© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Коршиносон: Таҳкими марзи Тоҷикистон-Афғонистон ба манфиати кулли кишварҳои узви СПАД аст

Созмони Паймони Амнияти даста  ҷамъӣ (СПАД) омодагии худро барои кўмак ба Тоҷикистон дар вазъияте, ки пас аз  ҳамлаи муваффақонаи Толибон (дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ мамнуъ) дар шимоли Афғонистон ба вуҷуд омадааст, изҳор кард. Коршиносон чунин мешуморанд, ки Москав иштирокчии калидии СПАД аст, бар иваз чизе талаб намекунад, зеро ў худ ба субот дар марзи Тоҷикистону Афғонистон манфиатдор аст.


Пас аз вазъи баамаломада дар сар ҳади Тоҷикистону Афғонистон Тоҷикистон аз СПАД кўмак дархост намуд. Акс: odkb-csto.org
Пас аз вазъи баамаломада дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон Тоҷикистон аз СПАД кўмак дархост намуд. Акс: odkb-csto.org

Ба истилоҳ муваффақияти  ҷунбиши террористии Толибон (дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ мамнуъ)  дар шимоли Афғонистон боиси изтироби махсус дар Тоҷикистон шуд.

 Ҳоло ин  ҳаракат, тибқи сарчашмаҳои гуногун, тақрибан 80 дар сади марзи Афғонистон бо То  ҷикистон – дар вилоятҳои Балх,   Қундуз, Таҳор ва Бадахшонро назорат мекунад.

Дар из ҳороти охир Толибон (дар Тоҷикистон ва дигар кишвар ҳои Осиёи Марказӣ мамнуъ)  хоҳиши муколама бо мақомоти Тоҷикистонро эълон мекунанд ва  ҳатто  Ҷумҳурии Тоҷикистонро «кишвари дўст» меномад.

Дар  ҷаласаи Шўрои амнияти Тоҷикистон 5-уми июл президент Эмомалӣ Раҳмон ба вазири мудофиа Шералӣ Мирзо дастур дод, ки барои тақвияти марзи Тоҷикистон-Афғонистон 20 000 сарбози эҳтиётиро сафарбар кунад.

Ба Тоҷикистон аллакай коршиносони Вазоратҳои дифои Руссия ва Ўзбекистон барои омодасозии машқҳои муштараки зиддитеррористӣ, ки аз 1-ум то 10-уми август дар тамрингоҳи  Ҳарбмайдон (230 км ҷануби Душанбе) баргузор мешаванд, аллакай ба Тоҷикистон омадаанд.

 Ҳамчунин вазири дифоъ Шералӣ Мирзо 24-уми июл бо  ҳамтои руссиягии худ Сергей Шойгу гуфтушунид гузаронид. Вазирон вазъ дар марзи Тоҷикистон-Афғонистон ва чораҳои муштаракро барои безарар сохтани таҳдидҳои марбут ба шиддат гирифтани вазъ дар Афғонистон баррасӣ карданд.

Асоси  ҳузури низомии Руссия дар минтақаи Осиёи Марказиро пойгоҳи низомии 201 дар Тоҷикистон ташкил медиҳад. Дар  ҳайати он якчанд баталон ҳои артиллерӣ,  қисмҳои дастгирӣ ва гуруҳи  ҳавоӣ, аз  ҷумла, чархболҳои   ҷангӣ ва нақлиётӣ шомиланд.   Ғайр аз ин, як пойгоҳи  ҳавоии Руссия дар наздикии шаҳри Кант дар шимоли   Қирғизистон мустақар шудааст, ки дар он  ҳавопаймоҳои  ҳамлаи Су-25 ва чархболи Ми-8 хидмат мекунанд.

Оғози моҳи июл дар   ҷаласаи доимии Шўрои Созмони Паймони Амнияти даста  ҷамъӣ (СПАД) Намояндаи Доимӣ ва Ваколатдори Тоҷикистон дар назди СПАД  Ҳасан Султонов оид ба вазъи марзи Тоҷикистон-Афғонистон сухан ронда, кўмак хоста буд.

«Бо дарназардошти вазъи кунунӣ ва инчунин бо далели он ки баъзе   қисматҳои марз бо Афғонистон дар манотиқи дурдасти куҳистон   ҷойгир шудаанд, дар танҳоӣ бо ин вазифа мубориза бурдан душвор хоҳад буд. Ин  ҳолатҳо вокуниши муносиби моро дар доираи СПАД,  аз  ҷумла, андешидани чораҳо оид ба тақвияти тавонмандии  ҳифзи сарҳади  ҷанубӣ, талаб мекунанд», – гуфт Султонов.

