© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Ҷеннифер Тернер: “Чин ба як кишвари хеле сарватманд табдил ёфтааст, аммо ин корро аз ҳисоби муҳити зист кард”

Доктор Ҷеннифер Тернер дар мусоҳибаи вижа бо CABAR.asia дар бораи ибтикори Choke Point (англисӣ: монеа) дар Чин суҳбат мекунад, ки чӣ гуна Чин мушкилоти обу энержӣ ва паёмадҳои онро барои Осиёи Марказӣ ҳал мекунад.


Ҷенифер Тернер, манбаъ: https://www.wilsoncenter.org/person/jennifer-l-turner
Ҷенифер Тернер, манбаъ: https://www.wilsoncenter.org/person/jennifer-l-turner

Доктор Ҷеннифер Тернер 23 сол ба ҳайси мудири Форуми экологии Маркази Уилсони Чин кор кардааст. Вай коршинос дар заминаи ҳамкориҳои экологии ИМА ва Чин, инчунин масъалаҳои иқлим ва идоракунӣ дар Чин мебошад, ки аз гуфтаҳои ӯ ба таври густарда нақли қавл мекунанд. Ҳамчун роҳбари ибтикори гузоришдиҳии мултимедиявии Маркази “Global Choke Point”, Тернер тадқиқоти саҳроиро бо нақли визуалӣ дар кори худ якҷоя мекунад.

Чин барои таъмини иқтисоди худ аз камбуди сохтории об ва нерӯи барқ ранҷ мебарад. Ба таври густарда ба ин нукта ишора мешавад, ки 20% аҳолии ҷаҳон дар Чин зиндагӣ мекунанд, аммо он танҳо 7% оби ошомидании ҷаҳонро дар бар мегирад. Дар байни солҳои 2010 ва 2020, шумо ибтикори Global Choke Point-и Маркази Уилсонро сарварӣ мекардед. Метавонед ба мо бигӯед, ки далелҳо ва ривоятҳои асосӣ дар бораи “монеа”-и чинӣ – рақобати байни норасоии об ва талабот ба нерӯи барқ ​​дар Чин кадомҳоянд?

Қисмати асосии таърих, албатта, он аст, ки ангишт дар Чин подшоҳ аст, аммо ин подшоҳ хеле ташна аст. Қисми зиёди ангишт дар шимоли Чин ҷойгир аст, ки танҳо 20% боришот ба он ҷо рост меояд. Ғайр аз ин, ангишт бо бахши азими ғаладона рақобат мекунад. Дар натиҷа шумо онқадар оби зиёд, ангиштсанг ва маводди ғизоӣ (ғалладонаҳо) надоред. Роҳҳои ҳалли мушкилот бояд ёфт шаванд, аммо дар Чин роҳҳалҳои бузурги техникиро дӯст медоранд.

Лоиҳаи интиқоли об аз ҷануб ба шимол дар муқобили мудирияти талабот як роҳи ҳалли пешниҳодӣ аст, ки боиси коҳиши масрафи об мешавад. Чин дар самти самаранокии энержӣ ба пешравиҳои бузург ноил шудааст. Дар бобати самаранок истифода бурдани об вазъият мураккабтар аст. Барои самаранок будан, истеъмолкунандагон ва ширкатҳо бояд ангезаҳои муносибро эҷод кунанд.

Дар даҳаи 1980, 1990 ва 2000-ум, вақте ки Чин ислоҳоти иқтисодиро амалӣ мекард, рушди босуръат дар авлавият қарор дошт. Ба ҳар қимате энергетика ва шаҳрҳоро рушд дода, сипас назму тартибро ҷорӣ намудан. Масъала дар он аст, ки шаҳрҳои Чин аз даҳаи 1980-ум ба таври оммавӣ густариш ёфтанд. Чиниҳо интизори рушдро доштанд. Ҳукумат ба рушди иқтисодӣ авлавият дод. Оё шумо дар бораи дудмеҳ (смог)-и бузурги Пекин дар солҳои 2012-2013 шунидаед, ки то замин мерасид? Одамон бемор шуданд. Шаҳрвандон хашмгин шуданд, зеро сифати ҳаво хеле бад буд. Меъёрҳои сифати ҳавои чинӣ хеле паст буданд. Хашму ғазаб зиёд шуд, одамон эътироз карданд.

Дар соли 2014, ҳукумат тасмим гирифт, ки бояд ҷанг алайҳи олудагиро эълон кунад. Як қисми он ба пешбурди энержӣи тозаи бештар, манбаъҳои таҷдидпазир, интиқоли ангишт аз соҳили шарқ равона шуд, ки ин мушкилотро пурра ҳал намекунад. Онҳо ангиштро минбаъд дар дохили кишвар (Шинҷон) месӯзонанд ва сипас тавассути хатҳои барқ ​​​​таксим мекунанд, аз ин рӯ дар дохили Чин нисбат ба соҳилҳо олудагӣ бештар аст.

Шумо ба пурсиши ман то ҷойе посух додед, аммо ба ҳар ҳол… Чин дақиқан масъалаи обу энергетикиро чӣ гуна ҳал мекунад? Мамлакат чӣ иқдомеро анҷом медиҳад, чӣ сиёсатеро дар пеш мегирад?

Ман бо рӯзноманигорон кор кардам ва онҳо ба ман қудрати баёни достонро омӯхтанд. Мо на танҳо дар бораи Чин достонҳо гуфтем, мо дар бораи “Choke Point/Монеа” дар ИМА, Ҳиндустон ва сипас дар Чин гуфтугӯ кардем, то ба сиёсатмадорони чинӣ, тоҷирон кумак намоем, то дарёбанд, кор марбут ба ин нест, ки сухан дар бораи хориҷиён мегӯянд “шумо бад ҳастед”, балки ин  як мушкили муштарак аст. Вазорати манобеи об назорат ба ин мавзӯъро оғоз кард.

Намунаи дӯстдоштаи ман як созмони ғайридавлатии чинӣ бо номи IPE мебошад, ки онро дӯсти ман Ма Ҷун роҳбарӣ мекунад. Ташкилоти ҷамъиятии онҳо тақрибан 15 сол пеш фаъолияти худро оғоз карда буд. Онҳо ба эҷоди харитаҳои онлайни олудагӣ бо истифода аз додаҳои умумии давлатиро шурӯъ карданд. Онҳо нақшаҳои бузурге сохтанд, ки дар он шумо сатҳи олудагии ҳар як неругоҳро мебинед. Ин бисёр ширкатҳои байналмилалиро ба ҳайрат овард, зеро онҳо ногаҳон диданд, ки занҷираи таъминоти онҳо воқеан бесарусомон аст. Одамон аз ин созмони ғайридавлатӣ ба боздид аз ширкатҳои байналмилалӣ шурӯъ карданд ва дар бораи зарурати тоза кардани обу ҳаво дар занҷираи таъминот гуфтугӯҳо карданд.

Бо шарофати кори мо  “Choke Point/Монеа”, ин созмон таҳқиқоте анҷом дод, ки хатари олудашавии обро аз ҳафт корхонаи бузурги ангишт дар Чин (ширкатҳои ангишт) баррасӣ кардааст. Онҳо, Гринпис (Greenpeace) ва дигар созмонҳои ғайридавлатӣ кӯшиш карданд, ки шаффофияти бештарро дар бораи рафтори нодурусти ширкатҳо эҷод кунанд. Дар Чин лобби кардан ё фишор овардан ба ҳукумат ҳамчун як созмони ғайридавлатӣ душвор аст, аммо баъзе ширкатҳо ба беҳтар кардани самаранокии об шурӯъ карданд. Бо камбуди об дар шимоли Чин, худи баъзе корхонаҳои саноати пӯлодгудозӣ ва дигар корхонаҳои вазнин масрафи обро самараноктар карданд. Ҳеҷ гуна қоида вуҷуд надошт, аммо Чин ба сахттар кардани талабот ба ширкатҳо мубориза бо олудагиву тахриби муҳити зистро шурӯъ кард.

Аммо ба ҳар ҳол, на ҳама чиз комил аст, вақте ки ҳама чиз аз боло то поён идора мешавад.

Давлат ҳама чизро назорат карда наметавонад. Онҳо барои эҷоди ангезаҳо талош кардаанд. “Шумо партовҳои CO2-ро коҳиш медиҳед – шумо обро ҳамчун як барномаи миллии тиҷорати CO2 муҳофизат мекунед.” Ҳоло танҳо бахши энергетика аст. Хеле корҳоро анҷом медиҳанд. Ҳамин тавр, созмонҳои ғайридавлатӣ, бахши тадқиқотӣ ва сиёсати давлатӣ вуҷуд доранд. Аммо он чизе, ки шояд барои хонандагон ҷолиб бошад, ин аст, ки фишорҳои зиёди мардумӣ ҳукуматро ба иқдому кор водор мекард. Дар он ҷо як Чай Ҷин суханронӣ дошт, монанди TED, бо номи “Дар зери гунбад” баргузор шуд. Сухан дар бораи Чин зери гунбади олудагӣ мерафт. Суханронии ӯ дар Чин паҳн шуд ва ҳақиқати сардро дар бораи он ки чаро ҳаво ин қадар олуда аст, нақл кард. Вай инчунин як филми тасвирии хубе дошт, ки чӣ гуна олудагӣ моро мекушад ва фарзандони моро таҳдид мекунад. Он аз ҷониби расонаҳои хабарии Чин таблиғ карда шуд ва суханронии ӯро дар ҳама платформаҳои худ нашр карданд. Барнома аз ҷониби ҳукумат таъйид нашуда буд. Ин дар солҳои 2013-2014 буд. Бисёр одамон дар Чин фаҳмиданд, ки “мо худамонро мекушем”. Расонаҳои давлатии Чин ҳатто як каме саркаш буданд – онро нашр карданд ва пас аз чанд ҳафта Ҳизби коммунист эълон кард, ки ин кор мамнӯъ аст. Вай ҳоло дар ҷойе дар Иёлоти Муттаҳида қарор дорад. Мехоҳам бигӯям, ки Ҳизби коммунист нисбат ба афкори ҷамъиятӣ ҳассос аст. Дар ин раванд ҳатто рӯзноманигорон низ ширкат доштанд. Дар Чин ба таври мушаххас журналистикаи “сабз” вуҷуд дорад.

Ҳамон гуна ки маълум аст, ду рӯдхонаи бузург аз Шинҷони Чин ба Қазоқистон сарозер мешаванд: Или дар ҷануб ба кӯли калонтарини мамлакат — Балхаш об медиҳад; Иртиш аз маркази шимолии саноатии Қазоқистон гузашта, баъд ба Сибир меравад. Қазоқистон чӣ гуна метавонад бо Чин масъалаи тақсимоти обро баррасӣ кунад?

Ин як пурсиши воқеан душвор аст. Ман тоза ба Осиёи Марказӣ мепардозам, аммо барои омӯхтани бештар ба ин ҷо омадаам, зеро дар ҳақиқат ба об таваҷҷуҳ дорам. Умедворам, ки ман метавонам дар Қазоқистон ё Осиёи Марказӣ як “Choke Point/Монеа” боз кунам, бо рӯзноманигорон барои гузоришдиҳӣ шартнома бандам.

Агар шумо ба Чин бингаред, онҳо бо дарёҳои фаромарзии худ (Меконг) мушкилот доранд. Бурҷи обии Тибет мавҷуд аст. Бисёре аз ин дарёҳои калон аз Тибет сарчашма мегиранд. Чин дар Меконг сарбандҳо сохта аст. Онҳо гидроэнергетикаро ҳамчун энержӣи камкарбон ва таҷдидпазир мебинанд: “мо ба ин энержӣ ниёз дорем.”

Тааҷҷубовар дар он аст, ки дар дохили Чин онҳо хеле тозатар ва экологитар мешаванд, онҳо барои мудирияти беҳтари захираҳои табиии худ кор мекунанд, аммо вақте ки онҳо берун аз кишвар мераванд, на он қадар зиёд кор мекунанд.

Онҳо муколамаро бо кишварҳои Осиёи Ҷануби Шарқӣ дар бораи сарбанди дарёи Меконг чандон хуб пеш намебаранд. Ин аст он чизе, ки ман мехоҳам дар бораи он бидонам. Ман медонам, ки чандин сол пеш Чин бо тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ созишномаи марзӣ баста буд. Ба фикрам мо бояд дар хотир дошта бошем, ки Пекин на хама чизро идора мекунад. На ҳама чизро ҳукумати марказӣ назорат мекунад. Мақомоти маҳаллӣ метавонанд ин корро кунанд. Чини Ғарбӣ хеле камбағал аст ва онҳо кӯшиш мекунанд, ҳар захирае, ки доранд, барои рушди иқтисодиёти худ истифода баранд, аммо об сарват аст. Мо медонем, ки шимоли Чин иклими хеле хушк дорад. Онҳо ҳавзаи оби Таримро доранд, ки ба Қазоқистон намерезад. Бонки Ҷаҳонӣ дар Шинҷон кор кардааст, онҳо намунаи мудирияти якпорчаи ҳавзаи обёрии Таримро доранд.

Вилоятҳои Чин метавонанд обро устуворона мудирият кунанд, аммо ман фикр мекунам, ки ҳукуматҳои маҳаллӣ метавоанд шавқманди аҳамият додан ба об набошанд. Ҳатто дар дохили Чин, то беҳтар шудани танзим, музофотҳо аҳамият намедоданд, ки олудагиҳояшон ба об афтода, бо маҷро ба поён меравад, зеро ин мушкили онҳо набуд. Мӯъҷизаи иқтисодии Чин аз он сабаб рӯй дод, ки Пекин қудратро ғайримутамарказ карда, онро ба мақомоти маҳаллӣ таҳвил дод. Дэн Сяопин гуфт, ки «зуд пулдор шавед» ва онҳо ҳам ин корро карданд.

Чин ба як кишвари бисёр сарватманд табдил шудааст, аммо аз ҳисоби муҳити зист ин корро анҷом дода аст.

Дар оянда, донистан ҷолиб аст, ки чӣ ангезаҳое барои ҳукуматҳои маҳаллӣ амалан кор мекунанд. Биёед каме бештар дар бораи Осиёи Марказӣ ссҳбат кунем. Ҳамон тавр, ки мумкин аст, бидонед, тағирёбии иқлим ба системаҳои об, энергетика ва замин дар Осиёи Марказӣ таъсир мерасонад. Гармшавӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ нисбат ба сатҳи миёнаи ҷаҳонӣ зудтар сурат мегирад. Пиряххои болооби дарёҳо аз сабаби гармшавӣ ҳамакнун дучори обшавии босуръат мешаванд. Бо таваҷҷуҳ ба таҷрибаи Чин, оё худи Чин метавонад намунае барои Осиёи Марказӣ дар ҳалли ин мушкил дар минтақа бошад?

Ингуна аст, ки Чин дар тӯли 8 соли охир ба энержӣи тоза гузашт. Модели рушдашон онҳоро сарватманд кард, аммо мардумаш бемор шуданд, аз олудагӣ нафасгир шуданд ва дарк карданд, ки Чин наметавонад устувор бошад.

Далели ҷолиб: Си Ҷинпин дар соли 2014 ба қудрат омад, яке аз он солҳои дудмеҳ (смог)-и шадид, ҳамон замоне, ки ӯ бо олудагӣ ҷанг эълон кард. Аз ин рӯ, Си Ҷинпин сармояи зиёди сиёсиро барои пок ва сабз будан ба кор бурд. Соли 2014 ӯ бо Иёлоти Муттаҳида созишномаи иқлимро имзо кард. Мавқеи сиёсии ӯ асосан аз он иборат аст, ки Чин поктар ва устувортар шавад. Энержӣи тоза инчунин барои табдил шудан ба қудрати ҷаҳонӣ дар ин фановариҳои олӣ муҳим аст. Ҳама панелҳои офтобӣ дар Чин сохта шудаанд. Барои Чин, сабз шудан (кабудизоркунӣ) инчунин як стратегияи оқилонаи иқтисодӣ аст ва онҳо ҳоло дар таҳияи ҳамаи ин фановариҳои энержӣи тоза бо ИМА ва Аврупо рақобат мекунанд.

Чин бозори батареяҳои офтобиро ба даст овардааст ва онҳо мехоҳанд бо мошинҳои барқӣ низ ҳамин тавр кунанд. Ин ҳам ба далелҳои иқтисодӣ ва ҳам барои бақои сиёсии Си Ҷинпин сурат мегирад. Тавре ёдовар шудам, давлат бо як ҳизби авторитарӣ будан баин маъно нест, ки афкори ҷомеа аҳамияте надорад.

Шумо манбаъҳои таҷдидпазири энержӣ ва фановариҳои сабзро зикр кардед. Кадом роҳҳои ҳамкорӣ бо Чин дар ин самт метавонад барои Осиёи Марказӣ мувофиқ бошад?

Бо он ки Чин технологияҳои тозаи энержии худро таҳия мекунад, ҳатто қатораҳои баландсуръат ба коромади энержӣи бештар табдил шудаанд. Аммо вақте ки онҳо ба кишварҳои дигар сармоягузорӣ мекунанд, афзалияти кишвари мизбон хеле муҳим аст.

Дар солҳои аввали ибтикори “Камарбанд ва роҳ”, кишварҳои фақир мехостанд ангиштро арзон кунанд, аммо ҳоло Чин гуфтааст, ки гӯё дигар нерӯгоҳҳои ангиштсанг намесозанд. Аз он ҷое, ки Қазоқистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Чин дар робита ба сармоягузории хориҷӣ сару кор доранд, онҳо бояд аз навъи сармоягузорие, ки мехоҳанд, бипурсанд. Чин метавонад онҳоро таъмин кунад, аммо барои ин вақт лозим аст. Вақте ки Чин дар Муғулистони дохилӣ ба сохтани нерӯгоҳҳои зиёди бодӣ ва офтобӣ шурӯъ кард, ин ҳамон чизест, ки мо энержӣи партови бодӣ ва ва партови офтобӣ меномем. Онҳо саноатро ба сохтмони ин мазраъдорӣ ангеза дода бошанд ҳам, вале хатҳои интиқоли барқро ханӯз насохта буданд. Онҳо корҳои зиёдеро анҷом додаанд ва ҳоло аксарияти хоҷагиҳо ба шабакаи барқ пайваст карда шудаанд.

Шумо ба ҳукуматҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ, ҷомеаи илмӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки масъалаҳои марбут ба иқлимро меомӯзанд, чӣ тавсия медиҳед?

Ҳар кишвар бо ин ё он буҳрони об, энергетика ва ғизо мувоҷеҳ аст. Шояд шумо то ҳол ба ин буҳрон нарасидаед, аммо он дар пеш аст. Иқлим тағйир меёбад. То ҷое ки ман мегӯям, рушди иқтисодии Осиёи Марказӣ, шаҳрнишинӣ, васеъшавии шаҳрҳо, кӯшишҳои ҳукумат барои баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ тавассути рушди саноат ва рушди иқтисодӣ ниёз ба энержӣ дорад. Ман ин масъаларо пеш аз расидан ба натиҷа, омӯхтам, ки шумо аз таъмини захираҳои сӯзишвории истихроҷшаванда хеле вобастаед ва дар бахши энержӣи таҷдидпазир чандон тавсеа наёфта, дар заминаи самаранокии энержӣ чандон рушд накардаед.  

Яке аз аввалин иқдомот, ки бояд анҷом дода шавад, ин аст,ки сиёсатмадорон ва фаъолон ба баррасии равобити обу энержӣ бипардозанд. Зимни баромадҳои худ дар ин ҷо ман асосан дар бораи мудирияти беҳтари об ва энержӣ сӯҳбат кардам. Аммо агар шумо обро беҳуда масраф мекунед, чизҳои оддие ҳастанд, ки шумо метавонед барои сарфаи об анҷом диҳед, онро беҳтар идора кунед (бо ҳазинаи кам ё бидуни ҳазина). Оё шумо ягон бор ба тарабхона рафта, дастҳоятонро шустаед ва об хеле гарм аст? Агар чунин ҳолате рух диҳад, яъне об аз ҳад зиёд гарм мешавад ва ин яъне қувваи барқ ​​​​беҳуда сарф мешавад.

Дарки бештар аз фаҳмиши таомули об ва энержӣ оғози хубест. Дар доираи лоиҳаи ман, мурури густардае бар таҳаввулот  ироа шудааст. Аз он замон то кунун, бархе аз созмонҳои ғайридавлатӣ, пажӯҳишгарон ва рӯзноманигорон гузоришҳое анҷом доданд, ки тасвири тамоми монеъаҳо дар Чинро тасвир кунанд ва пас аз он ҳукумат метавонад иқдомоти худро муайян кунад.

If you have found a spelling error, please, notify us by selecting that text and pressing Ctrl+Enter.

Spelling error report
The following text will be sent to our editors: