© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Равобити Амрикову Чин ва сиёсати Чин дар Осиёи Марказӣ

Тазодҳои ИМА ва Чин ба вазъи геополитикии Осиёи Марказӣ чӣ гуна таъсир мерасонанд? Оё дар ИМА нигарониҳо аз афзоиши нақши Чин дар амнияти минтақавии кишварҳои Осиёи Марказӣ вуҷуд доранд? ИМА қудрати нарми Чинро чӣ гуна арзёбӣ мекунад? Ин ва суолҳои дигар бо синолог (чиншинос) ва профессори Донишгоҳи Ҷонс Ҳопкинс Эндрю Мерта танҳо барои CABAR.asia баррасӣ шуданд.


Профессор Эндрю Мерта аз соли 2018 профессори чиншиносии Ҷорҷ ва Сади Ҳиман ва солҳои 2020-2021 муовини декани Мактаби таҳқиқоти байналмилалии Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинс буд. Доктор Мерта 25 соли охирро барои омӯзиш ва таҳлили ниҳодҳои бюрократии Чин, ки аксар вақт барои нозирони беруна ноаёнанд, вале дар сиёсат, иқтисод, рушди технолоҷӣ ва сиёсати иҷтимоии Пекин, аз ҷумла дар ҳамкории байни бюрократияи миллӣ ва намояндагони маҳаллии онҳо нақши бузург доранд, инчунин нақши Ҳизби коммунистии Чин дар истеъмори ин органҳои ҳукуматӣ, сарф кардааст. Лоиҳаи тадқиқотии кунунии ӯ дар бораи Чин сиёсати бюрократии ислоҳро (整风) аз солҳои 1950 то имрӯз баррасӣ мекунад.

CABAR.asia: Тавре шумо медонед, имсол 10-умин солгарди эълони ташаббуси “Як камарбанд, як роҳ” ҷашн гирифта мешавад. Натиҷаҳои муқаддамотии ин ташаббусро дар Осиёи Марказӣ чӣ гуна арзёбӣ мекунед? Оё гуфтан мумкин аст, ки ташаббус самарабахш аст? Оё мо ҳамчунин щоҳиди нуфузи он дар Авруосиё хоҳем шуд?

Эндрю Мерта: Ин саволи олӣ аст. Ман коршиноси Осиёи Марказӣ нестам, аммо 10 сол барои баъзе кишварҳо муддати тӯлонӣ ва барои баъзеи дигар нисбатан кӯтоҳ аст. Дар муқоиса, ҳузури Чин дар кишварҳои Африқо, масалан, таърихи тӯлонӣ дорад. Аз он чӣ, ки ман мебинам, амали Чин дар Осиёи Марказӣ камтар қобили мушоҳида ва бартаридор ба назар мерасад. Таассуроти ман ин аст, ки бисёре аз корҳое, ки Чин дар минтақа анҷом медиҳад, мисли дигар қисматҳои ҷаҳон, осон ва мутамарказ нестанд. Тавре ман мефаҳмам, байни Чин ва баъзе аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дар сатҳи нухбагон робитаҳо вуҷуд доранд. Аммо дар байни таҳлилгарон дар бораи муносибатҳо низ миқдори одилонаи шубҳа вуҷуд дорад. Ба фикрам гуфтани он барвақт аст: аз як тараф, гумон мекунам, ки шакку тардид асоснок аст, аммо аз тарафи дигар, имкони ба вуҷуд овардани муносибатҳои ба ҳамдигар фоидабахши бурднок мавҷуд аст, ба шарте ки ҳарду тараф нисбат ба якдигар, инчунин бо аҳолии минтақа, шаффоф бошанд.

Шумо таъсири Чинро ба лоиҳаҳои зерсохторӣ дар минтақа чӣ гуна арзёбӣ мекунед? Ва дурнамои татбиқи лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Ӯзбекистон чӣ гуна аст?

Эндрю Мерта: Ман фикр мекунам, ки дар маҷмуъ инфрасохтор хуб аст. Ва як чизи ҷолиби ин тарҳ ин аст, ки ман бо бархе аз мақомоти амрикоии муқими Ӯзбекистон суҳбат доштам ва ҷолиб ин аст, ки онҳо мухолифи чунин тарҳҳо нестанд. Ин лаҳн аз он чизе, ки ман дар Вашингтон мешунавам, фарқ мекунад. Ман фикр мекунам, одамоне, ки бо минтақа ошно ҳастанд, эътироф мекунанд, лоиҳаҳое ба мисли роҳи оҳан воқеан барои ҳама ҷонибҳои минтақа аз ҷиҳати иқтисодӣ судманд мебошанд. Ин шояд як мисоли нодире бошад, ки Чин онро вазъияти бурднок меномад. Аммо яке аз чизҳое, ки маро ҳамчун нафаре, ки мехоҳад минтақа ба нафъи мардуми ин минтақа шукуфоӣ ва рушд кунад, нигарон кардааст, ин аст, ки зерсохтори аз ҳад зиёд метавонад боиси номутаносибии рушди иқтисод шавад. Аз ин рӯ, фикр мекунам, ҳатто ба он чизе, ки сиёсати мусбат аст, шубҳа кардан хуб аст, зеро ин маънои онро дорад, ки ҳар ширкаткунанда бояд пурра огоҳ бошад, ки он ба манфиатҳои ӯ чӣ гуна таъсир мерасонад.

Шумо дуруст таъкид кардед, ки «мутахассисони равобити хориҷӣ бояд моҳияти рафтори номуназзами байналмилалии Чинро ба назар гиранд ва сирф ба моделҳои шевои сиёсати давлатҳои бузург диққат диҳанд». Оё метавонем бигӯем, ки Чин кишварҳои Осиёи Марказиро як минтақаи воҳид медонад, бахусус пас аз роҳандозии формати C5+1? Ё Пекин то ҳол майл дорад нисбат ба ҳар кишвари минтақа бархӯрдҳои гуногун дошта бошад?

Эндрю Мерта: Дар рафти муҳокима чунин ақида баён шуд, ки Чин равиши дуҷонибаро афзалтар медонад. Бешубҳа, барои кишварҳои минтақа муфид хоҳад буд, ки ягон садои дастаҷамъонае пайдо кунанд, то тавонад дар гуфтушунид бо Пекин дар робита ба манфиатҳо фишанге бошад. Бо дарназардошти баъзе танишҳо байни кишварҳои алоҳидаи минтақа, ин метавонад осон набошад, вале фикр мекунам, ки яке аз сабабҳои маҷбур накардани кишварҳо ба ин ё он самт, масалан, тарафдории Русия ба зарари тарафдорони Чин, ё ба нафъи нуфузи густурдаи ИМА, ин аст, ки ба ин кишварҳо озодии амал бидиҳанд, то мувофиқи манфиати худ манёвр кунанд. Ман фикр мекунам, амрикоиҳо аксар вақт аҳамияти ҷуғрофиро фаромӯш мекунанд. Ва яке аз чизҳое, ки барои ман хеле равшан шуд, ин аст, ки чӣ гуна ҷуғрофиё дар ин ҷо нақши марказӣ мебозад ва  субот, ноустуворӣ ва чашмадозҳои ояндаро таъйин мекунад.

Дар тӯли 30 соли рушди соҳибихтиёрӣ кишварҳои Осиёи Марказӣ, Тоҷикистон ва Қирғизистон бо мушкили доми қарз рӯбарӯ буданд. Ба таваҷҷуҳ ба рафтори байналмилалии Чин бо дигар кишварҳо, бо назардошти он ки иқтисоди ин ду кишвар метавонад ба бори қарз тоб наоварад, чӣ пешгӯиҳо карда метавонед, ки Чин чӣ гуна метавонад сармоягузориҳои молии худро барқарор кунад?

