то соати 12 мунтазир шудем, то марзбонон иҷозаи гузаштан бидиҳанд. Зоҳиран барканории чанд масъул вазъи гузаргоҳи марзии “Фотеҳобод-Ойбек”-ро беҳтар кардааст, зеро ин ҷо касе аз мо пул напурсид.

Барои “ҳақситонӣ” чиро асос мекунанд?

Яке аз саволҳои асосӣ, ки дар ҷараёни ин тадқиқоти рӯзноманигорӣ ба он ҷавоб меҷӯстем, ин буд, ки чаро имсол дар гузаргоҳҳои марзӣ бо Узбекистон ҳолатҳои ришвахорӣ ба вуҷуд омадааст? Гузаргоҳҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Узбекистон аз моҳи марти соли 2018 боз шуда, дар се соли аввал дар мавриди тамаъҷӯӣ аз ҷониби марзбонон шикояте ворид нашудааст. Тадқиқоти журналистӣ маълум кард, ки худи мақомот, бахусус Ситоди мубориза бо “COVID-19”, барои ба вуҷуд омадани фасод дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ шароит фароҳам овардаанд.

Сардори қисми навбатдории яке аз нуқтаҳои марзӣ бо Узбекистон, ба шарти ифшо нашудани номаш ба CABAR.asia гуфт, моҳи апрели соли 2020 тамоми гузаргоҳҳои марзии Тоҷикистон, аз ҷумла бо Узбекистон баста шуда, вуруду хуруҷи шаҳрвандони одӣ манъ гардид.

“Дар асоси протоколи Ситод – №17 дастури хаттӣ гирифтем, ки гузаштан аз марз барои сокинон манъ аст, то аз паҳншавии коронавирус ҷилавгирӣ шавад. 8 июни соли 2020 ба он тағйирот ворид карда шуд ва маҳдудиятҳо каме сабуктар гардид. Аз ҷумла, барои гузаштани мошинҳои боркаш иҷозат дода шуд. Аммо то ҳол ягон дастуре нагирифтаем, ки сарҳад комилан боз аст ва сокинон метавонанд озодона равуо кунанд”,-гуфт ӯ.

Лавҳаи огоҳӣ дар гузаргоҳи Узбакистон: Акс: CABAR.asia
Лавҳаи огоҳӣ дар гузаргоҳи Узбакистон: Акс: CABAR.asia

Мақомоти Тоҷикистон, аз ҷумла Ситоди мубориза бо “COVID-19”, ки онро нахуствазир Қоҳир Расулзода раҳбарӣ мекунад, дар мавриди боз кардани марзҳои Тоҷикистон тасмими расмӣ нагирифтаанд. Ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо “COVID-19” дар посух ба дархости CABAR.asia навиштааст, ки марзи Тоҷикистону Узбекистон боз аст ва баъзе маҳдудиятҳо барои вуруд ба ин кишвар танҳо дар робита ба пандемия ҷорӣ шудааст.

Яке аз ин маҳдудиятҳо ин буд, ки шаҳрвандон бояд барои сафарҳои заминӣ аз Ситод тавассути Вазорати корҳои хориҷӣ иҷоза бигиранд.

Тадқиқоти CABAR.asia нишон дод, ки ин номуайянӣ, яъне расман кушода ё баста будану набудани сарҳад барои зуҳури фасод дар гузаргоҳҳои марзӣ замина фароҳам кардааст. Дастикам панҷ шаҳрванди Узбекистон ба CABAR.asia гуфтанд, “баҳона”-и аслӣ барои “ҳақситонӣ” аз онҳо “кушода набудани марз” будааст.

Мӯъминбобо Холиқов, сокини ноҳияи Китоби Узбекистон, мегӯяд, аз онҳо хостаанд, ки иҷозатнома барои убур аз марзро биёранд.

“Албатта, мо ягон иҷозатнома надорем ва бояд маблағи дархосткардаашонро ба онҳо дода, гузарем”,-гуфт Холиқов.

Хабарнигори “Kun.uz” баъди гузаштани гузаргоҳи “Фотеҳобод-Ойбек” навишт, марзбонони тоҷик як шеваи содда, вале асабхаробкунандаеро интихоб кардаанд: ба муҳлати тӯлонӣ интизор гузоштан. “Дар натиҷа одаме, ки аз сарҳад гузаштан мехоҳад, чораи дигаре ба ҷуз суҳбат бо марзбонон ва додани маблағи зарурӣ ба онҳоро надорад”,- навиштааст сомона.

Аммо танҳо шаҳрвандони Узбекистон ба мушкил рӯбарӯ нестанд. Дар гузаргоҳи “Дӯстӣ”-и шаҳри Турсунзода хабарнигори CABAR.asia шоҳиди он шуд, ки аз шаҳрвандони Тоҷикистон барои убури марз иҷозатномаи Вазорати корҳои хориҷӣ талаб мекарданд. Табиист ки ҳеч яке аз сокинон дар гузаргоҳ чунин иҷозатнома надоштанд ва маҷбур буданд, ки барои убури марз ба мансабдорон ришва бидиҳанд.

Гузаргоҳҳои марзии Тоҷикистону Узбакистон. Акс: CABAR.asia
Гузаргоҳҳои марзии Тоҷикистону Узбакистон. Акс: CABAR.asia

Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон дар посух ба дархости CABAR.asia таъйид кард, ки шаҳрвандон барои вуруд ба Узбакистон бояд чунин санад бигиранд.

“Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гирифтани иҷозати ба Ҷумҳурии Узбекистон рафтан тавассути роҳи заминӣ бояд аз тариқи Вазорати корҳои хориҷӣ ба Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирии паҳншавии бемории “COVID-19” муроҷиат кунанд”,-таъкид шудааст дар посухи Вазорати корҳои хориҷӣ.

Дар се гузаргоҳи асосии байни Тоҷикистону Узбекистон (Дӯстӣ, Фотеҳобод, Саразм) дар лавҳаҳои эълони расмӣ дар бораи ин талабот чизе гуфта намешавад.

Чаро исбот кардани ҳолатҳои фасод дар гузаргоҳҳо мушкил аст?

Чунин варақа дар гузаргоҳи “Дӯстӣ” ҳангоми убури марз бо Узбакистон дода шудааст: Акс: CABAR.asia
Чунин варақа дар гузаргоҳи “Дӯстӣ” ҳангоми убури марз бо Узбакистон дода шудааст: Акс: CABAR.asia

Бархе мақомоти Тоҷикистон вуҷуди фасод дар гузаргоҳҳои марзӣ бо Узбекистонро эътироф карда, аммо ҷузъиёте дар ин бора надодаанд. Дар посух ба дархости хабарнигорони мо Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон навиштааст, ки далели фасод дар гузаргоҳи “Дӯстӣ” ошкор шуда, гунаҳкор муҷозот шудааст. Аммо бо вуҷуди дархости мушаххаси мо ин ниҳод ҷузъиёти қазияро ифшо накардааст.

Неруҳои марзбонӣ вуҷуди ҳар гуна ҳолатҳои ришвахориро дар гузаргоҳҳои марзӣ, бахусус дар гузаргоҳҳои “Фотеҳобод-Ойбек” ва “Саразм” рад мекунанд.

Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, фармондеҳи неруҳои марзбонӣ дар як номаи расмӣ ба мо навишт, иттилои нашршуда дар расонаҳо ва интернет дар бораи фаъолияти постгоҳҳои марзбонӣ дар гузаргоҳҳои “Фотеҳобод-Ойбек” ва “Саразм” дар мавриди тамаъҷӯӣ тасдиқи худро наёфтааст.

“Ҳеч акс ё видеои гирифтани пора ё тамаъҷӯӣ пешниҳод нашудааст. Ҳолатҳои порагирӣ аз ҷониби кормандони Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ дар ин минтақаҳо ба қайд гирифта нашудааст”,- омадааст дар ҷавоби Раҷабалӣ Раҳмоналӣ.

Аммо тадқиқоти рӯзноманигории CABAR.asia нишон дод, ки исбот кардани ҳолатҳои фасод дар гузаргоҳҳои марзӣ хеле мушкил аст. Мақомот истифодаи телефонҳоро ҷиддӣ назорат мекунанд ва ба касе иҷозат намедиҳанд бо телефон суҳбат кунад. Инчунин дар даромадгоҳи гузаргоҳҳо навишта шудааст, ки гирифтани аксу навор ва сабт кардани садо мумкин нест.

Дар гузаргоҳи марзии Узбекистон “ҳақпулӣ” намегиранд. Дар он тарафи марз барои ташхиси коронавирус аз 100 то 140 000 сӯми узбекӣ (9,2-12,9 доллари ИМА) мегиранд ва чеки онро медиҳанд.

Чӣ бояд кард?

Нуралӣ Ашӯров, таҳлилгари масоили иқтисодӣ мегӯяд, барои решакан намудани фасод дар гузаргоҳҳои марзӣ бояд аз таҷрибаи Узбекистон истифода шавад.

“Узбекистон расман эълон кард, ки аз 1 октябри соли 2020 ҳама гузаргоҳҳои сарҳадӣ боз мешаванд ва шаҳрвандон метавонанд пас аз супоридани санҷиши гирифтор будан ё набудан ба коронавирус вориди кишвар шаванд. Аммо Тоҷикистон ҳанӯз ин корро накардааст ва мақомоти тоҷик то ҳол нагуфтаанд, ки гузаргоҳҳои марзӣ боз ҳастанд ё на. Мушаххас набудани масъала боиси ришваситонӣ аз шаҳрвандоне шудааст, ки маҷбуранд ба Узбекистон бираванд ё аз онҷо ба Тоҷикистон биёянд”,- гуфт ӯ.

Нуралӣ Ашӯров меафзояд, пурзӯр кардани назорат аз ҷониби мақомоти зидди фасод ҳангоми убур аз марз, аз ҷумла фаъол кардани телефони боварӣ яке аз қадамҳои дигари муассир мебошад.

If you have found a spelling error, please, notify us by selecting that text and pressing Ctrl+Enter.

Spelling error report
The following text will be sent to our editors: