© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Озодии расонаҳо дар Тоҷикистон: “вабо абзори мувофиқест барои бештар кардани фишор”

Хабарнигори тоҷик Абдулло Ғурбатӣ дар давоми як моҳ ду маротиба латту кӯб шуд. ВКД гуфт, ки хабарнигори латукӯбшуда талош кард, “дар бадбахтии дигарон барои худ бахт ёбад” ва хост, сокинони маҳаллиро нисбати ҳукумат бадбин кунад. Ҳамзамон чанде аз рӯзноманигорони дигар тоҷик мегӯянд, фишор нисбати онҳо низ бештар шудааст.


Ба канали мо дар  Telegram обуна шавед!


Абдулло Ғурбатӣ. Акс: asiaplustj.info
Абдулло Ғурбатӣ. Акс: asiaplustj.info

Ҳамлаи дувум ба Абдулло Ғурбатӣ субҳи 29 май сурат гирифт, ки вай он замон ба ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон рафта, мехост, аз вазъи сокинони аз офати табиӣ зарардида гузориш диҳад.

Ба гуфтаи Абдулло, дар наздикии шаҳраки хаймаҳо мошине назди вай омад ва се тан аз мошин пиёда шуданд.

Як тан аз онҳо худро раиси маҳалла муаррифӣ ва аз Абдулло хост, ки худро шинос кунад. Абдулло гуфт, ки хабарнигор аст ва барои таҳия кардани гузориш аз оқибати офати табиӣ омадааст.

“Баъд ин мард гуфт, “Дар чунин вақт омада, мехоҳӣ ки иғво барангезӣ? Ту бояд аз ман иҷозат пурсӣ”, – ба ёд меорад Абдулло.

Дар идома хабарнигор гуфт, тибқи қонун вазифадор нест, ки барои таҳия кардани гузориш аз касе иҷозат гирад. Баъди ин ҳарфҳо яке аз афроди ношинос ғайриинтизор ба сару рӯи Абдулло зарба зад ва Абдулло ба замин афтид. Аммо баъди ин ҳам латту кӯб идома кард. Ду марди дигари ношисон хомӯшона назорат мекарданд.

Латукӯбкунанда танҳо вақте даст бардошт, ки аз даҳони Абдулло хун омад.

Се марди ношинос ба мошин нишаста, аз ҷои ҳодиса фирор карданд. Абдулло фурсат ёфта, лаҳзаи ба мошин нишастани онҳоро дар телефони ҳамроҳаш сабт кард. 

Аммо телефони хабарнигорро дар шуъбаи маҳаллии милиса бо баҳонаи ин ки ба шуъба бо телефон ворид шудан мумкин нест, гирифтанд. Телефонро вақте ба хабарнигор баргардониданд, ки масдуд (заблокироват) шуда буд. Абдулло мегӯяд, эҳтимол дорад, дар натиҷаи ба такрор ғалат ворид кардани рамз телефон масдуд шуда аст.

Худи ҳамон рӯзи ҳамла Шамсулло Абдуллозода, муовини сардори раёсати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон ба шуъбаи маҳаллии милиса омада, ба Абдулло ваъда дод, ки ҳамлагаронро пайдо хоҳанд кард.

Вале як рӯз баъд, 30 май дар сомонаи расмии ВКД иттилоияе нашр гардид, ки дар он Абдулло Ғурбатӣ дар барангехтани низоъ айбдор мешуд.

“Хабарнигори ҳафтаномаи “Азия Плюс” Абдуллоҳи Ғурбатӣ рӯзи гузашта, бархилофи хоҳиши сокинони ноҳияи Хуросон ба дахлнопазирии хаймаҳои зисти муваққатии онҳо эътибор надода, хост ворид шуда ҳамсару фарзандон, алалхусус ноболиғон, ки дар хаймаҳо буданд, ба навор гирифта гузориши “ҳангоманок” таҳия намояд. Ӯ инчунин дар вуҷуди сокинони аз офати табиӣ зарардида ҳисси норозигиро ба давалту ҳукумат бедор карданӣ шуд. Чунин рафтори хабарнигор ба сокинон хуш наомад ва онҳо Абдуллоҳи Ғурбатиро аз хаймаҳои худ дур ронда нагузоштанд шароити зисту зиндагии онҳоро халалдор ва расонаӣ намояд. Номбурда ба монеъ шудани сокинон нигоҳ накарда бо дахолат кардан ба зиндагии шахсии онҳо ба наворбардорӣ машғул гардид. Дар натиҷа миёни сокинон ва Абдулоҳи Ғурбатӣ муноқиша ба вуҷуд омада, сабаби вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ гардид”, – омадааст дар иттилоия.

