Афғонистон

CABAR.asia 31.01.22

Коршиносони CABAR.asia бар ин назаранд, ки “толибон”-и кунунӣ дар Кобул аз “толибон”-и қаблӣ танҳо бо лаҳни гуфтор ва миқёси чораҳои саркӯбкунанда фарқ мекунанд. Аммо террор ва таҳдиду ҳаросафканӣ ҳанӯз яке аз усулҳои асосии сиёсати онҳо боқӣ мондааст.
(more…)

Umed Khakimov 18.01.22

Умед Ҳакимов, иштирокдори Мактаби таҳлилии CABAR.asia мегӯяд, идеяи эҷоди камарбанди амниятӣ дар атрофи Афғонистон бояд фавран амалӣ карда шавад. Ин ташаббус вокуниши фаврӣ ва саривақтии кишварҳои бо Афғонистон ҳаммарз ва давлатҳои Осиёи Марказиро тақозо мекунад.
(more…)

CABAR.asia 25.08.21

Тавтеаи пушти парда байни афроди баландмақоми ҳукумати Афғонистон ва “Толибон” (ҳаракати дар кишварҳои Осиёи Марказӣ террористӣ ва мамнӯъ) омили аслии пирӯзии бармаҳали Толибон гардид. Аммо дар маҷмӯъ суқути режим дар Кобул натиҷаи нокомии сиёсати 20-солаи ИМА ва ҳукумати Афғонистон буд. Ин нуктаро Парвиз Муллоҷонов, сиёсатшиноси тоҷик дар як матлаби таҳлилӣ таъкид кардааст. (more…)

CABAR.asia 20.08.21

Бозгашти ҳаракати «Толибон» (ҳаракат дар кишварҳои Осиёи Марказӣ мамнуъ ва террористӣ эътироф шудааст ) ба сари қудрат дар Афғонистон ба кишварҳои ба он ҳамсоя таъсири ҷиддӣ мерасонад, ва барномаи сиёсати Афғонистон дар сиёсати хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ муҳимтар хоҳад шуд, мегӯянд коршиносон. (more…)

CABAR.asia 28.07.21

Созмони Паймони Амнияти даста  ҷамъӣ (СПАД) омодагии худро барои кўмак ба Тоҷикистон дар вазъияте, ки пас аз  ҳамлаи муваффақонаи Толибон (дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ мамнуъ) дар шимоли Афғонистон ба вуҷуд омадааст, изҳор кард. Коршиносон чунин мешуморанд, ки Москав иштирокчии калидии СПАД аст, бар иваз чизе талаб намекунад, зеро ў худ ба субот дар марзи Тоҷикистону Афғонистон манфиатдор аст.

(more…)

CABAR.asia 08.07.21

Коршиноси афғон мегўяд, террористони «Толибон» аз дастгирии густурдаи аҳолии Афғонистон бархўрдор нестанд ва қонунигардонии террористон аз ҷониби бозингарони калон раванди ноил шудан ба сулҳ ва рушд дар Афғонитонро танҳо мушкилтар мекунад.

(more…)

CABAR.asia 24.06.21

Пайравони ҳаракати Толибон (ташкилоти дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ мамнӯъ) рӯзи 21 июн гузаргоҳи гумрукию тиҷоратии Шерхон-Бандар, воқеъ дар марзи Афғонистону Тоҷикистонро тасарруф карданд. Вазъи нерӯҳои давлатӣ дар вилояти Бадахшони Афғонистон, ки бо Тоҷикистон ҳаммарз аст, бадтар шуд. Дар Тоҷикистон аллакай аз таҳдиди муҳоҷирати ҳазорон гурезаи афғон ҳарф мезананд.

(more…)

Muslimbek Buriev 15.05.20

“Вазъи марз бо Ӯзбекистон ва Чин мусоидтар буда, вале бо Афғонистон ва Қирғизистон хатарҳои ҷиддиеро дар пай дорад”, – сиёсатшинос Муслимбек Буриев мушкилот ва нозукиҳоеро, ки Тоҷикистон дар робита ба марз дорад, махсус барои CABAR.asia таҳлил кардааст. (more…)

CABAR.asia 22.04.20

Қосими Бекмуҳаммад, коршиноси масоили минтақа дар Тоҷикистон, бар ин назар аст, ки агар Иёлоти Муттаҳида Афғонистонро тарк кунад, Осиёи Миёна ба даҳлезе барои иқдомоти душманонаи гурӯҳҳои тундрав алайҳи Русия ва Чин табдил хоҳад шуд. (more…)

CABAR.asia 23.08.19

Зиёда аз даҳ сол мешавад, ки дар марзи байни Тоҷикистону Афғонистон бо дастгирии созмонҳои байналмилалӣ бозорҳои марзӣ таъсис ёфтанд, ки ҳадаф беҳтар кардани шароити мардуми ҳар ду тарафи марз буд. Вале ба назар мерасад, ки сокинони деҳоти марзии Афғонистон зиёдтар ба фаъолияти ин бозорҳо моиланду аз онҳо фоидаи бештар мебинанд.  (more…)