Ба  қавли вай, иҷрои   қарорҳои Шўрои амнияти даста  ҷамъӣ, аз 23-юми сентябри соли 2013 «Дар бораи расонидани кўмак ба   Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими марзи Тоҷикистон бо Афғонистон» муҳим аст.

«Барои  ҳамин, мо аз давлатҳои узви созмон даъват мекунем, ки саҳми худро дар амалигардонии  ҳама  ҷонибаи ин  ҳуҷҷат гузоранд», – илова намуд вай.

Охири моҳи июн СПАД изҳор дошт, ки омодааст ба Тоҷикистон тамоми кўмаки лозимаро дар робита ба вазъи сарҳади Афғонистон расонад. 7-9 июл гуруҳи зудамали СПАД бо роҳбарии сардори ситоди муштараки ин созмон генерал-полковник Анатолий Сидоров ба  Тоҷикстон омада, вазъро дар марз бо Афғонистон арзёбӣ кард.  

Дар анҷоми боздид, Анатолий Сидоров изҳор дошт, ки Тоҷикистон барои  ҳифзи марз бо Афғонистон ба кўмаки техникӣ ниёз дорад, аммо зарурати   ҷалби  қувваҳои муштараки созмон нест.

Маъруф Абдуҷабборов. Акс: CABAR.asia
Маъруф Абдуҷабборов. Акс: CABAR.asia

Сиёсатшиноси тоҷик Маъруф Абдуҷабборов мегўяд, ки СПАД метавонад ба Тоҷикистон бо роҳҳои гуногун кўмак намояд.

«Ин метавонад мубодилаи мунтазами иттилоот дар бораи сатҳи хатарҳо ва таҳдиддҳое, ки аз Афғонистон ба вуҷуд меоянд, бошад. Дар баробари ин барои баланд бардоштани омодагии   ҷангии неруҳои сарҳадӣ машқҳои тактикӣ гузаронидан мумкин аст», – гуфт  Маъруф Абдуҷабборов.

 Ҳамчунин, ба гуфтаи вай, ин метавонад  ҳамкории  ҳарбӣ – техникӣ, ва дар  ҳолати зарурӣ,   ҷалби  қувваҳои СПАД барои иштироки бевосита дар амалҳои   ҷангӣ бошад.

Абдуҷабборов изҳори ақида намуд, ки  ҳоло амнияти сарҳад – вазифаи ягона барои Тоҷикистон  ҳамчун узви СПАД нест.

«Масъалаҳои   ҷойгиркунии паноҳандагон, расонидани кўмаки моддӣ, таъмини амнияти онҳо, ки Тоҷикистон масъулияти онҳоро дорад, бояд таваҷҷўҳи кишварҳои Созмони Паймони Амнияти даста  ҷамъӣ (СПАД)-ро   ҷалб кунад. Ба ибораи дигар, соҳаи башардўстонаи  ҳамкорӣ дар доираи СПАД ба тавсеаи назаррас ниёз дорад». – гуфт коршиноси тоҷик.

Абдуҷабборов бар ин назар аст, ки Руссия  ҳамчун кишвари калидии СПАД, дар ивази кўмак ба Тоҷикистон талабот пешниҳод намекунад, зеро ин метавонад «беайбии» созмонро зери суол барад.

«Сулҳоварони СПАД ба иқтидори назарраси  ҳарбии он нигоҳ накарда,  ҳеҷ гоҳ дар низоъҳои мусаллаҳона иштирок наварзидаанд. Аз ин рў, ба арзиши воқеии Созмон баҳо додан мушкил аст. Тавре мо солҳои охир мебинем, ин  қилоби   Қирғизистон, низоъ дар   Қарабохи   Қуҳӣ ва ин  қилоби Беллорусия масъалаи самаранокии СПАДро дубора эҳё кард.  Ҳарчанд дахолати СПАД ба рўйдодҳои дар боло зикршуда берун аз салоҳияти ин созмон аст, аммо баъзе умедҳои ин кишварҳои узв дар мавриди СПАД амалӣ нашуданд», – хулоса кард коршиноси тоҷик

Шарҳи идораи CABAR.asia: ошўбҳо дар  Қирғизистон ва Белорусия равандҳои дохилии ин кишварҳо ба  ҳисоб мераванд ва ин давлатҳо барои кўмак тавассути СПАД муроҷиат накардаанд.

Раҳматулло Абдуллоев. Акс аз саҳифаи шахсӣ дар facebook.com
Раҳматулло Абдуллоев. Акс аз саҳифаи шахсӣ дар facebook.com

Раҳматулло Абдуллоев, коршиноси тоҷик дар умури Афғонистон ва Эрон ба ин назар аст, ки кўмак расонидан ба Тоҷикистон барои  ҳимояи марзии   ҷанубии он ба манфиати Руссия аст.  Коршинос ёдовар шуд, ки  Тоҷикистон бузургтарин пойгоҳи  ҳарбии Русияро дар хориҷро дорад.

«Мо бояд онро ба назар гирем, ки зиёда аз ду аср дар минтақаи Осиёи Марказӣ Руссия манфиатҳои калидии геостратегӣ ва низомӣ дорад ва агар вазъ бадтар шавад, ин метавонад ба системаи амнияти худи Русия таъсир расонад.

Ба андешаи вай, Руссия, албатта, аз Тоҷикистон бар ивази ин кўмак чизеро интизор аст, хусусан, дар масъалаи ворид шудан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё.

«СПАД – ин Созмони  ҳарбии бо  ҳадафҳои муайян аст. Дар   қонуни созмон гуфта шудааст, ки агар яке аз давлатҳои узв зери хатар ва ё  ҳуҷум   қарор гирад, ин маънои онро дорад, ки  ҳуҷум ба  ҳамаи ин давлатҳо аст. Бо назардошти нақши калидии Руссия дар минтақа, вай инчунин мехо ҳад тавассути ин созмон манфиатҳои иқтисодӣ  ва низомии худро дар минтақа амалӣ созад», – гуфт Абдуллоев.

Моддаи 4 Паймони амнияти муштарак
«Агар яке аз кишварҳои аъзо мавриди таҷовуз ( ҳуҷуми мусаллаҳона ба амният, субот, тамомияти арзӣ ва истиқлолият таҳдид мекунад), пас ин аз ҷониби давлатҳои иштироккунанда ҳамчун таҷовуз ( ҳуҷуми мусаллаҳона ба амният, субот, тамомияти арзӣ ва истиқлолият таҳдид мекунад) бар зидди ҳама давлатҳо – иштирокчиёни Созишномаи мазкур дида баромада мешавад. Дар сурати ба амал омадани таҷовуз ( ҳамлаи мусаллаҳонае, ки ба амният, субот, тамомияти арзӣ ва истиқлолият таҳдид мекунад) бар зидди яке аз давлатҳои иштирокчӣ, ҳамаи дигар давлат ҳои иштироккунанда бо дархости ин давлати иштирокчӣ фавран ба ў кўмаки зарурӣ, аз ҷумла, низомӣ мерасонанд. Инчунин ба онҳое, ки дар ихтиёри худ маблағ доранд, барои амалӣ намудани ҳуқуқи ҳимояи даста ҷамъӣ мутобиқи моддаи 51 Оинномаи СММ кўмак мекунад».
Шариф Салимов. Акс аз са ҳифаи шахсӣ дар facebook.com
Шариф Салимов. Акс аз са ҳифаи шахсӣ дар facebook.com

Коршиноси  ҳарбӣ Шариф Салимов ба моддаи 4-и шартномаи таъсисёбии СПАД таваҷҷуҳ намуд, ки дар бораи уҳдадориҳои  ҳамаи   ҷонибҳо дар  ҳолате, ки агар як давлат мавриди  ҳамла   қарор гирад, гуфта мешавад, Вай мегўяд, ки дар  ҳолати ба Тоҷикистон  ҳуҷум намудани Толибон ( ҳаракати дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Миёна мамнуъ), СПАД ба   Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ивази чизе талаб накардан, тамоми кўмаки низомиро пешни ҳод мекунад.

«Дар чунин  ҳолат хариду фурўш мувофиқ нест ва Руссия  ҳеч шарте пешниҳод намекунад. Руссия бештар аз  ҳама манфиатдор аст, ки муносибатҳояшро дар сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Афғонистон  ҳавасманд кунад»,  – гуфт Салимов.

If you have found a spelling error, please, notify us by selecting that text and pressing Ctrl+Enter.

Spelling error report
The following text will be sent to our editors: