© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Кудаконе, ки аз Сурия бармегарданд ба чӣ ниёз доранд?

Моҳи апрел чаҳор кӯдаки тоҷикро, ки ҳамроҳи хонаводаашон дар чанд соли пеш ба “Давлати исломӣ” пайваста даҳшати ҷанги Сурияро дидаанд ба Тоҷикистон баргардонида шуданд.


Ба Telegram канали мо обуна шавед!


Хабари баргардондани чаҳор кӯдак умеди аксар хонаводаҳоро бештар кардааст, ки аз фарзандони кушташуда ва бенишонашон нишоне пайдо созанд ва тақозо доранд, ки мақомот фарзандони онҳоро баргардонад, ҳарчанд бештари онҳо бенишон ҳастанд.

Ашӯрмо Саидалиева
Ашӯрмо Саидалиева

Ашӯрмо Саидалиева, зане аз деҳаи Фермаи ҷамоати деҳоти “Меҳнатобод” гуфт, ки чаҳор бародарзодааш хушҳол шудааст ва бо умед аст, ки рӯзе онҳо ба Тоҷикистон оварда мешаванд ва зиндагияшонро дар хонаводаи падар идома медиҳанд:

“Бисёр хушҳол шудам, ки гуфтанд чанд кӯдакро овардаанд, кош кӯдакони моро низ биёранд, хонаашонро соҳиб шаванд. Онҳо нишоне аз бародарам ҳастанд, ки мунтазирашон ҳастем ва умед мекунем, ки мақомот онҳоро биёрад.”

Маҳмадшариф Сайдалиев 30 сол дошт, ки соли 2014 зану се фарзандашро ба Сурия бурд, баъди қатли ӯ фарзанди чаҳорумаш дар Сурия таваллуд шуд, ки ҳамсараш боз шавҳар кард.

Ашӯрмо Саидалиева мегӯяд, ки келинашон ба хонаи падар як моҳи пеш дар бораи зинда будани худ ва кӯдаконаш хабар додааст, вале суроғаро барои онҳо нагуфтааст.

Тибқи гузоришҳои расмӣ чаҳор кӯдаки тоҷикро баъди ҳукми додгоҳ ва пардохти ҷарима 25 апрел ба Тоҷикистон овард. Онҳо аз Сурия фирор карда дар паноҳгоҳҳои Ироқ будаанд ва гуфта мешавад, ки чанд кӯдаки дигари тоҷик бояд баргардонида шаванд.

Олимурод Абдураҳмонов, марди бознишастаи деҳаи Маданияти ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба зинда будани ду писар ва як келинаш бовар надорад, вале орзу мекунад, ки рӯзе мақомот аз зинда будани се наберааш хабар медиҳад.

Шариф Шербеков, марди дигар аз деҳаи Қизилнишони ноҳияи Қубодиён мегӯяд, шояд се фарзанд ва ду келинаш дар Сурия кушта шудаанд, вале ба марги кӯдакон бовар надорад. Баъди баргаштани чаҳор кӯдаки тоҷик, ки аввал дар Сурия будаанд ва аз Ироқ баргардонида шудаанд умеде барои хонаводаҳои тоҷик шудааст, ки рӯзе нишоне аз фарзандони бенишонашон пайдо шавад.

Маҳмудраҳим Шоев, сокини ноҳияи Ҳисор аз бобоҳои хушбахт аст, ки баъди марги писар, келин ва се набераи дигараш Марями 10 сола, нишоне аз фарзанди “ҷиҳод”-ияш дар Сурия аст. Шоев зимни суҳбат гуфт, ки наберааш ҳоло ба зиндагии ором одат мекунад ва аз пайи таҳсил ва шинохтани ҳарфҳои алифбои тоҷикӣ аст:

“Шукр мекунам, ки набераам ба ман баргардонида шуд, хело хушбахтам. Марям даҳшати ҷангу кушта шудани падару модарашро нақл мекунад, вале талош дорам, ки ҳуҷҷатҳояшро дуруст карда ӯро ба мактаб барам.”

 Захми пои Марям Шоева, ки дар чанд моҳи пеш дар Сурия бардоштааст шояд фаромуш шуда бошад, вале даҳшати таркишу кушта шудани падару модар ва бародару хоҳарашро гоҳ-гоҳе ба бобояш нақл мекунад.

Чандин хонавода дар ҷануби Тоҷикистон баъди баргардонидани Марям, як сокини Ҳисор хушҳол шудаанд, ки рӯзе кӯдаконашонро, ки чанд соли пеш бурда шудаанд ё онҷо таваллуд кардаанд ба оғӯш мегиранд.

Дар соли 2015, ки мақомоти Тоҷикистон бар зидди ифротгароӣ ва гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои манӯъи террористӣ, хусусан сафари онҳо ба Сурия мубориза мебурд мақомоти интизомии вилояти Хатлон гуфта буданд, ки 30 кӯдак аз ин вилоят ба “Давлати исломӣ” пайваста дар Сурия қарор доранд, вале ин рақам шояд бо таваллуди чанд кӯдаки дигар тоҷик бештар шуда бошад.

