© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Тоҷикистон чӣ тавр соли 2020ро сипарӣ кард

Тоҷикистон соли 2020ро бо сабаби Соvid-19 ва эътирози якбораи чанд шаҳр дар шароити номуайянӣ сипарӣ кард. Дар интихоботи парлумониву президентӣ иштирок накардани мухолифини шинохта ва мушкилоти муҳоҷирони тоҷик зимни бозгашт ба ватан. Дар ин бора дар мақолаи худ  рӯзномнигор, таҳлилгар Наврӯз Каримов оид ба ҷамъбасти сол барои САВАR.аsiа муфассал нақл мекунад.


  Дар шабакаи мо обуна шавед Telegram!


Акс: Asia-plus
Акс: Asia-plus

Интихоботи парлумонӣ

1-уми март интихоботи Парлумонӣ баргузор шуд. [1]  Барои 63 курсӣ 241 нафар рақобат карданд. Интихоботро чун анъана Ҳизби халқӣ-демократӣ аз 63 ҷой бо ишғоли 46 курсӣ ғолиб омад. Иштироки интихобкунандаҳо ба 86,4% расида, 4 миллиону 245 нафарро ташкил дод.  

Поймол шудани ҳуқуқ ва озодии сиёсӣ, ки ҳамасола аз ҷониби Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ назорат мешавад, барои иштироки ҳизбҳои мухолифин имконият надод. Аз ин рӯ, барои мардум интихоби воқеии сиёсиро муаррифӣ накарданд. То интихобот дар телевизионҳои давлатӣ ҳеч гуна мубоҳисаҳо сурат нагирифт. Танҳо Радиои Озодӣ [2], кӯшиш намуд мубоҳисаҳои номзадҳоро баргузор кунад, аммо ғайр аз Ҳизби сотсиал-демократ дигар ҳизбҳо даъвати Озодиро рад намуданд.  

Дар кори Комиссияи интихоботӣ қонуншиканӣ ошкор карда нашуд. Аммо ҳеҷ гуна бақайдгирии умумӣ дар рӯзи овоздиҳӣ қонунан ва далелан исбот нашуд, зеро дар Тоҷикистон руйхати марказонидашуда, ки ташкилашро САҲА[3] аз соли 2010 аз ҳукумат хоҳиш дорад, мавҷуд нест. Аз ин рӯ, нозирон наметавонанд баҳисобгирии одилонаи овозҳоро хулосбарорӣ кунанд, зеро дар ин ҷараён ба онҳо иҷозат намедиҳанд, то ҳамроҳи кормандони Кумитаи марказии интиоботӣ бошанд.

Соли 2020 интихоботи парлумонӣ ва президентӣ бо сабаби набудани рақобати воқеӣ,  мубоҳисаҳои воқеӣ ва сиёсатмадорони мухолиф аз ҳама пурмуаммо ва ғайриҷолиб буд.

 Интихоботи Президентӣ

 11 уми октябри соли 2020 интихоботи президентӣ бе фазои  сабқат ва мубоҳисаҳои пешазинтихоботӣ баргузор гардид.  Интригаи асосӣ ин овозаи эҳтимолияти иштироки Рустами Эмомали [4], раиси шаҳри Душанбе ва писари президент Эмомалӣ Раҳмона дар интихобот буд, ки ботил баромад. Ба ҳайси номзадҳо ба вазифаи президентӣ раисони ҳизбҳо ширкат варзиданд ва президенти кунунӣ Эмомалӣ Раҳмон, ки бори панҷум дар интихобот (аз соли 1994) ғолиб меояд ва бо гирифтани 90,92%-и овози интихобкунндагон[5] курсии президентиро ҳифз намуд.

Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи президентӣ ширкат дорад. Акс : Хадамоти татбуотии Президенти ҶТ
Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи президентӣ ширкат дорад. Акс : Хадамоти татбуотии Президенти ҶТ

Ҳангоми маъракаи интихоботӣ касе аз номзадҳо ҳозир нашуд то дар мубоҳисаи ошкорро бо президент ширкат варзад, зеро дилхоҳ интиқоди шадиди Эмомалӣ Раҳмонро мақомоти қудратӣ метавонанд ба таҳқир ва туҳмати Пешвои миллат рабт диҳанд, ки тибқи он аз 2 то 5 сол (моддаи 137(1) КҶ ҶТ)[6]  маҳрумӣ аз озодӣ таҳдид менамояд.

Номзаадҳо баръакс роҳи сиёсии имрӯзаро дастгирӣ намуданд. Масалан, Ҳизби аграрӣ ба интихобот бо шиори «Ҳаёти шоиста барои ҳар шаҳрванди Тоҷикистон», ки бо шиори Ҳизби халқӣ-демократӣ “Барои пешрафт ва зиндагии арзандаи мардум” пайвастагӣ дорад, ба ҳавзаҳои интихоботӣ ҳозир шуд.  Барномаҳои пешазинтихоботӣ ҳеҷ навоварии муҳимтар надошт.[7]

Дар ин замина танҳо номзади худпешбари 30 сола аз шаҳри Хоруғ Фаромӯз Иргашев, ки ваъда дода буд, порагирӣ дар Тоҷикистон бо ёрии шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба мубориза бо коррупсия барҳам дода мешавад, фарқ мекард. Барномааи пешазинтихоботи ӯ [8]  муфассал навишта шуда буд ва ҳама масъалаҳои вобаста ба сиёсати дохилӣ, иқтисодиёт, молия, маориф, тандурустӣ, муҳоҷират, сиёсати ҷавонон, баланд бардоштани самаранокии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ғайраро дар бар мегирифт. Аммо Иргашев барои иштирок дар интихобот роҳ наёфт, зеро 260 ҳазор овози заруриро ҷамъ оварда натавонист.[9]

Ҳизбҳо, ғайр аз Ҳизби халқӣ-демократӣ маъракаи ҷолиби пешазинтихоботӣ доир накардаанд, дар ВАОи давлатӣ мубоҳисаҳои президентӣ ташкил нагардид, ва тарғиби номзадҳоро таҳлил накарданд, ки ин хилофи қисми 7,8 Ҳуҷҷати Копенгагени САҲА мебошаад[10]. Тибқи он аз ҷумла Тоҷикистонро вазифадор мекунад, ки аз монеаҳои ҳуқуқӣ ва маъмурӣ «барои дастрасии бемонеа ба воситаи ахбори омма бар асоси бехушунат барои ҳама гуруҳҳои сиёсӣ ва шахсони алоҳида, хоҳишмандони дар ҷараёни интихобот ширкат дошта» худдорӣ кунад. 

Бояд қайд намуд, ки интихоботи президенти Тоҷикистон бояд моҳи ноябр баргузор мешуд, аммо он ба моҳи октябр гузаронида шуд. Сабаби гузаронидани он метавонад паҳншавии бемории COVID-19, бошад, ки дар ҳарорати паст он афзоиш меёбад.[11]

Вазъи душвори муҳоҷирон

Барои пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавирус Тоҷикистон ҳама парвозҳои байналмилалиро аз 20уми марти соли 2020 қатъ намуд[12] – дар айни авҷи муҳоҷирати меҳнатӣ. Ҳамасола аз Тоҷикистон тақрибан 500 ҳазор нафар сафар менамуданд, аммо соли 2020 танҳо 129 ҳазор тавонистанд аз кишвар берун раванд, ки тақрибан 74% шаҳрвадони тоҷик аз сафар маҳрум шуданд. Коҳиш ёфтани ҷараёни сафари муҳоҷирон ва ҷойҳои корӣ боиси кам шудани интиқоли пул ба Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2020 то 14,8% ё ин ки 195 млн$ гардид.[13]  Бояд инро ҳам қайд кард, ки муҳоҷирон бо худ маблағи нақд низ меоранд, ки поин рафтани воридоти дохилӣ дар оилаҳои  тоҷик метавонад аз 195$ миллион ҳам зиёд бошад. Бештари муҳоҷирони тоҷик дар хориҷ бо сабаби бекорӣ дар сохтмонҳо ва дигар хизматрасониҳо аз маблағе, ки танҳо барои зистан ба даст меоварданд, маҳрум гаштанд. Созмони умумиҷаҳонии муҳоҷират дар як тадқиқоти худ[14]  ошкор намуд, ки 90% муҳоҷирон маблағе надоранд, то барои оилаҳояшон фиристанд, 60% муҳоҷирон гуфтанд, ки онҳо ҳатто маблағе надоранд то иҷорапулиашонро пардохт намоянд, ва 40%и пурсидашуда  ҳатто барои маводи хӯрока пулашон намерасад. Аз моҳи январ то апрели соли 2020 тибқи маълумотҳои «Юнистрим»[15]  аз Руссия ба кишварҳои ИДМ 11% интиқол кам шуда, аз кишварҳои ИДМ ба Русси то 47% зиёд шудааст. Яъне, вазъ чунин аст, ки муҳоҷирон бо мақсади сафар ба Русси аз оилаҳояшон маблағ мегиранд, метавон гуфт дар мавҷи аввали COVID-19 ин гувоҳи вазъи камбизоатии онҳост. Дар натиҷа  муҳоҷирони тоҷик  маҷбур шуданд ба ватан баргарданд. Бо ин мақсад давлат парвозҳои чартерӣ ташкил намуд, ки ба Тоҷикистон 90 ҳазор шаҳрвандро баргардониданд. Аммо шумораи парвозҳо барои баргардонидани онҳо кам буд ва ин боис шуд, ки моҳҳо дар навбати чипта барои бозгашт ба ватан истанд.[16] Нархи чипта аз Руссия ба Тоҷикистон аз як тараф ба 395 евро расид, ки нисбати парвозҳои муқаррарӣ 40% гарон буд[17]. Барои чипта на давлат, балки худи муҳоҷирон, ки аз даромад маҳрум гашта буданд, пардохт мекардвнд.

Барои пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавирус Тоҷикистон ҳама парвозҳои байналмилалиро аз 20уми марти соли 2020 қатъ намуд[12] – дар айни авҷи муҳоҷирати меҳнатӣ. Ҳамасола аз Тоҷикистон тақрибан 500 ҳазор нафар сафар менамуданд, аммо соли 2020 танҳо 129 ҳазор тавонистанд аз кишвар берун раванд, ки тақрибан 74% шаҳрвадони тоҷик аз сафар маҳрум шуданд. Коҳиш ёфтани ҷараёни сафари муҳоҷирон ва ҷойҳои корӣ боиси кам шудани интиқоли пул ба Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2020 то 14,8% ё ин ки 195 млн$ гардид.[13]  Бояд инро ҳам қайд кард, ки муҳоҷирон бо худ маблағи нақд низ меоранд, ки поин рафтани воридоти дохилӣ дар оилаҳои  тоҷик метавонад аз 195$ миллион ҳам зиёд бошад. Бештари муҳоҷирони тоҷик дар хориҷ бо сабаби бекорӣ дар сохтмонҳо ва дигар хизматрасониҳо аз маблағе, ки танҳо барои зистан ба даст меоварданд, маҳрум гаштанд. Созмони умумиҷаҳонии муҳоҷират дар як тадқиқоти худ[14]  ошкор намуд, ки 90% муҳоҷирон маблағе надоранд, то барои оилаҳояшон фиристанд, 60% муҳоҷирон гуфтанд, ки онҳо ҳатто маблағе надоранд то иҷорапулиашонро пардохт намоянд, ва 40%и пурсидашуда  ҳатто барои маводи хӯрока пулашон намерасад. Аз моҳи январ то апрели соли 2020 тибқи маълумотҳои «Юнистрим»[15]  аз Руссия ба кишварҳои ИДМ 11% интиқол кам шуда, аз кишварҳои ИДМ ба Русси то 47% зиёд шудааст. Яъне, вазъ чунин аст, ки муҳоҷирон бо мақсади сафар ба Русси аз оилаҳояшон маблағ мегиранд, метавон гуфт дар мавҷи аввали COVID-19 ин гувоҳи вазъи камбизоатии онҳост. Дар натиҷа  муҳоҷирони тоҷик  маҷбур шуданд ба ватан баргарданд. Бо ин мақсад давлат парвозҳои чартерӣ ташкил намуд, ки ба Тоҷикистон 90 ҳазор шаҳрвандро баргардониданд. Аммо шумораи парвозҳо барои баргардонидани онҳо кам буд ва ин боис шуд, ки моҳҳо дар навбати чипта барои бозгашт ба ватан истанд.[16] Нархи чипта аз Руссия ба Тоҷикистон аз як тараф ба 395 евро расид, ки нисбати парвозҳои муқаррарӣ 40% гарон буд[17]. Барои чипта на давлат, балки худи муҳоҷирон, ки аз даромад маҳрум гашта будан

Шаҳрвандони Тоҷикистон дар сарҳади Ӯзбекистон ва Қазоқистон. Акс: Хадамоти матбуоти СММ
Шаҳрвандони Тоҷикистон дар сарҳади Ӯзбекистон ва Қазоқистон. Акс: Хадамоти матбуоти 

Аз ин рӯ, аксари онҳо роҳҳои дигарро пайдо намуданд: бештарашон тасмим гирифтанд бо автомашина тариқи марзҳои Ӯзбекистону Қазоқистон ба Тоҷикистон, ки 2-3 ҳафта дар сарҳадҳо банд шуданд, баргарданд. Онҳоро аз рӯи миқдори муайни ҷойҳои холии дар минтақаҳои дар карантин дошта, иҷозати ворид шудан медоданд. Шоҳидони ҳол мегӯянд, баъзеи одамон рӯзҳо азоби гуруснагӣ кашида, дар кӯча хоб мерафтанд.[18]  

Буҷаи созмон ва кумитаҳои вобаста ба муҳоҷирон машғулбуда чунин вазъи бозгашти умумии муҳоҷиронро интизор надошта, аз ин рӯ, кӯмак ба онҳо дер мерасид. Масалан, Созмони умумиҷаҳонии муҳоҷират (СУМ) барои кӯмаки муҳоҷирони дармонда танҳо пас аз ду моҳи эълони пандемия COVID-19 аз СММ 7 млн. доллар дархост намуд. Бо ташаббуси кори муштараки Ҳукумати Тоҷикистон бо СУМ 3 ҳазор шаҳрванди дармондаи тоҷик дар сарҳади Ӯзбекистону Қазоқистон тавассути автобсҳо ба ватан бозгардонида шуданд. [19]

Эътирозҳо дар Тоҷикистон ва вокуниши Ҳукумут

Баста шудани роҳи Бохтар-Душанбе

Нимаи  моҳи май дар ноҳияи Хуросон сел омад. Дар натиҷаи офати табиӣ  як нафар ба ҳалокат расида, 76 хона пурра вайрон, 50 сар чорвои хонагӣ нест шуд. Дар маҷмӯъ ҷараёни сел ба 338 хонаи дигар зарари ҷиддӣ расонид. [20]

Барои он ки диққати ҳукуматро ба мушкилоти омада ҷалб намоянд, сокинони маҳалли офати табиӣ нимаи рӯзи 17-уми май роҳи Бохтар-Душанберо давоми чанд соат бастанд.[21] Ҳукумат аллакай рӯзи дигар вокуниш дод, муовини сарвазири мамлакат 18-май бо иштироки роҳбарияти вилояти Хатлон ва намояндагони оилаҳои зарардида ҷаласаи изтирорӣ доир намуд, ки зимни он ба сокинони ноҳияи Хуросон ваъда доданд, ки ҳамаи зарари офати табиӣ расидаро ҷуброн хоҳанд кард.   

Ба оилаҳое, ки хонаҳояшон пурра нест шуд буд, 8 сотих замин, тахта, болопӯши хона ҷудо карданд. Барои сохтмони хонаҳо бошад, низомиёни Кумити ҳолатҳои фавқуллода ва кормандони муассисаҳои далатӣ ҷалб гардиданд. Кӯмакҳои башардӯстона ба ҳама зарардидагон аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо дар ҳаҷми 80 ҳазор евро расонида шуд[22].Соҳибкорони Рашт ба ҳар оила 750 то 2 ҳазор сомонӣ ва 50 кг. орд кӯмак намуданд.[23]

Аммо даҳ нафареро, ки барои ҷалби ҷомеа роҳи Бохтар-Душанберо баста буданд, барои эътирози беиҷозат аз 5 то 10 рӯз боздошт намуданд, қисмати 6 нафари дигар ба иттилои Радио Озодӣ номаълум боқӣ мемонад.[24] 

Эътирозҳо дар ноҳияи Рӯшон  

22 май кормандони КДАМ дар либоси шаҳрвандӣ ҳангоми боздошти Шароф Қобилов бо муқобилияти се ҳамсояи номбурда, ки кормандони КДАМро нашинохта барои ҳимояи ҳамсояашон бархостанд, дучор гардиданд. Рӯзи дигар кормандони КДАМ Ёдгор Ғуломҳайдаров ва ду навраси дигарро, ки ҳангоми гузаронидани амалиёти боздошти Қобилов бо кормандони қудратӣ муқобилият намуданд, боздошт карданд. Ин боиси эътирози сокинони ноҳияи Рӯшон гардида, дар назди шуъбаи маҳалии КДАМ ҷамъ омада, озодии боздоштшудагонро талаб намуданд..[25]

Издиҳомро пароканда натавониста, қарор қабул шуд, ки гумонбаронро ба ҳудуди қисми низомӣ, ки аз онҷо дастрасӣ ба онҳо мушкил аст, интиқол диҳанд. Аммо эътирозгарон нақлиёти посбононро иҳота карда, боздоштшудаҳоро зӯран гирифтанд, ки онҳо гуфтанд нисбаташон зӯроварӣ кардаанд.[26]

Дар ҳамин ҳол, Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шарт гузоштанд, ки агар дар давом 10 рӯз гумонбарон ба ҳукумат баргардонида нашаванд, нисбати 109 нафар эътирозгарон парвандаи ҷиноӣ боз хоҳанд кард.

16 июн сокинони ноҳияи Рӯшон такроран дар маркази ноҳия [27]  ва 17 июн дар маркази шаҳр бо нишони эътироз ҷамъ омаданд. Он вақт ба назди ҷамъомадагон раиси шаҳр Кишвар Шамири баромада, изҳор дошт, ки масъалаи мазкурро алаккай раиси вилоя Ёдгор Файзов дидаистодааст.

Дар натиҷа кофтукови ҷиноӣ нисбати гумонбарон қатъ гардида, ба онҳо ҳабси маъмурӣ ва ҷарима барои майдаавбошӣ дар ҳаҷми 406 сомонӣ эълон шуд ва эътирозгаронро водор намуданд, ки аз ҳисоби худашон автомашинаи КДАМ-ро, ки дар натиҷаи гирдиҳамоӣ зарар расонида буданд,  таъмир намоянд.[28] 

Мененҷменти давлатӣ ҳангоми пандемия

Чораҳои зидди паҳншавии COVID-19

Ҳукумати Тоҷикистон дар мавриди эълони шумораи гирифторони бемории COVID-19 бо сабабҳои иқтисодӣ саросема нашуд. Зеро аксари сокинон захираи моливу пулӣ надоштанд, то ба муддати чанд моҳ истироҳати бемузд бароянд, ва чоряки аҳолӣ то ҳол дар қашоқӣ қарор доранд.

Аввалин сироятёфтагон 30 апрел як рӯз қабл аз омадани ҳайати Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ба Тоҷикистон эълон карда шуд.[29] Аммо парвозҳо, сарҳадҳо ва масҷидҳо, ки барои адои намози панҷвақта мардуми зиёд ҷамъ меоянд, моҳи март баста шуда буданд. Вале боғчаҳо, мактабҳо, литсейҳо ва коллеҷҳо аз 27 апрел то 10 май таътил баромаданд,[30]   вале донишҷӯёни дониишгоҳҳо таъҷилан имтиҳоноташонро супориданд.

Пас аз карантин ҳам хонандагон ба ҷарима, ки аз 116 то 290 сомонӣ мебошад, нигоҳ накарда гуруҳ-гуруҳ ба дарс мераванд, ки ин натанҳо муассисаҳои таълимӣ, балки ҷойҳои ҷамъиятиро низ вайрон мекунад.[31]

Ҳукумати Тоҷикистон ба дигар кишварҳо пайравӣ насохт, маҳдудиятҳои шадидро ҷорӣ накард, танҳо ҷамъомадҳои идона, аз ҷумла Рӯзи Истиқлолият ва Соли навро манъ намуд. Корхонаҳои шахсӣ фаъолияташонро идома доданд, ҳаркати нақлиёт маҳдуд карда нашуд. Агар ба маълумоти расмӣ дар бораи гирифторони COVID-19 дар Тоҷикистон аз 30 апрел то 27 декабр такя кунем, танҳо 0,1% аҳолӣ сироят ёфтаанд – 13 205 нафар ва мутаносибан гирифторон ва онҳое, ки аз коронавирус фавтидаанд, 0,68% – 90 нафарро ташкил додааст.[32]

Ин нишондиҳандаҳо нисбати дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ беҳтаранд, ки ин  самаранокии чораҳои зиддивирусӣ дар Тоҷикистонро нишон медиҳад, аммо матбуот ва мардум ба омори расмӣ эътимод надоранд.[33]  

Мақомотро ба он айбдор мекунанд, ки дидаю дониста ё шумораи воқеии сироятёфтагонро кам нишон медиҳад, ё намунаи нодурусти муайянсозии фавтро аз коронавирус интихоб намудааст. Барои мисол, пас аз сироятёбии COVID-19 дар бадани инсон бемориҳои куҳна авҷ мегирад ё узвҳои заиф аз кор монад.

Агар сабаби марги бемори сироятёфта илтиҳоби шуш гардида бошад, пас омили маргро маҳз илтиҳоби шуш қайд мекунанд, на коронавирус, ки ин бемориро авҷ дода, вазъи инсонро бад сохтааст.

Чораҳои иҷтимоӣ – иқтисодӣ ва сиёсати андозу буҷа

Ҷорӣ шудани маҳдудият дар нақлиёти ҳавоӣ ва заминӣ нархи молҳои ғайриозуқавориро боло бурд. Талаботи шадид ба ниқобҳои тиббӣ ва маводҳои санитарӣ боиси нарасидани онҳо ва афзоиши нархҳо дар дорухонаҳо гардид. Барои таъмин кардани талабот, корхонаҳои дӯзандагии Тоҷикистон тамоми неруи худро ба истеҳсоли маводи муҳофизатии шахсӣ равона кардаанд. Моҳи июн дар Тоҷикистон дар як рӯз то 300 ҳазор ниқоби тиббӣ истеҳсол мешуд, ки онҳо на танҳо дар ҷумҳурӣ, балки ба кишварҳои Аврупо низ содир карда шуданд.[34]

Дар моҳи июн Ҳукумати Тоҷикистон барои дастгирии соҳибкорони хурду миёнаи зарардида онҳоро аз  андоз аз 4 то 5 моҳ ва шахсони воқеӣ аз пардохти андози моликияти худ, корхонаҳо аз пардохти иҷораи моликити давлатӣ, барои воридоти лавозимоти тиббӣ аз боҷи гумрукӣ озод шуданд. Инчунин ҳамаи муассисаҳои тиббие, ки шаҳрвандонро дар давраи карантин ройгон ҷой дода, онҳоро аз бемории COVID-19 табобат мекарданд, имтиёзҳо гирифтанд.[35]

Ба сокинони осебдида кӯмаки яквақтаина дар ҳаҷми 400 сомонӣ,[36] ва ба панҷ ҳазор кормандони соҳаи тиб ва ҳифзи иҷтимоӣ иловапулӣ ба маошашон гирифтанд.[37]  Аз 1 сентябр 15% нафақа, идрорпулӣ ва моши кормандони буҷпавӣ зиёд карда шуд, [38] аммо болоравии нархи маҳсулоти ниёзи аввал барномаи двлатии дастгирии аҳолиро беэътибор кард.

Нархҳо дар натиҷаи коҳиши қурби сомонӣ нисбати доллар 13,8% боло рафтанд[39] . Ин вобаста ба коҳиш ёфтани ҳаҷми интиқоли пул ба Тоҷикистон аз ҷониби муҳоҷирон ва воридоти назаррас нисбат ба содирот ба амал омад.  Ғайриоддӣ, аммо сабаби хуруҷи асъори хориҷӣ аз кишвар аз ҷумла ин қисмати фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии бемории сироятии COVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки барои пешгирии гуруснагии аҳолӣ таҳия шудааст, метавонад таъсир кунад. Дар он Эмомалӣ Раҳмон ба Бонки Миллии Тоҷикистон амр додааст, ки бо тартиби афзалиятнок ба корхонаҳои хориҷии воридкунандаи молҳои зарурӣ асъори хориҷӣ диҳад.

Воридоти маҳсулоти хурокворӣ хуруҷи асъори хориҷиро метезонд, ки он бе ин ҳам бо сабаби кам шудани интиқоли маблағ камчин буд. Асъори миллӣ нисбат ба асъори хориҷӣ арзиши худро гум карда, нархи ниҳоии маҳсулоти воридотӣ якбора боло рафт. Дар натиҷа Тоҷикистон ба қатори бист кишвари дорои нархҳои баландтарини хӯрокворӣ шомил шуд.[40]

Пандемия амнияти озуқавории Тоҷикистон ва вобастагии воридоти онро ошкор кард. Тақрибан ду баробар камчинии буҷа афзоиш ёфта, ҷамъоварии андоз дар 9 моҳи аввал 3,7% коҳиш ёфт, ҷамъоварии мақсадноки андоз аз андозсупорандагони бузург танҳо 53% иҷро гардид, воридоти маблағҳои ғайрибуҷавӣ камтар аз 12% поин рафт.[41]

Аммо вазъи бӯҳронӣ барои ислоҳоти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ заминаи мусоид фароҳам овард. Хароҷоти давлатӣ ва маъмурӣ 11,4% коҳиш ёфта, хароҷоти бахши энергетика 23,1% низ кам шуд. Маблағгузории корҳои таъмир, хариди таҷҳизоти нав коҳиш ёфта, бархе лоиҳаҳои афзалиятнок ба таъхир афтоданд ва қисме аз ҷашнвораҳои давлатӣ қатъ карда шуданд. Захираҳои сарфашуда барои зиёд кардани маблағгузории соҳаи тандурустӣ (19,6%) ва дастгирии тадбирҳои ҳифзи иҷтимоӣ (9%) равона гардиданд.

Дар 9 моҳи аввали соли 2020 афзоиши Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) дар Тоҷикистон 3,3% пойин рафта, солона 4,2% -ро ташкил дод.[42]  Натиҷаҳо метавонистанд бадтар бошанд, аммо афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ [43]  ва содироти нархи болорафтаи тилло афзоиши ММД-и кишварро  дастгирӣ намуд.

Сиёсатии қарзӣ ва грантӣ

Норасоии буҷетро бояд бо қарз пур намоянд,  ки ин сатҳи қарзи давлатиро дар муқоиса бо ММД аз 36,6% то 40% зиёд кард. Тоҷикистон тавонист 353 миллион доллар грантҳо ва қарзҳои созмонҳои байналмилалиро ҷалб кунад, ки ин ба иқтисодиёт кӯмаки назаррас расонид.

Интизор меравад, ки созмонҳои байналмилалии молиявӣ барномаи қарздиҳии таъҷилиро ба Тоҷикистон идома диҳанд, яъне қарзи хориҷӣ дар соли 2021 низ афзоиш хоҳад ёфт. Барои пардохти фоизҳо ҷудо намудани пул ба буҷаи Тоҷикистон бетаъсир намемонад ва барқарорсозии иқтисодиётро ба сатҳи пеш аз бӯҳрон суст менамояд. Ҳукумати Тоҷикистон бо Чин дар хусуси қатъи хизматрасонии қарз то нимаи соли 2021 розигӣ доданд, аммо музокирот бо дигар қарздиҳандагон ҳанӯз дар ҷараён аст.

Қуттиҳои ёрии башарадӯстона аз Ӯзбекистон акс: Xabar.uz
Қуттиҳои ёрии башарадӯстона аз Ӯзбекистон акс: Xabar.uz

Соли 2020 ба Тоҷикистон кӯмакҳои башардӯстона дар ҳаҷми 45,1 млн. доллар аз 60 кишвар ворид гардидааст.[44] Бузургтарин донор боз ҳам Чин мебошад, ки бештари ёрии башардӯстонаро 40,6%, иборат аз орд, равған васоили тиббӣ, таҷҳизоти тиббӣ ва автомашинаи ёрии таъҷилӣ фиристод. Ӯзбекистон бошад, ба Тоҷикистон 144 вагон бо маводи зарурӣ барои таҳияи бемористони сайёр дар Душанбе кӯмак намуд.

Хулоса

Тоҷикистон, ба мисли дигар кишварҳои ҷаҳон, дар интизори ваксинаҳо ва оғози муносибатҳои фаъоли тиҷорӣ ба соли 2021 ворид мешавад. Афзоиши иқтисоди Тоҷикистон дар 2 соли оянда нисбат ба солҳои пеш аз пандемия камтар хоҳад буд, зеро давлат ба ҳалли оқибатҳои COVID-19 тамаркуз хоҳад кард.

Соли 2020 мушкилоти амнияти озуқавории Тоҷикистонро шадидтар намуд. Норозигии шаҳрвандон ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар хориҷа ба вуҷуд омад. Эътирозгарон, ки гирдиҳамоиҳои онҳо аз ҷониби мақомот одатан шадидан саркӯб мешаванд, тавонистанд талаботҳои худро қонеъ гардонанд. Мушкилоти муҳоҷирон ҳанӯз ҳам ҳалношуда боқӣ мемонад.

Пандемияи коронавирусӣ омода набудани Тоҷикистонро ба ҳолатҳои фавқулодда ва вобастагии хонаводаҳо аз интиқоли пулро нишон дод. Дар солҳои наздик хароҷот барои лоиҳаҳои дуюми давлатӣ коҳиш ёфта, маблағҳои бештар дар бахши иҷтимоӣ равона карда мешаванд. Агар лоиҳаи ислоҳоти андоз қабул карда шавад, таҷрибаи додани имтиёзҳои андозӣ, қарз ва грантҳо ба корхонаҳои барқароршаванда васеъ мегардад.

Дар соли 2020, ВАО-и давлатӣ ба интихоботи президентӣ ва парлумонӣ, ки яке аз рӯйдодҳои муҳим дар кишвар мебошанд, таваҷҷуҳи махсус зоҳир накарданд. Мубоҳисаҳои телевизионӣ ташкил нагардида, маъракаҳои интихоботӣ намоиш дода нашуданд ва худи номзадҳо ба ҳамкорӣ бо рӯзноманигорон таваҷҷӯҳи хосса зоҳир накарданд. Ин омилҳо пирӯзии президенти амалкунанда Эмомалӣ Раҳмон ва ҳизби ӯро, ки дар муқоиса бо дигар номзадҳо маъракаи шадиди интихоботӣ баргузор карданд, пешбинӣ мекард.


Маводи мазкур дар доираи лоиҳаи IWPR «Giving Voice, Driving Change — from the Borderland to the Steppes Project» омода шудааст.


[1] “Парламентские выборы-2020 в Таджикистане: самые предсказуемые и спокойные.” cabar.asia, 13. 03. 2020, https://cabar.asia/ru/parlamentskie-vybory-2020-v-tadzhikistane-samye-predskazuemye-i-spokojnye

[2] “Несостоявшиеся дебаты. ВИДЕО.” Радио Озоди, 20. 02. 2020, https://rus.ozodi.org/a/30444049.html.

[3] Shoinbekova, Munira, Программный Офис ОБСЕ в Душанбе. “ОБСЕ представила рекомендации для гражданского реестра избирателей в Таджикистане.” ОБСЕ, 08 11. 2012, https://www.osce.org/ru/tajikistan/97112.

[4] Волков, Виталий. “Выборы президента Таджикистана: станет ли сын Рахмона его соперником?” Deutsche Welle, 10. 10. 2020, https://www.dw.com/ru/vybory-prezidenta-tadzhikistana-stanet-li-syn-rahmona-ego-sopernikom/a-55218358.

[5] “Эмомали Рахмон набрал 90,9% и одержал победу на выборах президента Таджикистана (обновлено).” Avesta, 12. 10. 2020, http://avesta.tj/2020/10/12/emomali-rahmon-nabral-90-9-i-oderzhal-pobedu-na-vyborah-prezidenta-tadzhikistana/.

[6] “Глава 17. Преступление против личной свободы, чести и достоинства. Статья 137. Публичное оскорбление Президента Республики Таджикистан или клевета в его адрес.” Уголовный кодекс Республики Таджикистан, 2016. Национальный центр законодательства при Президенте Республики Таджикистан, http://ncz.tj/system/files/Legislation/574k_ru.pdf.

[7] “Кандидаты в президенты Таджикистана: что они предлагают в своих программах.” Вечёрка, 01. 10. 2020, https://vecherka.tj/archives/47026.

[8] Надиров, Бахманер, Asia Plus. “«Власть народу!». Почему 30-летний адвокат с Хорога хочет стать президентом Таджикистана?” Asia Plus, 04. 09. 2020, https://asiaplustj.info/ru/news/tajikistan/politics/20200904/vlast-narodu-pochemu-30-letnii-advokat-s-horoga-hochet-stat-prezidentom-tadzhikistana.

[9] Юсуфзода, Муллораджаб. “Выборы-2020: Фаромуз Иргашев решил уничтожить листы с подписями сторонников.” Радио Озоди, 14. 09. 2020, https://rus.ozodi.org/a/30838119.html.

[10] Документ Копенгагенского совещания Конференции по человеческому измерению СБСЕ. Organization for Security and Co-operation in Europe, 1990. ОБСЕ, https://www.osce.org/ru/odihr/elections/14304.

[11] “Представитель парламента Таджикистана объяснил, почему президентские выборы в Таджикистане были перенесены.” Sputnik, 12. 08. 2020, https://tj.sputniknews.ru/politics/20200812/1031725064/prichiny-perenosa-daty-vyborov-prezident-tajikistan.html.

[12] “Сообщение МИД Таджикистана от 21 марта 2020 года.” Министерство иностранных дел Республики Таджикистан, 21. 03. 2020, https://mfa.tj/ru/main/view/5882/soobshchenie-mid-tadzhikistana-ot-21-marta-2020-goda.

[13] “Таджикские мигранты за первое полугодие перевели на родину $999 млн.” Радио Озоди, 22. 06. 2020, https://rus.ozodi.org/a/30741214.html.

[14] “Мигрантам из стран Центральной Азии, оставшимся без средств к существованию, срочно требуется помощь.” ООН, 15. 05. 2020, https://news.un.org/ru/story/2020/05/1378202.

[15] Ильина, Наталья. “Граница короны: переводы из СНГ в Россию в марте выросли на 47%.” Известия, 17. 04. 2020, https://iz.ru/1000052/natalia-ilina/granitca-korony-perevody-iz-sng-v-rossiiu-v-marte-vyrosli-na-47.

[16] Холикзод, Мирзонаби. “Таджикские мигранты сетуют на дороговизну авиабилетов на чартерные рейсы и обман “посредников.”” Радио Озоди, 10. 09. 2020, https://rus.ozodi.org/a/30830497.html.

[17] “Почему чартерные рейсы из/в Таджикистан такие дорогие?” Asia Plus, 05. 12. 2020, https://asiaplustj.info/ru/news/tajikistan/society/20201205/pochemu-charternie-reisi-izv-tadzhikistan-takie-dorogie.

[18] Иса, Дилара. “«Голодные на бетонном полу». Сотни людей застряли на границе Казахстана с Узбекистаном.” Радио Азаттык, 03. 06. 2020, https://rus.azattyq.org/a/kazakh-uzbek-border-migrants/30705009.html?fb_comment_id=3043070015810397_3048267055290693.

[19] IOM Central Asia. “Возвращение 3000 (трех тысяч) мигрантов МОМ.” Facebook, 01. 12. 2020, https://www.facebook.com/iomcentralasia/posts/3696340670429699.

[20] “В Хуросоне Таджикистана от селей и оползней разрушено и повреждено 338 домов.” Таджикское телеграфное агентство, 19. 05. 2020, https://tajikta.tj/ru/news/v-khurosone-tadzhikistana-ot-seley-i-opolzney-razrusheno-i-povrezhdeno-338-domov-.

[21] “”Услышьте нас!”. Жители пострадавшего от стихии Хуросона устроили акцию протеста. ВИДЕО.” Радио Озоди, 17. 05. 2020, https://rus.ozodi.org/a/30616935.html.

[22] “Red Crescent Society of Tajikistan providing assistance to affected families from the natural disaster in Khuroson district of Khatlon Province.” Tajikistan Red Crescent, 04. 06. 2020, http://www.redcrescent.tj/red-crescent-society-of-tajikistan-providing-assistance-to-affected-families-from-the-natural-disaster-in-khuroson-district-of-khatlon-province/.

[23] “Пострадавшим в Хуросоне помогли предприниматели из Рашта.” Паём, https://payom.net/ru/postradavshim-v-hurosone-pomogli-predprinimateli-iz-rashta/.

[24] “”Спрашивайте не у нас”. Глава Хуросона не ответил на вопрос о судьбе арестованных участников протеста.” Радио Озоди, 26. 06. 2020, https://rus.ozodi.org/a/30747792.html.

[25] “Срочно! Протест жителей в Рушанском районе ГБАО.” Ахбор, 25. 05. 2020, https://akhbor-rus.com/-p4560-122.htm.

[26] “В Горном Бадахшане местные жители устроили акцию протеста против произвола силовиков.” Fergana.News, 25. 05. 2020, https://fergana.agency/news/118452/.

[27] “Конфликт не разрешился? Жители Рушана вновь собрались у здания местного хукумата. ВИДЕО.” Радио Озоди, 16. 06. 2020, https://rus.ozodi.org/a/30673346.html.

[28] “Преступники не остались безнаказанными.” Министерство внутренних дел, 29. 06. 2020, https://mvd.tj/index.php/ru/sobytiya/28126-inoyatkoron-be-azo-namondand-2.

[29] “В Таджикистане официально признали: коронавирус в стране есть!” Asia Plus, 30. 04. 2020, https://www.asiaplustj.info/ru/news/tajikistan/security/20200430/v-tadzhikistane-ofitsialno-priznali-koronavirus-v-strane-est.

[30] “Срочная Новость! В Таджикистане запретили экспорт продовольственных товаров и организацию массовых мероприятий, школьников отправили на каникулы.” НИАТ Ховар, 25. 04. 2020, https://khovar.tj/rus/2020/04/srochnaya-novost-v-tadzhikistane-zapretili-eksport-prodovolstvennyh-tovarov-i-organizatsiyu-massovyh-meropriyatij-shkolnikov-otpravili-na-kanikuly/.

[31] “В Таджикистане введен штраф за не ношение масок в общественных местах.” Avesta, 07. 07. 2020, http://avesta.tj/2020/07/07/v-tadzhikistane-vveden-shtraf-za-ne-noshenie-masok-v-obshhestvennyh-mestah-video/.

[32] “COVID-19 Map.” John Hopkins Coronavirus Resource Center, https://coronavirus.jhu.edu/map.html. Обращение к источнику: 27. 12. 2020.

[33] Рухулло, Сарвиноз, Афсона Акобиршоева. “И вновь о “гуманитарке”. Была ли доставлена помощь по назначению?” Радио Озоди, 27. 12. 2020, https://rus.ozodi.org/a/31021029.html.

[34] Мирсаидов, Негматулло. “Таджикистан увеличил производство медицинских масок в период пандемиии коронавируса.” Caravanserai, 01. 06. 2020, https://central.asia-news.com/ru/articles/cnmi_ca/features/2020/06/01/feature-01.

[35] Рахмон, Эмомали. “Указ Президента Республики Таджикистан О предотвращении воздействия инфекционного заболевания COVID- 19 на социально-экономические сферы Республики Таджикистан.” НИАТ Ховар, 05. 06. 2020, https://khovar.tj/rus/2020/06/ukaz-prezidenta-respubliki-tadzhikistan-o-predotvrashhenii-vozdejstviya-infektsionnogo-zabolevaniya-covid-19-na-sotsialno-ekonomicheskie-sfery-respubliki-tadzhikistan/.

[36] Чоршанбиев, Пайрав. “Малоимущим в Таджикистане раздали $15 млн.” Asia Plus, 21. 11. 2020, https://asiaplustj.info/ru/news/tajikistan/economic/20201121/maloimutshie-v-tadzhikistane-poluchili-razovuyu-pomotsh-na-summu-okolo-15-mln.

[37] “Пресс-релиз.” Министерство Финансов Республики Таджикистан, 28. 05. 2020, http://minfin.tj/index.php?newsid=1037.

[38] Рахмон, Эмомали. “Указ Президента Республики Таджикистан О мерах по усилению уровня социальной защищённости населения и увеличению действующих должностных окладов государственных служащих, работников бюджетных организаций и учреждений, размеров пенсий и стипендий.” Президент Республики Таджикистан, 04. 08. 2020, http://president.tj/ru/node/23486.

[39] “Қурби асъор.” Национальный банк Таджикистана, http://nbt.tj/tj/kurs/kurs.php. Обращение к источнику: 27. 12. 2020.

[40] Всемирная продовольственная программа. “Таджикистан вошел в список 20 стран с самой высокой стоимостью еды.” ООН, 16. 10. 2020, https://news.un.org/ru/story/2020/10/1388442.

[41] Зияев, Бахром. “Доклад об экономике Таджикистана – осень 2020.” Всемирный банк, 23. 12. 2020, http://documents1.worldbank.org/curated/en/285721608614181243/pdf/Tajikistan-Economic-Slowdown-Amid-the-Pandemic.pdf.

[42] “Краткая информация о развитии национальной экономики за девять месяцев 2020 года.” Министерство Экономического Развития и Торговли Республики Таджикистан, https://www.medt.tj/ru/makroekpnpmika/sostoyanie/1203-kratkaya-informatsiya-o-tekushchej-situatsii-v-ekonomike-respubliki-tadzhikistan-za-2019-god.

[43] “Гулнора Хасанзода: «В Таджикистане объем производства сельскохозяйственной продукции увеличился на 8,2%».” НИАТ Ховар, 30. 06. 2020, https://khovar.tj/rus/2020/07/gulnora-hasanzoda-v-tadzhikistane-obem-proizvodstva-selskohozyajstvennoj-produktsii-uvelichilsya-na-8-2/.

[44] “60 стран оказали Таджикистану гуманитарную помощь на сумму $45,1 млн”. Avesta, 17.12.2020, http://avesta.tj/2020/12/17/60-stran-okazali-tadzhikistanu-gumanitarnuyu-pomoshh-na-summu-45-1-mln/

If you have found a spelling error, please, notify us by selecting that text and pressing Ctrl+Enter.

Spelling error report
The following text will be sent to our editors: