© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Афғонистон: Омадани «Толибон» ба сари қудрат барои Осиёи Марказӣ хатар эҷод мекунад

Бозгашти ҳаракати «Толибон» (ҳаракат дар кишварҳои Осиёи Марказӣ мамнуъ ва террористӣ эътироф шудааст ) ба сари қудрат дар Афғонистон ба кишварҳои ба он ҳамсоя таъсири ҷиддӣ мерасонад, ва барномаи сиёсати Афғонистон дар сиёсати хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ муҳимтар хоҳад шуд, мегӯянд коршиносон.


Афғонҳо дар фурудгоҳи Кобул. Акс аз AFP
Афғонҳо дар фурудгоҳи Кобул. Акс аз AFP

Имрӯз ҳаводиси Афғонистон дар сархати муҳимтарини мавзуҳои Воситаи ахбори оммаи ҷаҳонӣ қарор дорад. Барои баъзеҳо ҳанӯз ҳам норӯшан аст, ки толибон чӣ тавр тавонистанд нерӯҳои Афғонистонро, ки бо яроқу аслиҳаи навтарин муҷаҳҳаз буданд. ғолиб омада, ҳукуматро дар як муддати кӯтоҳ ба даст гиранд.

Коршиносони  тоҷик мегӯянд, ки хуруҷи босуръати неруҳои амрикоӣ ба қобилияти ҷангии артиши Афғонистон таъсир расонид. Аммо ба гуфтаи онҳо як қатор омилҳои дигаре низ ҳастанд, ки ба ғалабаи Толибон (ҳаракат дар кишварҳои Осиёи Марказӣ мамнуъ ва террористӣ эътироф шудааст) ба ғолибияти «Толибон» асос шудаанд.

Фаридун Ҳодизода. Акс: CABAR.asia
Фаридун Ҳодизода. Акс: CABAR.asia

Ба гуфтаи таҳлилгари тоҷик Фаридун Ҳодизода, фасоди васеъ панҳншуда дар ҳукумати Ашраф Ғанӣ «мардумро ба ҳаде расонид, ки одамон Толибонро қабул карданд».

Сабаби дигари суқути қудрат  – ин таслимшавии шубҳаноки неруҳои афғон аст. Намояндагони «Толибон» изҳор доштанд, ки бештари шаҳрҳо ва ноҳияҳо бидуни ҷанг ба таври ихтиёри бо онҳо «пайвастанд».

Аммо бархе мухолифини толибон, ба мисоли губернатори музофоти шимолии Балх Ато Муҳаммади Нур изҳор дошт, «тамоми неруҳои ҳукуматӣ ва амниятӣ дар натиҷаи як тавтиаи калон, муташаккилона ва тарсуӣ ба Толибон таслим шуданд».

Суқути ҳукумати Ашраф Ғанӣ дар тӯли чанд рӯз

Мақомот ва коршиносон мегӯянд, пас аз он ки Амрико эълон дошт, ки неруҳои  худро аз кишвар берун мекунад, вазъи сиёсии кишвар дар Афғонистон ба куллӣ тағйир ёфт. Моҳи апрели соли 2021 президент Ҷо Бойдан изҳор кард, ки неруҳои ИМА ва НАТО то 11-уми сентябр Афғонистонро тарк хоҳанд кард.

Хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон як қисмати созишномаи ИМА бо «Толибон» (ҳаракат дар кишварҳои Осиёи Марказӣ мамнуъ ва террористӣ эътироф шудааст), ки дар соли 2020 дар Доҳ, пойтати Қатар ба имзо расида буд, мебошад. Пас аз қарори ИМА дар мавриди баровардани неруҳои худ аз Афғонистон, толибон якбора фаъол шуданд. Махсусан, онҳо ноҳияҳои шимоли кишварро зери назорати худ гирифтанд.

7 август ҷангӯёни «Толибон» ба маъмуриятҳои марказҳои вилоятҳо ҳуҷум карда, аввал шаҳри Заранҷ, пойтахти вилояти Нимрӯзро гирифтанд. Ба Толибон як ҳафта кифоя буд, то шаҳрҳои бузурги Афғонистон, Қандаҳор, Ҳирот, Ғазна, Мазори-Шариф ва Файзободро ғасб кунанд. Бештари ин шаҳрҳо, бо истиснои Ҳирот ва Мазори Шариф бе ҷанг таслим шуданд. Дар ҳоле ҳукуматдорони афғон ва шахсиятҳои саршинос ваъда медоданд, ки бо «Толибон» муқовимат мекунанд, ҷангӯёни ҳаракат аллакай то субҳ Кобулро гирифтанд.

Президенти кишвар Муҳаммад Ашраф Ғани ва бархе наздикони ӯ пас аз он ки толибон ба пойтахти Афғонистон наздик шуданд, дарҳол аз Кобул фирор карданд. Бар хилофи пешгӯиҳои Идораи марказии кашфи ИМА ва коршиносон, Кобул ҳамагӣ як ҳафта тоб овард. Ин вазъи ғайричашмдошт боиси бетартибӣ дар пойтахти Афғонистон гардид, ҳазорон шаҳрвандон ба фурӯдгоҳи шаҳр шитофтанд, то ин ки кишварро бо ҳар парвоз тарк кунанд. Мардум изҳор доштанд, ки аз тарси интикоми толибон аз Афғонистон фирор кардан мехостанд.

Наворҳои фоҷиаоварро, ки одамон ба қанотҳои ҳавопаймо часпида буданд, аз баландӣ афтида, ба ҳалокат расиданд, тамоми ВАО-и ҷаҳонӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ пахш карданд.

Амрулло Салеҳ. Акс: ТАСС
Амрулло Салеҳ. Акс: ТАСС

Айни замон тақрибан тамоми ноҳияҳои Афғонистон, бо истиснои дараи Панҷшер, зери назорати толибон қарор доранд. Дар ин дара сарвазири Афғонистон Амрулло Солеҳ, ки худро сардори муваққатии давлат эълон кардааст, қарор дорад. Вай ба Қонуни асосии кишвар такя кардааст, ки сарвазир дар ҳолатҳои истеъфо ва фирори президент роҳбарии давлатро ба зиммаи худ мегирад.

Тибқи маълумотҳои ғайрирасмӣ, 17-уми август ба Панҷшер колонаи неруҳои давлатии Афғонистон, ки ба толибон таслим нашудаанд, ворид гардиданд.

Бархеи дигар намояндагони намоёни ҳукумати пешини Афғонистон, аз ҷумла сарвазир Абдулло Абдулло ва собиқ президент Ҳамид Карзай 18-уми август бо толибон дар Доҳ ба созиш омаданд.

Толибон ваъда доданд, ки  ҳуқуқҳои занон, ақаллиятҳои миллӣ ва мазҳабӣ, озодии баёнро таъмин ва «ҳукумати эътилофӣ»-ро ташкил мекунанд. Аммо коршиносони тоҷик бар ин боваранд, ки бо назардошти ҳукумати ҳукмрони пешини Толибон дар охири солҳои  90-ум ба ин ваъдаҳо бовар кардан душвор аст.

Таҳдиди асосӣ – идеологияи ҷиҳодии Толибон

Коршиносон аллакай огоҳӣ медиҳанд, ки бозгашти «Толибон» (ҳаракат дар кишварҳои Осиёи Марказӣ мамнуъ ва террористӣ эътироф шудааст) ба сари қудрат ба кишварҳои ҳамсояи Афғонистон, аз ҷумла Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон таъсири калон хоҳад расонд.\

Сиёсатшинос Қосим Бекмуҳаммад дар шарҳи CABAR.asia қайд кард. ки идеологияи ҷиҳодии Толибон таҳдиди воқеӣ барои минтақа эҷод мекунад ва метавонад барои оммаи васеъ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирад.

«Тавре ин дар солҳои 1990-ум рух дода буд, вақте муҷоҳиддон дар Афғонистон сари ҳукумат омаданд ва изҳор доштанд, ки мо абарқудратҳоро ғолиб омадем ва ин – қувваи ислом аст. Он вақт ин тарғибот дар Осиёи Марказӣ сахт паҳн гардида буд. Ҳоло тасдиқ мекунонанд, ки Толибони пойлуч тавонистанд абарқудрати дигарро сарнагун кунанд», гуфт ӯ.  

Қосим Бекмуҳаммад. Акс: CABAR.asia
Қосим Бекмуҳаммад. Акс: CABAR.asia

Ба гуфтаи таҳлилгари тоҷик Фаридун Ҳодизода, таҷрибаи солҳои гузашта нишон дод, ки ҷонибдорони исломи сиёсӣ пас аз ба сари қудрат омадан кӯшиш мекунанд идеологияи худро васеъ кунанд.

«Масалан, пас аз ғолибияти Инқилоби исломӣ дар Эрон ақидаҳои онро кӯшиш карданд дар дигар минтақаҳо паҳн кунанд», – гуфт Ҳодизода.