Сарвиноз Сайдалиева, зане аз ноҳияи Кушониён дар Сурия таваллуд кард ва моҳи майи соли 2016 кӯдаки тоҷикро зери парчами сиёҳи ДИИШ ба дунё овард.

Дар ҳоле, ки баргардонидани кӯдакони тоҷик аз Сурия ба миён омадааст ташвиши таҳлилгарон дигар аст, ки баъди бозгашт бояд бо онҳо ҷиддӣ кор кунанд.

Саидҷаъфар Сафарзода

Саидҷаъфар Сафарзода, таҳлилгар дар Хатлон мегӯяд, ки бояд пеш аз бозгашт бо кӯдаконе, ки чанд соли ахир шоҳиди ҷанги Сурия будаанд ва онҷо бузург шудаанд ҷидди кор кард ва шароити хуби зиндагӣ ва таҳсилро муҳайё намуд:

“Дар Конистутсия уҳдадоре бар дӯши давлат аст, ки нисбат ба ҳар шаҳрванд ва модару кӯдак ғамхорӣ зоҳир кунад. Баргардонидани кӯдакон аз кишварҳои ҷангзада як уҳдадорӣ аст. Эҳтимол кӯдакон дар онҷо мағзшӯи шуда бошанд, вале баъди бозгашт бояд зери назорат бошад, шароити хуберо барои онҳо, мисли ҷалб кардан ба таҳсил дар мактабҳои замонавӣ ва ройгон фароҳам бояд кард.

Вақте кӯдак дар як муҳити солим зиндагӣ мекунад ба ӯ таъсир мекунад, барои онҳо як муҳити хуберо бояд фароҳам биёрем.”

Бархурд бо кудаконе, ки аз Сурия баргаштанд чӣ гуна бояд бошад???

Сокинон бим доранд, ки кӯдакони бозгашта аз Сурия ба кӯдакони дигар таъсиргузор ҳастанд ва бояд зери назорат қарор бигиранд. Назурулло, як сокини водии Вахш мегӯяд, ки кӯдаке, ки дар шоҳиди ҷанги Сурия будааст ва ё дар ҳамон муҳит ба дунё омадааст бояд зери назорат қарор бигирад:    “Намехоҳам, ки кӯдаки ман ё кӯдаке аз наздикони ман бо кӯдакони баргашта робита барқарор кунад, барои як муддат бояд онҳо аввал ба муҳити бидуни ҷангу қатл одат кунанд, даҳшати ҷангро фаромуш созанд, баъдан ба кӯдакони мо наздик шаванд.”

Дар ҳамин ҳол Аҳмади Иброҳим, коршинос дар Хатлон мегӯяд: кӯдаконе, ки то синни 18 сола ҳастанд метавонанд баъди бозгашт мафкураи худро таъғйир медиҳанд, албатта бояд шароити хуберо фароҳам кард ва барои кишвар хидмат хоҳанд кард. Фикр намекунам, ки ҳамаи кӯдакон аз даст рафтаанд, яъне ҳамаи онҳо он муҳитро намехоҳанд, ҳатман орзу мекунанд, ки онҳоро баргадонем ва зери назорат қарор диҳем.”

Боймурод Шоназаров, як равоншинос дар Хатлон мегӯяд, вақте як кӯдак дар муҳити ҷангии мисли Сурия таваллуд мешавад ба ҳолати равонияш таъсир мегузорад ва бояд дар назорати равоншинос бошад: “Соли 1992 ҷанги шаҳрвандӣ буд, ки таъсираш ба мардум расид, кӯдакҳо осебпазир ҳастанд, бояд бо онҳо кор кард ва аз лиҳози равони ба онҳо кумак расонд, баъди бозгашт дар мактаб ва муҳити хонавода таъсири бад аз миён меравад. Ба лаҳҷаи мардуми “гови ало” шудаанд, ки психолгҳо бо онҳо бояд кумак расонанд.”

Коршиносон мегӯяд, ки баъди баргардонидани кӯдакон бояд барои онҳо шароити хуберо фароҳам овард ва дар назорати равоншиносон гузошт, вале як созмони ҷаъмияти ки бо равоншиносон кор мекунад, гуфт, ки онҳо дар Хатлон аз набуди равоншиносони таҷрибадор, хусусан дар миёни ноболиғон мушкили доранд.

Ин дар ҳолест, ки хонаводаи аксар ҷавононе, ки дар Сурия кушта шудаанд ё аз онҳо нишоне нест мегӯяд дар Тоҷикистон дар ҳолати бади равонӣ қарор доштаанд.

Дар аввали соли 2018 мақомоти Тоҷикистон дар як гузоришаш ба Кумитаи ҳуқуқи кӯдаки Созмони Миллали Муттаҳид гуфта буд, ки 200 навраси тоҷик 91 духтар ва 115 писар дар Сурияву Ироқ қарор доштаанд. Шумораи умумии сокинони кишвар, ки ба “Давлати исломӣ” паивастаанд беш аз 1000 нафар гуфта мешавад.

Ясриби Хатлонӣ


Ин гузориш дар ҳамдастӣ бо Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи «Тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон» омода шудааст.

If you have found a spelling error, please, notify us by selecting that text and pressing Ctrl+Enter.

Spelling error report
The following text will be sent to our editors: