© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Осиёи Марказӣ дар шароити бархӯрди ИМА ва Чин. Мусоҳиба бо Роберт Дейлӣ

Оё дар ҳоли ҳозир ҷанги сарди наве дар сиёсати ҷаҳонӣ шурӯъ шудааст? Кишварҳои Осиёи Марказӣ барои коҳиш додани таниш миёни ИМА ва Чин чӣ коре метавонанд анҷом бидиҳанд? ИМА ба ташаббуси амнияти ҷаҳонии Чин чӣ гуна назар мекунад? Оё ояндаи наздик стратегияи ИМА дар Осиёи Марказӣ тағйир мекунад? Ҷавоби ин ва саволҳои дигарро аз мусоҳибаи ихтисосии CABAR.asia бо мудири Институти Киссинҷер дар Маркази Вилсон оид ба масоили Чин ва ИМА Роберт Дейлӣ пайдо мекунед.


Роберт Дэйлӣ, манбаъ: https://www.wilsoncenter.org/person/robert-daly
Роберт Дэйлӣ, манбаъ: https://www.wilsoncenter.org/person/robert-daly

Роберт Дейлӣ мудири Институти Киссинҷер дар Маркази Вилсон оид ба масоили Чин ва ИМА мебошад. Ӯ ба ҳайси дипломати амрикоӣ дар Пекин, тарҷумон барои раҳбарони Чин ва Амрико, аз ҷумла президент Картер ва котиби давлатӣ Киссинҷер кор кардааст. Дар гузашта мудири барномаҳои Чин дар Донишгоҳҳои Ҷонс Хопкинс, Сиракуз ва Мэриленд ва ҳамчунин продюсери шакли чинии “Кӯчаи Сезам” (барномаи телевизионии омӯзишӣ барои кӯдакон) буд. Коршиноси эътирофшуда дар масъалаи муносибатҳои Чину ИМА мебошад, дар ҳар ду кишвар маърӯзаҳо мехонад ва пайваста барои расонаҳои пешгом матолиби таҳлилӣ менависад.

Саволи аввал ба мухолифати кунунии Чин ва Амрико марбут аст, ки онро ҷанги сарди нав ҳам меноманд. Ба назари Шумо, ин ҷанги сарди нав аз ҷанги сарди пешина, ки дар қарни бистум ба вуқӯъ пайваста буд, чӣ тафовут дорад? То чӣ андоза метавонад ҷанги сарди нав ба муноқишаи нисбатан доғтаре табдил ёбад? 

Роберт Дейлӣ: Бале, дар воқеъ, ман фикр мекунам, ки ин як ҷанги сарди нав аст. Аммо аз чанд ҷанбаи муҳим он мисли ҷанги сарди қаблӣ нахоҳад буд.

Пеш аз ҳама, бояд эътироф кунем, ки имрӯз паҳншавии қудрат дар ҷаҳон хеле густариш ёфтааст, дар ҳоле ки замони ҷанги сарди аввал қудрат аз назари сиёсӣ ба паймони Варшава ва НАТО ё агар хоҳед ба Маскав ва ИМА тамаркуз карда буд.

Ҳоло барои кишварҳои дорои қудрати миёна ва ҳатто барои кишварҳои хурд имкониятҳои бештар вуҷуд доранд. Онҳо ба шарофати ҷаҳонишавии иртиботот, ҷаҳонишавии иқтисодиёт имкониятҳои бештар доранд. Роҳҳои бештари муошират вуҷуд доранд, то паёмҳо шунида ва интиқол дода шаванд. Аз ин нуқтаи назар, қудрат на танҳо дар Маскав, Брюссел, Вашингтон ва Пекин аст. Қудрат, масалан, дар Бишкек ва дар Литва низ вуҷуд дорад.

Дар созмонҳои чандмиллатӣ ҳам дар қиёс ба замони ҷанги сарди аввал қудрати бештаре вуҷуд дорад. Дар созмонҳои ҷамъиятӣ, дар ВАО, дар санъат, ҳатто дар блогнависони алоҳида низ қудрат вуҷуд дорад. Дар ҷаҳони муосир муайян кардан хеле душвор аст, ки садоҳои таъсиргузор аз куҷо пайдо мешаванд. Ин хуб аст. Ин як навъ буфер аст. Агар мо тавре сухан ронем, ки гӯиё Иёлоти муттаҳида ва Чин танҳо ду кишвари ҷаҳон ҳастанд, хулоса ин мешавад, ки ҷониби низоъ ҳаракат карда истодаем. 

Аз ин рӯ, маҳз бисёрҷонибаӣ ва паҳншавии қудрат аст, ки абарқудратҳоро аз бадтарин ғаризаҳои худ наҷот медиҳад.

Ман фикр мекунам, ки ҷанги сард ҳамчунон дар ҳар минтақа ва кишваре бо роҳҳои гуногун паҳн мешавад. Ин барои ҳар кишвар ва минтақа як масъалаи муҳими дипломатӣ хоҳад буд. Ҳатто агар шуморо барои интихоб кардани ҷонибе маҷбур накунанд, чӣ гуна миёни қудратҳои бузург мувозинатро барқарор мекунед? Чӣ гуна миёни онҳо худро муҳофизат кардан мумкин аст? Ин афзалияти дипломатӣ хоҳад буд. Хуб, ин яке аз фарқиятҳои асосии байни ҷанги сарди аввал ва ҷанги сарди дуюм мебошад. Ҳади ақал ду тафовути дигар ҳам вуҷуд дорад.

Якум, дар муқоиса бо ҷанги сарди аввал, дар ҷанги сарди дуюм тамоми абарқудратҳо бо мушкилоти ҷиддии фаромиллӣ рӯбарӯ мешаванд. Ташдиди ҷанги сард миёни Ғарби ҷаҳонӣ ва Чин (инчунин Русия, Эрон ва кишварҳои дигар) бузургтарин чолишҳои геостратегии ҷаҳон аст. Вижагии хоси ин давра дар он аст, ки бузургтарин чолишҳои геостратегии мо шояд дар кулл бузургтарин мушкилоти мо набошад. Мо инчунин бо мушкилоти марбут ба гармшавии глобалӣ рӯ ба рӯ мешавем. Агар 10 сол қабл ин як мушкили назариявӣ буд, ҳоло мушкили ҷиддӣ ба ҳисоб меравад. Ҳамин тариқ, мо мушкилоти гармшавии глобалӣ дорем, мушкилоте монанди ҷаҳонишавии авомили бемориҳо, ҷаҳонишавии ғояҳо, ҷаҳонишавии ҷиноятҳо ва монанди инҳоро дорем. Шояд бузургтарин чолише ки мо бо он рӯ ба рӯ мешавем, зуҳури технологияҳои нав бошад. Зеҳни сунъӣ, фановариҳои квантӣ, додаҳои бузург, таълимоти мошинӣ, тибби генетикӣ, тибби синтетикӣ – пайдоиш ва муттаҳидшавии ин технологияҳои нав – онҳо чӣ гуна мутақобила мекунанд ва ҷаҳонро тағйир медиҳанд? Ҳеч кас ҷавоби ин саволро намедонад.

Бинобар ин, абарқудратҳо дар баробари он ки бояд бо динамикаи ҷанги сард сару кор бигиранд, ҳамчунин бояд масъалаҳои фаромиллиро ҳаллу фасл намоянд. Ин чӣ таъсире ба ҷанги сард хоҳад гузошт? Ин кор сабаби кам шудани таваҷҷуҳ ва захираҳое мешавад, ки кишварҳои бузург метавонанд барои рақобати худ сарф кунанд. Дар замони ҷанги сарди аввал ба ин гуна фишор дучор нашуда будем.

Фарқи дигари байни ҷанги сарди аввал ва ҷанги сарди дуюм дар он аст ки Чин, ИМА ва Русия бо ноустувории бузурги дохилӣ рӯбарӯ ҳастанд.

Иёлоти муттаҳида мушкилоти батакрор дар низоми бонкӣ, проблемаҳои рушди нобаробар ва қашшоқӣ, инчунин қутбшавии сиёсӣ дорад. Чин бо таназзули иқтисодии садсола рӯбарӯ аст. Буҳрони демографӣ 10 сол пештар аз он ки Чин интизор буд, сар зад. Аҳолии кишвар дар ҳоли коҳишёбӣ ва пир шудан аст, дар ҳоле ки Чин ҳанӯз дар доми даромади миёна қарор дорад. Чинро қарз, фасод, ифлосшавии муҳити зист ва фосилаи байни интизориҳои муосири мардум ва системаи сиёсии ленинии онҳо ҳамчунон азоб медиҳад.

Аз сабаби ноустувории дохилӣ давлатҳои бузург таваҷҷуҳ ва захираҳои андакеро барои муборизаи геостратегӣ дар ихтиёр хоҳанд дошт. Хуб, фарқиятҳои асосие, ки мо мебинем, инҳоянд:

  • паҳншавии қудрат ва афзоиши фаъолияти давлатҳои миллӣ, субъектҳои ғайридавлатӣ ва шахсони алоҳида;
  • мушкилоти мубрами масъалаҳои фаромарзӣ;
  • ва заифии ҷиддии дохилии бозигарони асосӣ.

 Ин омилҳо таъинкунандаи ҷанги сарди нав хоҳанд буд.

Оё имкон дорад, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ таҳти таҳримҳои дуввумдараҷа қарор бигиранд? Агар ҳа, пас оё ин ҳамкориҳои байни Чин ва кишварҳои моро мустаҳкам мекунад?

Роберт Дейлӣ: Мушкилоти ҷорӣ кардани таҳримҳои дуввумдараҷа аз ҷониби ИМА ҳамеша вуҷуд дошт. Маъмулан чунин таҳримҳо ба ҳадафҳои худ намерасанд. Аз ин рӯ, ман ба таври қатъӣ ба ҳукумати Амрико тавсия медиҳам, ки дар сурати баррасӣ шудани чунин чора алайҳи Осиёи Марказӣ таҳримҳои дуввумдараҷа ҷорӣ накунад. Аммо то ҷое ки ман медонам, ин тавр нест.

Агар Осиёи Марказӣ ба як тарафи низоъ табдил шавад, гапи дигар аст. Аммо Вашингтонро лозим аст ба ҷуғрофиё, таърих ва манофеи ин минтақа хеле ҳассос бошад. Шумо ҷуғрофиёи худро тағйир дода наметавонед. Шумо бояд бо Русия, Чин, Ховари Миёна, Эрон ва Туркия равобити устувор дошта бошед. Ва мо бояд ба ин мавзӯъ ҳассос бошем.

Аз ин рӯ, ман ҳеч нишонаи ҷорӣ кардани таҳримҳои дуввумдараҷа алайҳи минтақаро намебинам. Агар мо таҳримҳои дуюмдараҷа ҷорӣ кунем ва боз ҳам такрор мекунам, ки ҳеч нишонае аз инро намебинам, ин чиз минтақаро ба Русия ва Чин наздиктар мекунад. Ва Вашингтон ҳам дарк мекунад, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ дар кадом вазъият ҳастанд, ҳарчанд шояд мо ин минтақаро нодида мегирем.

Шумо нуктаҳои ҷолибро дар бораи қудратҳои миёна ишора кардед. Қудратҳои дигари миёна чӣ гуна метавонанд танишҳои байни ИМА ва Чинро коҳиш диҳанд ва нақши кишварҳои Осиёи Марказӣ чигуна аст?

Роберт Дейлӣ: Ман фикр мекунам роҳи калидии баланд бардоштани субъективият – доштани муносибати баробар бо тамоми қудратҳои бузург мебошад. Агар кишварҳои Осиёи Марказӣ шеваи роҳандозии муносибати нисбатан хубро бо ИМА, Аврупо, Русия, Чин ва Ховари Миёна, аммо бо шартҳои худ, бар асоси манфиатҳои худ пайдо кунанд, пас нуфузи худро ба таври қобили мулоҳиза зиёд хоҳанд кард.

Ин маънои онро дорад, ки барои гуфтани “не” ба тамоми бозигарон, аз ҷумла ИМА, инчунин Русия ва Чин омода бошанд. Моҳияти субъективӣ будан ҳамин аст. Агар мутаваҷҷеҳ шавед, ки ҳеч гоҳ “не” гуфта наметавонед, шумо қудрати худро аз даст медиҳед. Шояд чизҳое вуҷуд дошта бошанд, ки дар мавриди он ба Иёлоти муттаҳида ва Аврупо “не” мегӯед ва шояд ба Чин “не” мегӯед, маслан дар мавриди Ташаббуси рушди ҷаҳонӣ, Ташаббуси амнияти ҷаҳонӣ ва Ташаббуси тамаддуни ҷаҳонӣ. Аммо онҳо мазмуни воқеӣ надоранд.

Чин дар минтақа манфиатҳои мушаххас дорад, аз ин рӯ ба ҳар ҳол дар ин ҷо сармоягузорӣ хоҳанд кард, дуруст? Боз ҳам такрор мекунам, ки “не” гуфтан ба тамоми қудратҳо, вақте ки манфиатҳои онҳо бо манфиатҳои шумо мувофиқат намекунанд, калиди афзоиши қудрати шумост. Агар кишварҳои Осиёи Марказӣ бо шартҳои барои минтақа мувофиқ бо тамоми қудратҳои бузург равобити хеле хуб дошта бошанд, онҳо метавонанд дар бунёди шабакаҳои созиш ва печидагӣ кумак кунанд ва ин шабакаҳо эҳтимолан метавонанд бузургтарин кафили сулҳ бошанд.

Шумо инчунин аз Ташаббуси амнияти ҷаҳонии Чин ёдовар шудед. Дар ин замина ИМА ин иқдомро чӣ гуна арзёбӣ мекунад? Ва оё ин консепсия ба таҳкими нақши Чин дар амнияти минтақавии минтақаи мо мусоидат хоҳад кард?

Роберт Дейлӣ: Аввалан, биёед эътироф кунем, ки Ташаббуси амнияти ҷаҳонӣ “консепсия” нест. Он ибора аст. Консепсияҳо мундариҷа доранд. Ташаббусҳои амнияти ҷаҳонӣ, рушди ҷаҳонӣ ва тамаддуни амнияти ҷаҳонӣ хеле васеъ ва хеле норавшан мебошанд. Ҳамаи онҳо ибораҳое мебошанд, ки ҳеч кас наметавонад алайҳи онҳо эътироз кунад.

Масалан, тавассути ин ташаббусҳо, Чин аз дигар кишварҳо мехоҳад, ки пешниҳодеро, ки мо ҳама бояд соҳибихтиёриро дастгирӣ кунем, “қабул” кунанд. Ҳамаи мо бояд тамаддуни кишварҳои худро эҳтиром кунем. Хуб, албатта. Инро ҳама медонад. Ҳама ба он боварӣ доранд. Ин ҷо ҳеч чизи чинӣ вуҷуд надорад. Ин чизи нав нест. Ин ба гуфтани он монанд аст, ки “Амрико мехоҳад ташаббуси ҷаҳонии “Кӯдакони зебо”-ро оғоз кунад”. Оё ҳамаи мо розӣ шуда метавонем, ки кӯдакон зебо ҳастанд? Бале, аммо баъд чӣ?

Дар ин ҷо барои Осиёи Марказӣ хатар вуҷуд дорад. Чин ин ташаббусҳои норавшанро пешниҳод мекунад, дуруст? Ва баъдан кишварҳои Осиёи Марказӣ мегӯянд: “Албатта, мо аз иқдомҳои шумо пуштибонӣ мекунем”. Чаро? Зеро шумо метарсидед, ки агар ин ташаббусҳоро дастгирӣ накунед, Чин ба хашм меояд ва ба навъе шуморо маҷбур мекунад, ҳарчанд намедонед, ки тасдиқи ин ташаббусҳо чӣ маъно дорад. Ин як шакли шантажи геостратегӣ аст. Шумо фикр мекунед, ки аз шумо чизе намеравад, аммо хатар дар ҳамин аст: Чин ин чизҳои васеъро пешниҳод мекунад, СҲШ, вақте ки таъсис ёфт, мундариҷаи воқеӣ надошт, дуруст? Созмони ҳамкориҳои Шанхай, як ҷомеаи сарнавишти муштарак – вақте Чин бори аввал инро пешниҳод кард, ҳеч кас намедонист ин чизҳо чӣ маъно доштанд. Мисле ки ташаббуси рушди ҷаҳонӣ, ташаббусҳои амният ва тамаддун ҳеч маъное надоранд. Аммо агар таҳлили нависандагони Чинро мутолиа кунед, пас маҳз ҳамин чизҳои хеле норавшананд, ки Чин мехоҳад ҳамчун асоси тартиботи нави алтернативии ҷаҳонӣ пешниҳод кунад. Агар ҳоло он норавшан бошад ҳам, пас аз тасдиқ шуданаш, онҳо мундариҷаи бештар илова мекунанд. Ин чиз тадриҷан ба амал хоҳад омад.

Ва ҳарчӣ мазмуни он амиқтару амиқтар мешавад, берун шудани шумо душвортар мегардад, зеро шумо бештар метарсед, ки маҷбуратон мекунанд. Ин метавонад ба зудӣ рӯй диҳад. Вақте ки ин иттифоқ меафтад, Ғарби ҷаҳонӣ шуморо дар канори Чин ва Русия, дар он тарафи хат, дар муқобили Ғарб мебинад, ҳарчанд ният ва мароми шумо дигар буд. Ин чизе аст ки дар қаринаи ҷанги сард ба вуқӯъ мепайвандад.

Кишварҳои Осиёи Марказӣ вақте иқдомҳои Чинро мепазиранд, чунин натиҷаро намехоҳанд. Онҳо ба Амрико ва Ғарб таваҷҷуҳи зиёд доранд. Аз ин рӯ, ба назари ман барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамин ҳоло гуфтани “не” хеле муҳим аст. Таҳқир кардани Чин лозим нест. Шумо метавонед бигӯед: “Оҳ, ин ташаббусҳои ҷаҳонии шумо хеле ҷолибанд. Ташаккур ки ин масъалаҳоро ба миён гузоштед. Мо ин пешниҳодҳоро меомӯзем ва ҳангоми омода шудан бо шумо тамос хоҳем гирифт. Ба мо занг назанед, мо худамон ба шумо занг мезанем”. Шумо аллакай ҷузъе аз ташаббуси “Як камарбанд, як роҳ” ҳастед. Шумо бо Чин кор мекунед. Алиҷаноб. Аммо барои гуфтани “не” ба шумо таҷриба лозим аст ва агар ошкоро бигӯем, ба шумо лозим аст, ки ба Чин таҷрибаи шунидани “не”-ро бидиҳед. Ин роҳе барои васеъ кардани доираи амалиёт ҳатто дар шароити ҷанги сард мебошад.

Ва оё ин маънои онро дорад, ки бетараф мондани Осиёи Марказӣ мушкилтар мешавад?

Роберт Дейлӣ: Боз ҳам, Вашингтон дипломатияи чандваҷҳиро дарк мекунад. Ва бешубҳа, ин созиш ва мувозинатро дар бар мегирад. Ман тоза вориди мавзӯи Осиёи Марказӣ шудаам. Ҳеч чизе бадтар аз он нест ки як амрикоии мутакаббире, ки чизеро намедонад, вориди минтақа шудаву вонамуд кунад, ки ҳама чиро медонад. Ман ба шумо дар бораи таассуроти худ мегӯям, аммо метавонам хато кунам. Тавре ки гуфтам, агар шумо бетарафиро ҳифз карданӣ бошед, озмоиш ин аст, ки оё шумо ягон вақт “не” мегӯед ё не? Агар шумо ҳеч гоҳ “не” нагӯед, ин чӣ маъно дорад? Оё шумо воқеан бетарафии бисёрваҷҳиро, ки нуфуз, истиқлолият ва бетарафии шуморо ҳифз мекунад, пуштибонӣ мекунед?

Тавре маълум аст, ташаббуси “Як камарбанд, як роҳ”-и Чин ва лоиҳаҳои зерсохтории Чин аллакай минтақаи моро тағйир доданд ва эълон шуд, ки ба зудӣ сохтмони роҳи оҳани Чин-Узбекистон-Қирғизистон оғоз мешавад. Ба фикри шумо, ин лоиҳа минтақаи моро чӣ гуна тағйир медиҳад?

Роберт Дейлӣ: Ман салоҳияти ба ин савол ҷавоб доданро надорам. Ман минтақаро ба андозаи кофӣ дуруст намешиносам, то бидонам, ки ҳамроҳшавӣ чӣ манфиате хоҳад овард. Аммо манфиатҳои ҳамроҳшавӣ метавонанд бузург бошанд ва мо набояд ҳар як лоиҳаи “Як камарбанд, як роҳ”-ро беҳуда бигӯем. Бинобар ин, агар Чин сармоягузорие ворид кунад, ки робитаи воқеиро таъмин мекунад ва агар ин лоиҳаҳое бошанд, ки маблағгузорӣ шаванд, иқтисоди шуморо ба қадре рушд медиҳанд, ки шумо метавонед қарзҳоро ба Чин баргардонед ва агар ин лоиҳаҳо бо ҷидду ҷаҳд иҷро шаванд ва агар шумо ташхисҳои дурусти экологӣ гузаронед, агар ҳуқуқҳои меҳнатиро эҳтиром кунед ва агар ширкатҳои Қирғизистону Узбекистонро ба кор ҷалб кунед, ин хуб аст. Дар ин сурат бояд ба Чин изҳори сипос кард ва онро табрик гуфт. Чин қодир аст, ки неъматҳои ҷамъиятии ҷаҳониро таъмин кунад. Агар мардуми Қирғизистону Узбекистон бо сабабҳои дуруст ин лоиҳаро дастгирӣ кунанд ва он хуб иҷро шавад, хуб аст.

Ва саволи охир ба стратегияи ИМА дар Осиёи Марказӣ дахл дорад. Шумо инчунин дар бораи динамикаи нави тартиботи ҷаҳонӣ ва системаи муносибатҳои байналмилалӣ суҳбат кардед. Ба фикри Шумо оё стратегияи ИМА дар Осиёи Марказӣ ба навъе дар ҳоли тағйир аст ё на?

Роберт Дейлӣ: Интиқодҳои шадиде аз сиёсати Амрико дар Осиёи Марказӣ вуҷуд дорад. Якум ин ки мо таърихан ба минтақа таваҷҷуҳи кофӣ зоҳир намекунем. Интиқоди дуввум ин аст, ки дар чанд даҳаи ахир мо ба Осиёи Марказӣ аз даричаи Афғонистон нигоҳ мекардем ва вақте ки Амрико неруҳояшро аз Афғонистон берун кард, таваҷҷуҳи мо ҳам ба минтақа кам шуд.

Ман метавонам ба шумо бигӯям, ки таваҷҷуҳи Вашингтон ба минтақа меафзояд ва он дар шароити ҷанги сарди нав дар ҳоли афзоиш аст, ҳарчанд Вашингтон аз ин ибора истифода намекунад. Вашингтон дар бораи рақобати нави неруҳои бузург мегӯяд.

Эҳсоси худи ман пас аз вохӯрӣ бо мардум дар Алмаато, Тошканд ва инҷо дар Бишкек чунин аст:

Иёлоти муттаҳида наметавонад дар бахши амният бо Русия ва дар арсаи иқтисодӣ бо Чин мустақим вориди рақобат шавад.

Онҳо бартариҳои азиме мисли наздикӣ ва робитаи таърихӣ доранд, Чин бошад, дорои иқтидори бузурги иқтисодӣ мебошад, ки Иёлоти муттаҳида дар минтақа бо он баробар шуда наметавонад. Аммо бахшҳое ҳастанд, ки фикр мекунам мо метавонем нақши барҷаста дошта бошем: таълим ва омӯзиш. Мо беҳтарин донишгоҳҳои ҷаҳонро дорем. Мардуми Осиёи Марказӣ инро медонанд. Мо бояд ҳамкориҳои илмии худро дар ҳама сатҳҳо тавассути бунёди муассисаҳо ва пешниҳоди стипендия ба сокинони Осиёи Марказӣ таҳким бахшем. Мо бояд омӯзишро дар бахшҳое монанди мудирияти давлатӣ, волоияти қонун ва ҳуқуқшиносӣ вусъат диҳем. Инҳо бахшҳое ҳастанд, ки Русия ва Чин наметавонанд бо Иёлоти муттаҳида вориди рақобат шаванд.

If you have found a spelling error, please, notify us by selecting that text and pressing Ctrl+Enter.

Spelling error report
The following text will be sent to our editors: