Дар ҳоли ҳозир шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон ба гуруҳи шаҳрҳои бистгонае дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси ором шомил аст, ки олудатарин ҳаворо доранд. Ба назари экологи тоҷик Муаззама Бурҳанова, барои беҳтар шудани ҳаво маҷмуи чораҳоеро бояд андешид.
Ба канали мо дар Telegram обуна шавед!
Тибқи баҳогузории Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ (СҶТ), соли 2016 олудагии ҳаво дар шаҳру деҳот боиси 4,2 миллион марги бармаҳал шудааст[1].
Фишори ҳавои олуда барои сокинони кишварҳое, ки даромади миёна ва поинро доранд, аз ҳад зиёд баланд аст. Аз 4,2 миллион ҳолати марги бармаҳал 91 дарсади он маҳз дар ин кишварҳо ба қайд гирифта шудааст. Иттилои Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ва Рушд (СҲИР) нишон медиҳад[2], ки олудагии ҳаво дар соли 2015 барои иқтисоди ҷаҳон баробар ба 0,3 дарсади ММД (Маҷмуи Маҳсулоти Дохилӣ) харҷро дар пай дошта, масрафҳо барои дастгирии бахши иҷтимоӣ низ ба иллати он ба беш аз 6 дарсади ММС-и ҷаҳонӣ расидааст.
Партовҳои олудасози ҳавои Душанбе аз манбаъҳои доимӣ
Манбаи асосии саноатӣ ва доимии олудасози кимиёии ҳавои пойтахти Тоҷикистон дар ибтидои соли 2019 Маркази барқу гармидиҳии “Душанбе-2”, Корхонаи сементбарории Душанбе, корхонаҳои дигари саноатӣ ва сехҳои хурде ҳастанд, ки партовҳои гуногунро коркард ва месӯзонанд.
Бештари корхонаҳои пойтахт барои истеҳсоли нерӯи барқ ё гармӣ ангиштро ҳамчун маводи хом истифода мебаранд. Барои намуна, дар шаҳри Душанбе 24 корхонае фаъолият мекунад, ки бо роҳи сӯзонидани ангишт гармӣ истеҳсол менамоянд. Бузургтарини ин корхонаҳо Маркази барқу гармидиҳии “Душанбе-2”, ки дар ихтиёри ширкати давлатии “Барқи тоҷик” қарор дошта, соли 2018 671,2 Гкал гармӣ ё 82 дарсади нерӯи умумии гармӣ дар ҷумҳуриро истеҳсол кардааст[3].
Ҳамчунин 434 корхонаи истеҳсолӣ аз ангишт истифода мекунанд.
Рушди саноати мебелсозӣ дар шаҳри Душанбе назар ба минтақаҳои дигари Тоҷикистон бештар мушоҳида мешавад, ки дар навбати худ дар олудашавии ҳавои шаҳр мусоидат мекунад.
Олудасози асосии ҳавои шаҳри Душанбе зарраҳои сахт (ЗС) [4] ҳастанд, ки 93 дарсади ҳаҷми умумии партовҳои зараровар аз манбаъҳои доимии пойтахтро ташкил медиҳанд.
Ғализии ЗС одатан ҳамчунин нишондиҳандаи сатҳи олудагии ҳаво истифода мешавад. ЗС аз омехтаи мураккаби моддаҳои сахту моеи органикӣ ва ғайриорганикӣ иборат аст, ки дар ҳолати муаллақ дар ҳаво қарор дорад. Сифати ҳаво одатан бар асоси сатҳи ғализии рӯзона ё солонаи ЗС муайян карда мешавад.
Дар давраи аз соли 1991 то соли 2018 ҳаҷми маводи олудасозе, ки аз манбаъҳои доимӣ партоб мешаванд, ба ҳисоби миёна дар Тоҷикистон наздики 200 ҳазор тонна кам шудааст. Вале дар Душанбе ҳаҷми партовҳои зараровар дар ин давра афзоиш ёфта, баробар ба ҳаҷми умумии партовҳо дар саросари кишвар дар соли 2018 расидааст.
