Дар Тоҷикистон тамоюли афзоиши мавориди хушунати хонаводагӣ алайҳи занон мушоҳида мешавад.
Тибқи як пажуҳиш, ки соли 2016 Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо ташкилоти байналмилалии Оксфам (Оксфам) миёни 400 нафар дар шаш минтақаи Тоҷикистон анҷом дод, 97 дарсади мардон ва 72%-и занон бар ин будаанд, ки зан муваззаф аст барои ҳифзи оила ба хушунати хонаводагӣ тоб биёрад.
Ба Кумитаи кор бо занон ва оила ҳамарӯза муроҷиатҳо ворид мешавад, ки аксаран қурбониён аз хушунати равонии шавҳар ё хешовандонашон азият мекашанд. Бештари занҳо танҳо ба хотири суҳбат бо равоншинос дар бораи вазъи кунунии оилаашон муроҷиат мекунанд. Вақте ба ҷабрдидаҳо пешниҳод мешавад, ки нафари ба ӯ ҷабркардаро ҳам даъват кунанд (аксар вақт ин шахс шавҳари онҳо мебошад), аксари занҳо рад мекунад.
Мувофиқи машваратҳои равоншиносӣ танҳо як суҳбат кофӣ нест ва аксар вақт суҳбатҳо чанд рӯз давом мекунанд. Занҳое ҳастанд, ки ҳар сол ба кумита муроҷиат мекунанд.
Кумита дар якҷоягӣ бо лоиҳаи пешгирии зӯроварии хонаводагӣ – PDV ҳамасола маълумотномае нашр мекунад, ки дар он рӯйхати тамоми марказҳои ёрирасон, сарпаноҳгоҳҳо, утоқҳои зисти муваққатӣ, машваратҳои ҳуқуқӣ ва равонӣ сабт шудааст. Ин маълумотномаҳо ҳангоми гузаронидани корҳои иттилоотонӣ миёни аҳолӣ паҳн карда мешаванд.
Тақрибан дар ҳамаи шаҳрҳои ҷумҳурӣ марказҳои ҳамоҳангсозӣ мавҷуданд — инҳо идора, шӯъба ва бахшҳои кор бо занон ва оила мебошанд.
Ба шаҳри Душанбе аз дигар шаҳру ноҳияҳо низ дархостҳо ворид мешавад. Огоҳии аҳолӣ дар ин масъала дар минтақаҳо хеле поин мебошад, зеро дар аксари манотиқи дурдасти кишвар аҳолӣ тарзи зиндагии нисбатан ниҳонро ихтиёр кардаанд. Мардум аз мавҷудияти марказҳои буҳронӣ, паноҳгоҳҳо, машваратҳои ройгон хабар надоранд.
Дар бораи мақсад, ҷойгиршавӣ ва вазифаҳои марказҳои дастгирӣ ва паноҳгоҳҳо мудири шӯъбаи рушди гендерӣ ва робитаҳои байналмилалии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷавоҳир Акобирова маълумот медиҳад.
Шелтер (англисӣ – shelter – паноҳгоҳ) паноҳгоҳи муваққатӣ барои одамоне, ки дар вазъияти душвори зиндагӣ қарор доранд. Аз ҷумла қурбониёни хушунати хонаводагӣ ё қурбониёни хариду фурӯши одамон ва монанди ин. Шакли ягонаи паноҳгоҳ вуҷуд надорад. Паноҳгоҳҳо метавонанд шаклҳои гуногун дошта бошанд, яъне танҳо ба занон, танҳо ба мардон, танҳо ба кӯдакон ё танҳо ба занони кӯдакдор кумак расонанд.
– ҷойгиркунии муваққатӣ;
– шароити бехатари будубоши ҷабрдида;
– мавҷудияти кадрҳои омӯзонидашуда;
– мустақилона ё дар ҳамкорӣ бо дигар ташкилотҳо расонидани ёрии ройгони тиббӣ, ҳуқуқӣ ва равонӣ.
Ҷабрдида дар паноҳгоҳ то замони барои тавонбахшии равонӣ ва иҷтимоии ӯ зарур нигоҳ дошта мешавад. Мавриди тазаккур аст, ки бо ҳадафи таъмини амнияти комили ҷабрдида макони ҷойгиршавии паноҳгоҳ барои ҷомеа ошкор карда намешавад.
Маркази буҳронӣ (маркази дастгирӣ) – муассисаи иҷтимоӣ мебошад, ки барои ҳифзи иҷтимоӣ ва тавонбахшӣ пешбинӣ шудааст. Шаклҳои гуногуни расонидани ёрӣ аз ҷониби маркази буҳронӣ вуҷуд дорад:
Телефони боварӣ, ки мақсад аз он шунидани сухани ҷабрдида, дарк намудани моҳияти мушкилот ва расонидани ёрии равонӣ ба ӯ мебошад. Илова бар ин, тавассути хатти боварӣ мешавад барои машварати рӯбарӯ номнавис кард ва тамоми маълумоти заруриро дар бораи мутахассисони даркорӣ дарёфт кард.
Машварати рӯбарӯ суҳбати шахсӣ бо мутахассисро дар бар мегирад. Кӯмак дар шакли дастгирии иҷтимоӣ-психологӣ ва машварати ҳуқуқӣ расонида мешавад.
Як шакли дигари кори маркази буҳронӣ – шелтер ё паноҳгоҳ мебошад. На ҳама марказҳои буҳронӣ (марказҳои дастгирӣ) имкони таъсиси паноҳгоҳҳоро доранд, зеро аз ҷиҳати моддӣ ва ҳуқуқӣ ин як кори вақтталаб аст.
Тасдиқи мавқеи тахминӣ ва оинномаи марказҳои ёрирасон ба салоҳияти қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила” дохил мешавад. Дар маҷмӯъ, дар қаламрави ҷумҳурӣ 14 маркази буҳронӣ амал мекунад – онҳо хусусӣ буда, асосан дар назди ташкилотҳои ҷамъиятӣ фаъолият мекунанд. Сетои онҳо дар Душанбе фаъол ҳастанд:
- “Марказихудшиносии бонувон”. Суроға: кӯчаи М. Турсунзода 27а, ошёнаи чорум, телефон: 93 517 77 56, bonuvon.dushanbe@gmail.com
- “Лигаи занони ҳуқуқшинос”. Суроға: кӯчаиАйнӣ 32/2, хонаи 7, телефон: 221 24 49, lwl_toj@rambler.ru
- Маркази мусоидати иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ ба занону наврасон –“Фемида”. Суроға: хиёбони Рӯдакӣ 137 (“Тоҷикматлубот”), телефон: 93 501 6292, femida–tj@mail.ru
Инчунин дар Тоҷикистон марказҳои буҳронии зер мавҷуданд:
Хуҷанд: -“Занон барои адолат”. кӯчаи Кирмоншо 1, телефон: 93 836 45 45, farosat_kiba@bk.ru
– “ASTI”. кӯчаи. Шӯро 24, телефон: 92 777 90 15, asti.tajikistan@gmail.com
Ванҷ: “Сарпараст”. кӯчаи 8-уми март, бинои 9, телефон: 93 581 96 46, tj_sarparast_vanj@mail.ru
Исфара: “Умед”. кӯчаи Марказӣ 22, телефон: 927 70 04 06, umed_i@mail.ru
Истаравшан: “Занҳо зидди зӯроварӣ”. кӯчаи И. Сомонӣ 186, телефон: 988 65 31 65, nasrulloevb@yahoo.com
Айнӣ: “Кӯҳсор”. кӯчаи Рӯдакӣ 55, телефон: 92 762 40 40, gulchehra.04@mail.ru
Панҷакент: “Занони шарқ”. кӯчаи Рӯдакӣ 85, телефон: 92 809 29 28, nfotima@mail.ru
Балх: “Оксана”. кӯчаи Ҳайдаров 24, телефон: 918 69 85 30, musmanova@mail.ru
Дӯстӣ: “Дармонбахш”. кӯчаи Рӯдакӣ 35, телефон: 93 726 75 57, darmonbahhs@mail.ru
Хуросон: “Маърифат”. кӯчаи Сомонӣ 1, телефон: 93 440 20 64, marifatkhatlon@mail.com
Лахш: “Роҳнамо”. кӯчаи Сомониён 55, телефон: 93 889 57 12, rohnamo@mail.ru
Дар Душанбе чанд паноҳгоҳ барои қурбониёни хушунати хонаводагӣ вуҷуд дорад?
Ҳоло дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ ҳафт паноҳгоҳ ё шелтер амал мекунад, ки танҳо дутои он дар Душанбе воқеъ мебошад:
Паноҳгоҳ дар назди Маркази мусоидати иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ ба занону наврасон – “Фемида”
Соли 2013 бо дастгирии Созмони ҷаҳонии муҳоҷират як паноҳгоҳ ифтитоҳ шуд, ки онҷо қурбониёни хушунати хонаводагӣ ҳам ҷойгир карда шуданд. Аз моҳи январи соли ҷорӣ ин паноҳгоҳ таҳти роҳбарии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ фаъолият дорад. Дар худи марказ ба зарардидаҳо ёрии зарурии тиббию ҳуқуқӣ расонида мешавад. Агар зани ба “Фемида” муроҷиаткарда ба сарпаноҳ ниёз дошта бошад, маълумоти ӯ барои баррасӣ ба кормандони вазорат фиристода мешавад, ки ҳангоми зарурат шахси ҷабрдидаро ба паноҳгоҳ мебаранд.
Паноҳгоҳи иқомати муваққатии занону кӯдакони “Корвони умед”
Паноҳгоҳи ташкилоти ҷамъиятии “Корвони умед” барои қабули то 10 нафар пешбинӣ шудааст. Баъди омӯхтани вазъи ҷабрдида ӯро дар паноҳгоҳ ҷойгир мекунанд, ки метавонад то се моҳ ва ё бештар онҷо бимонад. Занҳое ки ҳамроҳи фарзанди аз 10 сола калонтар ҳастанд, шояд барои ҷойгир кардан дар паноҳгоҳ посухи рад бигиранд.
“Корвони умед” курсҳои касбомӯзӣ созмон додааст ва ба занон имкон медиҳад, ки касбу кор пайдо кунанд. Дар назди ин ташкилоти ҷамъиятӣ курсҳои дузандагӣ, курсҳои таълими ҳунарҳои пухту паз кушода шудаанд. Дар доираи лоиҳаи ҳифзи заноне, ки хушунати хонаводагиро аз сар гузарондаанд, созмони ҷамъиятии “Корвони умед” қаҳвахонаи иҷтимоии “Чатр”-ро таъсис додааст.
Суроға:
Кӯчаи Н. Хисрав, хонаи 11, телефон: 900 00 12 22, роҳбар: Умеда Садриддинова.
Инчунин дар қаламрави Тоҷикистон паноҳгоҳҳои зерин мавҷуданд:
“Гулрухсор” ш. Хуҷанд, кӯчаи Р. Набиев 111, телефон: 98 750 40 74, info@gulruhsor.tj
“Ғамхорӣ” ш. Бохтар, кӯчаи Ваҳдат 137, тел: (8) 322 227 879, w.c.ghamkhori@mail.ru
“Дилафрӯз” ш. Бохтар, кӯчаи Дӯстии халқҳо 68, телефон: 91 865 92 93, ngodilafruz@mail.ru
“Майрам” ш. Кӯлоб, кӯчаи Неъматов 7, телефон: 93 500 01 67
“Бонувони фардо” ш. Шаҳритус, кӯчаи И. Сомонӣ 286, тел: (8) 324 022 888, anora.69@mail.ru
Ба гуфтаи Ҷавоҳир Акобирова, вақте ҷабрдидаи хушунати хонаводагӣ ба онҳо муроҷиат мекунад, дар навбати аввал бо ӯ суҳбат карда, ҳолати равониашро арзёбӣ мекунанд. Баъди ин бо ҳадафи ором кардани ҷабрдида равоншинос бо вай суҳбат мекунад ва пасон ҳуқуқшинос бо ӯ суҳбат мекунад.
Амали баъдина аз қарори зани ҷабрдида вобаста аст. Интиқоли ҷабрдида ба паноҳгоҳ ё шӯъбаи тавонбахшии тиббию иҷтимоӣ дар асоси розигии хаттии ӯ сурат мегирад. Вобаста ба мураккабии вазъияте, ки зан дар он қарор дорад, ӯро ба утоқҳои тобеи Вазорати тандурустӣ равон мекунанд. Маъмулан ин утоқҳо дар назди таваллудхонаҳо кушода шудаанд. Ҳуҷраҳои мазкур барои истироҳат то 10 рӯз пешбинӣ гардидаанд. Дар Душанбе сето чунин утоқ мавҷуд аст:
- Таваллудхонаи №2, кӯчаи Ҳусейнзода 8, телефон: 907 77 29 77; 223 02 842.
- Маркази миллии тиббӣ, кӯчаи И. Сомонӣ 59, телефон: 918 69 78 09; 907 27 27 22.
- Маҷмааи тандурустии “Истиқлол”, бинои Б6, ошёнаи ҳафтум, телефон: 93 530 39 94; 903 77 05 73.
Агар вазъият хеле мураккаб буда, ба нигоҳдории нисбатан тӯлонӣ ниёз пайдо шавад, ҷабрдидаро ба паноҳгоҳ равон мекунанд (Кумитаи занон ва оила бо ташкилоти “Корвони умед” ҳамкории танготанг дорад).
Бо дархости муроҷиаткунанда мактуби расмӣ навишта мешавад. Инчунин худи занҳо низ метавонанд мустақилона барои кумак ба паноҳгоҳ муроҷиат кунанд.
“Ин мавод дар доираи лоиҳаи барномаи “Рушди расонаҳои нав ва рӯзноманигории рақамӣ дар Осиёи Миёна” таҳия ва аз ҷониби Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) бо дастгирии Ҳукумати Бритониё роҳандозӣ шудааст. Муҳтавои маводи мазкур метавонад бо мавқеъи IWPR ва ё Ҳукумати Бритониё ҳамхон набошад”.