Эндрю Мерта: Агар шумо чаҳорчӯберо, ки ман имрӯз дар суханронии худ пешниҳод кардам, бигиред ва сиёсати дохилиро дар сиёсати байналмилалӣ татбиқ кунед, пас яке аз чизҳое, ки мо дар Чин, бахусус дар даҳсолаи охир дар корхонаҳои давлатӣ мебинем, нақши бонкҳо дар кӯмак ба корхонаҳои давлатӣ ва ҳукуматҳои маҳаллӣ аст. Ин маънои онро дорад, ки низоми бонкии Чин ҳамеша як василаи нигоҳ доштани суботи сиёсӣ тавассути аз байн бурдани қарзҳои маҳаллӣ буд. Аз ин рӯ, ман ҳайрон намешавам, ки агар Чин сармоягузории аввалини худро дар як кишвари мушаххас дубора баррасӣ кунад. Ба Пекин лозим меояд, ки чунин мусоҳиботеро чун «оё гуфтушунид аз cap гирифта шавад?», «бояд аз эътибор соқит шавад?», «ширкат дар, ба истилоҳ дипломатияи ба ном доми қарз, чӣ оқибатҳои сиёсӣ дорад?» анҷом диҳад. Ман фикр мекунам, ки ҳама гуна натиҷа имконпазир аст. Ва дар тӯли чанд соли оянда, вақте бисёре аз қарзҳои аслӣ ба итмом мерасанд, мо мебинем, ки самти ҳаракати Пекин бо ҳар кишвари алоҳида чӣ гуна аст.

Ман мутмаин ҳастам, ки агар Пекин корро барои ин кишварҳо душвор кунад, ҳам ба Иёлоти Муттаҳида ва ҳам ба ҷомеаи байналмилалӣ ин фурсатро медиҳад, ки ба ин кишварҳо ворид шаванд ва ба таъмини молӣ кумак кунанду ниёзҳоеро, ки Чин дар ибтидо ироа карда буд, бароварда кунанд.

Боз як суол дар бораи нақши афзояндаи Чин дар амнияти минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ. Оё дар ИМА аз ин нигаронӣ вуҷуд дорад?

Эндрю Мерта: Ҷавоби оддӣ: Ман намедонам, зеро ман таҷрибаи кофие, ки мехостам, надорам. Аммо ман эҳсос мекунам, ки қисми зиёди сиёсати хориҷии ИМА вокунишӣ аст ва то даме, ки дар баъзе қисматҳои ҷаҳон бӯҳрон вуҷуд надорад, таваҷҷуҳи ИМА метавонад мумкин аст ба андозаи як рӯйкард фаъолона набошад. Ман фикр мекунам, ки дар ҳоли ҳозир таваҷҷуҳи зиёди ИМА ба минтақа ба амалҳои Русия дар Украина рабт дорад. ИМА кӯшиш мекунад, ки таҳримҳои зидди Русияро тақвият диҳад, ё ҳадди аққал нигоҳ дорад… Ҳамин тавр, ин ба кишварҳои минтақа имкон медиҳад, ки аз кӯмаки ИМА натанҳо замоне, ки Иёлот Муттаҳида ба ҳимоят аз минтақа ниёз дорад, балки дар мавқеи дигар низ, бархурдор шаванд.

Ҷолиб хоҳад буд, бибинем то чӣ андоза ИМА кӯшиш мекунад, то таъсири Чинро мутаодил кунад, зеро шумо медонед, ки намудҳои гуногуни нуфуз вуҷуд доранд. Бархӯрдҳои Русия ва Чин дар ин минтақа комилан фарқ мекунанд.

Нуфузи Чин иқтисодитар аст, дар ҳоле ки нуфузи Русия бештар фарҳангӣ ва стратегӣ ба назар мерасад.

ИМА дар ин вазъият худро чӣ гуна нишон медиҳад? Ин масъалаест, ки ба фикрам дар солҳои наздик мавриди баҳсу баррасӣ қарор мегирад. Ман фикр мекунам, ки яке аз чизҳои ҷолибе, ки хоҳем дид, муваффақият ё шикасти Чин дар талошҳояш барои ҳалу фасли вазъияти Афғонистон аст. [Афғонистон] Иттиҳоди Шӯравиро мағлуб кард, Иёлати Муттаҳидаро қариб. Кӣ медонад, ки Чин муваффақ мешавад, ё не. Аммо ман фикр мекунам, ки бо назардошти аҳамияти Афғонистон барои суботи минтақавӣ ё ҳадди ақал суботи минтақавие, ки ИМА онро мефаҳмад, фикр мекунам, корест, ки бисёриҳо интизоранд. Ман чунин мешуморам, ки мо ба ҷойи интизор шудан, бояд пешакӣ фикр кунем, ки рfвобити Вашингтонро бо минтақа чӣ тавр ба роҳ монем, ки ба ҳарду ва ё ба ҳамаи тарафҳо фоиданок бошад.

Тазодҳои ИМА ва Чин ба вазъи геополитикии Осиёи Марказӣ чӣ гуна таъсир мерасонанд? Бо шуруи ҷанг дар Украина ақидае вуҷуд дорад, ки нуфузи Чин дар минтақа афзоиш ёфта, нуфузи Русия коҳиш меёбад. Ба назари шумо, ин ба чӣ натиҷа оварда метавонад?

Эндрю Мерта: Ин ду суоли хеле душвор аст. Ин ҷо ман аз ҳамкорам Мел Гуртов иқтибос меорам, ки чанд ҳафта пеш аз омаданам ба Осиёи Марказӣ як муаррифии хеле ҷолибу пурмазмун кард. Ба назари ӯ, тафовути сиёсати хориҷии Амрико ва Чин дар он аст, ки Иёлоти Муттаҳида суботи байналмилалиро дар заминаи ҷаҳонӣ ва Чин суботи байналмилалиро дар заминаи маҳаллӣ мебинад. Яъне, барои Чин ҳама чиз барои нигоҳ доштани дараҷаи муайяни суботи дохилӣ хизмат мекунад ва бинобар ин вай ба ҳар масъала назар ба Иёлати Муттаҳида то андозае дигар хел нигоҳ мекунад. Чин бештар ба дарун нигаронида шудааст ва Иёлоти Муттаҳида дар сиёсати хориҷӣ бештар ба берун нигаронида шудааст. Ман инчунин мутмаин нестам, ки ин ду кишвар чӣ гуна муносибатҳои ҳамдигарро дарк мекунанд. Аксар вақт онҳо якдигарро намешунаванд, ки ин барои кишварҳои хориҷие, ки дар байни онҳо ҳастанд, мушкил эҷод мекунад.

Ҳоло вазъият махсусан душвор аст, бо назардошти он, ки Чин аз вазъияте, ки Русия онро мувоҷеҳ кардааст, чандон қаноатманд нест. Аммо вай ҳамчунин эътироф мекунад, ки наметавонад Русияро тарк кунад, зеро он метавонад ба ҳузури бештари Русия, тағйир додани мувозинат ба нафъи Русия дар минтақа ва ё ҳадди ақалл вазъияти рақобати эҳтимолии бештарро миёни онҳо эҷод кунад.

Бинобар ин барои Пекин ва Москва беҳтар аст, ки ба ҳамдигар муросо кунанд ва «статус-кво»-ро нигоҳ доранд, аз он ки қатъиян аз он дур шаванд.

Ман қаблан дар бораи аҳамияти ҷуғрофиё сухан гуфта будам ва ин бешубҳа дар мавриди Чин дуруст аст. Ҳамин тавр, ман фикр мекунам, ки муфидтарин роҳи пешравӣ дар оянда таркибе аз номуайянӣ, даст кашидан аз тааҳудоти беш аз ҳад ва ҳифзи инъитофпазирии маълуме дар байни ҳамаи бозигарон минтақа аст, то битавонанд ба тағйироти шароити байналмилалӣ посух диҳанд ва ба иқдоми хосе, ки метавонад дар оянда ба онҳо осеб бирасонад, вобаста нашаванд.