Теъдоди партовҳои олудасоз дар ҳавои Душанбе дар соли 2018 назар ба соли 1991, ки пойтахти Тоҷикистон ба гуруҳи шаҳрҳои даҳгонаи олудатарини Иттиҳоди Шӯравӣ шомил мешуд, афзоиш ёфтааст.
Ҳаҷми партовҳои олудасоз дар шаҳри Душанбе назар ба шаҳрҳои дигари Тоҷикистон босуръат бештар мешавад. Танҳо дар давоми як сол (2017-2018) ҳаҷми партобҳои олудасоз дар ҳавои шаҳр 2,6 бор, назар ба соли 2016 панҷову панҷ бор ва назар ба соли 2015 ҳаштоду ҳашт бор зиёд шудааст.
Мизони партобҳои зараровар аз манбаъҳои доимӣ дар шаҳри Душанбе дар соли 2018 назар ба ҳаҷми партобҳо дар бузургтарин минтақаҳои саноатии Тоҷикистон, аз қабили навоҳии тобеи марказ ва вилояти Суғд бештар гаштааст.
Афзоиши ҳаҷми партобҳои зараровар ба ҳавои Душанбе аз соли 2015 ба ин сӯ мушоҳида шуда, бо болоравии иқтидори Маркази барқу гармидиҳии “Душанбе-2” рост меояд. Марҳалаи дувуми “Душанбе-2” бо иқтидори 300 мвт дар моҳи сентябри соли 2014 ба истифода дода шуд ва пудратчии он ширкати чинии ТВЕА буд. Иқтидори умумии марказ, ки 400 мвт аст, моҳи декабри соли 2016 пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. “Душанбе-2” барои истеҳсоли ин навъи нерӯҳо 831 тонна ангишт (ангиштсанги кони Фон-Яғноб ва Зиддӣ) истифода мебарад.Давоми солҳои наздик қарор аст дар кишвар истихроҷи ангишт афзоиш дода шавад, ки бештар шудани харҷҳои истихроҷи ин навъи сӯзишвориро дар пай хоҳад дошт. Арзиши сӯзишворӣ ва равғанҳои молиданӣ барои интиқоли ангишт тавассути мошинҳо низ боло меравад, ки харҷи истеҳсоли нерӯи барқ дар марказро бештар ва харҷҳо ба ҳифзи муҳити зистро камтар мекунад.
Яке аз нишондодҳои калидии тозагии ҳаво зиёд шудани дуоксиди карбон (CO2) дар он аст, ки ҳамзамон бо сӯзонидани ангишт дар раванди истеҳсоли нерӯи барқ, гармӣ ва маҳсулоти саноатӣ сурат мегирад. Яке аз хатарноктарин партобҳо ба ҳаво зарраҳои муаллақи ЗС, дуоксиди сулфур, оксиди нитроген, оксиди карбон, симоб, арсеник, хокҳои ғайриорганикӣ ва дуда аст. Баъзе аз ин маводи олудасоз дар ҳаво зарраҳои хурди муаллақро ба вуҷуд меоранд. Таъсири дуоксиди сулфур ба саломатии инсон метавонад ҳам мустақиман ба бадан ва ҳам тавассути ҳамроҳии СО2 бо заррачаҳои PM2.5 таъсир расонад.
Ҳангоми сӯзонидани ангишт бензопирен партоб мешавад, ки маводи рақами 1-и хатарнок буда, хусусияти ҷамъшавӣ дар обу қабати рӯи заминро дорад. Ин моддаи олудасоз бо низоми худкори мониторинги ҳавои Душанбе санҷида намешавад.
