Соли 2004 дар Тоҷикистон ба иҷрои ҳукми қатл моратория эълон карда шуд. Аммо ин ба маънои комилан лағв шудани ҳукми эъдом нест ва имкон дорад моратория бекор ва ин навъи ҷазо дигарбора татбиқ шавад.
Созмонҳои ҳуқуқи башар мегӯянд, истифодаи ҳукми қатл ба ҳеч ваҷҳ ба сатҳи ҷинояткорӣ таъсир намерасонад ва наметавонад василаи ҷилавгирӣ аз ҷиноятҳои махсусан вазнин бошад. Аммо бо вуҷуди ин, Тоҷикистон барои лағв кардани ҳукми қатл шитоб намекунад.
Ибтидои солҳои 90-ум Тоҷикистони соҳибистиқлол тамоми қонунгузории худ, аз ҷумла ҳукми қатлро аз Шӯравии собиқ ба мерос гирифт. Баъдан, албатта бо назардошти воқеиятҳои нав ба қонунгузорӣ тағйироту иловаҳо ворид карда шуданд.
Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва то соли 2004 бар пояи 16 моддаи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ҳукми қатл таъин карда мешуд. Пасон, шумораи моддаҳое, ки тибқи он ҳукми қатл татбиқ мешавад, ба панҷ расонида шуд:
Моддаи 104-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон “Куштор”,
Моддаи 399-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон “Биотсид”,
Моддаи 398-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон “Генотсид”,
Моддаи 179-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон “Терроризм”,
Моддаи 138-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон “Таҷовус ба номус”.
Ҳамзамон, ҳукми қатл барои занон, наврасон ва пиронсолон бекор карда шуд. Соли 2004 бошад, қонун “Дар бораи боздоштани татбиқи ҷазои қатл” қабул шуда, онро ба маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати 25 сол ва бештар аз он иваз карданд.
Ҷазои қатл дар моддаи 18-и Конститутсияи кишвар зикр шудааст:
“Ҳеч кас аз ҳаёт маҳрум карда намешавад, ба истиснои ҳукми суд барои ҷинояти махсусан вазнин”.
Бояд гуфт, мансабдорон маҳз бо такя ба ҳамин моддаи Конститутсия таъкид мекунанд, ки ҳукми қатл набояд лағв карда шавад. Чунки барои ин корро кардан гузаронидани раъйпурсии умумӣ зарур аст. Аммо чунин як раъйпурсӣ моҳи майи соли 2016 баргузор шуда, миёни 41 тағйироте, ки ба овоздиҳии умумӣ гузошта шуда буд, чизе дар бораи лағви ҳукми эъдом вуҷуд надошт.
То соли 2004 Тоҷикистон дар миёни кишварҳои узви САҲА аз рӯи шумораи ҳукми эъдом (вобаста ба шумораи аҳолӣ) дар ҷойи аввал буд. Ин хулосаҳо дар пайи маълумоти ғайрирасмӣ гирифта шудаанд, зеро маълумоти расмӣ махфӣ ҳастанд.
Тибқи мониторинги ташкилоти ҷамъиятии “Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният”, ки соли 2004 анҷом шудааст, давоми солҳои 2001 то 2003 дар Тоҷикистон 133 ҳукми қатл ба иҷро даромадааст. Бештари онҳо ба соли 2001 рост меояд – 68 ҳукми қатл.
Ҳукми қатл дар Тоҷикистон тавассути парондан иҷро мешуд.
То имрӯз теъдоди афроди маҳкум ба эъдом, макони дафни онҳо ва маълумот дар бораи иҷрокунандагони ҳукми қатл ифшо нашудааст.
Моратория ба ҳукми эъдом дар Тоҷикистон пас аз гуфтугӯи созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар ва давлат ҷорӣ гардид. Далели аслии ҳомиёни ҳуқуқи башар ин аст, ки ҳукми қатл василае барои мубориза бо ҷинояткорӣ нест ва ҳеч низоми ҳуқуқии ҷаҳон аз иштибоҳҳои додгоҳӣ эмин намебошад.
Тоҷикистони соҳибистиқлол дар ибтидои солҳои 2000-ум аз оқибатҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба тадриҷ раҳоӣ ёфта, бо бисёре аз созмонҳои байналмилалии дифоъ аз ҳуқуқи башар ҳамкориро оғоз намуд.
Санадҳои байналмилалии марбут ба ҳуқуқи башар, аз ҷумла Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ва Паймони байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсиро қабул ва тасвиб кард.
Аз ин рӯ, мақомот наметавонист талаботи асноди байналмилалиро, ки муҳимтарини онҳо таъкид мекунанд – ҳаёти инсон дахлнопазир аст, ҳар шахс ҳуқуқи зиндагӣ дорад ва ҳеч касро дидаю дониста аз ҳаёт маҳрум кардан мумкин нест, нодида бигирад.
Созмонҳои ҳуқуқи башар мутмаинанд, ки на. Ба гуфтаи онҳо, ба сатҳи ҷинояткорӣ омилҳои зиёд – аз фақру бемаърифатӣ гирифта то вазъи равонии ҷинояткор таъсир мерасонад, на ҳукми қатл.
Илова бар ин, ҷаҳон шоҳиди ҳолатҳои зиёди иштибоҳи додгоҳӣ шудааст. Ин ки пас аз иҷрои ҳукми қатл маълум гардида, ки шахси бегуноҳро эъдом кардаанд. Чунин ҳолатҳо, аз ҷумла дар ИМА ва Русия сабт шудаанд.
Соли 1949 дар ИМА Тимоти Эванс бо иттиҳоми куштори зани ҳомила ва духтари дусолааш ба дор овехта шуд. Пас аз чаҳор сол, Ҷон Кристи, ки дар мурофиаи додгоҳӣ алайҳи Эванс шаҳодат дода буд, эътироф кард, ки куштор кори дасти ӯ буд. Ҷонро ба дор овехтанд ва Тимоти Эванс пас аз марг “сафед” карда шуд.
Бо ҷорӣ кардани моратория ба иҷрои ҳукми қатл, Тоҷикистон муваззаф шуд, ки солҳои баъдӣ масъалаи имзо ва тасвиби Протоколи дуввуми факултативии Паймони байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсиро баррасӣ намояд. Ҳадафи Паймони мазкур лағви ҳукми қатл мебошад. Аммо дар 17 соли охир ҳукми қатл лағв карда нашуд.
Аз миёни кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ – Русия, Белорус ва Тоҷикистон ҳанӯз Протоколи дуввуми факултативиро имзо ва тасвиб накардаанд.
Нигина Баҳриева, роҳбари Бунёди ҷамъиятии “Нотабене” дар суҳбат бо CABAR.asia гуфт, таъхир дар масъалаи лағви ҳукми қатл аксар вақт бо он асоснок карда мешавад, ки гӯиё мардуми кишвар ба ин омода нестанд ва аксарияти онҳо аз истифодаи ҳукми эъдом ҷонибдорӣ мекунанд.
Ба таъкиди ӯ, мақомот ҳар лаҳза метавонад дар асоси қонунӣ мораторияро бекор ва дубора татбиқи ҳукми қатлро аз сар бигирад.
“Тоҷикистон охирин кишвари Осиёи Марказӣ аст, ки то ҳол ҳатто ин протоколро имзо накардааст. Ва ба андешаи ман, ин хеле бад аст, чунки ҳукми қатл метавонад мавзӯи дасткориҳои сиёсӣ гардад. Дар қонунҳои байналмилалӣ аллакай як консенсуси байналмилалӣ вуҷуд дорад, ки ҳукми қатлро поймол кардани ҳуқуқҳои бунёдии инсон медонад”,- афзуд Баҳриева.
Албатта масъалаи комилан лағв кардани ҳукми қатл ҷонибдор ва мухолифони худро дорад.
Соли 2010 Бунёди ҷамъиятии “Нотабене” аввалин ва то имрӯз ягона таҳқиқоти марбут ба омӯзиши афкори ҷомеаро дар бораи ҳукми қатл анҷом дод. Ин назарсанҷӣ миёни сокинони одӣ ва намояндагони ниҳодҳои давлатӣ анҷом шудааст.
Он вақт маълум шуда буд, ки бештар аз нисфи пурсидашудаҳо миёни мардуми одӣ (61,18%) мухолифи нигоҳ доштани ҳукми қатл дар Тоҷикистон ҳастанд. Аммо дар ин баробар 88%-и кормандони мақомоти тафтишотӣ ва прокуратура ҷонибдори нигоҳ доштани ҳукми қатл будаанд. 93%-и кормандони мақомоти додгоҳӣ ва судяҳо баръакс, ҷонибдори лағв кардани ҳукми қатл будаанд.
Андешаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо гузашти солҳо тағйир наёфтааст. Додситони кулли Тоҷикистон Юсуф Раҳмон борҳо изҳор дошт, ки ҷонибдори лағви мораторияи ҳукми қатл дар ҷумҳурӣ мебошад.
Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон низ ба ҳамин назар аст. Вай таъкид мекунад, ҷиноятҳое ҳастанд, ки “бахшидан мумкин нест”.
Ин матлаб дар доираи лоиҳаи “Рушди расонаҳои нав ва рӯзноманигории рақамӣ дар Осиёи Марказӣ”, ки онро Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) бо дастгирии Ҳукумати Бритониёи Кабир амалӣ мекунад, таҳия шудааст. Муҳтавои матлаб баёнгари нуқтаи назари расмии IWPR ё Ҳукумати Бритониёи Кабир нест.