Скриншот аз mvd.tj
Скриншот аз mvd.tj

Дар хотимаи иттилоия ё изҳороти ВКД ҳамчунин зикр шуда буд, ки “Дар бадбахтии дигарон барои худ набояд бахт ҷӯст”.

Танҳо баъди муроҷиати созмонҳои байналхалқӣ ва талаби рӯзноманигорони тоҷик кормандони милисаи ноҳия рӯзи 2 июн се ҳамлагарро пайдо карданд.

Инҳо сокинони ноҳияи Хуросон – Суҳроб Бобоев, Абдулмаҷид Давлатов ва Қурбоналӣ Ғуломов буданд, ки ба зарардидагони офати табиӣ ҳеч рабте надоштанд.

Абдураҳмон Шарипов, вакили мудофеи Абдулло Ғурбатӣ мегӯяд, ҳамлагарон рафтори худро бо он асоснок кардаанд, ки чанде пеш рӯзноманигоре бидуни иҷозат занеро сабт кард, ки баъди он ҳодиса мард хост, аз ҳамсараш ҷудо шавад.

“Абдуллоро бо абзорҳои наворбардорӣ дида, онҳо фикр кардаанд, ки сокинони хаймаҳоро ба навор мегирад. Байни онҳо ҷанҷоли лафзӣ бархоста ва яке аз мардон Абдуллоро задааст”, – гуфт вакили мудофеъ.

Рӯзи 2 июн муҳокимаи додгоҳӣ баргузор шуда, се марди мазкур бо моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ (авбошии хурд) айбдор шудаанд. Додгоҳ ҳар кадоми онҳоро 580-сомонӣ ҷарима кард.

Абдулло Ғурбатӣ, хабарнигори оҷонсии хабарии “Азия плюс” муаллифи чанд матлаби пурсарусадост. Дар яке аз матлабҳояш вай ҳангомаҳои захирасозии маҳсулоти ғизоиро дар пайи сару садои паҳншавии коронавирус дар ибтидои моҳи март инъикос кардааст.

Оғози моҳи май афроди ношинос Абдуллоро дар наздикии манзилаш латту кӯб карданд. Ба гуфтаи хабарнигор, ҳамлагарон то кунун пайдо нашудаанд.

Навиштаи кӯтоҳи Абдулло дар Фейсбук рӯзи 23 май баҳси гармеро ба бор овард. Абдулло дар бораи кӯмакҳои президент ба кормандони бахши тиб навишт. Ба гуфтаи Абдулло, модари вай ҳам, ки корманди соҳаи тиб аст, кӯмак дарёфт кардааст. Аз ҷумла, 400 грам гречка, 600 грам макарон, 800 грам биринҷ, 800 грам равған, 10 кило орд, 1,6 кило картошка, 4 кило пиёз, даҳ дона сабзӣ ва як карам.

Зери ин навишта чанд “фейк”, ки эҳтимолан ба “фабрикаи ҷавоб” марбут буданд, Абдуллоро таҳқир карданд.

“Фабрикаи ҷавоб” – ин шабакаи муаллифони мустаор ва дурӯғине аст, ки солҳои охир дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҳукумати Тоҷикистон ҳимоят мекунанд. Ба далели ин ки навиштаҳои мазкур муаллифони мушаххасе надоранд, рӯзноманигорон ин гуна навиштаҳоро моли “Фабрикаи ҷавоб” унвон кардаанд.

Ҳамзамон дар бархе аз расонаҳо матлабҳое нашр шуд, ки Абдулло Ғурбатиро дар робита доштан бо гуруҳҳои дар хориҷбуда айбдор карданд.

Таҳдид баъди мубоҳиса бо роҳбари ҳизби мамнуъ

Шаҳлои Гулхоҷа, рӯзноманигори бахши тоҷикии “Радиои Озодӣ” рӯзи 22 май бо ширкати роҳбари ҳизби дар Тоҷикистон мамнуи наҳзати исломӣ Муҳиддин Кабирӣ (бо қарори Додгоҳи Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳизби мазкур созмони террористӣ эътироф ва фаъолияташ дар ҳудуди кишвар манъ шудааст, аз идора) ва Собир Валиев, мухолифи пешини ҳукумати Тоҷикистон, ки чанде пеш ба кишвар баргашт, мубоҳисаи онлайнӣ баргузор кард.

Дар ин мубоҳиса мубориза бо коронавирус дар кишвар, поймолшавии ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ва роҳҳои берун рафтан аз буҳрон баҳс шуд.

Баъди нашри мубоҳиса дар шабакаҳои иҷтимоӣ “фабрикаи ҷавоб” Шаҳлои Гулхоҷаро дар шаклҳои қабеҳ карикатура кард. Ин “фабрика” ҳамзамон Шаҳлоро дар хиёнат ва “ҳимоят аз террористон” айбдор кард.

Салим Аюбзод. Акс аз ozodi.org
Салим Аюбзод. Акс аз ozodi.org

Салими Аюбзод, роҳбари бахши тоҷикии “Радиои Озодӣ” гуфт, ки хабарнигорони бахш пайваста зери фишор ҳастанд.

“Талош мекунанд, ки онҳоро ба занозанӣ кашонанд, дар кӯчаҳо ҳамлаи лафзиву таҳдид мекунанд. Нисбати онҳо аз таъқиб ва террори телефонӣ кор мегиранд. Онҳоро бо маҳрум сохтан аз аккредитатсияи ВКХ таҳдид мекунанд. Баррасии дархости аккредитатсияҳо ба дорозои сол тӯл мекашад. Дар як соли фаъолияти ман ба хабарнигорони мо чаҳор маротиба ҳамла шуд”, – гуфт Аюбзод.

Аммо ба гуфтаи Аюбзод, бузургтарин таҳдид – ин ташкили образи душман дар симои “Радиои Озодӣ” ва таъсиси фазои бадбинона атрофи кормандони Радио аст.

Яке аз хабарнигорони Радиои Озодӣ ба шарти ифшо нашудани номаш гуфт, ки ӯро аз соли 2016 ба ин тараф таҳдид мекунанд.

“Ба ман гуфтанд, ки суроғаи пайвандони маро медонанд ва ба ин тартиб ба ман фишори равонӣ оварданд. Ҳоло фейкҳои гуногуне ба ман менависанд, мақолаҳо нашр мекунанд, аксҳои маро карикатура мекунанд, пайвандони дар Тоҷикистон будаи маро таҳдид мекунанд. Албатта, фишор меорад, аммо фаъолиятро бояд давом дод. Агар на мо, пас кӣ кор мекунад?”, – гуфт хабарнигор.

Дар рейтинги созмони “Хабарнигорони бидуни марз” дар соли 2020 Тоҷикистон мақоми 161-ро соҳиб ва шомили кишварҳои “рӯйхати сиёҳ” шуд, ки озодии баёнро поймол мекунанд. Тоҷикистон аз соли 2013 ба ин тараф аз “рӯйхати сиёҳ” хориҷ намешавад, ки он замон мақоми 123-ро касб карда буд. Дар моҳи апрели соли ҷорӣ фонди байналхалқии “Justice for Journalists” (Адолат барои рӯзноманигорон) таҳқиқотеро нашр кард, ки дар он гуфта мешавад, давоми се сол (2017-2019) 81 таҳдид нисбати хабарнигорон сабт шудааст.

Далер Шарифов. Акс аз Asiaplustj.info
Далер Шарифов. Акс аз Asiaplustj.info

Дар ин рӯйхат Далер Шарифов шомил нест, ки моҳи апрели соли ҷорӣ бо айби барангехтани адовати мазҳабӣ 1 сол зиндонӣ шуд.

Навъҳои асосии таҳдид ин айбдорсозӣ дар тундгароӣ, робита доштан бо террористон, кушодани парвандаи ҷиноӣ ва маҳрум сохтан аз озодӣ унвон мешавад. Ба вижа, инъикоси ҳамагуна мавзуи марбут ба ҲНИТ (ки бо қарори Додгоҳи Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон созмони террористӣ эътироф ва фаъолияташ дар Тоҷикистон манъ шудааст, аз идора) боис ба таҳдидҳои боло хоҳад шуд ва рӯзноманигороне, ки мавзуи марбут ба ин ҳизбро инъикос мекунанд, бо таҳдидҳои робита доштан бо террористон айбдор мешаванд.

Муҳаққиқон аз намояндагони мақомоти қудратии кишвар ба унвони манбаи асосии таҳдид ёд мекунанд.

“Таҳдиди таҷовуз мекунанд”

Яке аз хабарнигорони маҳаллӣ, ки нахост номаш зикр шавад, ба далели ин ки пайвандонаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз амалкардҳои мақомот танқид мекунанд, зери фишор қарор гирифтааст.

Ҳамсуҳбати мо гуфт, фаъол будани пайвандонаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ ӯро аз кори пешинаш маҳрум кард. Ҳоло метарсад, ки аз кори феълияш ҳам маҳрум хоҳад шуд.

“Дар шабакаҳои иҷтимоӣ маро таҳдиди таҷовуз мекунанд. Ман ҳамчун зан, худро дар амну бехатарӣ ҳис намекунам”, – гуфт ҳамсуҳбати мо.

Вай мегӯяд, ноадолатист, ки дар ивази рафтори пайвандонаш ба ӯ фишори равонӣ меоранд. Вақтҳои охир вай танҳо дар сурати зарурат ба кӯча мебарояд ва корашро тариқи онлайн анҷом медиҳад, талош мекунад, ки бо одамони дигар камтар ҳамсуҳбат шавад ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам фаъолият нишон надиҳад.

“Ҳадди ақал ман метавонам, ки асабамро ором нигаҳ дорам. Ман фарзандони хурд дорам ва бояд фикри онҳоро кунам, худро барои онҳо ҳифз намоям”, – гуфт ин ҳамсуҳбати мо.

Порлумони Тоҷикистон ахиран тарҳи тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмуриро қабул кард, ки барои нашри иттилои носаҳеҳ ва дурӯғ дар бораи коронавирус ҷарима пешбинӣ шудааст. Дар сурати қуваи қонунӣ пайдо кардани тарҳи мазукр, барои нашри иттилои дурӯғ шахсони воқеӣ 580 сомонӣ ва расонаҳо то 11 ҳазору 600 сомонӣ ҷарима хоҳанд шуд.

Сармуҳаррири сомонаи YOUR.tj Зебо Тоҷибоева дар суҳбат бо CABAR.asia гуфт, ки вабои коронавирус барои бештар кардани фишорҳо ба абзори мувофиқе табдил шудааст.

“Амалан, ҳоло вайронсозии қонун сартосарӣ шудааст, афзун бар ин бархе, аз қонуншиканиҳои мақомот амалҳои ҷиноӣ ба ҳисоб мераванд”, – гуфт Тоҷибоева.

Бино ба пешбиниҳои вай, вазъи атрофи рӯзноманигорон печидатар хоҳад шуд.

“Дар фишор болои рӯзноманигорон мантиқи мушаххасе дида намешавад, дакр кардан душвор аст, ки кадом ҳадафҳо пайгирӣ мешаванд”, – афзуд Тоҷибоева.

Таассуфбарангез ин ҳолат аст, ки матлабҳои аз сӯи “фабрикаи ҷавоб” таҳияшуда дар расонаҳои мустақил ба нашр мерасанд, мегӯяд хонум Тоҷибоева.

“Рӯзноманигорон маҷбур ҳастанд, омода бошанд, ки муддате “ҳимоят дар ду фронт” пеш меояд”, – афзуд Тоҷибоева.

Раҷаби Мирзо, рӯзноманигори дигар чанд гоҳи охир аст, ки ҳадафи танқиди гуруҳи “Авангард” қарор гирифтааст. Ин гуруҳро Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон таъсис додааст. Навиштаҳои гуруҳи мазкур ҳам дар нашрияҳои давлатӣ ва ҳам дар бархе аз нашрияҳои хусусӣ ба табъ мерасанд.

Раҷаби Мирзо дар мусоҳиба бо CABAR.asia гуфт, ки 10 соли охир вай таҳдид ва таҳқир мешунавад, аммо ҳар дафъа талош кардааст, ки ба таҳдиду таҳқирҳо эътибор надиҳад.

“Вале ин дафъа матлабҳо ҳамлаи аз камар поёнро мемонданд, онҳо ба ҳаёти хусусии ман дахолат карданд, мавзуе, ки ман намехостам, бо касе муҳокима кунам. Аммо баъдтар ба хулоса расидам, ки ҳадафи матлабҳои мазкур танҳо таҳрик додани ман аст, то ин ки ман хунсардиамро аз даст диҳам. Аз ҳамин хотир ман тасмим гирифтам, ки аз ин ба баъд ҳам эътибор надиҳам ва ба кори худ машғул бошам”, – гуфт Раҷаби Мирзо.


Ин мавод дар доираи лоиҳаи “Giving Voice, Driving Change – from the Borderland to the Steppes Project” омода шудааст.

If you have found a spelling error, please, notify us by selecting that text and pressing Ctrl+Enter.

Spelling error report
The following text will be sent to our editors: