Як гуруҳи мусаллаҳи номаълум шаби 5 ба 6 ноябр, дар Рӯзи конститутсияи Тоҷикистон ба дидбонгоҳи марзии “Ишқобод”-и кишвар, ки дар наздикии марзи Ӯзбекистон ҷойгир аст, ҳамла кард.
Ба саҳифаи мо дар Фейсбук обуна шавед!
Мақомоти Тоҷикистон онро ҳамлаи террористие номиданд, ки аз сӯи ҷонибдорони созмони тундрави “Давлати исломӣ” (созмони фаъолияташ мамнуъ дар Тоҷикистон ва кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ) анҷом шудааст. Вокуниши худи созмони террористӣ дар ин замина то ҳол расонаӣ нашудааст. Бархе аз коршиносон ба фарзияи расмӣ шубҳа дошта, мегӯянд, бидуни омӯзиши ҳамаҷонибаи ҳодиса хулоса кардан шитобзадагӣ хоҳад буд.
Дар ҳамин ҳол хадамоти матбуотии Вазорати дифои Афғонистон гуфт, далелҳое мавҷуд нест, ки исбот кунанд, ҳамлагарон аз хоки ин кишвар ба Тоҷикистон ворид шудаанд. Намояндаи Вазорати дифои Афғонистон дар ин бора 7 ноябр бо Радиои Афғонистони Озод суҳбат кард.
Фарзияи расмии ҳодиса
Ба иттилои хадамоти матбуотии Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, ҳамлаи мусаллаҳона ба дидбонгоҳи марзии №4 “Ишкобод”, ки ба қисми низомии “Султонобод” шомил аст, соати 03:23-и 6 ноябр рух дод.
Ба гуфтаи манбаъ, он шаб гуруҳи мусаллаҳи бистнафарӣ ба дидбонгоҳ ҳамла карда, панҷ адад силоҳи оташфишонро ғасб карданд. Дар натиҷаи амалиёти нерӯҳои қудратии Тоҷикистон 15 ҳамлагар кушта ва 5 тани дигарашон дастгир карда шуданд.“Дар задухурд бо ҳамлагарон як марзбон ва як корманди Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ҷон бохтанд”, – афзуд ҳамсуҳбати мо.
Дар хабари Қушунҳои сарҳадии кишвар номи кушташудаҳо оварда нашудааст
Бино ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, дар натиҷаи задухурд нозири минтақавии ҷамоати Эсанбойи ноҳияи Рудакӣ Баҳром Қосимзода кушта шудааст. Ҷасади ӯро 6 ноябр дар зодгоҳаш ба хок супурданд. Марзбони кушташудаи тоҷик сокини шаҳри Душанбе Иззатулло Латипов мебошад, ки пас аз хидмати ҳарбӣ дар Қушунҳои сарҳадии кишвар бо рутбаи прапоршик ифои вазифа мекард.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон гуфт, чаҳор узви гуруҳи мусаллаҳ, ки пас аз ҳамла ба деҳаи Эсанбой фирирор карда буданд, боздошт шуданд. Қушунҳои сарҳадии кишвар мегӯяд, ҷамъан 5 узви гуруҳро дастгир карданд.
Қушунҳои сарҳадӣ: ҳамлагарон узви созмони террористии “Давлати исломӣ” буданд
Хадамоти матбуотии Қушунҳои сарҳадии Тоҷикистон пас аз 9 соати иттилоияи аввали худ дубора хабар дод, ки ҳамлагарон ба дидбонгоҳи марзии “Ишқобод” узви созмони террористии “Давлати исломӣ” (созмони фаъолияташ мамнуъ дар Тоҷикистон ва кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ) ҳастанд. Ба гуфтаи ин ниҳод, ҳамлагарон шаби 3 ноябр бо истифода аз торикии шаб аз вулусволии Қалъаи Золи Афғонистон ба ноҳияи Қубодиёни Тоҷикистон гузаштаанд.
“Онҳо дидбонгоҳи марзии “Ишқобод”-ро барои худ макони муносиб ҳисобида, ҳамлаи мусаллаҳонаро оғоз карданд”, – омадааст дар иттилоияи Қушунҳои сарҳадии кишвар.
Худи созмони террористии “Давлати исломӣ” (созмони фаъолияташ мамнуъ дар Тоҷикистон ва кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ) дар бораи даст доштанаш дар ҳамла ба дидбонгоҳи марзии “Ишқобод” изҳороте нашр накардааст.
Генерал Назаров: “Иштибоҳи бузург шудааст”
Ҳамсуҳбатони CABAR.asia мегӯянд, бар асоси иттилои Қушунҳои сарҳадии Тоҷикистон, аъзои гуруҳ озодона ва ғайриқонунӣ марзро убур карда, ду шабонарӯз дар ҳудуди кишвар қарор доштанд. Бу гуфтаи онҳо, назорати марзҳои кишвар бояд пурзӯр карда шавад, чун дар ғайри сурат эҳтимоли сар задани ҳодисаҳои ҳамсони хатарноктар вуҷуд дорад.
Генерал Нуралишо Назаров, муовини пешини фармондеҳи Қушунҳои сарҳадии Тоҷикистон суол мегузорад, ки як гуруҳи бистнафарӣ чи гуна тавонист марзро ғайриқонунӣ убур карда, дар ҳудуди кишвар ду рӯз бимонад ва онҳоро касе набинад.
“Инҷо касе иштибоҳи бузург кардааст, вагарна 20 нафар наметавонистанд марзро гузашта, то ба ноҳияи Рӯдакӣ худро бирасонанд. Ин номумкин аст. Агар назорат сахтар нашавад, вуруди гуруҳҳо ва сар задани ҳодисаҳои дигар имкон дорад”, – изҳор дошт Назаров дар суҳбат бо CABAR.asia.
Вақте президент дар Аврупост
Ҳамлаи мусаллаҳона ба дидбонгоҳи марзии “Ишқобод” дар рӯзҳои сафари президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Швейтсария рух дод. Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба баъзе аз кишварҳои Аврупо 4 ноябр оғоз шуда, то 12 ноябр идома меёбад. Бархе аз коршиносон пас аз нашри хабарҳо дар бораи ҳамлаи мазкур ду ҳодисаро ба ҳам рабт дода, гуфтанд, ки эҳтимол аст, мақомот дар ташкили ҳамла ба дидбонгоҳи марзӣ раҳбарияти Ҳизби дар Тоҷикистони мамнуи наҳзати исломӣ (ҲНИТ)-ро айбдор кунанд. Ба гуфтаи онҳо, президенти Тоҷикистон дар мулоқотҳои Аврупо барои айбдор кардани ҲНИТ ба ташкили ҳамлаҳои террористӣ аз ин ҳодиса истифода мекунад. Вале ин пешбиниҳо дуруст набаромаданд ва мақомоти тоҷик ҳамларо кори созмони террористии “Давлати исломӣ” (созмони фаъолияташ мамнуъ дар Тоҷикистон ва кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ) номиданд.
Коршиноси тоҷик Қосим Бекмуҳаммад бар ин аст, ки ду ҳодиса тасодуфан дар яквақт рух додаанд.
“Мақомоти қудратии Тоҷикистон дар ҳолати ҳузур надоштани президент низ метавонанд вазифаҳои худро иҷро кунанд”, – афзуд Бекмуҳаммад.
Пас аз нашри хабарҳо дар бораи ҳамлаи мазкур дар шабакаҳои иҷтимоӣ бархе аз корбарон гуфтанд, ки созмондиҳандагони он талош карданд, муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистонро ба ҳам бизананд. Ба гуфтаи корбарон, дидбонгоҳи “Ишқобод”, ки дар наздикии марз бо Ӯзбекистон ҷойгир аст, маҳз ба ҳамин хотир интихоб шудааст, вагарна ҷангҷӯён метавонистанд ба дидбонгоҳҳои марзӣ бо Афғонистон ҳамла карда, дар сурати зарурат ба хоки он кишвар дубора паноҳ баранд.
Бекмуҳаммад ин фарзияро аз эҳтимол дур намедонад.
Ба гуфтаи ӯ, созмони террористии “Давлати исломӣ” (созмони фаъолияташ мамнуъ дар Тоҷикистон ва кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ) як тарҳи ҷаҳонии геопалитикӣ аст ва барои он муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳои Осиёи Марказӣ чандон муҳим нест.
“Бинобар ин, фикр намекунам, ки мушкилиҳои мавҷуда миёни низомҳои сиёсии ҳукумрон дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва масъалаҳои ба ин монанд барои созмони террористии “Давлати исломӣ” (созмони фаъолияташ мамнуъ дар Тоҷикистон ва кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ) аҳамияти бузург дошта бошанд. Барои ин созмони террористӣ иҷрои вазифаҳои геопалитикии ҷаҳонӣ муҳимтар аст”, – афзуд Бекмуҳаммад.
Суолҳое, ки посух мехоҳанд
Дар робита ба ҳамлаи мусаллаҳона ба дидбонгоҳи марзӣ бо вуҷуди изҳороти Қушунҳои сарҳадии Тоҷикистон як қатор суолҳои ҷиддие ҳаст, ки посух мехоҳанд.
Иштирокдорони ҳамла кӣ буданд? Чи гуна онҳо тавонистанд тақрибан 200 километрро тай карда, пинҳонӣ худро аз ноҳияи Қубодиён ба ноҳияи Рӯдакӣ расонанд?
Мақомот аз посух ба суолҳои мазкур худдорӣ мекунанд.
Дар ҳамин ҳол нашрияи амрикоии “The New York Times” бо истинод ба сухангӯи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон Умарҷон Эмомалӣ навиштааст, ки “эҳтимол дорад, ҳамлагарон шаҳрвандони Тоҷикистон бошанд”.
Ҳамчунин хабар дода мешавад, ки дар миёни ҳамлагарон панҷ зан низ ҳаст. Тавре дар аксҳои нашр кардаи сомонаи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дида мешавад, яке аз кушташудаҳо зан аст.
Ин аксҳо субҳи 6 ноябр дар сомонаи вазорат нашр шуданд, вале дар нимаи дувуми рӯз бо сабабҳои номаълум дубора пок гардиданд.
Коршиноси дигари тоҷик Музаффар Олимов мегӯяд, ҳамлаи мазкур суолҳои зиёдеро дар зеҳни инсон халқ мекунад.
“Агар дар ҳақиқат онҳо нерӯи ҷиддӣ буданд, чи гуна 15 нафарашон кушта шуданд? Яъне, онҳо ҳирфаӣ набуданд ва омодагии ҷангияшон низ дар сатҳи хеле поин буд”, – афзуд коршинос.
Олимов ҳамчунин ишора кард, ки аъзои гуруҳи мазхкур даҳҳо километрро дар ҳудуди Тоҷикистон тай кардаанд ва касе онҳоро надидааст.
Ин мавод дар доираи лоиҳаи Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) «Муколамаи озод барои рушди субот дар Осиёи Марказӣ» омода шудааст.