Ба ҷуз аз “Душанбе-2” бузургтарин олудасози дигари ҳавои Душанбе корхонаи сементбарорӣ аст, ки ҳанӯз соли 1941 дар кӯчаи марказии пойтахт бунёд шудааст. Ин корхона дар аввал бо гази табиӣ фаъолият мекард ва соли 2013 ба ангишт гузашт. Қарор аст, солҳои наздик дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе корхонаи нави сементбарорӣ — “Тоҷиксемент” бо иқтидори 3300 тонна дар як рӯз ва 1,2 миллион тонна семент дар як сол (4 баробар бештар аз ҳаҷми истеҳсолшудаи семент дар корхонаи Душанбе дар соли 2018) ба кор оғоз кунад. Ин ҳам бо ангишт фаъолият хоҳад кард, вале эҳтимоли гузариш ба газ вуҷуд дорад.
Вазъи сифати ҳавои Душанберо тавонмандии заифи муҳити шаҳр барои худтозакунӣ бадтар месозад. Зеро шаҳр аз се ҷониб, шимолу шарқ ва ҷануб бо куҳҳо иҳота шуда, ягона самти боз ғарб – тарафи водии Ҳисор аст. Самти асосии шамол аз тарафи шимол ба ҷануб, тавассути водии рӯдхонаи Варзоб аст. Бино ба иттилои Оҷонси обуҳавошиносии Тоҷикистон мизони беҳаракатии шамол наздики 38 дарсадро ташкил медиҳад. Бинобар ин, сатҳи парокандашавии маводи заҳрогин дар ҳудуди Душанбе поин буда, бештари онҳо дар маҳдудаи шаҳр таҳшин мешаванд. Ҳатто дар сурати партоби кам ҳам маводи зарарнок метавонад дар ҳаво ғализ ҷамъ шавад.
Дар Душанбе ба ҷуз ду олудасози бузург — “Душанбе-2” ва корхонаи сементбарорӣ беш аз 20 дегхонаи бо ангишт фаъолият кунанда, 6 корхонаи хурди хусусии коркарди плостикҳо ва 1 корхонаи коркарди чархи мошинҳо вуҷуд дорад.
Дақиқ наметавон гуфт, ки ҳамаи ин корхонаҳо барои роҳандозии тиҷорати олуда иҷозатномаи расмӣ доранд. Зеро номи корхонаҳои мазкурро, ки манбаи партобҳои зараровар ҳастанд, на ҳамеша мешавад дар мониторинги зистмуҳитии ниҳодҳои дахлдор пайдо кард.
Олудашавии ҳавои Душанбе тавассути нақлиётҳо
Шаҳри Душанбе [5] аз нигоҳи мизони интиқоли мусофирон тавассути мошин (шахсӣ, умумӣ ва давлатӣ) дар миёни минтақаҳои дигари кишвар дар мақоми аввал (44,1%) аст.
Соли 2018 мизони умумии партоби маводи зараровар дар саросари Тоҷикистон 561 ҳазор тоннаро ташкил додааст, ки бештари он партобҳои СО2 (380,4 ҳазор тонна) ва оксиди нитроген (108,6 ҳазор тонна) мебошанд. Манбаи асосии ин партобҳо (мутаносибан 90% ва 97%) мошинҳои сабукрав мебошанд.
Масъулони шаҳрдории Душанбе миёнаҳои моҳи марти соли 2019 тасмим доштанд истифодаи мошинҳои сабукрав (таксиҳо)-ро, ки то соли 2014 истеҳсол шудаанд, манъ кунанд. Вале ин тасмим дертар бекор шуд. Катализатор барои тоза кардани партовҳои зараровар танҳо дар мошинҳои нав насб шудааст.
Қонун “Дар бораи таъмини амнияти экологии нақлиёти автомобилӣ”, ки соли 2015 қабул шудааст, тадбирҳои зиёдеро барои сабуктар кардани таъсири мошинҳо ба муҳити зист пешбинӣ кардааст. Вале механизми иҷрои ин қонун миёни идораҳои давлатӣ роҳандозӣ нашудааст.
Яке аз омилҳои олудашавии ҳавои Душанбе назорати заифи зистмуҳитии нақлиётҳо аз сӯи хадамоти Бозрасии давлатии автомобилӣ аст.
Олудашавии ҳавои Душанбе тавассути партовҳои маишӣ ва саноатӣ
Ин партовҳо аз тариқи ҷамъоварӣ, безараргардонии партовҳои сахти маишӣ дар қитъаҳои партов/партовгоҳҳо, коркард ва баровардани партовҳои коммуналию фозилобҳои саноатӣ оксиди азот ва метан касб мекунанд.
Дар Душанбе низоми коркарди партов нест. Метане, ки дар партовгоҳҳо ба вуҷуд меояд маҳв намешавад ва пурра ба ҳаво меравад. Партовҳо дар баробари бад кардани вазъи зистмуҳитӣ ба тариқи зерин дар паҳн шудани оксиди азот ва метан низ мусоидат мекунанд:
– Пӯсиши анаэробии ҷузъҳои органикӣ дар партовгоҳҳои партовҳои сахт (маишӣ)- шаҳрӣ;
– Тозакунӣ ва баровардани фозилоб ба марказҳои тасфияи шаҳрӣ;
– Тасфия ва баровардани фозилоби саноатӣ.
Соли 2018 аз ҳаҷми умумии маводи зарароваре, ки ба иншоотҳои ҷамъоварӣ ва тасфияву дафъи фозилоби Тоҷикистон интиқол ёфтаанд, қисми зиёд (90%)-ро партовҳои интиқолшуда ба иншоотҳои ҷамъоварӣ ва тасфияву дафъи фозилоби шаҳри Душанбе ташкил медиҳад. Онҳо асосан зарраҳои сахт (98%-и партовҳои умумӣ) ва оксиди карбон мебошанд.
Мониторинги сифати тозагии ҳавои Душанбе
Мониторинги сифати ҳавои шаҳри Душанбе бар асоси нишондоди ду озмоишгоҳи сайёр ва ду дидбонгоҳи доимии ғайрисайёре сурат мегирад, ки бо низоми худкор фаъолият мекунанд. Истгоҳҳои худкори сифати ҳаво шабонарӯзӣ кор карда, мизони маводи муҳимтари олудасоз (оксиди карбон, оксиди нитроген, дуоксиди сулфат, формалдегид, зарраҳои сахти муаллақ) -ро месанҷанд. Оҷонси обуҳавошиносӣ маълумоти ҳаррӯзаи метеорологиро месанҷад (дастрасии озод дар сомона) ва бюллетенҳо муҳити зист омода мекунад (хидматрасонии пулакӣ).
Яке аз озмоишгоҳҳои сайёр, ки дар ихтиёри Оҷонси обуҳавошиносӣ аст, дар асоси дархостҳо ба минтақаҳо рафта, мониторин мегузаронад ва дувумӣ, ки зертобеи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати Тоҷикистон аст, тибқи нақшаи таҳияшудаи сафарҳо фаъолият мекунад. Ин сафарҳо харҷи зиёдатии молиро талаб мекунанд ва бинобар ин, анҷоми онҳо на ҳамеша имкон дорад.
Нишондоди сифати ҳавои Душанберо метавон ба таври озод тавассути асбоби назораткунандае пайгирӣ кард, ки сафорати ИМА дар Тоҷикистон соли 2018 насб кардааст. Ин асбоб барои санҷидани сифати ҳаво дар ҳудуди сафорат, ки дар маҳаллаи Зарафшони пойтахт ҷойгир мебошад, насб шудааст.
Асбоби мазкур миқдори зарраҳои дорои диаметри камтар аз 2,5 микрометр (PM 2,5)-ро муайян менамояд. Чунин зарраҳо “зарраҳои хурд” номида мешаванд ва чуноне ки муқаррар шудааст, онҳо аз ҳама бештар ба саломатӣ хатар эҷод менамоянд. PM 2.5 ҳамчун меъёр аз ҷониби Оҷонси ИМА оид ба ҳифзи муҳити зист (EPA) эътироф шудааст. Маълумот дар бораи сифати ҳаво дар режими вақти воқеӣ дар сомонаи махсуси оид ба ҳаво – airnow.gov.-, ки шарики Оҷонси ИМА оид ба ҳифзи муҳити зист аст, дастрас мебошад.
Оҷонси ИМА оид ба ҳифзи муҳити зист формулаеро матраҳ намуд, ки барои табдил додани нишондиҳандаҳои РМ 2.5 ба бузургии индекси сифати ҳаво (AQI) истифода бурда мешавад. Ин формула барои иттилоъ додан дар қабул кардани қарор дар робита ба саломатӣ кӯмак карда метавонад. Масалан, агар бузургии AQI ба 50 баробар бошад, пас сифати ҳаво хуб ба шумор меравад, агар 50-100 бошад ба вазъи саломатии гурӯҳҳои осебпазир ва ҳасоси аҳолӣ ба олудагии ҳаво (одамони гирифтори бемориҳои дил ва шуш, кӯдакон ва пиронсолон) таъсири хеле ҷиддӣ мерасонад. Нишондоди 101-150 барои гуруҳҳои осеппазир номусоида буда, 200-300 барои саломатӣ зарар дорад. Вале агар бузургии AQI аз 300 болотар равад, сифати ҳаво хатарнок маҳсуб меёбад.
Маълумоти пешниҳодии дастгоҳи сафорати ИМА нишон медиҳад, аз 17 май то 16 июни соли 2019 дар шаҳри Душанбе, ки ҳоло мавсими гармо набуд, сифати ҳаво асосан муътадил (50-100 AQI) буд. Дар ин давра мушкили муътадил барои саломатии шумори ками аҳолие мушоҳида шудааст, ки ба олудагии ҳаво ҳассосият доранд. Ҳамчунин дар ин давра бузургии AQI дар давоми чанд рӯз беш аз 150 (ғайри солим барои гуруҳҳои ҳасос) нишон дода шудааст. Дар давоми ду рӯз – 23 ва 24 майи соли 2019, асосан шабона бадшавии якбораи сифати ҳаво то ба 300 AQI -зарарнок барои саломатӣ мушоҳида гаштааст[6]. Маълумоти дастгоҳ нишон медиҳад, ки сифати ҳавои шаҳри Душанбе дар мавсими тирамоҳ ва зимистон (моҳҳои ноябр – феврал) якбора бад мешавад. Барои намуна, нишондоди соати 4 субҳи 29 май 131 AQI ва соати 10-и шаби 14 феврали соли гузашта 262 AQI аст.
Дар Русия[7] бузургии шабонарӯзии ҳадди ниҳоии ҷоизи ғализӣ (ҲНҶҒ)-и партоб 35 мкг/м3 ва ҳадди аксари якдафъаинаи он 160мкг/м3 аст. Меъёрҳои қабулшудаи ҲНҶҒ -и РМ 2,5 дар Тоҷикистон ва Русия ҳамсонанд.
Бар асоси бюллетенҳои зистмуҳите, ки аз сӯи Оҷонси обуҳавошиносии Тоҷикистон[8] омода шудаанд, ҳадди миёнаи шабонарӯзии ғализии РМ,25 дар ҳавои шаҳри Душанбе дар моҳҳои март, апрел ва майи соли 2020 аз ҲНҶҒ баланд нашуда, дар ин давра 0,003-0,28-ро ташкил додааст. Ин дар ҳолест, ки бар асоси иттилои дастгоҳи сафорати ИМА дар Душанбе, рӯзи 5 майи соли 2020 нишондоди AQI дар ҳавои пойтахти Тоҷикистон дар низоми вақти воқеӣ баробар ба 137 (ғайрисолим барои гуруҳҳои ҳасос) мебошад.
Тоҷикистон аз рӯи ин нишондод дар таърихи 5 майи соли 2020 дар миёни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Осиёи Марказӣ мақоми аввалро[9] ишғол кардааст.
Олудагии ҳаво ва саломатӣ
Яке аз омилҳои хатар барои саломатӣ, ки марбут ба муҳити зист аст, олудагии ҳаво мебошад. Натанҳо таъсири ЗС, балки таъсири озон, дуоксиди нитроген ва дуоксиди сулфат низ барои саломатӣ хатари ҷиддӣ доранд. Озон дар натиҷаи вокуниши олудасозҳои монанд ба оксиди азот, ки мошину корхонаҳои саноатӣ онро ба ҳаво партоб мекунанд ва пайвастагиҳои органикии идоранашаванда, ки маҳсулои воситаҳои нақлиёту саноатанд, бо нури офтоб ба вуҷуд меояд. Баландтарин сатҳи олудагии ҳаво бо озон дар ҳавои офтобӣ ба қайд гирифта мешавад.
Таъсири партовҳои зарарнок дар ҳаво ба саломатии инсон (иттилои СҶТ):
Нафастангӣ, бемориҳои шуш – дуоксиди сулфат, зарраҳои муаллақ, озон
Бемории қалб – оксиди карбон ва зарраҳои заҳрогин,
Одамони пиронсол ва кӯдакон – озон, зарраҳои заҳрогин.
Бар асоси шумори беморон бар сари ҳар 100 ҳазор шаҳрванд, ки соли 2018 дар бемористонҳои Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд, нишондоди шаҳри Душанбе [10] назар ба он дубаробар бештар аст. Бемориҳое, ки сокинони Тоҷикистон зуд-зуд аз ҳама бештар ба онҳо мубтало мешаванд, беморҳои узвҳои хунгард ва нав ҳастанд (ҳудуди 60 дарсади умумии ҳамаи навъи бемориҳо).
Истифодаи ангишт на танҳо ба сифати ҳаво, балки ба ҳаёти инсон низ таъсири манфӣ дорад. Поинравии шохиси (индекс) [11] рушди инсонӣ ( Ин ҷадвал омилҳои муҳиме чун дарозумрӣ, тандурустӣ, дастрасӣ ба таълим ва даромади сокинонро дар бармегирад) дар минтақаҳое мушоҳида шудааст, ки бештар аз ангишт истифода мекунанд. Тоҷикистон дар ин шохис дар миёни кишварҳои Иттиҳоди Давлаттаҳои Мустақил аз ҳама поин дар байни 129 давлати дунё дар мақоми 125-ум қарор дорад.
Шаҳри Душанбе – пойтахти Тоҷикистон бар асоси ин нишондоди вазъи ваҳо, ба гуруҳи шаҳрҳои бистгонае [12] дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси ором шомил аст, ки олудатарин ҳаворо доранд.
Тавсия
Ба назари мо, сифати ҳавои пойтахти Тоҷикистонро бо андешидани маҷмуи тадбирҳои зерин метавон беҳтар кард:
-Ҳамчун чораи мубориза бо партовҳои СО2 ҷорӣ кардани андози карбон ва сӯзишворӣ ба корхонаҳои Душанбе, манбаъҳои сайёру ғайрисайёри олудасози ҳавои шаҳр. Такмили санҷиши техникии воситаҳои нақлиёт.
– Истифодаи газ дар Маркази барқу гармидиҳии “Душанбе-2” ва корхонаи сементбарорӣ ба ҷои ангишт. Истифодаи газ назар ба ангишт партоби маводи олудасозро коҳиш медиҳад.
– Гузариши батадриҷи корхонаҳо ба истифодаи барқи истеҳсолии нерӯгоҳҳои Тоҷикистон. Гузариш ба технологияҳои сарфаи барқ.
