© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Ислоҳоти энергетикӣ дар Тоҷикистон: оё содироти нерӯи барқ ягона роҳи ҳал аст?

Дар Тоҷикистон як қатор мушкилоти марбут ба маҷмааи энергетикӣ вуҷуд дорад: аз инфрасохтори заифи рушд наёфта то ба норасоии пардохтҳои коммуналӣ. Ҳамзамон, бо чунин мушкилот кишвар барои рушди гидроэнергетика талош меварзад, ки он бояд ба содиркунандаи асосии минтақавии нерӯи барқ ​​табдил ёбад. Бо вуҷуди ин, мушкилот  таъминоти дохилӣ энергия ҳалли худро наёфтааст. Муҳаққиқи мустақил Шер Ҳошимов ҷузъиёти ин мушкилиро дарк намудааст, ва медонад, ки бахши энергетикаро чӣ гуна ва ба кадом самт бояд дар Тоҷикистонро ба пеш бурд.


Ба Telegram канали мо обуна шавед!


Административное здание 'Барки Точик' в Душанбе, Фото: Asia-Plus
Бинои маъмурии “Барқи Тоҷик” дар Душанбе, Акс:  Asia-Plus

Бахши энергетикии Тоҷикистон дар ҳолати душвор қарор дорад. Корхонаи давлатии таъминоти энергетикии ​​”Барқи Тоҷик” , талаб мекунад, ки тарифҳои барқро барои пӯшонидани хароҷоти худ баланд бардоранд ва фоидаи маблағгузории ислоҳоти энергетикӣ заруриро таъмин намоянд. Аммо, аҳолии кишвар наметавонанд ҳаққи хидматрасониҳои коммуналиро бо нархи баланд пардохт кунад, чун аз сабаби он, ки ноустувории таъминоти барқ ​​манбаи доимии зарари иқтисодии аҳолӣ ба  ҳисоб меравад. Манбаъҳои ин мушкилот тарифҳои пасти истеъмоли нерӯи барқ, камбуди ҳаққи хидматрасонӣ ва талафоти ҷиддӣ интиқоли нерӯи барқ ​​мебошад.

Ҳукумати кишвар чораҳои гузаронидани ислоҳоти энергетикӣ ва муассисаҳои инфрасохтори марбутаи давлатиро бемайлу рагбат иҷро менамояд . Ба ҷои ин, мақомот барои содироти нерӯи барқ ​​ба кишварҳои ҳамсоя миқдори маошро барои содироти нерӯи барқ ҷудо мекунад, то билохира маоши молии дилхоҳ ба даст оранд. Дар раванди табдилдиҳии минтақавии таъминоти неруи барқ, ҳукумати Тоҷикистон системаи энергетикии кишварро аз ҳад зиёд мутамарказ мекунад, ки ин ҳама ба таъсир ва осеби тағирёбии иқлим оварда мерасонад.

Дар ин мақола мо кӯшиш мекунем, то ҳадди ақал дар бораи пайдоиши чунин вазъият фаҳмем ва роҳҳои ҳалли ин мушкилоти мавҷудаи энергетикии Тоҷикистонро бубинем.

Мушкилот ва пайдоиши он

Ислоҳоти системаи энергетикии Тоҷикистон аз нуқтаи назари иқтисодӣ аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Дар соли 2013, 10% соҳибкорони кишвар таъминоти ноустувори нерӯи барқро омили асосии монеъ шудан ба тиҷорат номиданд. Ин соҳибкорон қайд карданд, ки барқро дар як моҳ то 6 маротиба хомӯш кардан мумкин аст ва равшанӣ метавонад ба ҳисоби миёна то 4 соат хомӯш шавад, аз ин рӯ онҳо зиёда аз 4% даромади худро аз даст медиҳанд. [1] Дар соли 2019 ҳиссаи соҳибкороне, ки аз чунин ҳолатҳо азият мекашанд, то 8,6% коҳиш ёфт, ки бо вуҷуди пешрафтҳои намоён, аз сатҳи миёнаи Осиёи Марказӣ ва Аврупо то 3,8% хеле баланд аст. [2] Дар ҳоли ҳозир, Тоҷикистон оиди дастрасӣ ба нерӯи барқ ​​дар байни 190 кишвар дар мақоми 163-юм ҷой гирифтааст [3] ва дар байни 140 кишвар аз рӯи сифати таъминот бо барқ мақоми ​​107-умро ишғол мекунад. [4] Зарарҳои иқтисодӣ вобаста ба таъминоти бесифати энергия дар соли 2014 дар Тоҷикистон 3% ММД – тақрибан 200 миллион долларро ташкил медод. [5]

Ҳалли ин мушкилот барои ислоҳоти инфрасохтор ва муассисаҳои махсус сармоягузории назаррасро талаб мекунад. Аз ҷумла, тибқи ҳисобҳои барномаи ҳамкории минтақавии иқтисодии Осиёи Марказӣ (ҲМИОМ) дар соли 2012, Тоҷикистон барои инфрасохтори босифат ва ислоҳоти институтсионалӣ дар бахши энергетика ба 4 миллиард доллари амрикоӣ ниёз дорад. [6] Мутаассифона, барои кишвар ин маблағро доштан ғайриимкон аст. Ширкати давлатии “Барқи Тоҷик”  шабакаҳои барқӣ ва истгоҳҳои тавлиди барқии худро дорад, ки  онро дар саросари Тоҷикистон роҳандозӣ мекунад, ба ғайр аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) дар шарқи кишвар. Аммо бо вуҷуди инҳисори воқеӣ, қарзи “Барқи Тоҷик” дар соли 2019 тақрибан 12,5 миллиард сомонӣ (1,2 миллиард доллари Америкоӣ) -ро ташкил дод, ки ин 80% қарзи кулли ширкатҳои давлатӣ дар назди Вазорати молияро ташкил медиҳад. Мушкилоти тарифҳои паст камбуди ҳаққи хидматрасонӣ ва талафоти ҷиддӣ дар интиқоли нерӯи барқ ​​аз солҳои пешин боқӣ мондааст.

Тарофаҳои нерӯи барқ ​​дар Тоҷикистон чандин сол аст, ки дар ҷаҳон яке аз пасттарин ба шумор меравад – ба ҳисоби миёна 0,0018 сент барои як киловатт дар соли 2017. Даромади миёнаи солона ба ҳар сари аҳолӣ дар Тоҷикистон тақрибан 1000 долларро ташкил медиҳад; нархи пасти нерӯи барқ ​ яке аз мушкилоти мубрами рӯз ​дар замони вазнини иқтисодӣ ба шумор меравад. Баланд бардоштани нархи барқ дар байни аҳолӣ вокуниши ҷиддии манфиро ба бор меорад, ҳатто агар чунин қарор дар аввал ҳадафи баланд бардоштани дарозмуддати сифати зиндагиро дошта бошад. Инчунин аз нав дида баромадани нархи қувваи барқ  барои пӯшонидани хароҷоти таъминоти энергия аз ҷониби донорҳои хориҷӣ ҳангоми додани грантҳо талаб карда мешавад. Аз ҳамин ҷиҳат  ҳукумати кишвар  маҷбур аст, ки нархи қувваи барқро вақӣ аз вақт боло барад.

Боло рафтани нархи қувваи барқ дар байни мардум вокуниши ҷиддии манфро ба вуҷуд меорад.

Аммо баланд бардоштани нархи қувваи барқ, ва тарофаҳои ҷорӣ танҳо 50% арзиши истеҳсоли  нерӯи энергетикиро ҷуброн мекунад. Чунин сохтори амалкунандаи тарифҳо ба ҳукумат имкон намедиҳад, ки хароҷоти қарзи энергетики ин масъаларо пурра пӯшонад. Ҳатто истеҳсоли арзиши пасти  нерӯи барқ ба тарифҳои дар назди “Барқи Тоҷик” буда, вазифаҳои моҳиятан ғайриимкон доранд, то ки хароҷоти истеҳсолӣ, иваз ва таъмири таҷҳизот, такмил додани инфрасохтор ва идоракунии соҳаро дар маҷмӯъ иҷро намоянд. Тарифҳои паст ба набудани истифодаи самараноки нерӯи барқ ​​низ таъсир мерасонанд, зеро дар сурати исроф шудани нерӯи барқ ​дар назди истеъмолкунанда бори вазнини молиявӣ вуҷуд надорад. Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон чунин мешуморад, ки самаранокии энергияро 30% беҳтар кардан мумкин аст; таҳқиқоти Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид нишон медиҳад, ки хонаҳои дар деҳот ҷойгир буда, бо таҷҳизоти на он қадар хуб муҷаҳҳазанд ва тақрибан 50-60% гармиро аз даст медиҳанд, ки аз ҳамин лиҳоз сокинон барқро барои гармӣ сарфа менамоянд. [7]