Суол марбут ба арзёбии шумо ба «қудрати нарми» Чин дар Осиёи Марказӣ аст. Шумо ин ниёзи Чинро дар Осиёи Марказӣ ва берун аз он чӣ гуна арзёбӣ мекунед? Оё қудрати нарми Чин метавонад ба воқеиятҳои тағйирёбанда мутобиқ шуда, мувофиқан тағйир ёбад ва эҳтимолан дар коҳиши синофобия (душманӣ, оштинопазирӣ, нафрат ва таҳқир нисбат ба Чин, чиноиҳо ва ҳама чизи чинойӣ. – шарҳи ред.) дар Осиёи Марказӣ саҳм гузорад?

Эндрю Мерта: Ман аниқ гуфта наметавонам, зеро ман боварӣ дорам, ки барои муассир будани қудрати нарм он бояд ба ғояи “намоиш деҳ, аммо чизе нагӯй” мувофиқат кунад.

Ва ман фикр мекунам, ки Чин дар робита ба идоракунӣ он қадар рӯйи «гуфтан» тамаркуз кардааст, ки ин боис мешавад Чин дар навбати аввал натавонад худро бо шароити тағйирёбанда мутобиқ кунад.
 Ман фикр мекунам, ки ин [Чинро] умуман ба шароити маҳаллӣ чандон ҳассос намекунад ва ин чизест, ки бар асоси иттилооте, ки ман дар суҳбат аз мардум мегирам, махсусан муассир нест. Аз ин рӯ, одамон албатта аз кӯмаки Чин истиқбол мекунанд, аммо онҳо ҳатман дигар домҳоеро, ки бо он меоянд, қабул намекунанд. Ман фикр мекунам, ки ин дар кишварҳои гуногун фарқ мекунад. Ба назари ман, дар ҷойҳое, ба мисли Африқо ва Ховари Миёна, шояд ошкор будан ё қабули ин мавзуъ бештар бошад.

Дар Осиёи Миёна ман чунин таассурот пайдо кардам, ки ин ҷо каме шубҳа бештар аст ва фикр мекунам, ин дуруст аст. Ҳарчанд яке аз чизҳое шунидам, ин аст, ки қабули қудрати нарм ба мавҷудият ё набудани алтернативаҳо иртибот дорад. Ва ин як масъалаи муҳими сиёсӣ аст, ки масалан Иёлоти Муттаҳида ва Ғарб бояд онро баррасӣ кунанд. Ман фикр мекунам, ки агар Чин ба идора кардан ва бартарӣ додани гуфтаҳо камтар тамаркуз мекард, он метавонист дар минтақа хеле муассир бошад.

Бо ҳафт сол зиндагӣ дар Чин, медонам, ки Чин чӣ намунаи қонеъкунандае аз ҳама чизҳои хуб ва бад дар мавриди башарият аст. Аммо бо таваҷҷуҳ ба нигарониҳои шадиди мудирияти ривоятӣ, шумо онро нахоҳед дид. Ва ман фикр мекунам, то даме ки чунин аст, Чин махсусан ҷолиб нахоҳад буд. Иҷозат диҳед, ба ин савол боз як чизи дигар гӯям.

Аввалан, ба фикрам, он чи ки яке аз шумо дар бораи муқовимати институтҳои Конфутсий ба, масалан, ҳамкорӣ бо созмонҳои ҷамъиятӣ гуфт, —нотиқ гуфт, ин масъалаи сиёсати бюрократист, — ман комилан розиам. Аммо ин як имконияти аз даст додашуда барои қудрати нарм, бюрократия ва давлати Чин аст. Инчунин, дар суҳбатҳои худ бо ҳамсуҳбатони чинӣ ман аксар вақт фикреро мешунавам, ки «вақте Чин ба як абарқудрат табдил мешавад, мардум моро интиқод намекунанд» ва ман ба онҳо мегӯям: «Фикр мекунам, шумо бояд интизориҳои худро тағйир диҳед… Иёлоти Муттаҳида абарқудрат аст ва ҳама кори мардум ҳам интиқод кардани ИМА аст, бинобар ин ман ба шумо маслиҳат медиҳам, ки хунукназарӣ накунед”. Фикр мекунам, ин нишондиҳандаи адами дарк ин аст, ки ҷомеаи байналамилалӣ чӣ гуна ин рӯзҳо кор мекунад ва кашидани боре, ки як кишвари қудратманд бояд таҳаммул кунад, аст. Ва аз ин рӯ, фикр мекунам, ин бозгӯйи бисёр чизҳо аз назари он, ки Чин бояд дар робита ба фаҳмиши воқеӣ ва гирифтани масъулияте, ки ҳоло барои он саъй мекунад, чӣ андоза пеш меравад.

Одилона аст. Ва суоли охирин боз дар бораи баъзе нигарониҳо дар Осиёи Марказӣ. Чин лоиҳаи «Шаҳри бехатар»-ро дар Осиёи Марказӣ, дар Остона, Бишкек, Душанбе ва ғайра амалӣ мекунад. Оё метавон гуфт, ки Чин бомуваффақият модели низоми сиёсии худро, аз қабили диктотураи рақамиро ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ворид мекунад?

Эндрю Мерта: Фикр мекунам, ин тарси нозирон дар Ғарб аз Чин аст, вале ман фикр намекунам, ки ин тарсҳо беасосанд. Аммо бар асоси суҳбати имрӯзи ман дар бораи сиёсати дохилии Чин, яке аз чизҳое, ки ман ҳоло ба он таваҷҷуҳи зиёд дорам, ин аст, ки Чин чӣ гуна шаҳрдориҳои худро то сатҳи пойтахт тавассути ин раванди идоракунии шабака идора мекунад. Онҳо ин таҷҳизоти бо технолоҷии боло, ҳуши маснуии пешрафта, алгоритмҳо, ин камераҳои бо технолоҷии боло, системаҳои ҳамгироӣ ва ғайраро доранд. Аммо дар охири охир, барои идора кардани минтақае, ки ман фикр мекунам дар он 1000 ё 2000 нафар вуҷуд доранд, онҳо асосан як нафарро доранд, ки ҳамаи инро идора мекунад ва илова бар он се ё чор корманди ихтиёрӣ доранд.

Аз ин рӯ, ба ман тааҷҷубовар нест, ки бо ин ҳама чизҳои дурахшони технологӣ, шояд захираҳои инсонӣ ё сармояи инсонӣ вуҷуд надошта бошанд, то онҳоро маҷбур кунанд, ки дуруст кор кунанд. Ва ин чизест, ки мо дар Чин такрор ба такрор мебинем. Аз ин рӯ, фикр мекунам, ин навъи технолоҷиҳо воқеан аз омилҳои инсонӣ ва то чӣ андоза бо назардошти ин омили инсонӣ тарҳрезӣ шуданашон вобаста аст.

Ман фикр мекунам, ки ин боиси нигаронист, аммо дар айни замон, агар шумо ба зерсохтори назоратӣ назар кунед, ки шумо дар ҷойҳое мисли Ню-Йорк, Лондон ва дигар қисматҳои ҷаҳон, ки Чин нестанд, мебинед, ё ин технолоҷиро аз Чин намехаранд, фикр мекунам, ин дар ниҳоят ба он вобаста аст, ки ин технолоҷиҳо чӣ гуна истифода мешаванд. Ва суоли асосӣ ин аст, оё технолоҷии чиниро метавон тавре истифода бурд, ки ба кишваре, ки ҳатман дар бораи чӣ гуна идоракунии аҳолиаш нуқтаи назари ултраавторитарӣ надоранд, фоидаовар бошад. Ва ман посухи ин суолро намедонам, аммо фикр мекунам, ки воқеан метавонад дар тавзеҳи ин, ки оё дар зоҳир як таҳдид аст, ё на, кумаки зиёде мекунад.

If you have found a spelling error, please, notify us by selecting that text and pressing Ctrl+Enter.

Spelling error report
The following text will be sent to our editors: