“Таъсири пандемияи коронавирус ба Тоҷикистон дар ду давра мегузарад: аввалан – паёмадҳои манфии ҷаҳонӣ; дуввум – паҳн шудани COVID-19 дар дохили кишвар ва ҷорӣ гардидани низоми карантин”,-таъкид мекунад таҳлилгари мустақил Дориюш Солиев дар матлабе, ки барои CABAR.asia навиштааст.
Ба канали мо дар Telegram обуна шавед!
Хуруҷи коронавируси COVID-19, ки ба пандемия табдил шуд, чолише барои тамоми инсоният гардид. Пандемия на танҳо ба низоми тандурустӣ дар тамоми ҷаҳон зарба зад, балки чолиши навбатӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ ва тарзи зиндагии одамон гардид.
Вируси COVID-19 дар 213 кишвару қаламрав[1] ба қайд расида, теъдоди сироятёфтаҳо марзи 1 900 000[2] нафарро гузаштааст. Вирус аз канори Осиёи Марказӣ ҳам рад нашуд ва дар Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбекистон чораҳои карантинӣ ҷорӣ шудаанд. Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон ягон ҳолати сироятёбӣ ба қайд нарасидааст. Аз нимаи дуввуми моҳи апрел беш аз 1800[3] нафар дар карантин қарор доранд ва хавфи зуҳури коронавирус дар Тоҷикистон боқӣ мемонад.
Бо ин ҳол, агар вазъро таҳлил намоем, таъсири пандемияи коронавирус ба Тоҷикистон дар ду давра мегузарад: аввалан – паёмадҳои манфии ҷаҳонӣ, бинобар ҷорӣ гардидани чораҳои карантинӣ дар дигар кишварҳо; дуввум – таъсири бевоситаи COVID-19 ба аҳолӣ дар сурати паҳншавии он ва ҷорӣ гардидани низоми карантин дар Тоҷикистон.
Давраи 1. Коронавирус туризмро буғӣ кард?
Дар навбати аввал, бинобар манъи тамоми хатсайрҳои ҳавоӣ аз Тоҷикистон ва ба Тоҷикистон низоми туризм дар кишвар, ки бе ин ҳам вазъи хубе надошт, зарар мебинад. Раисҷумҳури Тоҷикистон дар паёмҳои худ[4] аз муҳим будани рушди туризм дар кишвар зиёд мегӯяд ва ба ҳукумат дастур медиҳад, ки сари ҷалби сайёҳон ва таъсиси тамоми шароит кор кунанд.
Бар пояи иттилои Кумитаи рушди сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон[5], соли 2019 беш аз 1 250 000 сайёҳи хориҷӣ аз Тоҷикистон дидан кардааст. Бештари сайёҳон[6] аз кишварҳои ҳамсоя ва Русия будаанд.
Эпидемияи коронавирус авзоъро тағйир медиҳад, зеро он дар ҳар минтақа ба сурати гуногун мегузарад: дар замоне ки Чин тавонист ҷилави паҳншавии COVID-19-ро бигирад, дар Италия, Испания ва ИМА эпидемия идома дошта, ҳамарӯза теъдоди бештари сироятёфтаҳо ошкор мешавад. Аллакай дар тамоми ҷаҳон туризм бозистод. Карантин ба парвозҳои байналмилалӣ шояд аз чанд моҳ то ним соли дигар тамдид шавад, ки зарбаи сахте ба низоми туризм дар Тоҷикистон дар авҷи мавсими баҳорӣ хоҳад буд.
На танҳо талошҳои ҳукумат беасар мемонанд, балки бахши суструшдкардаи туризми кишвар, ки соли 2019 – $23 млн. [7] даромад дошт, зиён мебинад. Меҳмонсаро ва меҳмонхонаҳо аллакай зиён мебинанд ва фаъолияти худро муваққатан манъ кардаанд, мисле ки ин корро қаблан «Hilton»[8] кард.
Аммо агар шабакаҳои бузурге мисли «Hilton» эҳтимолан тавонанд буҳронро пушти сар кунанд, пас меҳмонхонаҳои нисбатан хурдтарро хатари комилан аз фаъолият бозмондан таҳдид мекунад.
Муҳоҷирон
Зарбаи дигар ба иқтисоди Тоҷикистон тавассути муҳоҷирони меҳнатӣ мерасад, ки асири чораҳои муҳофизатӣ, аз ҷумла дар Русия ва Тоҷикистон шудаанд. Дар айни замон, бинобар ҷорӣ шудани низоми канорагирӣ ё гӯшанишинӣ дар Русия, муҳоҷирони меҳнатии тоҷик имкони кор карданро надоранд, манъи парвозҳо аз Тоҷикистон ба Русия ё баръакс бошад, имкони ҳар гуна ҳаракат кардани онҳоро номумкин гардонидааст.
Аз як тараф, муҳоҷирати мавсимӣ аз Тоҷикистон, ки фарогири ҷавонони зиёди тоҷикистонӣ ҷиҳати кор ба Русия мебошад, дар пайи баста будани марзҳо барои шаҳрвандони хориҷӣ ва ашхоси бешаҳрвандӣ дасти кам то моҳи майи соли 2020 номумкин шуд[9]. Аз ҷониби дигар, дар бештари минтақаҳои Русия[10] низоми канорагирӣ ҷорӣ шудааст ва он муҳоҷирони меҳнатиеро ҳам, ки дар қаламрави Русия қарор доранд, фаро мегирад.
Ҷорӣ шудани карантин, бисёриҳоро аз ҷойи кор маҳрум кард, гузашта аз ин муҳоҷирони меҳнатӣ ҳеч гуна маблағи кафолати иҷтимоие аз давлат дарёфт намекунанд, чун маъмулан муҳоҷирон бар асоси шартнома (корбайъ) дар ширкатҳои хусусӣ кор мекунанд ва ҳатто онҳое низ ҳастанд, ки фаъолияти ғайриқонунӣ доранд.
Тибқи қонун, Русия танҳо ба кормандони буҷавӣ (шаҳрвандон) ва танҳо дар сурати ҷорӣ шудани вазъи фавқулодда, ки ҳоло дар Русия ҷорӣ нашудааст, маблағ медиҳад. Ба ибораи дигар, барои истироҳати маҷбурӣ, ки дасти кам то авохири апрел идома мекунад[11], муҳоҷирон ҳеч гуна имтиёзи иҷтимоӣ намегиранд, чун дар қонунгузории Русия ин чиз пешбинӣ нашудааст.
Бо назардошти идомаёбии низоми канорагирӣ, худи муҳоҷирон ҳам бино ба пардохти патент, сабти ном ва рӯзгузаронии мушкил дар шароити пандемия зарар мебинанд. Чунин вазъ сардаргумӣ дорад, зеро аз як тараф муҳоҷирон наметавонанд кор кунанд, то маблағи патенту сабти номро пардохт намоянд, аз тарафи дигар наметавонанд ба ватан баргарданд, чун марзҳо баста аст.
Гузашта аз ин, “яхбандӣ”-и муҳоҷирон яке аз зарбаҳо ба иқтисоди Тоҷикистон мешавад, ки 30 дарсади ММД-ашро маблағи муҳоҷирони меҳнатӣ аз Русия ташкил медиҳад. Бино ба маълумоти нашршудаи ду соли ахир, муҳоҷирони меҳнатӣ нимаи дуввуми[12] соли 2018 ва соли 2019 аз 600 то 800 миллион доллар фиристодаанд.
Дар пасманзари беқурбшавии рубл, бар асари афтиши нархи нафт[13] ва пандемия интиқоли маблағ дар ин давра ба ҳадди қобили мулоҳиза коҳиш меёбад. Президенти Федератсияи муҳоҷирон Вадим Коженов ва сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов ба ҳукумати Русия муроҷиат карда, хоҳиш намуданд, ки ба муҳоҷирин иҷоза бидиҳанд, то замони анҷоми низоми канорагирӣ маблағи патентро пардохт накунанд[14] .
Ҷанбаи дуввуми ин мушкил санҷишҳои пайвастаи муҳоҷирон барои доштани патент ва сабти ном аст. Дар вазъияти кунунӣ бештари муҳоҷирон имкон надоранд, ки ҳуҷҷатҳои худро дуруст кунанд ва дар сурати чунин тафтишҳо барои нақзи қонунгузории Русия боздошт мешаванд. Оё ҳукумати Русия омода аст, ки ба муҳоҷирони корӣ сабукӣ бидиҳад, саволи муҳимест, зеро муҳоҷирон чӣ барои Тоҷикистон ва чӣ барои Русия даромад меоранд.
Давраи 2: Паёмадҳои зуҳури COVID-19
Карантин
Роҳи мантиқӣ ва корагари назорати паҳншавии коронавирус карантин мебошад. Он канорагирии тамоми одамон аз ҳамдигар ва манъи тамоми чорабиниҳои оммавӣ, таълим, кор ва ғайраро дар бар мегирад. Ба ибораи дигар, маҳдуднамоии он фаъолиятҳои иҷтимоӣ, ки одамон то ҳанӯз бархурдор буданд. Таҷрибаи кишварҳои дигар нишон дод, ки ин амал ба тамоми авзои иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар таъсир мерасонад. Мехостам чанд мавриди муҳимро таъкид кунам (ба ҷуз низоми тандурустӣ, ки бе ин ҳам маълум аст, аз ҳама муҳим ба ҳисоб меравад), ки набояд сарфи назар шаванд: амнияти озуқаворӣ, тиҷорат, интернет ва омӯзиш. Бешак, тағйирот дар тамоми бахшҳои зиндагӣ ба вуҷуд меоянд, аммо ҳолатҳои зикршуда барои нигоҳдошти фаъолияти ҷомеа ва давлат калидӣ ҳастанд.
Амнияти озуқаворӣ
Чанде пештар, комиссияи иқтисодии АвруОсиё содироти маҳсулоти муайянеро манъ кард. Дар пайи паҳн шудани коронавирус аз кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё муваққатан содироти ҷавдор, биринҷ, марҷумак, дон, орд, бехпиёз, сир ва ғайра[15] манъ карда шуд.
Гузашта аз ин, Қазоқистон ба содироти гандуму орд[16] маҳдудият ҷорӣ кард. Тоҷикистон аъзои иттиҳоди мазкур нест ва ҳамасола 60 дарсади гандумро аз ҳаҷми умумии талаботи дохилӣ аз Қазоқистон ворид мекунад. Акнун, Қазоқистон то августи соли равон маҳдудияти моҳонаи фурӯши гандумро дар ҳаҷми 200 ҳазор тон барои Тоҷикистон, Қирғизистон, Узбекистон ва Афғонистон муайян кард.
Талаботи моҳонаи гандум дар Тоҷикистон 90 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад[17]. Акнун, соҳибкорони кишварҳои мазкур барои фурӯши гандум дар кишвари худ рақобат мекунанд. Тоҷикистон метавонад барои ворид кардани гандум аз Русия талош кунад, аммо дар ин ҳолат, ба гуфтаи соҳибкорон[18] нархи орд дар пайи харҷҳои нақлиётӣ боло меравад.
Инчунин, дар интиқоли биринҷ ҳам маҳдудият ҳаст, ки Тоҷикистон онро аз Қазоқистону Русия меорад. Ба ин нигоҳ накарда, Тоҷикистон кумаки башардӯстонаи Қазоқистонро дарёфт кард, ки аз 5 000 тонна орд иборат буд ва талабот ба ин навъи маҳсулотро то андозае коҳиш медиҳад[19].
Мушкили дигар, пардохтпазирии аҳолӣ дар ҳолати ҷорӣ гардидани карантин аст. Ҳукумат ва аз ҳама муҳим буҷаи Тоҷикистон то куҷо омодаи пардохти маблағ ба кормандони буҷавӣ ҳаст? Одамоне ки дар бахши хусусӣ кор мекунанд, ба эҳтимоли зиёд ба рухсатии бемузд фиристода мешаванд ва маҷбуранд, ғами зинда мондани худро худ бихуранд.
Мушкил ин аст ки муҳоҷирон ҳам дар карантин ҳастанд ва наметавонанд ба хонаводаи худ ёрӣ расонанд ва ин омил мушкилро бештар мекунад. Онҳое ки тариқи корбаъй фаъолият менамоянд, бе васоити рӯзгузаронӣ мемонанд.
Тиҷорат
Тақдири тиҷорати хурду миёна, ки бе ин ҳам дар вазъи хуб қарор надоранд[20], чӣ мешавад? Паёмадҳои карантин барои бештари соҳибкорон ҳалкунанда хоҳад буд. Дар навбати аввал, карантин фаъолияти бисёр ширкатҳоро барои он аз кор мемононад, ки одамон ба кор намераванд. Дувум, он корхонаҳое ки аз ҳисоби даромад кор мекунанд, зарар мебинанд ва маҷбур мешаванд тиҷорати худро банданд. Бояд таъкид намуд, ки вазъият авзои пардохти қарзҳоро бад мекунад.
Сеюм, аҳолии аз даромад маҳрум наметавонад андозҳоро пардозад. Бештари кишварҳо аҳолиро аз пардохти андоз ва қарзҳо муваққатан озод карданд, то ки ба ҳадде зарари тиҷоратро камтар кунанд. Бонки миллии Тоҷикистон айни замон муваққатан озод кардан аз пардохти карзҳоро баррасӣ ва вазъро таҳлил мекунад[21].
Дар ин ҳолат, ба тиҷорат ва аҳолӣ хеле муҳим аст, ки аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон дастгирии фаврӣ ёбанд. Тасмим дар бораи эълони “танаффуси молиётӣ” саривақтӣ ва муҳим буда, имкон хоҳад дод то андозае вазъи тиҷорат ва одамон дар кишвар сабук карда шавад. Савол инҷост, ки оё ҳукумат ба худ иҷоза медиҳад, ки чунин иқдоме бигирад?
Мушкил дар ин аст ки интиқоли пули муҳоҷирони меҳнатӣ аз Русия то вақти номуайян номумкин шудааст ва андоз ягона манбаи пурра кардани буҷа мебошад. Агар ҳукумат тасмим бигирад, ки нақшаи пурра кардани буҷаро иҷро кунад, пас пардохти андозро манъ намекунад.
Умед мебандем, ки то ин ҳол намерасем. Зеро ин метавонад ба оммавӣ баста шудани тиҷорат ва боло рафтани мизони бекорӣ оварда расонад. Ва ин метавонад ба афзоиши ҷинояткорӣ ва норизоиятӣ миёни аҳолӣ сабаб гардад.
Интернет
Пандемияи коронавирус ҳамаро маҷбур сохт, ки ба низоми онлайн бигзаранд, аммо дар Тоҷикистон ин метавонад ба як мушкил табдил ёбад. Мушкили суръат ва нархи интернет дар Тоҷикистон яке аз мавзӯъҳои доғи Осиёи Марказӣ аст. Зеро кишвар аз ин нишондиҳандаҳо дар ҷаҳон мақоми 103-юмро[22] ишғол намудааст.
Аз 1 майи соли 2020 андози моҳонаи 80 дирам (0,8 USD) аз ҳар муштарӣ бекор мешавад[23], аммо ин маблағро ширкатҳои мобилӣ хоҳанд пардохт. Оғози моҳи апрел маълум гардид, ки бархе ширкатҳо арзиши тарофаҳои худро боло бурдаанд[24]. Дар ҳолати ҷорӣ шудани низоми карантин дар Тоҷикистон барои провайдерҳо ва давлат мушкили сифат ва дастрасӣ ба интернет масъалаи мубрам мегардад.
На ҳамаи одамон интернет доранд[25] ва на ҳар кас метавонад аз хона кор кунад. Ҳоло фурсати муҳим аст, дарк намоем ки вазъи феълии интернет ба ҳама бахшҳо зарар мерасонад: давлат, тиҷорат ва аҳолӣ. Чораҳои карантинӣ нишон хоҳанд дод, ки ҷомеа наметавонад дар шароити интернети гаронарзиш ва суръаташ заиф кор кунад.
Маориф
Оё низоми маорифи Тоҷикистон омода аст ки ба омӯзиши онлайн бигзарад, саволест беҷавоб. Омодагии кадрҳо ва дастрасии интернет муътамад нестанд. Дар ҳоли ҳозир гузариш ба реҷаи таълими онлайн бо назардошти адами чунин таҷриба дар гузашта ва набудани сенарияи дахлдор дар барномаи вазорати маориф метавонад муассир набошад.
Инчунин бояд ба назар гирифт, ки хонандаҳои мактаб ва донишҷӯён, ки дар минтақаҳо мехонанд, наметавонанд тавассути интернет ба дарс фаро гирифта шаванд. Дастрасӣ ба интернет дар минтақаҳо яке аз мушкилоти аслӣ аст. Гузашта аз ин, бо назардошти арзиши гарон ва суръати паст, дарсҳои онлайн хароҷоти иловагие мешаванд, ки аксар наметавонанд ба худ иҷозат бидиҳанд. Ягона роҳ барои мақомот дар ин ҳолат эълони таътил ва ба худомузӣ гузаштани хонандаҳову донишҷӯён аст.
Мушкил дар ин аст ки Тоҷикистон ба паёмадҳое тамаркуз кардааст, ки пандемия бевосита ба одамон мерасонад. Ин огоҳсозӣ, профилактикаи коронавирус, қабули кумак – таҷҳизоти тиббӣ аз кишварҳои дигар мебошад. Аз нигоҳи иқтисодӣ, Тоҷикистон аз ҳукумати Олмон 1 миллион евро[26], аммо барои хариди таҷҳизоти тибӣ; аз ХБА – 11,3 миллион доллар [27] ва аз Иттиҳоди Аврупо 48 миллион евро [28] барои дастгирии иқтисод ва мубориза бо паёмадҳои коронавирус мегирад.
Ин маблағҳо барои бартараф сохтани паёмадҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ кофӣ нестанд. Бояд барои ба ҳадди ниҳоӣ кам кардани ин паёмадҳо талош кард.
Чӣ хулосаҳое метавон кард?
Пандемияи COVID-19 ҷаҳонро ба як буҳрони дигар мекашад. Тоҷикистон чун ҷузъи низоми ҷаҳонӣ дар ҳар сурат ба паёмадҳои он мувоҷеҳ мешавад. Аммо беҳтар аст, ки чораҳои саривақтӣ андешида шаванд, то барои тамоми паёмадҳои иқтисодӣ, ки метавонад рӯй диҳад, омода буд. Дар марҳилаи кунунӣ чӣ тавсияҳое мешавад дод:
Аввалан, ҳукумати Тоҷикистонро зарур аст бо ҳукумати Русия дар мавриди масъалаи сабукии патенти муҳоҷирони корӣ дар ҷараёни канорагирӣ ба мувофиқа бирасад. Ин қадам ҳам барои Тоҷикистон ва ҳам барои Русия муфид хоҳад буд, зеро муҳоҷирон барои ҳар ду кишвар даромади хуб меоранд. Дар низоми канорагирӣ дар Русия муҳоҷирон дар вазъи баде гирифтор шудаанд ва ба кумаки давлати худ ниёз доранд.
Дуввум, таъмини амнияти озуқаворӣ. Новобаста ба захираи муайяни маҳсулоти ниёзи аввал, кишварҳои аъзои иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё содироти маҳсулотро барои чанд моҳ маҳдуд кардаанд. Тоҷикистонро зарур аст дар мавриди воридоти маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ва пешгирии қаллобӣ дар бозор чора биандешад.
Ҷорӣ кардани низоми карантин метавонад одамонро ба воҳима андохта, нархи маҳсулоти ниёзи аввал дар бозор боло равад.
Сеюм, дар сурати ҷорӣ гардидани карантин дар Тоҷикисон омодагӣ ба таътили махсуси андозӣ барои тиҷорати хурду миёна барои идомаи фаъолияти онҳо муҳим мебуд. Корхонаҳое ки дар бахши туризм кор мекунанд, ҳамин ҳоло бояд имтиёзҳои андозӣ бигиранд, чун аввалин шуда, онҳо зери зарба монданд.
Ҳамзамон мешавад туризми дохилиро рушд дод. Ин метавонад барои рушди ин навъи сайёҳӣ мусоидат кунад. Инчунин муҳим аст, ки шаҳрвандон дар ин вазъият дастгирӣ ёбанд. Давлат то куҷо омодааст, ки масалан мардумро аз пардохти хизматрасониҳои коммуналӣ озод кунад, бояд аз қабл мавриди таҳлил қарор дода шавад. Аммо дар сурати ҷорӣ шудани низоми канорагирӣ ва ё карантини шадид, мардумро дастгирӣ кардан мантиқӣ аст.
Чорум, баланд кардани суръати интернет ва барои мардум дастрас кардани нархи он. Интернет омили муҳимтарин барои дуркорӣ, таълим ва пеш бурдани тиҷорат мебошад. Ҷаҳон ба реҷаи онлайн гузашт ва дар ин вазъи мавҷуд Тоҷикистон имкони бархурдорӣ аз имконотеро, ки онлайн ба амал меоянд, аз даст медиҳад.
Панҷум, муҳим аст ки ҳамин ҳоло ба низоми тандурустӣ таваҷҷуҳ кард ва ба вазъи бад омода шуд. Муҳим аст, ки омори паҳншавии вирусро дар кишварҳои мухталиф омухт. Таҷҳизоти тиббӣ ва духтурон дар сурати паҳншавии эпидемия дар Тоҷикистон кофӣ нест.
Ҳукуматро зарур аст на танҳо бо кумакҳои хайрия, балки аз маблағи буҷа ҳам таҷҳизот бихарад. Инчунин муҳим аст барои таъсиси қароргоҳҳои муваққатӣ барои сироятёфтагон дар сурати пур шудани тамоми беморхонаҳо омода буд. Интихоби бинои мувофиқ муҳим буда, барои муҷаҳҳаз кардани он низ бояд чора андешид.
Ин матлаб дар чорчӯби тарҳи IWPR «Ҳамовозӣ барои дигарсозӣ — аз ҳошия то бодия» нивишта шудааст.
[1] Coronavirus disease (COVID-19) Pandemic, WHO, https://www.who.int/emergencies/diseases/novel-coronavirus-2019
[2] COVID-19 Dashboard by the Center for Systems Science and Engineering, Johns Hopkins University, https://gisanddata.maps.arcgis.com/apps/opsdashboard/index.html#/bda7594740fd40299423467b48e9ecf6
[3] В Таджикистане на карантине находятся 1836 человек, Sputnik, https://tj.sputniknews.ru/country/20200413/1031055939/tajikistan-karantin-nakhodyatsya-1836-chelovek.html
[4] Эмомали Рахмон и год развития туризма и народных ремёсел. Летопись Лидера нации-2018, Государственный комитет по инвестициям и управлению государственным имуществом, https://investcom.tj/ru/novosti/502-jemomali-rahmon-i-god-razvitija-turizma-i-narodnyh-remesel-letopis-lidera-nacii-2018.html
[5] Ширин Амонзода: «Таджикистан в прошлом году посетили 1 миллион 257 тысяч 300 иностранных туристов», Комитет по развитию туризма при Правительстве Республики Таджикистан,https://traveltajikistan.tj/ru/%d1%80%d1%83%d1%81%d1%81%d0%ba%d0%b8%d0%b9-%d1%88%d0%b8%d1%80%d0%b8%d0%bd-%d0%b0%d0%bc%d0%be%d0%bd%d0%b7%d0%be%d0%b4%d0%b0-%d1%82%d0%b0%d0%b4%d0%b6%d0%b8%d0%ba%d0%b8%d1%81%d1%82%d0%b0%d0%bd/
[6] Сколько туристов посетили Таджикистан в 2019 году, Sputnik, https://tj.sputniknews.ru/infographics/20200226/1030777256/Tajikistan-turisty-viza.html
[7] В минувшем году туризм принес казне Таджикистана почти 23 миллиона долларов, Sputnik, https://tj.sputniknews.ru/country/20190208/1028215269/turizm-budjet-tajikistan.html
[8] В Таджикистане гостиница Hilton Dushanbe временно закрылась из-за коронавируса, ASIA-Plus https://asiaplustj.info/ru/news/tajikistan/society/20200331/v-tadzhikistane-gostinitsa-hilton-dushanbe-vremenno-zakrilas-iz-za-koronavirusa
[9] Совещание с членами Правительства, Президент России, http://kremlin.ru/events/president/news/63001
[10] В каких регионах введен режим самоизоляции, Meduza, https://meduza.io/feature/2020/03/30/v-kakih-regionah-rossii-vveden-rezhim-samoizolyatsii-spisok
[11] Обращение к гражданам России, Президент России, http://kremlin.ru/events/president/news/63133
[12] Денежные переводы из России в Таджикистан остаются на прошлогоднем уровне, ASIA-Plus, https://www.asiaplustj.info/ru/news/tajikistan/economic/20191219/denezhnie-perevodi-iz-rossii-v-tadzhikistan-ostayutsya-na-proshlogodnem-urovne
[13] Из-за пандемии и падения цен на нефть Россия не преодолеет кризис обычными методами, Meduza, https://meduza.io/feature/2020/03/19/iz-za-pandemii-i-padeniya-tsen-na-neft-rossiya-ne-preodoleet-krizis-obychnymi-metodami-vot-chetyre-problemy-kotorye-nado-reshit-kak-mozhno-skoree
[14] Мигранты в России требуют отменить оплату патента на время карантина, Радио Озоди, https://rus.ozodi.org/a/30527810.html
[15] Как повлияет запрет ЕАЭС на вывоз продуктов в Таджикистан? ASIA-Plus, https://asiaplustj.info/ru/news/tajikistan/society/20200402/kak-povliyaet-zapret-eaes-na-vivoz-produktov-v-tadzhikistan
[16] Казахстан вводит ограничения на экспорт пшеницы. Таджикистан отныне будет получать муку по квоте, Радио Озоди, https://rus.ozodi.org/a/30521468.html
[17] Казахстан вводит ограничения на экспорт пшеницы. Таджикистан отныне будет получать муку по квоте, Радио Озоди, https://rus.ozodi.org/a/30521468.html
[18] Казахстан вводит ограничения на экспорт пшеницы. Таджикистан отныне будет получать муку по квоте, Радио Озоди, https://rus.ozodi.org/a/30521468.html
[19] Казахстан прислал Таджикистану 5 тысяч тонн муки, Sputnik, https://tj.sputniknews.ru/asia/20200414/1031062486/kazakhstan-gumpomoshch-tajikistan-muka.html
[20] На распутье. Что ждет средний и малый бизнес в Таджикистане?, Радио Озоди, https://rus.ozodi.org/a/30240247.html
[21] В Таджикистане рассматривают возможность объявления «кредитных каникул» из-за пандемии, ASIA-Plus, https://www.asiaplustj.info/ru/news/tajikistan/economic/20200408/v-tadzhikistane-rassmatrivayut-vozmozhnost-obyavleniya-kreditnih-kanikul-iz-za-pandemii
[22] Worldwide mobile data pricing: The cost of 1GB of mobile data in 230 countries, Cable.co.uk https://www.cable.co.uk/mobiles/worldwide-data-pricing/
[23] Антимонопольная служба: ежемесячные 80 дирамов будут платить сотовые операторы, тарифы подорожают незначительно, ASIA-Plus, https://asiaplustj.info/ru/news/tajikistan/society/20200317/antimonopolnaya-sluzhba-ezhemesyachnie-80-diramov-budut-platit-sotovie-operatori-tarifi-podorozhayut-neznachitelno
[24] Мобильные операторы Таджикистана повысили тарифы на некоторые услуги, Радио Озоди, https://rus.ozodi.org/a/30527240.html
[25] Обзор телеком рынка Таджикистана: Доступ в интернет и интернет-услуги, Digital.Report, https://digital.report/tadzhikistan-dostup-v-internet/
[26] Германия выделила Таджикистану миллион евро для борьбы с коронавирусом, Sputnik, https://tj.sputniknews.ru/country/20200320/1030921598/germany-tajikistan-koronavirus.html
[27] Всемирный банк выделит Таджикистану $11,3 млн на борьбу с угрозой коронавируса, Радио Озоди, https://rus.ozodi.org/a/30527605.html
[28] ЕС предоставит Таджикистану 48 млн евро в рамках борьбы с коронавирусом, Радио Озоди, https://rus.ozodi.org/a/30552289.html