– Гузаронидани маъмурияту биноҳои зисти шаҳр ба истифодаи барқи аз нигоҳи зистмуҳитӣ тоза, аз ҷумла нерӯи офтобӣ, ки арзиши онҳо ҳамеша поин меравад. Роҳандозии гарминигоҳдорӣ ва сарфаи нерӯи барқ дар биноҳои шаҳр.
– Сиёсат ва сармоягузорӣ ба ҷонибдорӣ аз мошинҳо аз нигоҳи экологӣ тозатар, воридоти мошинҳои барқӣ. Ҳавасмандгардонии истифодаи чунин мошинҳо аз роҳи коҳиши боҷи гумрукӣ.
– Таваҷҷуҳи аввалиндараҷа ба нақлиёти баландсуръати шаҳрӣ, роҳҳои дучархасаворӣ ва пиёдагард. Коҳиши тамбашавӣ дар роҳҳо ва беҳсозии дастрасӣ ба нақлиёти ҷамъиятии троллейбус.
– Ислоҳоти андозбандии воситаи нақлиёт, аз ҷумла андозбандӣ бар асоси нишондоди дақиқи СО2.
– Роҳандозии шеваҳои пешрафтаи маҳв ва коркарди партовҳои шаҳрӣ. Аз ҷумла гирифтани метане, ки дар маҳалли маҳви партовҳо ба вуҷуд меояд.
– Таҳияи харитаи дастрасу озоди партовҳои олудасози ҳавои шаҳри Душанбе барои ҷомеа, мониторинги ҷамъиятии сифати ҳаво.
– Тоҷикистон бояд иштирокчии Конвенсия дар бораи ифлосшавии наздисарҳадии ҳаво дар масофаи дур ва санадҳои марбут ба он шавад. Иштирок дар ин конвенсия ба Тоҷикистон имкон медиҳад, ба маълумоти зарурӣ барои таҳияи стратегияи мониторинги олудагии ҳаво, стратегияи идораи сифати ҳаво ва низоми боэътимоди тафтиши партобҳо дастрасии густарда дошта бошад.
Ин мақола дар чорчӯби тарҳи «Ҳамовозӣ барои дигарсозӣ — аз ҳошия то бодия» таҳия шудааст. Назароти баёншуда дар ин матлаб мавзеъи ҳайъати таҳририя ё ҳомии тарҳро бозтоб намедиҳад.
[1] «Руководящие принципы по качеству воздуха – глобальное обновление 2005 г.», сайт Всемирной организации здравоохранения, https://www.who.int/phe/health_topics/outdoorair_aqg/ru/
[2] «Из-за загрязненного воздуха Россия ежегодно теряет миллиарды рублей», «Ведомости»
https://www.vedomosti.ru/economics/articles/2019/12/20/819225-zagryaznennogo-vozduha
[3] Промышленность Республики Таджикистан (2019). Агентство по статистике при Президенте Республики Таджикистан.
[4] Охрана окружающей среды в Республике Таджикистан (2019). Агентство по статистике при Президенте Республики Таджикистан.
[5] Транспорт (2019). Агентство по статистике при Президенте Республики Таджикистан.
[6]«Пресс-релиз о контроле качества воздуха на территории Посольства США в Душанбе». Посольство США https://tj.usembassy.gov/ru/pr-06202019-ru/
[7] «Экология в городе», журнал «Экология и право», № 77, 2020, стр. 32
[8] «Экологическим бюллетени». Агентство по гидрометеорологии РТ www.meteo.tj.
[9] Загрязнение воздуха в мире: Индекс качества воздуха в режиме реального времени. Проект Всемирного индекса качества воздуха https://waqi.info/ru/
[10] Здравоохранение в Республике Таджикистан (2019). Агентство по статистике при Президенте Республики Таджикистан.
[11] Отчёт о развитии человечества. Программа развития ООН.
http://hdr.undp.org/sites/default/files/hdr2019.pdf[12] Как загрязнение воздуха снизило рейтинг Душанбе. Онлайн-экожурнал Ливень. Living asia https://livingasia.online/2017/03/29/air-in-dushande/