© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Тоҷикистон: Ҷамъоварии маблағ барои нобудсозиву коркарди мошинҳо ронандаҳоро нигарон кардааст

Ронандаҳо аз ҷамъоварии маблағ барои нобудсозӣ ва коркарди мошинҳо (утилизатсия) дар Тоҷикистон нигаронанд. Коршиносон ҳадафи аслии ин иқдомро пур кардани буҷа медонанд.


Кӯчаҳои шаҳри Душанбе. Акс: CABAR.asia
Кӯчаҳои шаҳри Душанбе. Акс: CABAR.asia

Охири моҳи декабри соли 2023 парлумони Тоҷикистон ба қонун “Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет” тағйиру иловаҳо ворид кард. Бар асоси ин тағйирот соҳибони тамоми намуди нақлиёт муваззаф мешаванд, ки барои нобудсозии мошинҳо ба давлат молиёт пардохт кунанд. Ин пардохт аз ҳар воситаи нақлиёт як маротита ситонида хоҳад шуд.  

Вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода зимни муаррифии тарҳи мазкур гуфт, “лоиҳаи қонун бо мақсади таъмини бехатарии экологӣ, ҳифзи саломатии шаҳрвандон ва муҳити зист аз таъсири зарари партовҳо, инчунин дарёфти сарчашмаҳои иловагӣ ба қисми даромади буҷети давлатӣ таҳия гардидааст”.  

Ба гуфтаи ӯ, ин тасмим дар натиҷаи омӯзиши қонунгузории кишварҳои ҳамсоя, мисли Узбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Белорус ва Русия гирифта шудааст.

Ба таъкиди Қаҳҳорзода, пардохт барои нобудсозии воситаҳои нақлиёти автомобилӣ аз ҳар мошин як маротиба ситонида мешавад. Ба соҳиби он ҳуҷҷати тасдиқкунанда дода мешавад, ки то давраи нобудсозии воситаи нақлиёт эътибор хоҳад дошт.

“Иқдоми мазкур барои ворид гардидани маблағҳои иловагӣ ба буҷети давлатӣ замина гузошта, барои татбиқи чорабиниҳои дахлдор бобати таъмини вазъи мусоиди экологӣ дар кишвар мусоидат менамояд”,-изҳор дошт вазири молияи Тоҷикистон.

Ғиёсиддин Ашӯрзода, вакили парлумон аснои баррасии лоиҳа гуфт, тарҳи тағйиру иловаҳо аз ҷониби райисиҷумҳури Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

“Мақсад аз ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни мазкур муқаррар намудани пардохт барои нобудсозии воситаҳои нақлиёти автомобилӣ ва дарёфти сарчашмаҳои иловагӣ ба қисми даромади буҷети давлатӣ мебошад”,- таъкид намуд Ашӯрзода.

Масъулияти ситонидани пардохти мазкур ба зиммаи мақомоти Бозрасии давлатии автомобилии ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шудааст.

Раванди нобудсозии воситаҳои нақлиёт дар кишварҳои ҳамсоя чӣ гуна сурат мегирад?

Дар Қазоқистон барномаи коркарди мошинҳо соли 2016 оғоз шудааст. Ҳаҷми пардохт барои маҳву коркарди мошинҳо ба намуд ва категорияи воситаҳои нақлиёт вобаста аст. Соҳибони мошинҳо муваззафанд вобаста ба категорияи воситаи нақлиёти худ аз 229 ҳазор танга то 3 миллиону 139 ҳазор танга (аз 500 то 6,9 ҳазор доллар) молиёт супоранд.

Бар илова, ба соҳибони мошинҳое, ки воситаи нақлиёти худро барои маҳву коркард месупоранд, ҷубронпулӣ ё барои харидани мошини нав аз 48 ҳазор то 150 ҳазор танга (аз 105 то 328 доллар) тахфиф дода мешавад.

Дар Узбекистон шурӯъ аз 1 августи соли 2020 барои нобудсозии мошинҳои куҳна пардохти молиёт ҷорӣ гардид. Андозаи пардохтҳо аз категория, соли истеҳсол, ҳаҷми муҳаррики мошин вобаста буда, аз 670 то 31 ҳазор долларро ташкил медиҳад.

Ронандаҳо аз ҳаҷми андоз нигаронанд

Саймиддин Ҳасанзода, сардори шӯъбаи ташвиқоту таблиғоти РБДА, ҳаҷми пардохт барои нобудсозӣ ва барқарорсозии воситаҳои нақлиётро эълом кард.

Ҳамин тариқ, барои мотосиклҳо 360 сомонӣ (тақрибан 33 доллари ИМА), барои мошинҳои сабукрав ва дигар нақлиёте, ки беш аз 10 нафарро мекашонанд – 1584 сомонӣ (ҳудуди 145 доллар) ва мошинҳои боркашу техникаи махсус – 2880 сомонӣ (ҳудуди 264 доллари амрикоӣ) муқаррар шудааст.

Бар пояи иттилои Вазорати нақлиёт, то моҳи апрели соли 2023 дар Тоҷикистон беш аз 577 ҳазор воситаи нақлиёт ба қайд гирифта шудааст, аз ҷумла:

  • 50,248 мошини боркаш,
  • 15587 мошини сабукрав,
  • 507,661 мошини шахсӣ,
  • 1780 адад техникаи махсус,
  • 2036 мотосикл.

Тибқи ҳисобҳои CABAR.asia, дар сурати ситонидани андоз аз ин миқдор мошин, ба буҷаи кишвар бояд ҳудуди миллиард сомонӣ (91 миллион доллар) ворид шавад. Бо назардошти он ки соли 2024 бахши даромади буҷаи давлатӣ дар ҳаҷми 43 миллиард сомонӣ (ҳудуди 3,9 миллиард доллар) пешбинӣ шудааст, ин маблағ ҳудуди 2,3 дарсади тамоми даромадҳоро ташкил хоҳад дод.

Маоши миёна дар Тоҷикистон соли гузашта ҳудуди 170 долларро ташкил медод.

Қобили зикр аст, дар кишвар соле як маротиба мошинҳо бояд аз муоинаи фаннӣ бигзаранд. Соҳибони мошинҳои сабукрав 250 сомонӣ (ҳудуди 23 доллар) ва соҳибони навъҳои дигари нақлиёт 350 сомонӣ (ҳудуди 32 доллар) пардохт мекунанд.

Сироҷиддин Шарифов, сокини шаҳри Душанберо пардохти нав барои мошинҳо нигарон кардааст. Ӯ ҳамчунин мегӯяд, аз 1 январи соли ҷорӣ ҳаҷми андози нақлиёт ҳам афзоиш ёфтааст.

“Дар хона ду мошин дорем. Акнун барои ду мошин танҳо барои андоз тақрибан 3200 сомонӣ (ҳудуди 290 доллар) пардохт кардан лозим меояд. Ин хеле душвор аст”, -гуфт ӯ дар суҳбат бо CABAR.asia.

Ӯ илова кард, ки ҷорӣ шудани пардохти нав дар пасманзари болоравии молиёт ва пули барқ сурат мегирад.

“Ҳар сол аз санҷиши техникӣ мегузарем ва барои он ҳам маблағ сарф мекунем. Саволе ба миён меояд, ки пулҳо барои нобудсозиву коркарди дубора ба куҷо меравад?”- мепурсад Шарифов.

 Рустам Ҷалил, як ронанда аз шаҳри Душанбе, ҳанӯз дар мавриди ин тасмими парлумон чизе намедонад.

“Ман якчанд мошин доштам, аммо онҳоро ҳеч гоҳе барои нобудсозӣ надодаам. Аз ин рӯ намедонам, ки қаблан чунин маблағ ситонида мешуд ё не”, -мегӯяд Рустам Ҷалил.

Ӯ муътақид аст ки агар ин чиз воқеан кор кунад, “хуб мешавад”.

“Дар амал қисмҳои эҳтиётии мошинҳои дар садама харобшударо мефурӯшанд ва танҳо баданаи он боқӣ мемонад, ки бояд нобудсозӣ ё коркард шавад. Агар тамоми ин мавод дубора коркард шавад, ман омодаам, ки пардохт кунам. Зеро ин барои ояндаи фарзандони мо муҳим аст”, -таъкид мекунад Рустам Ҷалил.

Бо вуҷуди ин, ӯ афзуд, барои бисёриҳо пардохт кардани маблағ дар ин ҳаҷм мушкил хоҳад буд.

“Маоши ман нисбат ба дигарон зиёд аст, аммо ҳатто барои ман ин маблағ калон аст. Ҳама пардохтҳо тавассути бонкҳо сурат мегиранд, бояд имкон дода шавад, ки маблағро қисм-қисм пардохт кунанд”, – пешниҳод мекунад Рустам Ҷалил.

Андози нав барои соҳибони мошинҳо дар Тоҷикистон

Ба гуфтаи шореҳи иқтисодӣ Нур Сафаров, пеш аз ҳама бояд худи тартиби нобудсозӣ коркард мешуд.

“Ин таҷриба дар кишварҳои пешрафта вуҷуд дорад, аммо пардохт барои нобудсозӣ танҳо баъди он сурат мегирад, ки мошин ба партовгоҳ бурда мешавад ва мувофиқи шароити технологӣ нобуд карда мешавад”,- шарҳ дод коршинос.

Ба гуфтаи ӯ, ҳоло масъалаи утилизатсияи мошинҳои куҳна ва ё дар натиҷаи садама харобшуда бо роҳи фурӯхтан ё супурдани мошини куҳна ё боқимондаи он дар ба истилоҳ “партовгоҳи мошинҳо”-и шаҳри Душанбе, ки он ҷо чанд нуқтаи ҷамъоварӣ вуҷуд дорад, ҳал карда мешавад. Баъдан соҳибони ин нуқтаҳо мошинҳоро ба қисмҳо ҷудо карда, онҳоро ба фурӯш мегузоранд.

“То ҷое ман медонам, ин як тиҷорати хусусӣ аст. Оё давлат марказҳои ҷамъоварии мошинҳои корношоямро таъсис медиҳад ё не ва ин чӣ гуна сурат мегирад, саволи кушода боқӣ мемонад”, -мегӯяд Сафаров.

Вай бовар надорад, ки ҷорӣ гардидани ин пардохт ба қимати мошинҳо таъсири ҷиддӣ мерасонад.

“Фикр мекунам, дар ояндаи наздик ба нархи мошинҳои дорои муҳаррикҳои дарунсӯз воридоти босуръати мошинҳои электрикӣ таъсир мерасонад. Ҳамчунин баланд шудани нархи хидматрасонӣ ва молҳо ба амал намеояд. Ба бозор бештар тағйирёбии нархи маводи сӯхт ва тағйирёбии қурби сомонӣ таъсир мерасонад”, – иброз дошт коршинос.

Нур Сафаров ба ин андеша розӣ аст, ки бо ин роҳ мақомот танҳо талош доранд буҷаро пур кунанд.

“Ба назари ман, афзалияти пур кардани буҷа дар ҷойи аввал аст. Иштиҳо ҳангоми овардани ғизо меояд. Бо назардошти воқеиятҳои мо, кадом як натиҷаи мусбати иқтисодиро набояд интизор шуд. Ронандаҳо бояд миёнбандҳояшонро сахт банданд”,- мегӯяд Нур Сафаров.

Ҳуқуқшинос Шокирҷон Ҳакимов тасмими ҷорӣ кардани пардохт барои нобудсозии мошинҳоро хилофи қонунгузорӣ медонад.

“Зеро амалан ин маънои ҷорӣ кардани андозро дорад. Онҳое ки ҳуқуқи ба Суди конститутсионӣ муроҷиат карданро доранд, бояд баҳодиҳии моҳияти ҳуқуқ ва ислоҳи эътирозро талаб кунанд. Дар акси ҳол, миёни қишрҳои муайяни ҷомеа нигаронӣ пайдо мешавад”,- мегӯяд Ҳакимов.

 Аниса Абибуллоева, корманди созмони экологии “Замини хурд” мегӯяд, андоз барои нобудсозӣ ва коркарди мошинҳо дар ҷаҳон як таҷрибаи хеле маъмул аст, ки дар аксари кишварҳои ҷаҳон татбиқ мешавад.

“Аммо дар шароити Тоҷикистон бояд усулҳои ғайрирасмии коркарди мошинҳо, ки дар кишвар ба таври васеъ истифода мешаванд, ба назар гирифта шавад”,- мегӯяд коршинос.

Ба андешаи вай, дар кишвар инфрасохтори омода барои коркарди пурраи мошинҳо вуҷуд надорад.

“Мо умедворем, ки маблағи ин пардохт воқеан барои эҷоди як низоми коркарди мошинҳо ба нафъи муҳити зист масраф мешавад”,- изҳор медорад Аниса Абибуллоева.

If you have found a spelling error, please, notify us by selecting that text and pressing Ctrl+Enter.

Spelling error report
The following text will be sent to our editors: