Ҳатто мардони хидмати ҳарбиро анҷомдода ҳам баъзан мавриди сарбозгирӣ ё ба қавли маъруф “облава” қарор мегиранд. Дар Тоҷикистон таҷрибаи тавассути “облава” ба артиш бурдани ҷавонон ҳамасола ба мушоҳида мерасад.
Ба саҳифаи мо дар Фейсбук обуна шавед!
Дар Тоҷикистон даъват ба хидмати ҳарбӣ соле ду маротиба – баҳору тирамоҳ анҷом мешавад ва ҷавонони аз 18 то 27-сола ба артиш фаро гирифта мешаванд. Тибқи қонун хидмат дар сафи Неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ҳатмӣ мебошад. Донишҷӯён, саробонҳои ягонаи хона, падарони ду фарзанд аз хидмат дар артиш озод ҳастанд. Инчунин хуб набудани вазъи саломатӣ ҳам метавонад сабаби таъхир барои рафтан ба артиш шавад. Тибқи қоидаҳои даъват ба хидмати ҳарбӣ ба шахсони сину солашон мувофиқ даъватнома фиристода мешавад ва дар сурати мавҷуд набудани далели қонуние барои таъхир даъватшаванда бояд ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шавад. Дар сурати саркашӣ аз хидмат дар сафи Неруҳои мусаллаҳ мақомот ҳақ доранд ӯро маҷбуран ба артиш фиристанд.
Вазорати мудофиаи Тоҷикистон пайваста такрор мекунад, ки шароити хидмати ҳарбӣ дар муқоиса бо солҳои пеш хубтар ва теъдоди онҳое, ки ихтиёрӣ ба артиш мераванд афзоиш ёфтааст. Аммо дар раванди иҷрои нақшаи даъват ҳанӯз мушкил вуҷуд дорад ва ҳатто мушоҳидаҳои одӣ нишон медиҳанд, ки барои ҷалби ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ усулҳои ғайриқонунӣ истифода мешаванд.
Шикори ҷавонони синни даъват, ки бо номи “облава” маъруф аст, нақзи қонун аст. Мақомоти Тоҷикистон мавҷудияти “облава”-ро рад мекунанд, аммо шаҳрвандони одӣ ва таҳлилгарон борҳо аз шеваҳои ба артиш бурдани ҷавонон нигаронӣ кардаанд. Дар доираи тадқиқоти журналистӣ мо ба масъалаи шикори даъватшавандаҳо дар Тоҷикистон пардохтем ва талош кардем, маълум намоем ҳақ бо кӣ аст – сокинони одӣ, ки аз мавҷудияти “облава” нигаронӣ доранд ё мақомот, ки чунин далелҳоро рад мекунанд.
Бо билети ҳарбӣ ба хидмати ҳарбӣ
Бо оғози давраи даъват шаҳрвандон аз нақзи ҳуқуқҳои худ шикоят мекунанд. Бархе аз сокинон иддао доранд, ки мақомот талош мекунанд, онҳоро дар кӯча, бозор, ҷойи кору муассисаҳои таълимӣ дастгир ва бидуни пешниҳоди даъватнома ва ҳатто бидуни он ки бипурсанд хидмати ҳарбиро анҷом додаанд ё не, ба комиссариати ҳарбӣ бубаранд.
Сокини 26-солаи ноҳияи Рӯдакӣ, ки худро Фурқат Саидов муаррифӣ кард, дар мусоҳиба бо мо гуфт, новобаста ба он ки дар сафи Неруҳои мусаллаҳ хидмат кардааст, ӯро аз ҷойи кораш бо зӯр ба комиссариати ҳарбӣ бурданд. Ба гуфтаи Фурқат, 14 апрели соли 2020 чанд нафар, ки либоси мулкӣ доштанд, худро кормандони Раёсати ҷустуҷӯи ҷиноии ВКД муаррифӣ карда, ӯро аз ҷойи кораш – як нуқтаи фурӯш дар маҳаллаи 82-и шаҳри Душанбе рабуданд. Вақте аз онҳо ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсиятро пурсидааст, ӯро таҳқиру латту кӯб кардаанд.
Ӯ афзуд, онҳо ба одамони атроф гуфтанд, ки “Фурқат телефон дуздидааст” ва бо ин роҳ вайро ба комиссариати ҳарбӣ бурданд. Фурқат Саидов солҳои 2012-2014 дар қисми ҳарбие дар шаҳри Хоруғ хидмати ҳарбиро анҷом додааст. Аз ин рӯ, пас аз 10 дақиқаи саволу ҷавоб дар комиссариати ҳарбӣ ӯро раҳо кардаанд. Мегӯяд, ин бори дуввум аст, ки “облава” мешавад.
“Бори дуввум аст, ки кушиш мекунанд, маро ба артиш фиристанд. Моҳи ноябри соли 2019 бо зӯрӣ боздошт карда, ба мошин шинонданд. Вақте кушиш карданд, ки маро ба мошин савор кунанд, чор ангушти ман ба дари мошин бархӯрд ва осеб бардошт. Баъди онки маро ба комиссариати ҳарбӣ бурданд, як полковник пурсид, ки дар куҷо хидмат кардаам, ман ҳамаашро ба вай гуфтам ва маро раҳо карданд”,- мегӯяд Фурқат.
Ҳамсуҳбати мо Фурқат Саидов, ки ду бор мавриди “облава” қарор гирифтааст, гуфт, баъди он ки маълум шуд билети ҳарбӣ дорад, кормандони комиссариати ҳарбӣ ин амали ғайрикасбии худро ягон хел шарҳ надоданд ва ҳатто бахшиш напурсиданд.
“Ба ҷойи узр пурсидан, маро дашном доданд”,- гуфт Фурқат Саидов дар суҳбат ба CABAR.asia.
Фурқат ягона шахсе нест, ки дар чунин ҳолат қарор гирифтааст. Як ҷавон аз ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд бо шарти ифшо нашудани номаш гуфт, ҳангоми даъвати тирамоҳӣ ба артиш дар соли 2020 “облава” шуд. Бо далели вазъи сиҳатӣ ӯ ҳаққи ба таъхир гузоштани хидмат дар артишро доштааст, аммо ба ин нигоҳ накарда, ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо ӯро аз ҷойи кораш аз шаҳри Хуҷанд ба комиссариати ҳарбии ноҳияи Бустон, ки аз Хуҷанд 50 км масофа дорад, бурдаанд. Баъди он ки маълум шудааст воқеан мариз мебошад, раҳояш кардаанд. Аммо на танҳо аз ӯ узр нахостаанд, балки дар ҳолати ногуворе қарор додаанд.
Навори яке аз ҳолатҳои “облава” ҳангоми даъвати баҳорӣ
Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар давоми давраи даъвати баҳорӣ ба сафи Неруҳои мусаллаҳ шумораи шикоятҳо аз истифодаи “облава” зиёд шудааст. Як сокини ноҳияи Зафаробод, ки нахост номаш ифшо шавад, иддао дорад, писарашро, ки фориғутаҳсили Донишкадаи тиббӣ буд, бо роҳи зӯр ба артиш бурданд. Ӯ мегӯяд, муассисаи таълимие, ки писараш ҳафт сол онҷо таҳсил кард, дорои кафедраи ҳарбӣ мебошад ва писараш баъди хатми он рутбаи ҳарбӣ дошт. Пас аз хатми Донишкадаи тиббӣ писари ӯ ба ҳайси табиб дар беморхонаи марказии ноҳияи Зафаробод кор мекардааст.
“Вақте коронавирус пайдо шуд, писарам дар беморхонаи марказии ноҳия одамонро муолиҷа мекард ва 14 рӯз дар карантин қарор дошт. Ӯро аз карантин ду рӯз пештар ҷавоб доданд ва ба хона омад, то каме истироҳат кунад. Аммо аллакай рӯзи дигар марде бо либоси низомӣ омада, номи писарамро пурсиду ӯро бо худ бурд. Ман фикр кардам, ки шояд касе бемор шудааст ва ӯро барои табобаташ мебаранд. Чунки ин дар замони авҷи паҳншавии коронавирус буд ва ниёз ба духтурон зиёд буд. Ман то соати 12-и шаб интизор шудам ва ҳеч хабаре аз ӯ набуд. Ҳамин тавр ҳатто баъди се рӯз ҳам наомад. Баъдан, вақте ба комиссариати ҳарбии ноҳия рафтам ва дар бораи писарам пурсидам, ба ман гуфтанд, ки ӯро ба артиш фиристодаанд”,-илова кард ӯ.
Ба гуфтаи ин зан, вай ягон маротиба аз комиссариати ҳарбӣ даъватнома нагирифта буд. Аммо вақте пурсидааст, ки барои чӣ писарашро бо вуҷуди доштани билети ҳарбӣ ба артиш бурдаанд, дар комиссариати ҳарбӣ посух додаанд, ӯ аз хидмат саркашӣ кардааст. Ин модар ҳайрон аст, ки чӣ тавр мешавад, ҷавони дорои билети ҳарбиро ба артиш бурд ва боз ӯро дар “саркашӣ аз хидмат” муттаҳам кард?
Музаффар Бобоҷонов, раҳбари Иттифоқи волидони сарбозони вилояти Суғд, ки дар ҳифзи ҳуқуқи даъватшавандаҳо ва сарбозон иштироки фаъол дорад, мегӯяд, ҳам дар соли 2019 ва ҳам дар соли 2020 ҳолатҳое буданд, ки пайвандони ҷавонони мавриди “облава” қароргирифта ба мақомот шикоят карданд.
Ба гуфтаи Бобоҷонов, кормандони комиссариатҳои ҳарбӣ ба онҳое, ки шикоят карда буданд, фишор меоварданд.
“Аввалан, дар муқоиса бо солҳои гузашта “облава” камтар шудааст. Дуввум, шумораи муроҷиатҳо низ коҳиш ёфтааст. Чаро? Зеро қаблтар аз ҳама мардум бовар надоранд, ки ин мушкилро ҳал кардан мумкин аст – шаҳрвандон намедонанд ба куҷо муроҷиат кунанд. Сеюм, онҳо метарсанд, ки агар фарзандони онҳо мавриди “облава” қарор нагиранд, пас кӣ қарор мегирад? Наздики 90 дарсади онҳо аз даъват саркашӣ мекунанд. Онҳо медонанд, ки фарзандонашон гунаҳкоранд, аз ин рӯ ба ин мушкил зиёд таваҷҷуҳ намекунанд”,-мегӯяд Музаффар Бобоҷонов.
Чораҳои интизомӣ
Аввалҳои моҳи феврали соли 2020 раҳбари вақти комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ Азим Иброҳим (ҳоло вазири нақлиёт) ҷаласаи ҷамъбастии даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хидмати ҳарбӣ дар соли 2019-ро баргузор кард. Дар ин ҷаласа нисбат ба 34 корманди комиссариатҳои ҳарбӣ ҷазоҳои интизоми татбиқ гардид, бархеҳо аз вазифа озод карда шуданд.
Ба гуфтаи Азим Иброҳим, 6 комиссари ҳарбии вилоятҳои Суғд, Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳри Ваҳдат, ноҳияи Шоҳмансур ва ноҳияи Шуғнон бинобар ҷой доштани камбудиҳои ҷиддӣ дар фаъолияти хидматиашон ва сабабҳои дигар аз вазифаҳои ишғолнамудаашон озод карда шуданд.
Бо назардошти таҳлилҳо муовини сарвазири кишвар натиҷаи кори комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳоро дар давраи даъвати тирамоҳии соли 2019 “нокифоя” арзёбӣ кард.
“Бо вуҷуди пеш аз муҳлат иҷро гардидани даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хидмати ҳарбӣ, усул, тарз ва сифати корҳои анҷомдода дар ин самт ба талабот ҷавобгӯ набуд”,-таъкид намуд ӯ.
Азим Иброҳим ҳамчунин кори комиссияҳои тиббиро мавриди интиқоди ҷиддӣ қарор дода, “облава”-ро амали номатлуб хонд.
Музаффар Бобоҷонов, раҳбари Иттифоқи волидони сарбозони вилояти Суғд, ки дар ҳифзи ҳуқуқи даъватшавандаҳо ва сарбозон иштироки фаъол дорад, яке аз сабабҳои аз вазифа озод намудани чанд комиссари ҳарбӣ ва нисбати онҳо татбиқ шудани ҷазоҳои интизомиро ба шумораи зиёди шикоятҳо аз “даъвати ғайриқонунии ҷавонон” рабт дод. Ӯ мегӯяд, “облава” тақрибан дар тамоми қаламрави кишвар амал мекунад ва истифодаи шеваҳои ғайриқонунии даъват аз ҷониби комиссарҳои ҳарбӣ омили аслӣ дар қабули тасмим барои аз вазифа озод кардани онҳо шудааст.
Мо дар мавриди маъракаи даъвати ҷавонон ба артиш ва мушкилоте, ки дар ин давра ба вуҷуд меояд ба Вазорати мудофиа номаи расмӣ ирсол кардем. Дар ин нома инчунин дархост кардем, ки кадом як масъули даъвати шаҳрвандон ба хидмати ҳарбии вазорат бо мо суҳбат кунад. Дар Вазорати мудофиа ба муроҷиати мо иттилои дақиқе пешниҳод накарданд ва касе ҳам барои суҳбат бо мо омода нашуд.
Ҳомиёни ҳуқуқ: ҳолатҳои “облава” бештар мешавад
Ҳомиёни ҳуқуқи кишвар ҳамеша аз истифодаи “облава” ба сифати усули даъвати ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ интиқод мекунанд.
Музаффар Бобоҷонов мегӯяд, ҳарчанд дар қонунгузории Тоҷикистон мафҳуми “облава” вуҷуд надорад, аммо дар амал ин усули ҷалби ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ истифода бурда мешавад ва ба ҷавононе, ки ба артиш нарафтаанд, таъсири манфӣ мегузорад.
“Дар Тоҷикистон “облава” вуҷуд дорад. Соли гузашта ташкилоти мо аз Facebook ва дигар шабакаҳои иҷтимоӣ беш аз 20 матлаб гирдоварӣ намуда, онҳоро ба Додситонии кулл ва вазири мудофиа равон кард. Ба назари ман, яке аз сабабҳои аз кор озод кардани шаш комиссари ҳарбӣ ба муроҷиати мо вобаста аст”,-гуфт коршинос.
Ба гуфтаи Бобоҷонов, истифодаи “облава” ҳангоми даъват ба хидмати ҳарбӣ имиҷи давлат ва Неруҳои мусаллаҳи кишварро паст мезанад. Як ҷавон шояд дар ин фикр аст, ки бо хоҳиши худаш ба артиш равад ва волидон ки эҳтимолан фикр кардаанд писарашонро ба хидмати ҳарбӣ фиристанд, пас аз дидани саҳнаҳои “облава” фикр мекунанд, ки агар бо фарзандони онҳо пеш аз фиристодан ба артиш чунин муносибат шавад, пас ҳангоми хидмати ҳарбӣ бо онҳо чӣ муносибате сурат мегирад?
Дилрабо Самадова, раҳбари ташкилоти ҷамъиятии “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ”, ки аз соли 2006 ба даъватшавандаҳо ва хонаводаҳои онҳо ёрии ҳуқуқӣ мерасонад, мегӯяд, солҳои охир тамоюл ба усулҳои ғайриқонунии даъвати ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ танҳо шиддат ёфтааст.
“Пас аз солҳои 2017, 2018, 2019 ва ҳоло дар соли 2020 шумораи ҳолатҳои даъвати ҷавонон ба артиш тавассути “облава” зиёд шудааст. Шаҳрвандон ҳатто ҳолатҳои монанд ба рабудани одамонро аз ҷониби шахсоне бо либоси мулкӣ ба навор мегиранд ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн мекунанд. Мо ҳар яке аз ин маводҳоро ҷамъ намуда, барои чораандешӣ кардан ба ниҳодҳои дахлдор мефиристем. Дар ҳар давраи даъват ба артиш на камтар аз 10-12 видео ҷамъ намуда, онҳоро дар дискҳо ба мақомоти дахлдор равон мекунем”,-таъкид намуд ӯ.
Самадова афзуд, дар таҷрибаи маъракаҳои даъват ба хидмати ҳарбии Тоҷикистон ҳолатҳое буд, ки тамоюли истифодаи “облава” танҳо пас аз дахолати мустақими президент коҳиш ёфт.
Ӯ ҳамчунин таъкид намуд, ки бештари сокинони шаҳру навоҳии бузург ва сераҳолӣ, монанди Душанбе Хуҷанд, Бохтар, Исфара, Конибодом, Бобоҷон Ғафуров аз “облава” шикоят мекунанд.
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 22 феврали соли 2020 зимни суханронӣ ба муносибати 27-солагии Неруҳои мусаллаҳ аз ҳолатҳои бемасъулиятӣ ва хунукназарӣ ҳангоми иҷрои уҳдадориҳои хидматӣ изҳори нигаронӣ кард.
Шарҳи Прокуратураи генералӣ
Дар ҳоле ки мардум аз нақзи ҳуқуқи ҷавонон ҳангоми маъракаҳои даъват ба артиш шикоят мекунанд, мо унвонии муовини додситони кулл, сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Сафаралӣ Раҳим мактуби расмӣ ирсол кардем, то нуқтаи назари прокуратураро равшан намоем. Дар ҷавоб ба мактуби мо прокурори ҳарбии Тоҷикистон изҳор дошт, ки бо мақсади пешгирӣ, ошкор ва бартараф кардани қонунвайронкуниҳо, аз ҷумла ҳолатҳои даъват ва сафарбарнамоии ҷавонон тавассути “облава” назорати ҳарсола барои риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” ва дастурҳои президент анҷом мешавад. Дар прокуратураи ҳарбӣ бо ишора ба “махфияти ҳисоботи оморӣ ва аҳамияти мудофиавии ин қонунгузорӣ” аз пешниҳоди маълумот дар мавриди ҳолатҳои “облава” нисбат ба ҷавонон дар давраи даъвати баҳории соли равон худдорӣ карданд. Саволи мо дар мавриди шумораи муроҷиати шаҳрвандон аз истифодаи “облава” дар давраи маъракаҳои даъват ба артиш ва шикоятҳои онҳо дар ин бора давоми 5 соли ахир сарфи назар карда шуд.
Вакили парлумон аз усули даъват ба артиш шикоят мекунад
Вакили парлумон Саидҷаъфар Усмонзода мегӯяд, худи ӯ ҳам шоҳиди ҳолатҳои ҷалби иҷбории ҷавонон ба артиш будааст ва чунин мешуморад, ки бояд ҳарчӣ зудтар чораҳои зарурӣ андешида шавад. Вай гуфт, имтиёзҳои кунунӣ барои сарбозон нокофӣ буда, ниёз ба бозбинӣ доранд.
Феълан, қонунгузории кишвар барои ҷавононе, ки хидмати ҳарбиро ба итмом расонидаанд, баъзе имтиёзҳоро пешбинӣ мекунад, аммо ҷавонон онҳоро нокофӣ мешуморанд. Маркази миллии тестии Тоҷикистон барои довталабоне, ки дар артиш хидмат кардаанд, 75 холи иловагӣ медиҳад.
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон гуфтанд, ба ҷавоне, ки хидмати ҳарбӣ кардааст, то се моҳ 400 сомонӣ ҳамчун кумак медиҳанд ва тибқи саҳмия онҳоро дар доираи имкониятҳо бо кор таъмин менамоянд. Аммо чанд ҷавоне, ки мо бо онҳо суҳбат кардем, аз мавҷудияти чунин дастгирӣ изҳори бехабарӣ карданд.
Ориф Нозимӣ, масъули дафтари матбуоти Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ба сарбозон ҳини адои хизмат дар қисмҳои низомӣ низ имтиёзҳое пешбинӣ шудааст. Ба гуфтаи ӯ, ҷавонҳое, ки барои ду соли хидмат ба артиш меоянд, пас аз якуним соли хидмат, дар 6 моҳи боқимонда метавонанд дар маркази таълимии Вазорати мудофиа ба омӯзиши касбу кор машғул шаванд. Дар ин марказ беш аз 10 пеша, аз қабили ронандагӣ, кафшергарӣ, ошпазӣ, устои барқ пешбинӣ шудааст, ки бо анҷоми чунин курсҳо ба сарбозон сертификат ё иҷозатномаи кор ҳам дода мешавад.
Мушкилоти куҳнаи артиш ҳал намешаванд
Коршиносон “меҳтарсолорӣ” ё “дедовшина”-ро яке аз омилҳои аслие медонанд, ки сабаби аз артиш дурӣ ҷӯстани ҷавонон шудааст.
Бино ба иттилои Додгоҳи ҳарбии гарнизони Душанбе, сарбози қаторӣ
Сироҷидинов Рустам Набиҷонович барои латту кӯб ва расонидани зарари ҷисмонӣ ба ҳамхидматаш Қурбонов Шокир Аҳмадович бо ҳукми суди ҳарбии гарнизони Душанбе бар асоси моддаи 373 қисми 1-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, як сол аз озодӣ маҳрум шудааст.
Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки муносибати бераҳмона бо сарбозон на танҳо аз ҷониби сарбозони дигар, балки аз сӯи афсарон ҳам ҷой дорад. Тавре Додгоҳи ҳарбии гарнизони Душанбе (бойгонӣ) хабар медиҳад, чандин ҳолати латту кӯби сарбозон аз ҷониби собиқ хидматчии ҳарбӣ, прапоршик Қамаров Талабшоҳ Шамсуддинович ошкор шудааст.
Бо ҳукми суди ҳарбии гарнизони Душанбе аз 30 сентябри соли 2019 Қамаров Талабшоҳ Шамсуддинович бо моддаи 391 қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ бо дастрасии моддаи 63-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷарима ба андозаи 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (5500 сомонӣ ё 486 доллар) бидуни маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян таъин карда шудааст.
“Сержант ба ҷойи командир ҳамаро раҳбарӣ мекунад. Вақте рӯзи дигар фармондеҳ омада мебинад, ки фармонҳояш иҷро шуда истодаанд, вай эҳтироми худро ба сержант изҳор мекунад. Аз ин рӯ фармондеҳ метавонад сержантро барои баъзе камбудиҳо ва муносибати ғайриоинномавӣ бубахшад. Вақте ӯ ҳолатҳои майдатарро мебахшад, сержант метавонад амали бадтар анҷом диҳад. Аз ин хотир муносибат миёни сержант, афсарон ва сарбозон бояд дар доираи оиннома бошад. Агар аз ин доира берун шавад, дар охир шоҳиди “меҳтарсолорӣ” мешавем. Ин метавонад ба марги сарбоз оварда расонад,-таъкид мекунад ӯ.
Пул те ва хидмати ҳарбӣ накун
Ҳолатҳои анҷоми ҷиноятҳои коррупсионӣ аз ҷониби кормандони комиссариатҳои ҳарбӣ, ниҳодҳои дигар ва табибон, ки ба ваъдаҳои таҳия кардани билетҳои қалбакии ҳарбӣ марбут аст, кам нестанд. Дар сомонаи расмии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия мешавад матлаби зиёдеро дар ин мавзӯъ пайдо кард (бойгонӣ). Ба иттилои ин агентӣ, давоми солҳои 2015-2019 — 62 ҷинояти коррупсионии марбут ба озод кардани шаҳрвандон аз хидмати ҳарбӣ ошкор шудааст.
Сардори зершӯъбаи Комиссариати ҳарбии ноҳияи Рӯдакӣ Каримов Файзидин Рустамович ва Буйдаков Рустам Ашуралиевич, ки ба ҳайси ронандаи Ҷамоати деҳоти Султонободи ноҳияи Рӯдакӣ кор мекардааст, моҳи феврали соли 2020 барои омода кардани билети ҳарбӣ барои бародари шаҳрванд “А” 8000 сомонӣ (наздики 700 доллари ИМА) талаб намуда, билети ҳарбии қалбакии “номувофиқ ба хидмати ҳарбӣ” таҳия кардаанд.
Дар хабари агентӣ гуфта мешавад, ки “Буйдаков Р.А. ва Каримов Ф.Р. бо ҳамин тарзу усул моҳи июни соли 2020 ба номи шаҳрванд “Б” билети ҳарбии номувофиқ ба хидмати ҳарбиро бо роҳи сохтакорӣ омода карда доданд”.
“Ин ҷиноятҳо асосан дар Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон, инчунин дар шаҳру навоҳии тобеи марказ содир шудаанд”,-гуфта мешавад дар хабарҳои ин ниҳод. Ба иттилои манбаъ, вобаста ба ҷиноятҳои давоми чор моҳи соли 2020 ошкоргардида, тафтишоти пешакӣ ё мурофиаи додгоҳӣ идома доранд.
Новобаста ба изҳороти мақомот дар мавриди риоя шудани тамоми қонунҳо дар раванди маъракаи даъват ба артиш матлаби мо бори дигар исбот мекунад, ки “облава” вуҷуд дорад.
Ин матлаб дар доираи лоиҳаи IWPR “Giving Voice, Driving Change — from the Borderland to the Steppes Project” таҳия шудааст.