«Толибон» (ҳаракат дар кишварҳои Осиёи Марказӣ мамнуъ ва террористӣ эътироф шудааст) борҳо изҳор доштанд, ки ба ҳамсоягони худ ҳамла нахоҳанд кард ва бо онҳо муносибатҳои хубро идома хоҳанд дод. Аммо ба назар мерасад, ки давлатҳои Осиёи Марказӣ, махсусан, Тоҷикистон ба ин ваъдаҳо чандон бовар надоранд. Дарҳол пас аз пайдо шудани ҷангӯён дар шимоли Афғонистон, ҳукумати Тоҷикистон ба таври иловагӣ 20 000 сарбози худро ба марз фиристод ва бори аввал дар саросари кишвар нируҳои мусаллаҳи худро санҷид.  

Омили асосии ташвиши ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон вобаста ба ҳаркати «Толибон» – ин иштироки шаҳрвандони худи кишварашон дар ин гуруҳ аст.  Миёни онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон  дар гуруҳи «Ансоруллоҳ» (дар Тоҷикистон мамнуъ ва террористӣ эътироф шудааст) ва шаҳрвандони Ӯзбекистон дар «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон» (дар Ӯзбекистон мамнуъ ва террористӣ мамнуъ) ҳастанд.

Радиои «Озодӣ» охири моҳи июл хабар дод, толибон ба «Ансоруллоҳ» назорати ҳудуди бо Тоҷикистон ҳаммарз бударо супоридааст. Қосим Бегмуҳаммад гуфт, ки «Толибон» ҳамчун як ҳаракати идеологии мазҳабӣ бо дигар гурӯҳҳои радикалии мазҳабӣ ҳамдардӣ ва бо онҳо ҳамкорӣ хоханд кард.

«Таҷрибаи соли 2001, вақте онҳо шарти Амрикоро қабул накарданд ва аз супоридани роҳбарони «Ал-Қоида» худдорӣ намуданд, исботи он аст. Яъне, дастгирии иттифоқчиён ва гуруҳҳои исломӣ барои «Толибон хеле муҳим буд. Ва имрӯз ҳам толибон аз ин принсип даст намекашанд, гарчанде дар марҳилаҳои аввал эҳтиёткорона рафтор мекунанд», – гуфт Бегмуҳаммад.

Бар асоси ин воқеиятҳо, коршиносони тоҷик таъкид мекунанд, ки рӯзномаи Афғонистон дар муқоиса бо солҳои қаблӣ дар сиёсати хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ муҳимтар мешавад.

Дар Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон «Толибон» гуруҳи террористӣ эътироф шудааст. Аммо сохторҳои расмӣ ҳам дар Ӯзбекистон ва ҳам дар Туркманистон бо аъзоёни ин ҳаракат аллакай вохӯрдаанд.

Ба андешаи коршиносон, сиёсати давлатҳои Осиёи Марказӣ нисбат ба толибон аз ду омил вобастагӣ дорад. Якум – ин сиёсати Руссия нисбат ба режими нав дар Афғонистон мебошад. Ва дуввум – то куҷо «Толибон» (ҳаракат дар кишварҳои Осиёи Марказӣ мамнуъ ва террористӣ эътироф шудааст) аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф карда мешавад.

Тоҷикистон аз ҳаводиси Афғонистон чӣ сабақ гирифта метавонад

Артиши Афғонистон, ки ҳукумати собиқаш 300 ҳазор нафар ҳадс мезад ва бо навтарин таҷҳизот муҷаҳҳаз буд, дар тӯли чанд ҳафта шикаст хӯрд. Коршиносони тоҷик мегӯянд, артиш бар асари сатҳи баланди фасод дар ҳукумат ва ноумедии мардум аз ҳукумати Ашраф Ғанӣ шикаст хӯрд.

Фаридун Ҳодизода мегӯяд, ки сабақи асосӣ, ки Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ бояд аз таҷрибаи Афғонистон гиранд – ин дарки он аст, ки боварии мардум ба ҳукумати худ барои устувории қудрат аҳамияти бузург дорад.

«Фасод ва маҳалгароӣ бояд решакан шавад, то ин ки мардум аз ҳукумат розӣ бошад. Дар акси ҳол онҳо дар мавриди дигар идеологияҳо меандешанд, масалан, дар бораи он ки чаро дар ҳукумат адолат нест», – гуфт Ҳодизода.

 

If you have found a spelling error, please, notify us by selecting that text and pressing Ctrl+Enter.

Spelling error report
The following text will be sent to our editors: