«Солҳои охир мо мушоҳида кардем, ки дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, ба ҷуз Туркманистон, ҳодисаҳои зӯроварӣ авҷ гирифтааст. Ҳарчанд, нишонаҳои аввал ба назар мерасид, – дар бархе ҳолатҳо мо худро нороҳат эҳсос мекардем» – Терҳи Ҳакала, намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо дар бораи оммавӣ поймол шудани ҳуқуқи инсон дар Осиёи Миёна.
18-19 октябр дар Душанбе конфронси сатҳи баланд оид ба «ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористон» баргузор гардид. Дар баромади даҳдақиқаинаи худ дар рӯзи аввали конфронс, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон даъват кард, ки ба афроди муттаҳам дар терроризм паноҳгоҳ надиҳанд.
«Мо мушоҳида мекунем, ки террористону ифротгароён аз муассисаи «гуреза» бомуваффақият истифода карда, аз боварии кишварҳои пешрафта сӯистифода мебаранд» – изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.
Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ Терҳи Ҳакала низ дар конфронс оид ба мубориза бо терроризм ширкат ва суханронӣ кард
Дар мусоҳиба бо CABAR.asia, хонум Ҳакала гуфт, ки чаро ингуна чорабиниҳо воқеан баргузор мешаванд ва кадом барномаеро Иттиҳоди Аврупо дар солҳои оянда дар Осиёи Марказӣ ва ба хусус Тоҷикистон пешбарӣ хоҳад кард.
Конфронси мубориза бо терроризм чӣ гуна баргузор шуд? Оё шумо онро вохӯрии судманд дар сатҳи баланд мешуморед?
Ин конфронс имкон фароҳам овард, ки якҷо ҷамъ оем, то дар мубориза бо таҳдидҳои глобалӣ, фароминтақавӣ ва нав пайдошуда ҳамоҳангиро таъмин намоем. Муҳим ин аст, ки мо дастгирии созмонҳо ва равандҳои бисёрҷонибаро давом диҳем, мо наметавонем танҳо ҳамаи мушкилоти ҷаҳониро дар танҳоӣ ҳал кунем.
Барои ман, ҳамчун намояндаи Иттиҳоди Аврупо, ин конфронс дар баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ва расонидани маълумот дар бораи якчанд масъалаҳое, ки Иттиҳоди Аврупо пешбарӣ мекард, имкон фароҳам овард. Ба наздикӣ Иттиҳоди Аврупо вазифаи ҳамраиси нави Форуми ҷаҳонии зиддитерроризмро ба ӯҳда гирифт. Форуми мазкур сиёсатшиносон ва коршиносонро аз тамоми ҷаҳон барои мубодилаи таҷриба ва дониш, ҳамчунин барои таҳияи обзорҳо ва стратегияҳои оммавӣ барои пешгирӣ ва муқовимат ба таҳаввулоти терроризм муттаҳид мекунад.
Намояндаи олии (Иттиҳоди Аврупо – идора) оид ба корҳои хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ ҷозеп Боррелл ҳангоми ба вазифа шуруъ карданаш, ба нақши ИА дар пешгирии ифротгароии хушунатомез дар саросари ҷаҳон таъкид карда, таъсири глобалии терроризм ва зарурати вокуниш ба онро қайд намуд: «Бархӯрди ҳамаҷониба борои мубориза бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез муҳим аст, ки дар асоси он таҳсилот – бахусус таҳсили духтарон муҳим аст ва мо бояд корро дар ин самт идома диҳем.
Дар робита ба ин, мо ҳамчунин нақши хоси сарварии занонро дар ҳама талошҳо алайҳи терроризм эътироф мекунем, аз ин рӯ, мехоҳем, ки дар ин ҷо таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда шавад.
Шумо ҳамчунин дар конфронс суханронӣ кардед, мо мехостем донем, ки ба ақидаи шумо кадом масъалаҳои асосии амниятӣ дар Осиёи Марказӣ ҷомеаро ташвиш медиҳад?
Масъалаҳои зиёди умумӣ ҳастанд, ки бояд моро ба ташвиш орад. Ба инҳо терроризм, ифоратгароии хушунатомез, ҷиноятҳои муташаккил, низоъҳои гибридӣ ва ҳамлаҳои киберӣ, муҳоҷирати ғайриқонунӣ, паҳншавӣ ва тиҷорати силоҳ дохил мешаванд, – ва ин қисме аз онҳо мебошад. Ноустувории молиявӣ, тақсимоти шадиди иҷтимоӣ ва иқтисодӣ метавонанд бесуботӣ ва низоъро боз ҳам шадидатар кунанд. Мо то ҳол аз пандемияи COVID – 19 ва оқибатҳои он пурра шифо наёфтаем. Дар сарҳадҳои Иттиҳоди Аврупо иҷанг идома дорад. Ман фикр мекунам шумо низ таъсири онро эҳсос мекунед.
ҳодисаҳои Афғонистон ҳамаи моро ба ташвиш овардааст. Худдории Толибон (дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст) аз иқдом алайҳи паноҳгоҳҳои террористӣ ва тавоноии ДОИШ – и Хуросон (дар Тоҷикистон террорист эътироф шудааст) идома дорад. ҳамсояҳои Осиёи Марказии Афғонистон нақши муҳим доранд, ки ба мо дар фаҳмидани таҳаввулоти ин кишвар ва таҳияи чораҳои ҷавобии мо кӯмак кунанд.
Мушкилоти ифротгароии хушунатомез, сарфи назар аз шикасти ҳудудии ДОИШ (дар Тоҷикистон ҳҳамчун террорист эътироф шудааст, бо номи Давлати исломӣ маъруф аст) устувор буд. Имрӯз он шаклу зуҳуроти идеологии гуногунро ба худ гирифта, собит кардааст, ки усулҳои пурсамар ва навовари хостагирӣ ва ҳуҷумро истифода барад ва мо бояд ба онҳо ҷавоб дода тавонем.
Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои узв инчунин аз робитаи байни ҷиноятҳои муташаккил ва терроризм нигаронанд. Фаҳмидани он на танҳо барои пешгирии ҳаракати террористон ва дигар ҷинояткорон, балки барои муайян кардани қурбониёни эҳтимолии гуруҳҳои террористӣ, зӯроварии ҷинсӣ ва гендерӣ, хариду фурӯши одамон ва дигар ҷиноятҳои марбут ба он муҳим аст.
Азбаски ба амнияти Иттиҳоди Аврупо ин чолишҳо таъсир мерасонад, ИА шарикони Осиёи Марказии моро дар мубориза бо онҳоро дастгирӣ мекунад, таҷриба ва маҳорати беҳтарини моро мубодила мекунад. Мо инро тавассути фаъолиятҳои барномавӣ анҷом медиҳем. Масалан, барномаҳои мо дар идоракунии сарҳад, мубориза бо терроризм дар асоси ҳуқуқ ва адолати судии ҷиноӣ барои муқовимат бо истифодаи технологияҳои нав ва навовар, пешгирии ифротгароии хушунатомез, идғоми ҷадид ва бозгардонии занону кӯдакон аз Сурия ва Ироқ ва ғайра нигаронида шудааст. Дар воқеъ, таҷрибаи кишварҳои Осиёи Марказӣ дар самти идғоми муҷадад (реинтеграция) ва тавонбахшӣ (реабилитация) барои мо хеле ҷолиб аст.
Шумо дар хусуси низоъҳои сарҳадӣ дар қавқози ҷанубӣ дониши коршиносӣ доред. Оё шумо дар байни қарабоғи Кӯҳӣ ва низоъҳои Тоҷикистону қирғизистон хусусиятҳои умумиро мебинед? Шумо ҳалли ин баҳси марзиро дар чӣ мебинед? Иттиҳоди Аврупо чӣ кӯмак расонида метавонад?
Чанд ихтилоф вуҷуд дорад, ки оқибати пошхӯрии Иттифоқи Шӯравӣ мебошад, ва дар бисёре аз низоъҳо метавон шабоҳат пайдо кард, вале дар ниҳоят ҳар як низоъ нотакрор аст ва ҳалли мухталифи инфиродиро талаб менамояд. Шарти асосии ҳалли ин масъала иродаи сиёсӣ ва шояд ҷасорати роҳбарон аст. Мо, ҳамчун ҷомеаи ҷаҳонӣ, метавонем равандҳои ҳалли низоъҳо ва тағйиротро бо роҳҳои гуногун дастгирӣ кунем, аммо дар ниҳоят маҳз пешвоён бояд ба сулҳ оварда расонанд.
Мо, албатта, аз хуруҷи хушунатбор дар марз нигаронем, ҳар як марг – фоҷеаи бузург аст, ки метавонист рух надиҳад. Иттиҳоди Аврупо кӯмаки худро дар доираи барномаҳои дахлдор пешниҳод кардааст ва мо пайваста вазъро пайгирӣ хоҳем кард.
Тавре Шумо медонед, соли равон 7 блогеру рӯзноманигор боздошт, ва якеи он ба 7,5 ва дигари ба 10 соли зиндон маҳкум карда шуданд. ҷараёни суд пушти дарҳои баста бе ширкати Воситаи ахбори омма баргузор шуд. Иттиҳоди Аврупо барои ҳимояи озодии баён ва ҳуқуқи рӯзноманигорон дар Тоҷикистон чӣ тадбирҳо андешиданист?
Коҳиши имконот барои ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла озодии ВАО моро дар тамоми минтақаҳо нигарон кардааст. Барои Иттиҳоди Аврупо дастрасӣ ба Адолат ва мурофиаи одилона принсипҳои асосӣ мебошад. Мо ин ва дигар масъалаҳоро дар муколамаи худ бо ҳукумати Тоҷикистон идома медиҳем. Дар ҳоле, ки равобити мо бо Тоҷикистон дар самтҳои нав рушд мекунад, иҷрои уҳдадориҳо дар ин самт, аз ҷумла кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо ва Парлумони Аврупо, ки ба фикрам акнун пас аз қатъномаи ахир ба Тоҷикистон таваҷҷуҳи бештар хоҳанд кард.
Чунин ба назар мерасад, ки аз оғози ҷанг дар Украина ИА таваҷҷуҳи худро ба нақзи ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ қатъ карда, тамоми талошҳоро барои муҳосираи Маскав аз Осиёи Марказӣ ва тамоми ҷаҳон равона кардааст. Шумо дар ин бора чӣ фикр доред?
Ман ба ин розӣ шуда наметавонам. Дар воқеъ, Иттиҳоди Аврупо дар бисёр муносибатҳо Укринаро дастгирӣ мекунад – аз кӯмаки ҳарбӣ то миллионҳо гурезаҳо. Таҳримҳо алайҳи Руссия – ин яке аз усулҳои хотима додани ин ҷанги ваҳшиёна ва барои мо бисёр дардовар мебошад. Шояд ба назар чунин намояд, ки таваҷҷуҳи мо аз Осиёи Марказӣ комилан дур шудааст, аммо интавр нест. Мо равобити худро бо минтақа идома медиҳем, дар бораи созишномаҳои нави шарикӣ музокираҳо доир мекунем, ташаббусҳои «Тими аврупоӣ»-ро таҳия карда истодаем, мо дар бораи он фикр мекунем, ки дар чаҳорчӯби ташаббуси “Глобальный шлюз” бо Осиёи Марказӣ чӣ гуна ҳамкориҳои мутақобилан судмандро ба роҳ монем. Мо рӯзномаи васеъ дорем, ки дар стратегияи Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи марказӣ дар соли 2019 қабул шудааст. Ҳоло як қисми кори мо равиши бар асоси ҳуқуқи инсон асосёфта ва пешбурди баробарии гендерӣ мебошад.
Дар як соли охир мо мушоҳида кардем, ки дар тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ, ба ғайр аз Туркманистон ҳолатҳои зӯроварӣ авҷ гирифтааст. Ҳарчанд, нишонаҳои аввал ба назар мерасид, – дар бархе ҳолатҳо мо худро нороҳат эҳсос мекардем. Моро зарур аст, ки беҳтар донем, ки чаро ва чӣ гуна мо метавонем омилҳои аслии онро бартараф намоем ва чораҳои ҷавобиро таҳия намоем. Ҷомеаи Осиёи Марказӣ дигаргуниҳои куллиро таҳаммул мекунанд.