Ҷамъоварии ҳаққи хидматрасонии коммуналӣ барои нерӯи барқ ​​дар кишвар танҳо 85% -ро ташкил медиҳад [8], ки ин аз меъёри тартиби самарабахши коммуналӣ 95% камтар аст. Ҳамин тариқ, 10% энергияи истеъмолшуда даромад ба даст намеорад. Талафоти ҳамасолаи техникии энергетикии “Барқи Тоҷик” 24% [9] -и истеҳсоли солонаи барқро ташкил мекунад, ки ин аз меъёри қобили қабул барои чунин талафот дар системаҳои барқии чандинсола ва конфигуратсияи он ду баробар зиёд аст.То он замоне, ки шабакаҳои барқи замони ҳозира, ба мисли солҳои 1960 ва 1970, пурра навсозӣ карда нашаванд, миқдори зиёди нерӯи барқ ​​минбаъд низ беҳуда сарф хоҳад шуд. [10]

Талош барои ҳолати содироти ва норасоии он

Зерри фишорҳои созмонҳои байналмилалӣ, ислоҳот дар бахши энергетика, Тоҷикистон дар ҳоли пешрафт қарор дорад, валле ниҳоят оҳиста. Ҳукумати кишвар кӯшиш мекунад, ки сохтори “Барқи Тоҷик”- ро тавассути тақсимот кардани истеҳсолот интиқоли нерӯи барқ ​​ба корхонаҳои алоҳида ҷудо намояд. Ҳукумат инчунин тарифҳоро тадриҷан меафзояд ва барои навсозии хатҳои барқ ​​маблағҳои иловагӣ ҷудо мекунад. Аммо бо вуҷуди созишномаҳои расмӣ дар бораи ислоҳоти соҳаи энергетика, роҳбарияти Тоҷикистон ба содироти нерӯи барқ ​​диққати бештар медиҳад. Мақомот дар ин муносибат ҳалли мушкили ва даромадро дар бахши энергетики мебинанд.

Кӯшишҳои Тоҷикистон ба мақоми содиркунандаи нерӯи барқ ​​аз замони Шӯравӣ сарчашма мегирад. Дар солҳои шӯравӣ, Тоҷикистон аз Системаи Энергетикии Осиёи Миёна,  (ЦАЭС) истифода бурда, тобистон нерӯи барқро барзиёд мекард ва дар  зимистон онро воридот менамуд.

Пас аз пош хурдани Иттиҳоди Шӯравӣ, созишномаҳои минтақавии мубодилаи барқ ​​аз кор монданд ва Тоҷикистон маҷбур шуд, то имкониятҳои нави содиротиро пайдо намояд.

Содироти нерӯи барқ ​​бояд ба хазина маблағҳои барзиёдро меовард, сиёсати  – Душанбе кӯшиш мекард то мақоми худро дар минтақа пайдо намояд. Аммо дар соли 2009, давлати Узбакистон бо раҳбарии Ислом Каримов, иштироки минбаъдаи Тоҷикистонро дар Системаи Энергетикии Осиёи Миёна  бо сабабҳои мушкилоти манбаъҳои об қатъ намуд. Дар натиҷаи чунин мушкилот дастрасӣ нерӯи барқ ба бозори минтақавии дар Тоҷикистон баста шуд, инчунин роҳҳои воридотии маҳсулот аз Русия ба душвории ҷиддӣ дучор меомад. Моҳҳои апрели соли 2018, Тоҷикистон ва Узбакистон ҳамкориҳоро дар бахши энергетика аз нав барқарор намуданд. Тобистони ҳамон сол ҳукумати  Тоҷикистон ба давлати ҳамсояи шарқии худ 1,5 миллиард кВт / соат нерӯи барқ ​​содирот намуд.[11] Ҳоло кишварҳои ҳамсоя дар таҳияи як қатор қарордодҳо ҳастанд, ки тибқи он Тоҷикистон метавонад аз шабакаҳои барқи Узбакистон истифода намуда инчунин бо давлатҳои Осиёи Миёна мубодилаи энергетикиро анҷом диҳад. Ҳамин тариқ низ ҳамкориҳои лоиҳаи 35 миллион доллари ИМА идома дорад, ки ҳифз ва истифодаи шабакаҳои барқии Тоҷикистон ва Узбакистонро тақвият дода, системаи Энергетикии Осиёи Миёна(ЦАЭС ), -ро ба ҳаёт бармегардонад. [12] Инчунин Тоҷикистон яке аз шарикони асосии лоиҳаи CASA-1000 оиди, ба роҳ мондани тиҷорати энергетикӣ бо Осиёи Ҷанубӣ мебошад. Ин лоиҳаи 1 миллиард доллари ИМА ба Тоҷикистон имкон медиҳад, ки дар сурати ба анҷом расидани лоиҳа, аз соли 2022 ба Афғонистон тавассути Покистон барқ ​​фурӯшад.

Иттиҳоди иқтисодии Осиёи Марказӣ(ЦАЭС) ва CASA-1000 лоиҳаи ниҳоятан заруре ба ҳисоб меравад, ки Тоҷикистон метавонад, тавассути он ба маркази тиҷорати энергетики дар Осиёи Марказӣ табдил ёбад – НБО Роғун бузургтарин иқтидори 3600 мегават дошта аст. Сохтмони Роғун ҳанӯз аз солҳои 1976 оғоз ёфтааст, валле пас аз пошхӯрии СССР, ба вуқӯъ омадани ҷанги шаҳрвандӣ ва баҳсҳо бо ҳукумати Узбакистон ин лоиҳаро аз амали шудан боз дошт. Ҳукумати кишвар барои ҷалб намудан ва дастгирии иттиҳодияҳои байналмилалӣ барои НБО Роғун вақти зиёдеро сарф кардааст. Соли 2016 сохтмон пурра аз аз нав барқарор шуд. Интизор меравад, то Роғун тавлиди кулли нерӯи барқи кишварро ду баробар афзоиш диҳад ва дар ниҳоят мақоми Тоҷикистонро ҳамчун содиркунандаи энергия таъмин намояд. Ҳукумати кишвар барои ноил шудан ба чунин ҳадафҳо чораҳои заруриро роҳандозӣ менвмояд ва аз нархномаи 4 миллиард доллараи ИМА наметарсад.[13] Хароҷоти  ниҳоятан зиёди сохтмонро қарзҳо мепӯшонанд; лоиҳа дар буҷаи кишвар сӯрохиеро боқӣ гузоштааст, ки нисфи маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистонро дар ҳаҷми 7 миллиард доллари ИМА ташкил медиҳад. Танҳо дар солҳои 2025-2027 Тоҷикистон метавонанд, пардохти қарзии 200 миллион долларов  ИМА- ро пӯшонад.[14]

Открытие второго агрегата Рогунской ГЭС, Фото: fb.com/khadamotimatbuot
Ифтитоҳи агрегати дуюми НБО Роғун, Акс: fb.com/khadamotimatbu

Илова бар арзиши баланд доштан, пайвастшавии бахши ояндаи энергетики дар Тоҷикистон, НБО Роғун хатарҳои дигар низ дорад. ГЭС-и Норак имрӯзҳо ба танҳои 70% тамоми нерӯи барқи ҷумҳуриро истеҳсол мекунад. Вақте (ё агар) НБО Роғун сохта шавад, то 90% истеҳсоли нерӯи барқи кишвар аз ҳисоби ду НБО ба даст меояд, ки ба обанборҳои калон ҷараёни дарёҳо, такя намуда аз онҳо вобаста мешаванд.

Тадриҷан аз байн рафтани пиряхҳо маҷрои дарёҳоро коҳиш медиҳад, ки ин раванд ҷамъшавии обро дар обанборҳои нерӯгоҳи барқӣ боз ҳам мушкилтар месозад.

Ба чунин навъ тавлиди нерӯи барқ ​​метавонад мавқеи осебпазири Тоҷикистонро дар назди тағирёбии иқлим бадтар кунад, ки ин ҳолат то соли 2050 дар кишвар ҳолати аз даст додани нисфи пиряхҳо мебошад.[15]

Истеҳсоли нерӯи барқ ​​дар Тоҷикистон ҳамеша 95% аз дарёҳое, ки бо пиряхҳо ҳамроҳ мешуданд, вобастаги доштанд.[16] Тадриҷан аз байн рафтани пиряхҳо маҷрои дарёҳоро ба таври назаррас коҳиш медиҳад, ки ин раванди ҷамъшавии обро дар обанборҳои нерӯгоҳи барқӣ мушкил месозад. Занги аввали бонги хатар моҳи июли соли равон баланд шуд (одатан давраи аз ҳад зиёд будани ҷараёни дарёҳо), вақте ки сатҳи об дар дохили обанбори нерӯгоҳи Норак нисбат ба соли гузашта дар ҳамин давра 17 метр камтар шуд. Сабаб дар он буд, ки маҷрои дарёҳои Вахш ва Панҷ, ки нерӯгоҳи Норакро аз об таъмин мекунанд, 50% коҳиш ёфтааст. [17] Дар натиҷа, мақомоти Тоҷикистон маҷбур шуданд интиқоли барқро ба Ӯзбекистон ва Афғонистон боздоранд.[18]

Бастани қисми зиёди истеҳсоли нерӯи барқ ба як ё ду нерӯгоҳи барқии обӣ ​​боиси афзоиш ва вобастагӣ ба хатҳои дарозтари интиқол мегардад. Дар ин ҳолат, ҳама гуна садама, офати табиӣ ва ҳатто ҳамлаи террористӣ метавонад ба оқибатҳои ҷиддии техникӣ оварда расонад.[19] Ҳамлаи террористӣ оқибат ва воситаи мутамарказ вобаста ба ҳолати барқ, ки  бо қатъ шудани тамоми нерӯи энергетикии ​​минбаъда ва яке аз ҳолате ба ҳисоб меравад, ки дар доираи ҳамкории фавқулоддаи Осиёи Марказӣ санҷида мешаванд.[20] Бонки Ҷаҳонӣ (БҶ) дар гузориши навбатии худ дар бораи бахши энергетикии Тоҷикистон суханронӣ  намуд, ки “таъсироти пешбинишуда вобаста ба тағирёбии иқлими Тоҷикистонро дар муқобили боришоти шадид, ярч, заминларза ва обхезӣ осебпазир .”[21] Аз ин лиҳоз, БҶ тавсия додааст, ки системаи энергетикии кишварро барои ҳама гуна таъсирот ва тағирёбии иқлим омода созад. Тибқи иттилои GIZ, таъсироти тағирёбии иқлимро дар ҳамин лаҳзаҳо эҳсос кардан мумкин аст: “Шароити шадиди обу ҳаво дар Тоҷикистон боиси харобшавии каналҳои обёрӣ ва хатҳои барқ ​​гардидааст”. GIZ ҳушдор медиҳад, ки басомади хушксолӣ ва обхезиҳо бо мурури замон зиёд шуда, фаъолияти гидроэнергетикиро зери хатар мегузорад. [22]

Чиро бояд интизор шуд?.

Дар муддати ниҳоятан кӯтоҳ, барқи зиёди тобистона барои нақши Тоҷикистон дар минтақа ва дарёфти маблағ барои пардохти минбаъдаи қарзҳо ва ислоҳоти системаи энергетикӣ муҳим аст. Аммо, танҳо набояд  ба содироти  дарозмуддати нерӯи барқ такя намуд. Вазъияти ноустувор дар Афғонистон ба ҳамкориҳои энергетикии Тоҷикистон бо Осиёи Ҷанубӣ дар доираи CASA-1000 халал мерасонад.[23] Ҳама гуна вазъияти баҳсомез бо Узбакистон метавонад бори дигар Тоҷикистонро аз CAPS ҷудо кунад. Ин омилҳо нишон медиҳанд, ки ояндаи соҳаи энергетикаи ҷумҳурӣ бояд бо даромадҳои дохилӣ ва инфрасохтори мустаҳками энергетикӣ ба таъсири тағирёбии иқлим тоб оварда тавонад, то ки ба он алоқаманд бошад.

Муносибатҳои низоми марзӣ бо Узбакистон пас аз вафоти Ислом Каримов тавонист воридоти маводи ғизоро аз Узбакистон, Қазоқистон ва Русия  ба роҳро гузорад. Ин ҳолат дар навбати худ боиси коҳиш ёбии нархҳои истеъмолӣ аз 7,3% дар соли 2017 ба 3,9% дар соли 2018 гардид. [24] Паст шавии нархҳои истеъмолӣ ба таъсири болоравии нархи барқ оварда расонид, ки ин мушкилии аҳолро боз ҳам беҳтар намуд. [25] Ҳамин ки вазъ бо коронавирус беҳтар шавад, ва марзҳо кушода мешаванд пас мақомотро мебояд таъсири воридоти мӯътадили молҳоро дар паст кардани нархи истеъмолӣ ба эътибор гиранд ва ҳамгироии минтақавии Тоҷикистонро идома диҳанд. Ин имконият медиҳад, ки нархҳо то  сатҳи барқароркунии истеҳсоли нерӯи барқ ​​то замоне, ки Барқи Тоҷик ба «сифр» бирасад, тадриҷан баланд бардошта шавад.

Инчунин, Тоҷикистон бояд Барномаи дарозмуддати сохтмони НБО Хурдро идома диҳад. Гидроэнергетикаи хурд арзонтар ва ба тағирёбии ҷараёни дарёҳо камтар вобастагӣ дорад, зеро он сохтмони обанборҳои калонро пешбинӣ намекунад. [26] Истифодаи нерӯгоҳҳои барқи обии хурд имкон медиҳад, ки тавлид ва дастрасӣ ба нерӯи барқ ​​дар минтақаҳои дурдасти кӯҳистон беҳтар карда шавад ва инчунин бе хатҳои барқ ​​кӯмак расонанд. Ширкати Энергетикии Помир, ки ВМКБ-ро бо энергия таъмин мекунад, яке аз намунаи системаи энергетикии ғайримутамарказ бошад. Ин система бо маблағгузории бунёди Оғохон сохта шудааст, ки борат аз даҳ нерӯгоҳи барқи обии миёна ва хурд, тақсим шудаанд, ки арзиши ин нерӯгоҳҳои хурд аз як нерӯгоҳи Роғун чандин маротиба камтар аст. [27]

Роҳбарияти Тоҷикистон  борҳо дар бораи нияти рушди манбаъҳои алтернативии барқароршавандаи энергия ва афзоиши ҳиссаи онҳо дар истеҳсоли умумии нерӯи барқ ​​то соли 2030 то 20% суханронӣ намудааст. [28] Шароит дар ин минтақа ниҳоятан мусоид аст: Тоҷикистон аз ҷиҳати ҷуғрофӣ дар минтақаи офтобӣ ҷойгир аст [29]. Ғайр аз ин кишвар бо Чин, ки бузургтарин тавлидкунандаи панелҳои офтобӣ дар ҷаҳон аст, ҳамсоя аст. [30] Арзиши тавлиди нерӯи барқ ​​аз энергияи офтоб нисбат ба ангишт ё газ хеле камтар аст ва технологияҳои нигоҳдории чунин энергия дар ин давлат босуръат рушд мекунанд, гарчанде ки он ҳанӯз ҳам аз ҳад ҳақиқат дур аст. Ба ғайр аз ин, дар партави муносибатҳои мушкил бо ИМА, Чин фаъолона дар ҷустуҷӯи бозорҳои нав барои содирот баровардани панелҳои офтобии худ мебошад.


Ин матлаб дар доираи лоиҳаи IWPR “Giving Voice, Driving Change — from the Borderland to the Steppes Project” омода шудааст. Фикрҳои дар мақола баёншуда мавқеи ҳайати таҳририя ва донорро инъикос намекунанд.


[1] Enterprise Survey, World Bank Group, 2013, http://www.enterprisesurveys.org/~/media/GIAWB/EnterpriseSurveys/Documents/Profiles/English/tajikistan-2013.pdf

[2] Enterprise Survey, World Bank Group, 2019, https://www.enterprisesurveys.org/en/data/exploreeconomies/2019/tajikistan

[3] Doing Business Survey, World Bank Group, 2020, https://www.doingbusiness.org/content/dam/doingBusiness/country/t/tajikistan/TJK.pdf

[4] Global Competitiveness Index, World Economic Forum, 2019, http://www3.weforum.org/docs/WEF_TheGlobalCompetitivenessReport2019.pdf 

[5] CAPE Tajikistan: Assessment of the Energy Sector, Asian Development Bank, 2014, https://www.adb.org/sites/default/files/linked-documents/10-Energy-Sector.pdf

[6] Дар ҳамон ҷо

[7] Access to Green Finance Project: Energy Sector Assessment, Asian Development Bank, 2013, https://www.adb.org/sites/default/files/linked-documents/45229-001-taj-oth-02.pdf

[8] Program Appraisal Document on a Proposed Grant to the Republic of Tajikistan for a Power Utility Financial Recovery Program for Results, World Bank, February 3, 2020, http://documents1.worldbank.org/curated/ar/685981582945276030/pdf/Tajikistan-Power-Utility-Financial-Recovery-Program-for-Results.pdf

[9] Дар ҳамон ҷо

[10] Дар ҳамон ҷо

[11] Catherine Putz, “Tajikistan Resumes Supplying Uzbekistan with Electricity”, The Diplomat, April 4, 2018, https://thediplomat.com/2018/04/tajikistan-resumes-supplying-uzbekistan-with-electricity/

[12] Дар ҳамон ҷо

[13] Catherine Putz, “Tajikistan’s Rogun Dam Begins Operations”, The Diplomat, November 20, 2018, https://thediplomat.com/2018/11/tajikistans-megadam-rogun-begins-operations/

[14] “Tajikistan Casts Dice in Hydroelectric Gamble, But Will the People Benefit?”, EurasiaNet, November 19, 2018, https://eurasianet.org/tajikistan-casts-dice-in-hydroelectric-gamble-but-will-the-people-benefit

[15] Brook Larmer, “The Big Melt”, National Geographic, April 2010, https://www.nationalgeographic.com/magazine/2010/04/big-melt-tibetan-plateau/

[16] Access to Green Finance Project: Energy Sector Assessment, Asian Development Bank, 2013, https://www.adb.org/sites/default/files/linked-documents/45229-001-taj-oth-02.pdf

[17] “Tajikistan Limits Power Due To Low Water At Hydroelectric Dam”, RFE/RL, July 28, 2020, https://www.rferl.org/a/tajikistan-limits-power-due-to-low-water-at-hydroelectric-dam/30753912.html

[18] Дар ҳамон ҷо

[19] ”It’s Time to Upgrade the Electricity Grid”, Union of Concerned Scientists, February 16, 2017, https://www.ucsusa.org/clean-energy/increase-renewable-energy/upgrade-the-electricity-grid

[20] “Risk Assessment and Mitigation in Central Asia”, European Bank for Reconstruction and Development, https://www.ebrd.com/risk-assessment-mitigation-central-asia.pdf

[21] Program Appraisal Document on a Proposed Grant to the Republic of Tajikistan for a Power Utility Financial Recovery Program for Results, World Bank, February 3, 2020, http://documents1.worldbank.org/curated/ar/685981582945276030/pdf/Tajikistan-Power-Utility-Financial-Recovery-Program-for-Results.pdf

[22] “Climate Change Profile: Tajikistan”, GIZ, September 28, 2020, https://reliefweb.int/report/tajikistan/climate-change-profile-tajikistan

[23] Bruce Pannier, “The Prospects of TAPI and CASA-1000”, Radio Free Europe/Radio Liberty, May 8, 2016, https://gandhara.rferl.org/a/afghanista-entral-asia-tapi-casa-1000/27722356.html

[24] Program Appraisal Document on a Proposed Grant to the Republic of Tajikistan for a Power Utility Financial Recovery Program for Results, World Bank, February 3, 2020, http://documents1.worldbank.org/curated/ar/685981582945276030/pdf/Tajikistan-Power-Utility-Financial-Recovery-Program-for-Results.pdf

[25] Дар ҳамон ҷо

[26] Timur Valmat-Zade, “Tajikistan Energy Sector: Present and Near Future”, Journal of Social and Political Studies, No. 1(49), 2008, https://www.scribd.com/doc/142683373/Central-Asia-and-the-Caucasus-2008-Issue-1-4

[27] Program Appraisal Document on a Proposed Grant to the Republic of Tajikistan for a Power Utility Financial Recovery Program for Results, World Bank, February 3, 2020, http://documents1.worldbank.org/curated/ar/685981582945276030/pdf/Tajikistan-Power-Utility-Financial-Recovery-Program-for-Results.pdf

[28] “Tajikistan Country Profile”, Climatescope, 2018, http://global-climatescope.org/en/country/tajikistan/#/enabling-framework

[29] “Living in the Sun Belt: The Solar Power Potential for the Middle East”, Solar One, July 27, 2016, http://solarone.me/2016/07/27/living-in-the-sun-belt-the-solar-power-potential-for-the-middle-east/

[30] Larry Beinhart, “Why China, and not the US, is the Leader in Solar Power”, Al Jazeera, August 22, 2018, https://www.aljazeera.com/indepth/opinion/china-leader-solar-power-180822102606141.html

If you have found a spelling error, please, notify us by selecting that text and pressing Ctrl+Enter.

Spelling error report
The following text will be sent to our editors: