Умед Ҳакимов, иштирокдори Мактаби таҳлилии CABAR.asia мегӯяд, идеяи эҷоди камарбанди амниятӣ дар атрофи Афғонистон бояд фавран амалӣ карда шавад. Ин ташаббус вокуниши фаврӣ ва саривақтии кишварҳои бо Афғонистон ҳаммарз ва давлатҳои Осиёи Марказиро тақозо мекунад.
Райисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 1998 дар СММ ба зарурати “эҷоди як камарбанди амниятӣ дар атрофи Афғонистон” таъкид карда буд. Ин идея то замони вуруди неруҳои Амрико ба Афғонистон дар соли 2001 аҳамият дошт. Баъди суқути ҳукумати аввали “Толибон” дар Кобул, умедвориҳое дар мавриди эҳтимоли таъсиси як ҳукумати дунявӣ дар Афғонистон вуҷуд дошт ва аз ин рӯ ташаббуси эҷоди камарбанди амниятӣ фаромӯш гардид.
Аммо дубора ба қудрат расидани “Толибон” (ҳаракати фаъолияташ дар аксари кишварҳои Осиёи Марказӣ мамнӯъ) дар тобистони соли 2021, тарафдорони эҷоди камарбанди амниятӣ дар гирдогирди Афғонистонро бештар кард. Бо чунин як ташаббус Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизистон ва Ҳинд садо баланд мекунанд.
Таҳдидҳо аз Афғонистон:
Дохил шудани аъзои гуруҳҳои террористӣ зери ниқоби гурезаҳо ба ҳар кишвар, ки боиси ноором шудани вазъ дар дохили он давлатҳо мегардад.
Баъди ба қудрат расидани “Толибон” мардумони зиёде аз Афғонистон фирор карданд. Тибқи Конвенсияи марбут ба мақоми гурезаҳо, ҳамаи кишварҳои узви СММ муваззафанд, гурезаҳоеро, ки дар давлатҳояшон ба ҷонашон хатар таҳдид мекунад, қабул кунанд. Аммо набояд ин далелро ҳам сарфи назар кард, ки аъзои гуруҳҳои террористӣ ҳунари миёни издиҳом ворид шудану пинҳон кардани ҳуввияти худро балад ҳастанд. Дар ҳоли ҳозир вуруди террористоне, ки ба танҳоӣ амал мекунанд ва ё аъзои гуруҳҳоянд ба ҳеч ваҷҳ назорат карда намешавад. Ба ҳамин тариқ, онҳо метавонанд зери ниқоби гуреза аз Афғонистон берун шаванд. Ин хатари ворид шудан ва таъсиси ячейкаҳои ифротиро зери ниқоби гурезаҳо ба вуҷуд меоварад. Ин хатар пеш аз ҳама ба Осиёи Марказӣ таҳдид мекунад.
Ба қудрат расидани як гуруҳи террористӣ ва аз ҷониби кишварҳои дигар ба расмият шинохтани он метавонад омили ташвиқкунандаи чунин гуруҳҳои террористию экстремистӣ дар кишварҳои дигар бошад.
Гуруҳҳое назири “Ал-Қоида”, “ДОИШ-Хуросон”, “Шабакаи Ҳаққонӣ” ва ҳатто “ДОИШ” ҳоло пирӯзии “Толибон”-ро ҷашн мегиранд.
Аммо дар мавриди хушҳолии худ изҳороте пахш намекунанд. Шояд ҳадафашон ин бошад, ки намоиш бидиҳанд ҳеч иртиботе бо “Толибон” надоранд, чунки ҳоло “Толибон” ба эътимод ва эътирофи ҷомеаи ҷаҳонӣ ниёз дорад. Онҳо танҳо паси парда истода, фаъолияташонро идома медиҳанд. Инҷо хеле муҳим аст ба мавҷудияти шӯъбаҳои “Ал-Қоида” дар Сомалӣ ва Малӣ ишора кард, ки пирӯзии “Толибон” метавонад ангезае барояшон гардад. Ва дар ин сурат, ҳангоми ба қудрат расиданашон дар кишварҳое, ки фаъоланд, метавонанд ҳамчунон ҳукумати қонуние шаванд, ки аз сӯи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф шудааст.
Аз ин рӯ, сиёсати эътироф накардани ҳукумати “Толибон” дар Афғонистон ба мақсад мувофиқ мебошад. Дар акси ҳол, ҷилавгирӣ аз иқдомҳои занҷираӣ ғайриимкон аст. Чунки эътирофи қудрати “Толибон” сабаби фаъол шудани созмонҳои ифротии террористие мешавад, ки то ин вақт пинҳонӣ амал мекарданд. Эътироф кардани як созмони террористӣ ба маънии эътироф кардани тамоми чунин ташкилотҳо мебошад.
Буҳрони иқтисодӣ ва нокомии ҳукумат дар таъмини амнияти иқтисодии шаҳрвандонаш бевосита сабаби пайдо шудани мушкилоти иқтисодӣ дар кишварҳои шарики Афғонистон мешавад.
“Толибон” як созмони террористӣ аст, ки аслан танҳо ҷангиданро балад буда, бо истифода аз ғояҳои ифротӣ аз номи дин баромад мекунад. Ин идеяҳо барои шаҳрвандони Афғонистон ба ҷуз маҳдудиятҳо ҳеч чизе дода наметавонад.
Аммо адами қобилият дар мудирияти оқилонаи иқтисоди давлат метавонад ба зудӣ на танҳо барои худи Афғонистон, балки барои шарикони иқтисодии он низ мушкили ҷиддӣ эҷод кунад. Феълан, дар Афғонистон фақр ва бекорӣ босуръат меафзояд. Ин ҳама дар ниҳоят ба таназзули иқтисодӣ оварда мерасонад. Созмони Милал ба ҷилавгирӣ аз фалокати башарӣ дар Афғонистон даъват мекунад, аммо ҷомеаи ҷаҳонӣ барои расонидани ёрии кофӣ омода нест. Феълан, аз 100 дарсади кумакҳои башардӯстонаи дархостшуда барои Афғонистон ниҳодҳои СММ танҳо 35 дарсади онро дарёфт кардаанд.
Афзоиши истеҳсол ва қочоқи маводи мухаддир
Набудани манобеи алтернативии зиндагӣ сабаби зиёд шудани теъдоди онҳое мешавад, ки афюн парвариш мекунанд. Ин дар навбати худ боиси афзоиши содироти маводи мухаддир на танҳо ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, балки ба тамоми ҷаҳон мегардад. Гумон аст “Толибон” аз даромаде, ки бар асари парвариши афюн ба даст меояд, даст кашад. Аз таҷрибаи қаблии “Толибон” дар Афғонистон маълум аст, ки парвариши маводи мухаддирро ташвиқ карда, ҳатто аз он андоз меситониданд, ки баъдан онро барои нигоҳ доштани муқовимати низомӣ истифода мекарданд. Ҳоло бошад, онро барои мустаҳкам намудани қудрати худ истифода мебаранд.
Суръати тавлиди афюн дар Афғонистон сол то сол дар ҳоли афзоиш аст. Тибқи маълумоти СММ, соли ҷорӣ ҳаҷми тавлиди афюн дар Афғонистон 8 дарсад афзоиш ёфта, ба 6,8 ҳазор тонна расидааст. Бо назардошти вазъи кунунии иқтисодӣ метавон тахмин кард, ки ин тамоюл идома хоҳад ёфт.
Вусъати бемаҳдуди терроризм ва ифротгароӣ дар кишварҳои ҳамсоя.
“Толибон” ваъда медиҳад, ки ба кишварҳои ҳамсоя ҳамла нахоҳад кард, аммо ин ваъда ба ҳеч ваҷҳ кафолати адами таҳдиди гуруҳҳои мухталифи қавмӣ, ки дар Афғонистон қарор доранд, аз ҷумла бошандаҳои кишварҳои пасошӯравӣ, буда наметавонад. Пас аз суқути “ДОИШ” дар Сурия ва Ироқ, Афғонистон ба макони нави истиқрори ҷангиёни ин гуруҳ табдил шуд. Тибқи гузориши The Soufan Center, теъдоди умумии ҷангҷӯёни Осиёи Марказӣ, ки ба Сурия ва Ироқ рафтаанд, марзи 5000 нафарро убур мекунад.Агар онҳоро ба кишварҳо тақсим кунем, чунин омор ҳосил мешавад: Қазоқистон – зиёда аз 500 нафар (11,90%), Қирғизистон – бештар аз 500 нафар (11,90%), Тоҷикистон – 1300 нафар (30,95%), Туркманистон – зиёда аз 400 нафар (9,52%), Узбекистон – зиёда аз 1500 нафар (35,71%).
Ин таҳдидҳо муҳимтарин мушкилот дар масъалаи таъмини амнияти манфиатҳои миллии ҳамаи кишварҳои ҳамсоя мебошанд. Ва ин таҳдидҳо натанҳо тамоми минтақа, балки ҷаҳонро ба ташвиш овардаанд, мунтаҳо саволе ба миён меояд, ки чӣ гуна давлатҳои ҳамсарҳади Афғонистон амнияти миллии худро ҳифз карда, аз густариши ифротгароӣ ва терроризм дар қаламрави худ ҷилавгирӣ намоянд ва ҳамзамон шарики иқтисодиеро дар симои Афғонистон аз даст надиҳанд?
Роҳҳалли ин мушкил эҷоди “камарбанди амниятӣ гирдогирди Афғонистон” шуда метавонад.
Чаро эҷоди камарбанди амниятӣ дар атрофи Афғонистон зарур аст?
Якум, барои ҷилавгирӣ аз густариши терроризму ифротгароӣ дар кишварҳои минтақа. Инҷо нақши ниҳодҳои амнияти миллии ҳар кишвар, ки масъулияти шиносоии гурезаҳои ҳақиқӣ аз гурезаҳои “ҷаълӣ” ё дуруғинро бар душ мегиранд, калидӣ хоҳад буд. Ҷиҳати ҷилавгирӣ аз вуруди ифротгароҳо зери ниқоби гуреза омӯзиши бодиққати сарнавишти ҳар гуреза лозим меояд. Фаъолияти муштарак ва ҳамкории ниҳодҳои амниятии кишварҳои мухталиф метавонад дар ҳалли самарабахши ин масъала кумак намояд.
Дуюм, мусоидати хадамоти марзбонии кишварҳои ҳамсоя дар чорчуби камарбанди амниятии гирдогирди Афғонистон, метавонад омили ҷилавгирӣ аз талоши вуруди гуруҳҳои ифротӣ ва террористӣ ба марзҳои ин кишварҳо бошад. Таъмини амнияти масалан, марзи Тоҷикистону Афғонистон ё Узбекистону Афғонистон на танҳо манофеи миллии Тоҷикистону Узбекистон, балки кишварҳои узви СПАД ва тамоми кишварҳои дигари ҷаҳонро низ ҳифз хоҳад кард.
Сеюм, бунёди долони бехатари иқтисодӣ имкони интиқоли бехатари молҳои тиҷоратиро фароҳам меоварад. Шурӯъ аз соли 2003 Ҷумҳурии мардумии Чин ташаббуси “Як камарбанд — як роҳ”-ро, ки таҷдиди масири таърихии “Роҳи Абрешим”-ро дар назар дорад, ба таври фаъол пеш мебарад. Ин роҳ тавассути кишварҳои Осиёи Марказӣ мегузарад. Чин барои амалӣ кардани ин ташаббуси худ омода аст, ки ба инфрасохтори кишварҳои Осиёи Марказӣ сармоягузорӣ кунад. Аммо бо далели таҳдидҳои эҳтимолӣ аз эҳтиёт кор мегирад. Дар сурати дар чаҳорчӯби Созмони ҳамкориҳои Шанхай муттаҳид кардани ин ду стратегия – “Камарбанди амниятӣ дар атрофи Афғонистон” ва “Як камарбанд – як роҳ”, бидуни тарсу ҳарос ҳатто қад-қади марзи Афғонистон ҳам бунёд кардани масир имконпазир мебуд. Дар ин сурат кафолати муҳофизати долони иқтисодӣ аз таҳдидҳои эҳтимолии гуруҳҳои гуногуни Афғонистон (тасарруфи молу коло, роҳзанӣ, одамрабоӣ) ба даст меояд.
Чаҳорум, мусоидати кишварҳо дар назорат ва таҳкими марзҳои атрофи Афғонистон бо мақсади пешгирии на танҳо содироти маводи мухаддир, балки воридоти маводи кимиёвӣ барои истеҳсоли маводи нашъадор метавонад як усули хуби мубориза бо қочоқи маводи мухаддир бошад. Бо назардошти ин ки саҳми Афғонистон дар бозори ҷаҳонии ҳероин 90 дарсадро ташкил медиҳад, пас дар сурати ҷилавгирӣ аз транзити маводи мухаддир танҳо дар марзи Афғонистон таҳвили 90 дарсади ҳероин ба бозори ҷаҳонӣ қатъ мегардад.
Панҷум, азбаски таҳдидҳои эҳтимолӣ аз ҳукумати “Толибон” на танҳо ба минтақаи Осиёи Марказӣ, балки дигар кишварҳои ҳамсоя ҳам дахл доранд, ташаббуси таъсиси камарбанди амниятӣ дар атрофи Афғонистон дар шароити кунунӣ метавонад таконе ба раванди нави ҳамгироӣ гардад. Яъне, эҷоди иттиҳоде миёни кишварҳои узви СПАД ва СҲШ + Эрон, Ҳиндустон, Покистон. Нуктаи муҳим ин аст, ки дар ин маврид ҳеч кишваре набояд дар канор монад. Масалан, агар Покистон дар ин иттиҳод набошад, пас бояд дар атрофи он ҳам камарбанди амниятӣ бунёд шавад, зеро эҳтимоли густариши терроризму ифротгароӣ тавассути қаламрави Покистон имконпазир аст.
Ҳамин тариқ, метавон хулоса кард, ки Афғонистон дар ҳоли ҳозир макони беҳтарин барои ҳузур ва фаъолияти дилхоҳ гуруҳи ифротгаро мебошад. Ҳукумати феълӣ тавони комилан таҳти назорат гирифтани қаламрави Афғонистонро надорад ва ин ҳолат ба созмонҳои ифротӣ имкон медиҳад ин кишварро ба сифати пойгоҳ барои ташаккул ва муттаҳидсозии нерӯҳои худ истифода баранд.
Ҳангоми роҳандозии ташаббуси “Камарбанди амниятӣ гирдогирди Афғонистон” мешавад аз тавсияҳои зер истифода кард:
– Эҷоди як навъ ҳамгиройии ИДМ, МҲТБО (Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё) СПАД, СҲШ. Созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои ширкаткунанда бояд стратегияи минтақавиро барои вокуниши саривақтӣ ба таҳдидҳои ҳукумати феълии Афғонистон ҳамоҳанг созанд.
– Таъсис додани маркази ягонаи таҳлилӣ, ки ба ҳайати он намояндагони мақомоти амниятии ҳар як кишвари иштирокчӣ шомил мешаванд. Ин маркази таҳлилӣ бояд иттилооти заруриро сари вақт ҷамъоварӣ намуда, коркард кунад ва сари вақт бо хадамоти сарҳадии ҳар як кишвари ширкаткунанда ҳамкорӣ кунад.
-Дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир амалиёти “Канал” самаранокии худро нишон дод. Аз ин рӯ, зарур аст, ки онро асос гирифта, дар пасманзари доираи васеи иштирокчиён татбиқи онро идома дод, то амалиёти муштарак оид ба мубориза ва муқовимат бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир муассир шавад.
– Эҷоди сайберсипари ягона дар аҳди технологияҳои рақамӣ метавонад усули муассири мубориза бо ифротгароӣ, терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, фирориёни “ҷаълӣ” ва дигар таҳдидҳо ҳанӯз дар марҳилаи ибтидоии пайдоиши он гардад.
– Барои ҷилавгирӣ аз фалокати башардӯстона дар Афғонистон кишварҳои ширкаткунанда, созмонҳои байналмилалӣ, дар маҷмӯъ ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд ба мардуми Афғонистон кумакҳои башардӯстона расонанд.
Ҳамчунин, дар барқарорсозии иқтисоди Афғонистон, ҳатто дар сурати эътироф нашудани ҳукумати “Толибон” ҳам кумак расонидан лозим аст. Чунки ин кишвар шарики тиҷории ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад.
Бо вуҷуди ҳама таҳдидҳои фазояндаи ҳукумати кунунии “Толибон”, ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд барои барқарор карани вазъи иқтисодӣ ва пешгирӣ аз фалокати башарӣ дар Афғонистон кумак расонанд. Дар акси ҳол, ноумедии мардуми маҳаллӣ онҳоро дубора ба корҳое водор мекунад, ки писандида нестанд: кишту фурӯши афюн, силоҳ ба даст гирифта ба ғоратгарӣ машғул шудан, ба сафи ифротгароён ва террористон пайвастан. Аз ин рӯ, Афғонистон бояд имкони пешбурди фаъолияти мӯътадили иқтисодиро дошта бошад, то аз шикасти иқтисодӣ пешгирӣ кунад.