Воситаи ахбори оммаи кишвар шикояти кормандони тибро дар мавриди набуди либосҳои муҳофизатӣ ба нашр мерасонад, аммо Вазорати тандурустӣ ин идаоро, ки кормандони тиб аз ҳисоби худашон либои тиббӣ мехаранд, рад мекунад. Дар ҷараёни тадқиқоти журналистӣ маълум гардид, ки кормандони беморхонаҳо ва марказҳои тиббӣ дар Тоҷикистон маҷбуранд аз ҳисоби худашон либоси махсуси муҳофизатӣ, дастпуш, ниқоб ва айнакро харидорӣ намоянд.
Ба саҳифаи мо дар Фейсбук обуна шавед!
Фурӯши либоси муҳофизатӣ ва дигар ашёҳои тиббиро Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ тасдиқ намуд (бойгонӣ). Зимни як вохуриаш бо фаъолони вилояти Суғд дар Хуҷанд ӯ қайд кард, ки тафтишоти прокуратура ҳолатҳоеро ошкор сохт, ки шахсони алоҳида вазъро барои фиреби ниёзмандон истифода мебурданд. Барои мисол, ӯ мудири анборхонаи бемористони марказии ноҳияи Конибодом Н. Муминовро ёдовар шуд, ки ӯ аз Созмони ҷамъиятии “Имдоди ғайрат” 15 адад либосҳои сахсуси тиббиро бо нархи 120 сомонӣ (10,6 $) харидорӣ карда, ғайриқонунӣ онҳоро бо арзиши 250 сомонӣ (22$) фурӯхтааст.
Вобаста ба ин, 28 уми июли соли 2020 ҷонишини якуми Сардори Агентии давлатии молиявии назорат аз болои коррупсия Аҳмадзода Музаффар Раҷаб ба платформаи таҳлии САВАR.аsiа иттилоъ дод, ки ҳолатҳои фурӯши либосҳои тиббӣ дар ҷараёни тафтишоти якҷоя бо кормандони Палатаи ҳисоб ошкор гардида буд. Дар рафти ин гуна тафтишот якчанд ҳолатҳои азхудкунии маблағҳо низ ошкор гардид.
Инчунин ҳолатҳое буданд, ки лавозомоти тиббӣ ва маводи доруворӣ ба муассисаҳои тиббӣ ворид гардидааст, аммо расман ба қайд гирифта нашудааст.
Дар ҷараёни тадқиқот мусоҳибони мо, тибибон, тасдиқ карданд, ки кормандони беморхонаҳо ва марказҳои тиббии шаҳру ноҳияҳои кишвар онҳоро водор намудаанд, ки аз ҳисоби худашон либосҳои махсус харидорӣ кунанд. Дар ҳамин ҳол, аксари ҳамсуҳбатони мо, аз тарси аз даст додани ҷойи корашон ва амнияти худ, аз ошкор намудани номашон худдорӣ карданд.
Рамзулло Юсупов, табиби беморхони %1 ҷамоати Кангурти ноҳияи Темурмалик, вилояти Хатлон ба мо гуфт, ки дар аввал ниқобу дастпӯшҳоро аз ҳисоби худашон харидорӣ мекарданд. Вай афзуд, ки дар аввал ӯ либоси махсуси муҳофизатӣ надошт, аммо баъдан дастрас кард.
Рамзулло гуфт, ки табибон бояд бо лавозимоти муҳофизатии тиббӣ таъмин бошанд, то худу дигаронро сироят накунанд. “Дар оғоз васоити гигиенӣ намерасиду шароит умуман набуд. Беморонро меоварданд, мо танҳо ба Худо такя карда, онҳоро аз ташхис мегузаронидем. Ё ин ки аз мо хоҳиш мекарданд, ки назди беморон рафта, ба онҳо кӯмаки аввалия расонем” – гуфт вай дар суҳбат бо САВАR.аsiа. Ба гуфтат вай, дар чунин ҳолат хатари сироятёбӣ аз ин вирус ва дигар бемориҳо хеле калон аст. Пизишк мегӯяд, дар беморхонаи онҳо ҳанӯз ҳам табибон бо либосҳои оддии тиббӣ бе лавозимоти муҳофизатӣ беморонро муоина мекунанд.
Корманди Хадамоти санитарию-эпидемиологии вилояти Суғд Ҷ. Ш низ харидории либоси махсуси муҳофзатиро аз ҳисоби худи табибон тасдиқ намуда, қайд кард, ки ӯ яке аз онҳоест, ки дар рӯзҳои аввали мавҷи коронавирус моҳи феврал дар хусуси бе либоси муҳофизатӣ ба беморхонаҳо рафтан ба роҳбарияти худ шикоят бурда буд. “Мо дар ҳақиқат либоси махсуси муҳофизатӣ надоштем. Аммо вақте роҳбарият маҷбур буд, ки моро ба фурудгоҳ ё беморхонаи сироятӣ фиристад, аз куҷое онҳо либоси муҳофизатӣ пайдо карданд. Он вақт он аз 160 то 250 сомонӣ ($15-22) арзиш дошт,- гуфт ҳамсуҳбати мо бо шарти ишфо накардани номаш.
Ҳамшираи тиб Ю.А., ки дар маркази тиббии шаҳри Хуҷанд фаъолият мекунад, иброз дошт, ки давоми моҳҳои аввали мавҷи коронавирус бештари кормандони тиб аз сабаби набудани либоси муҳофизатӣ дар мавриди аз кор рафтан ариза навиштанд. Аммо роҳбарият аризаҳояшонро қабул накард. “Роҳбарият онҳоро тарс доданд, ки агар корашонро идома надиҳанд, оянда онҳо дар ягон муассисаи дигар кор карда наметавонанд”, гуфт Ю. А.
Дар рафти суҳбат бархе кормандони Муассисаи давлатии “Шифобахш” (Беморхонаи Қара Боло дар Душанбе) низ изҳор доштанд, ки либоси муҳофизатии тиббиро аз ҳисоби худашон харидорӣ мекунанд.
Роҳбарияти он бошад, ин маълумотро рад мекунд. “Ба наздикӣ мо маҷмуи пурраи ингуна либосҳои тиббиро бо нархи 450 сомонӣ (39$) харидорӣ кардем. Шояд чунин либосҳоро танҳо ба пизишкони қабулгоҳ ва шуъбаҳои эҳёгарӣ ройгон медиҳанд. Аммо бештари шуъбаҳои марказ дар асоси худмаблағгузорӣ фаъолият доранд ва табиист табибон аз ҳисоби худашон либосу дигар лавозимоти тиббиро харидорӣ мекунанд”, – гуфт як корманди маркази тиббӣ бе ифшои номаш.
Сулаймон Давлатов, муовини Сардори Маркази миллии тиббии “Шифобахш” ин идаоро, ки табибон худашон либоси муҳофизатӣ, хусусан либоси тиббиро харидорӣ менамоянд, инкор мекунад. Вай гуфт, ин хабар, ки роҳбарият табибонро маҷбур кардааст, ки аз ҳисоби худашон сарулибоси тиббӣ харидорӣ намоянд, бепоя аст. “Моҳи феврали соли ҷорӣ мо ба ҳар як шуъба 5-10 дона, дар маҷмуъ 35 адад либоси тиббии муҳофизатӣ тақсим намудем”, – мегӯяд ӯ.
Як пизишки дигар аз вилояти Суғд дар суҳбат бо САВАR.аsiа гуфт, дар бемористоне, ки ӯ кор мекард, ҳамаи шуъбаҳо вазифадор шуданд то ба миқдори муайян ниқоб, таспӯш ва либоси тиббии муҳофизатӣ харидорӣ намоянд. Аз сабаби он, ки шуъбҳо фонди алоҳида надоранд, сардорон ва дигар кормандони тиб маҷбур будвнд вз ҳисоби худашон харидорӣ намоянд. Ба қавли вай, вазорати тандурустии кишвар пешниҳод кардааст то беморхонаҳои минтақаҳо лавозимоти муҳофизатиро худашон дастрас кунанд. “Вазорати тандурустӣ роҳбарони беморхонаҳоро супориш додааст, ки руйхати лавозимоти набуда, аз ҷумла, васоити муҳофизатиро тартиб дода, барои ҳалли он ба ҳукуматҳои маҳаллӣ муроҷиат намоянд.”,- гуфт манбаъ.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон ин иттилоъро рад намекунад ва мегӯяд, ки чунин фармон ба он беморхонаҳое, дода шуда буд, ки дар асоси худмаблағгузорӣ фаъолият мекунанд.
Дар маркази матбуотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суоли оё дар ин рузҳо ба табибони тоҷик васоили тиббии муҳофизатӣ (спирт, антисептик, ниқоб, дастпӯши яккарата ва халат) ройгон пешниҳод мешавад ё не, чунин посух доданд: “Маводҳои номбаршуда ба табибон ройгон дода мешавад. Дар ҳолатҳои норасоии онҳо роҳбарони муассисаҳои тиббӣ вазифдор гардиданд, ки барои кормандони худ аз ҳисоби худашон муҳайё созанд. Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2008 №600 “Дар бораи тартиби хизматрасонии тиббӣ-cанитарӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар беморхонаҳои давлатии тиббӣ” дар ҳолатҳои зарурӣ роҳбарони муассисаҳои тиббӣ вазифадоранд, ки кормандони худро аз ҳисоби маблағҳои воридшуда ё ин ки аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳукуматҳои шаҳру ноҳияҳо бо маводҳои лозимаи муҳофизатӣ таъмин намоянд”. Баҳси фурӯши либоси тиббии муҳофизатӣ инчунин дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ нигарониҳоро ба бор овардааст.
Аз ҷумла, 17 апрели соли 2020 ҳуқуқшинос Лола Яқубова дар саҳифаи худ дар Facebook навиштааст: “БА ТАБИБОН ЛИБОСҲОИ МУҲОФИЗАТИРО БО НАРХИ 150 СОМОНӢ МЕФУРӮШАНД!!! ОНҲО АЗ КУҶО ИН МАБЛАҒРО МЕЁБАНД!!! КАНӢ ЁРИҲОИ БАШАРДӮСТОНА??? ҲА ЁРИҲОИ БАШАРДӮСТОНАРО БЕИНСОФҲО МЕФУРӮШАНД!!! (бойгонӣ).
Истифодабарандаи дигари Facebook Гулсия Шерзамонова (бойгонӣ), 13 апрели соли 2020 аз гуфтаҳои як табиби оилавӣ навиштааст: “Имӯз бо як табиби оилавӣ (минтақавӣ) суҳбат кардам, гуфт онҳоро водор кардаанд, то либоси муҳофизатӣ харидорӣ кунанд. Маблағашро гуфт, на тнҳо як адад, балки бояд 10 маҷмуъ гиранд. Наход ин рост бошад? Агар ҳақиқат бошад, роҳбарони соҳа оё шумо девона шудаед?”
Дар рафти суҳбат бо САВАR.аsiа Гулсия Шерзамонова гуфтаҳои худро тасдиқ кард. Аммо табиби оилавӣ аз суҳбат бо мо худдорӣ карда, танҳо илова намуд, ки ҳама гуфтаҳои Гулсия рост аст.
Воситаи ахбори оммаи кишвар инчунин дар хусуси фурӯши доимии либоси тиббии муҳофизатӣ ба табибони тоҷик мегӯяд. Аз ҷумла, 5 май дар сомонаи “Азия плюс” мақолаи “На 12 врачей 4 костюма и плавательные очки вместо защитных” (бойгонӣ ба нашр расида буд, ки дар он пизишкон аз норасоии лавозимоти тиббӣ, хусусан либос ва айнакҳои муҳофизатӣ шикоят мекарданд.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дархости расмии мо дар мавриди фурӯши либоси муҳофизатӣ 1 июли соли 2020 таҳти №1-5\4501 бо имзои муовини вазир С. Ализода посухи расмӣ дод.
Дар он аз ҷумла гуфта мешавад, ки фурӯши либоси махсуси муҳофизатӣ қатъиян манъ аст. Онҳое, ки ба ин амал даст мезананд, аз ҷониби мақомоти давлатии дахлдор тибқи қонунгузории кишвар сахт муҷозот дода мешаванд. “Сарулибоси тиббии муҳофизатӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби мабағҳои буҷавӣ ва ёриҳои башардӯстонаи шарикон ворид гардида буд. Фурӯши он қатъиян манъ буда, барои табибон ройгон аст”, – гуфта шудааст дар мактуби расмӣ.
Намояндагони вазорати тандурустӣ ҳамагуна итттилоъро дар мавриди норасоии сарулибоси муҳофизатӣ ва хариди он аз ҳисоби худи кормандони тиб рад мекунад. Аммо омор ва таҳлилҳои созмонҳои байналмилалӣ баръакс нишон медиҳад.
Намояндагии Созмони милали муттаҳид дар Тоҷикистон 10 июн изҳор дошта буд, ки оғози мавҷи коронавирус беш аз 170 корманди тибро сироят карда буд. Сабабҳои аслии онро “норасоии маводи алоҳидаи муҳофизатӣ хусусан дар рӯзҳои аввали паҳншавии ин беморӣ” гуфта мешавад.
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ Ҷамолиддин Абдуллозода дар нишасти охири матбуотиаш ба рӯзноманигорон гуфт, ки “дар ҷараёни табобат ягон маврииди марги пизишкон ба қайд гирифта нашудааст”.
Ин изҳороти вазир баҳси зиёдро ба бор овард ва баъдан намояндагони раёсатҳои тандурустии вилоятҳои Суғду Хатлон дар хусуси марги 30 нафар кормандони тиб аз Covid-19 ва илтиҳоби шуш хабар доданд.
Радиои Озодӣ ҳам дар як тадқиқоти худ нашр кард, ки бештари қурбониёни эҳтимолии COVID-19 дар Тоҷикистон кормандони соҳаи тиб (72) мебошанд.
Сабабҳои аслии маргу мири табибону парасторони тоҷик ҳам норасоии васоили беҳдоштӣ ва муҳофизатӣ дониста мешавад, чунки онҳо дар ҷабҳаи аввали мубориза бо коронавирус қарор доранд.
Ин тадқиқоти журналистӣ дар доираи тарҳи «Giving Voice, Driving Change — from the Borderland to the Steppes Project», ки бо кумаки молии Вазорати хориҷаи Норвегия иҷро мешавад, нивишта шудааст. Назароти дарҷшуда дар ин матлаб баёнгари дидгоҳи хоси расона ва ё сарпарасти ин тарҳ нест.