Баъди он ки ҳамлаи Русия ба Укроин роҳҳои тиҷорати шимолиро барои Чин дастнорас кард, таваҷҷуҳи Пекин ба Осиёи Марказӣ бештар шуд. Брайан Карлсон, раҳбари гуруҳи амнияти ҷаҳонии Маркази таҳлилии Center for Security Studies (CSS) бар ин аст ки халои афзояндаи нуфуз дар минтақа тавассути Чин пур хоҳад шуд.
Брайан Карлсон коршиноси шинохтаи равобити Чину Русия ва сиёсати хориҷӣ буда, дорои унвони доктории равобити байналмилалӣ аз Донишгоҳи SAIS-и Ҷонс Ҳопкинс мебошад. Тадқиқотҳои ӯ аз он ҷиҳат қобили таваҷҷуҳанд, ки дар онҳо ҳам ба сарчашмаҳои чинӣ ва ҳам русӣ таваҷҷуҳ зоҳир шудааст. Дар мавзӯи равобити Чину Русия дар давраи пасошӯравӣ рисолаи докторӣ навиштааст ва феълан дар ин замина пажуҳишҳои густурдаеро анҷом медиҳад. Карлсон бо забонҳои чинӣ ва русӣ озодона суҳбат мекунад.
Оё пас аз як соли ҳамлаи Русия ба Укроин дар равобити Чин бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ягон тағйироте мушоҳида мекунед?
Фикр мекунам ба зудӣ ҷавоб ба ин саволро беҳтар дарк хоҳем кард, зеро баъди як моҳ дар Сиён нишасти Чин-Осиёи Марказӣ баргузор мешавад, дидани натиҷаҳои он ҷолиб хоҳад буд. Дар вохӯриҳо бо донишмандони тоҷик шунидам, ки бархе аз онҳо интизори эълони ташаббусҳои нав ҳастанд. Ман ҳамчунин шунидам, ки дар ҷараёни сафари Си Ҷинпин дар моҳи гузашта ба Маскав ӯ ва Путин шояд ин мавзӯъро баррасӣ карда бошанд ва шояд миёни онҳо фаҳмише ба миён омада бошад, ки чӣ гуна Чин метавонад бархӯрди наверо дар минтақа оғоз кунад; Русия дарку фаҳмиши худро дар бораи {нуфузи афзояндаи Чин} изҳор мекунад ва сабабаш ин аст, ки ҳоло дар ҳолати парешонӣ қарор дошта, ба ҳимояти Чин ниёз дорад.
Дар маҷмӯъ, ман бар ин фикрам ки мо ба даврае ворид мешавем, ки Чин дар Осиёи Марказӣ боз ҳам фаъолтар мешавад. Ва шояд ин чиз ба Русия писанд наояд, аммо бояд ин воқеиятро таҳаммул кунад.
Ба андешаи шумо дар нишасти Чин ва Осиёи Марказӣ кадом ташаббусҳо эълон хоҳанд шуд?
Фикр мекунам, ки онҳо минбаъд низ таваҷҷуҳи асосиро ба зерсохторҳо равона хоҳанд кард. Лоиҳаи роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Узбекистон қаблан пешниҳод шуда буд. Моҳи сентябри соли гузашта эълом шуд, ки эҳтимол дорад, иҷрои ин тарҳ идома пайдо кунад. Ҳамчунин хатти лӯлаи гази Чин-Осиёи Марказӣ мавҷуд аст, ки аз Туркманистон тавассути Тоҷикистон ба Чин кашида мешавад. Ман бовар дорам, ки Чин барои сохтмони роҳҳо дар Тоҷикистон сармояи зиёд масраф мекунад. Ва фикр мекунам, ки Чин шояд вобаста ба лоиҳаҳои инфрасохторӣ баъзе идеяҳои нав дошта бошад. Инро вақт нишон медиҳад, аммо Чин шояд дарк кунад, ки Русия эҳтимол нуфузи худро дар минтақа аз даст медиҳад ва наметавонад нақши кафили амниятро дар минтақа иҷро кунад.
Чунин ақидае роиҷ аст, ки Чин ва Русия дар Осиёи Марказӣ бахшҳои мавриди нуфузро тақсим кардаанд – Русия дар таъмини амният нақши бузург дорад ва Чин дар рушди иқтисод саҳм мегузорад. Аммо Чин метавонад чунин ташхис кунад, ки Русия ба иҷрои комили ин нақш қодир нест ва Пекин метавонад роҳҳои густариши вазифаҳои амниятии худро ҷустуҷӯ кунад. Дар ин замина Чин аллакай дар Тоҷикистон фаъолона кор мекунад. Бо Қирғизистон, Покистон ва дигар кишварҳо дар марзҳои ғарбии худ низ ҳамкорӣ мекунад.
Бо ин далел, ки Чин ҳарчӣ бештар дар минтақа сармоягузорӣ мекунад, мехоҳад ин сармоягузориҳоро муҳофизат кунад. Аммо ман чунин эҳсос мекунам, ки Чин мехоҳад беҳтар дарк намояд, ки дар минтақа чӣ мегузарад. Пекин намехоҳад ғофилгир шавад.
Дастрасӣ ба захираҳои нафту газ равобити тиҷоратиро бо Чин афзоиш медиҳад
Ба ҳама кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамагӣ 1%-и ҳаҷми умумии тиҷорати хориҷии Чин рост меояд. Ин минтақа аз нигоҳи иқтисодӣ то чӣ андоза барои Чин муҳим аст? Ё Осиёи Марказӣ танҳо ҳамчун як долони нақлиётӣ ба Аврупо мавриди таваҷҷуҳи Чин аст?
Дуруст аст, ки аз нигоҳи сирф иқтисодӣ Осиёи Марказӣ омили нисбатан назарногир аст. Аммо он барои Чин, ки бештар аз 40 дарсад вобастаи гази воридотӣ аст, муҳимтарин манбаи гази табиӣ мебошад. Сеяки ин воридот тавассути лӯлаҳо мегузарад ва тақрибан 80%-и ин 1/3 аз Осиёи Марказӣ ворид мешавад. Аз ин рӯ, ин як манбаи муҳими газ барои Чин аст. Ва дар ҳоле ки дар ин маънӣ аҳамияти иқтисодӣ вуҷуд дорад, бархӯрди Чин аз аҳдофи геостратегӣ ва геополитикӣ бармеояд: тавре ки шумо гуфтед, Чин ин минтақаро як масир ба Аврупо ва Ховари Миёна медонад. Қаблан консепсияи чинии “Як камарбанд, як роҳ” асосан ба пайвастан бо Аврупо тавассути Қазоқистон ва баъдан Русия, Укроин ва Белорус тамаркуз мекард.
Укроин як маркази муҳими лоиҳаи “Як камарбанд, як роҳ” буд ва баъдан рӯйдодҳои соли 2014 сурат гирифт.
Дар натиҷа, онҳо ба Белорус таваҷҷуҳ карданд, аммо соли 2020 онҷо интихоботи тақаллубӣ баргузор шуд, Белорус дигарбора ба мадори Русия афтод, ки қисман тавассути қаламрави Белорус ба Укроин ҳамла кард. Аз ин хотир, ҳоло барои Чин истифода аз Русия, Укроин ё Белорус барои ворид шудан ба Аврупо душвор хоҳад буд.
Аз ин рӯ, барои Чин баррасии масирҳо тавассути Осиёи Марказӣ бештар мавриди таваҷҷуҳ қарор мегирад. Ҳамин тариқ, роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Узбекистон имкон медиҳад, ки ба Узбекистон, Эрон, Туркия ва ғайра ҳаракат кунанд.
Ҳамин тариқ, ҳоло Осиёи Марказӣ барои Чин дар чаҳорчӯби ташаббуси “Як камарбанд, як роҳ” аҳамияти бештар пайдо мекунад ва албатта ин ба манфиати Русия нест. Аммо мо метавонем интизор шавем, ки Чин ба долони нақлиётии Осиёи Марказӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир мекунад ва кишварҳои Осиёи Марказӣ метавонанд аз ин манфиати муайяне бардоранд, монанди беҳбуди робитаҳо ҳам дар минтақа ва ҳам берун аз он – бо Аврупо ва Ховари Миёна, ҳарчанд маҳз ҳамин чиз хавфи тавсеаи нуфузи Чин дар минтақаро ба вуҷуд меорад.
Оё Пекин ба режими Толибон (дар Тоҷикистон созмони террористӣ эътироф шудааст) ҳамчун як таҳдид нигоҳ мекунад ва оё ният дорад, ки бо ҳар роҳе аз он ҷилавгирӣ кунад?
Баъди ба кудрат расидани Толибон дар Афғонистон матолиби таҳлилии зиёде нашр шуд, ки дар онҳо гуфта мешуд, коҳиши нуфузи Амрико дар минтақа барои Чин як фурсати бузург аст. Мисли Русия, Чин солҳои дароз то бозгашташон ба қудрат бо Толибон ҳамкорӣ дошт. Соли 2019 як ҳайати Толибон аз Чин дидан кард. Ҳамин тавр, ҳадди ақал дар соли 2019, Чин бо Толибон дар тамос буд ва онҳо барои баррасии ин масъала ки дар сурати ба қудрат расидани Толибон чӣ рӯй хоҳад дод, чанд сол фурсат доштанд, баъдан, дар вақти ба қудрат расидани Толибон, онҳо дар мавриди ҳимоят аз тамомияти арзии Чин изҳорот пахш карданд: ин ки Шинҷон бахше аз Чин аст ва Толибон имкони паҳн кардани кадом таъсири манфиро аз Афғонистон ба Шинҷон баррасӣ намекунанд.
Чин мехост итминон ҳосил кунад, ки барои ҳифзи манофеи худ бо Толибон муносиботи хубе ба роҳ мондааст. Манфиатҳои асосии амниятӣ таъмини амнияти сарҳади ғарбии Чин, амнияти Шинҷон ва ҳосил кардани итминон ба ин ки ҷудоиталабӣ, терроризм ва ифротгароӣ паҳн намешавад. Ва дар ин замина, онҳо дар таҳкими постгоҳҳои марзӣ бо Тоҷикистон ҳам ҳамкории зич доранд: инҷо, дар Тоҷикистон пойгоҳи пулиси мусаллаҳи мардумии Чин воқеъ аст.
Омили дигар низ вуҷуд дорад – Чин кайҳост, ки ба конҳои мис дар наздикии Кобул таваҷҷуҳ зоҳир кардааст. Аммо бо далели нигарониҳои амниятӣ натавонист истихроҷи маъданро оғоз кунад. Афғонистон инчунин дорои миқдори бузурги маъданҳои хокии нодир аст ва ҳадс зада мешуд, ки Чин метавонад аз ин истифода кунад ва ҳатто аз ташаббуси “Як камарбанд, як роҳ” барои эҷоди долон тавассути Афғонистон истифода кунад.
Аммо фикр мекунам, барои Чин роҳандозии ин ҳама ҳадафҳои иқтисодӣ дар он ҷо хеле душвор хоҳад буд. Онҳо то ҳол аз вазъи амниятӣ дар Афғонистон нигарон ҳастанд. Ҳатто Толибон кишварро пурра таҳти назорат надоранд. Дар шимоли кишвар намояндагии марбут ба ДИИШ (дар Тоҷикистон террористӣ эътироф шуда аст) амал мекунад ва айни замон ва эҳтимолан дар ояндаи наздик Чин аз сармоягузории бузург дар Афғонистон худдорӣ мекунад, аммо ин шонсро дорад, ки ба ҳадафҳои ҳадди ақали худ ноил шавад – боварӣ ҳосил кунад, ки адами амният ва субот аз Афғонистон ба хоки Чин намегузарад.
Шояд ин ҳамчун як назарияи тавтиа садо бидиҳад, аммо ба назар мерасад, ки сиёсатмадорони чинӣ дар раванди тағйири қудрат дар Афғонистон нақш доштанд.
Бархӯрде ки Чин одатан дар саросари ҷаҳон истифода мебарад, ин аст ки он бо ҳар касе ки дар айни замон дар қудрат аст, кор мекунад. Онҳо омодаанд, ки бо режими ҳоким, тавре ки ҳаст, кор кунанд ва тарҷеҳе барои инки чӣ касе бояд дар раъси қудрат бошад, надоранд. Албатта, соли 2019 Толибон ҳанӯз дар сари қудрат набуданд, аммо Чин метавонист дурнаморо таҳлил кунад – Толибон аллакай як қисми кишварро таҳти назорат доштанд ва дар Пекин тахмин заданд, эҳтимоли қавӣ вуҷуд дорад, ки пас аз хуруҷи ИМА дар ниҳоят маҳз Толибон метавонанд бахши аъзами кишварро таҳти контрол бигиранд.
Ва Русия низ дар асл ҳамин ҳисобро анҷом додааст. Аммо Чин гузинаҳоро баррасӣ карда, омодаи ҳамкорӣ бо Толибон шуд, то боварӣ ҳосил кунад, ки онҳо ё кумак мекунанд ё ҳадди ақал ба манфиатҳояш зарар намерасонанд. Ва ман фикр мекунам, ки ин ба равиши прагматикии Чин дар муносибат бо дигар кишварҳо мувофиқ буд.
Дар бораи мавқеи Чин дар мавриди интиқоли қудрат дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ гуфтан мумкин аст? Аксар вақт нухбагони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои интиқоли қудрат розигии Маскавро мегиранд. Оё Пекин ҳам дар тасдиқ намудани номзадҳо ҳамин тавр серталаб мешавад?
Дуруст аст, ки Русия ҳамин тавр мекунад. Аммо ҳеч далеле вуҷуд надорад, ки нишон бидиҳад, чиниҳо фаъолона дар талоши тағйир додани режим ҳастанд ё коре кунанд, ки каси ба манфиати онҳо мувофиқ сари қудрат биёяд. Ман ягон далели чунин ҳолатро надидам. Ба истиснои Тайван. Аммо ин тамоман ҳолати дигар аст.
Манфиатҳои канорӣ (ҳошияӣ)
Чин дар масъалаи ҳамкорӣ бо нухбагон ва мардумони минтақа чӣ барномаҳое дорад ва чӣ чизҳоеро ба онҳо пешниҳод карда метавонад?
Агар ба ҷаҳон назар кунем, ҳолатҳоеро пайдо мекунем, ки Чин вориди кишвар мешавад ва тавре амал мекунад, ки элитаи он кишвар аз имтиёзҳои вижа бархӯрдор шавад. Агар онҳо ба як кишвари хурди ҷазираӣ дар ҷануби Уқёнуси Ором биоянд, онҳо метавонанд лоиҳаи худро тавре иҷро кунанд, ки президент ва хонаводаи ӯ аз ин манфиат бардоранд. Инро дар кишварҳои заиф кардан мумкин аст.
Ман мутмаин нестам, ки ин кор то чӣ ҳад дар Осиёи Марказӣ анҷом мешавад. Ман бояд ин масъаларо бештар баррасӣ кунам, аммо дар маҷмӯъ, ман фикр мекунам, ки дар Чин як идеяи таърихӣ вуҷуд дорад, ки онҳо “tianxia” меноманд, ба ин маъност, ки “ҳама чиз дар зери осмон аст”:
Замони ҳукмронии император, минтақаҳои канорӣ мустақим зери идораи ӯ набуданд, вале мехост, ки ин манотиқ ба ӯ эҳтиром бигзоранд ва дар баъзе мавридҳо хироҷ пардохт кунанд ё ҳадди ақал ҳокимияти олӣ будани ӯро эътироф намоянд.
Ба ивази ин ба одамони манотиқи канорӣ имконият дода мешуд, ки корҳои худро мустақилона пеш баранд, вале дар айни замон як навъ мубодилаи дутарафа ба амал меомад: мардуми манотиқи канорӣ ба император эҳтиром нишон медоданд ва император ба одамоне, ки дар ҳошияҳо буданд, бо мақсади таъмини садоқати онҳо ва кафолати қонунии онҳо кумак мекард.
Ҳоло чизе ба ин монанд бо Чин рӯй медиҳад: онҳо лоиҳаҳоро дар минтақаҳои канорӣ амалӣ мекунанд, ки ба ин кишварҳо фоидаи муайян меорад. Онҳо зерсохторҳо бунёд мекунанд ва ба рушди иқтисодӣ мусоидат мекунанд, ки метавонад зиндагии мардуми ин минтақаҳоро беҳтар кунад. Аслан, ҳадаф ба даст овардани садоқати бисёре аз кишварҳои ҷаҳон, на танҳо дар Осиёи Марказӣ, балки дар Африқо, Амрикои Лотинӣ ва дигар қисматҳои Осиё аст. Чунин ба назар мерасад, ки тамоюл ба нафъи онҳост, махсусан ҳоло, ки Русия гирифтор шудааст.
Коршиносон бештар дар бораи Осиёи Марказӣ ҳамчун минтақае суҳбат мекунанд, ки ҳамеша байни Шарқ ва Ғарб мувозинат дорад. Оё бо назардошти он ки ИМА дар тарҳрезии қудрати худ дар минтақа он қадар фаъол нест, миёни Чин ва ИМА барои нуфуз дар Осиёи Марказӣ рақобат вуҷуд дорад?
Афроде ки мехоҳанд Иёлоти Муттаҳида ба корҳои Осиёи Марказӣ амиқ дахолат кунад, ҳамеша барои мутақоид кардани раҳбарони сиёсӣ ба ин кор ба мушкилӣ мувоҷеҳ мешуданд. Сабаб комилан фаҳмо аст: ИМА бояд дар бораи Чин, минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором, Русия ва амнияти Аврупо нигарон бошад ва мушкилоти Ховари Миёна, ба назар мерасад, ки ҳеч гоҳ хатм шуданӣ нест. Чунин ба назар мерасад, ки Осиёи Марказӣ ҳеч гоҳ дар раъси барномаҳои ИМА қарор нагирифтааст. Бар илова он аз Иёлоти Муттаҳида бисёр дур аст.
Як идеяе, ки муддати тӯлонӣ вуҷуд дорад, талоши пайваст кардани Осиёи Марказӣ бо Осиёи Ҷанубӣ аст, то ба Осиёи Марказӣ боз як роҳи дигари баромад дода шавад, ки тавассути Чин, Русия ё Эрон набошад. Аммо, барои ин кор бояд тавассути Афғонистон масир боз карда шавад ва бо назардошти вазъи амниятии он кишвар расидан ба ин ҳадаф имконнопазир будааст.
Ахиран баҳсҳо дар бораи лӯлаи газ ё роҳи оҳани Туркманистон-Афғонистон-Покистон-Ҳиндустон ба миён омадаанд ва раиси ҷумҳури Узбекистон воқеан пешниҳоди роҳи оҳанро дубора эҳё кард.
Узбекистон аллакай тавассути роҳи оҳан бо Мазори Шариф пайваст шудааст. Пешниҳод шудааст, ки шабакаи роҳи оҳан аз Мазори Шариф то Кобул тавсеа дода шуда, ба системаи роҳи оҳани Покистон пайваст карда шавад, то Осиёи Марказӣ тавассути Покистон ва бандарҳои обӣ молу коло интиқол дода тавонад. Ин ба Осиёи Марказӣ боз як роҳи баромади дигар медиҳад. Аммо боз ҳам, бо таваҷҷуҳ ба ноустуворӣ дар Афғонистон, Сандуқи байналмилалии пул тавсия додааст, ки дар ин роҳи оҳан на танҳо ба далели вазъи амниятӣ дар Афғонистон, балки ба далели мушкилот дар Покистон сармоягузории ҷиддӣ сурат нагирад.
Аз ҷиҳати назариявӣ, ин як роҳи олӣ барои Иёлоти Муттаҳида ҷиҳати кумак ба Осиёи Марказӣ барои бо Осиёи Ҷанубӣ пайваст шудан мешуд, бахусус бо назардошти равобити афзояндаи ИМА ва Ҳиндустон. Аммо ин корро кардан душвор аст.
Иёлоти Муттаҳида кайҳост ба як сармоягузори умда дар бахши энержии Осиёи Марказӣ табдил шудааст. Ҳоло баррасии масъалаи кумак ба Осиёи Марказӣ барои содироти бештари нафту газ ба ғарб тавассути баҳри Хазар идома дорад, зеро тавре медонед, Аврупо аз хариди газ аз Русия даст кашидааст ва ба манобеи алтернативӣ таваҷҷуҳ дорад. Хатҳои лӯлаи фарохазарӣ бояд ба Боку ва аз он ҷо ба лӯлаҳои нафту гази мавҷудбуда пайваст карда шаванд. Аммо Чин ҳам ба пайвастан бо Боку манфиатдор аст, аз ин рӯ шояд рақобат дар мавриди он ки газ ба шарқ меравад ё ғарб ба вуҷуд биёяд.
Аз ин рӯ, дар маҷмӯъ таҳияи стратегияи ИМА дар минтақа мушкил аст. Ман фикр мекунам, ки аз бисёр ҷиҳат беҳтарин вариант мушорикат дар сатҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ хоҳад буд.
Вақте ки ман ба наздикӣ дар Қазоқистон будам, аз коршиносон пурсидам, ки Иёлоти Муттаҳида чӣ кор карда метавонад ва фикр мекардам, ки шояд аз геополитика ва рақобат бо Русия ва Чин мегӯянд, аммо ҷавобҳо чунин буд: “Кишварҳои сеюмро ба ҳоли худ гузоред, моро ба рақобат бо Чин накашед”, “дар сатҳи дуҷониба бо мо ҳамкорӣ кунед ва дар бахши маориф кумак кунед”, “тартиби гирифтани раводидро сода кунед”, “барои дарёфти энергияи тоза кумак расонед” ва ғайра”. Шояд ин умедворкунандатарин равиш бошад, аммо рақобат бо Чин душвор хоҳад буд.
Замоне ки дар ин минтақа зиндагӣ мекардам, ин ҷумларо шунида будам: “Хушбинҳо забони англисӣ ёд мегиранд, пессимистҳо чинӣ меомӯзанд”. Аз нуқтаи назари “қудрати нарм” ва фарҳанг, ман фикр мекунам, ки Иёлоти Муттаҳида бар Чин бартарӣ дорад. Фикр мекунам, ки Иёлоти Муттаҳида дар маҷмӯъ барои Осиёи Марказӣ нисбатан дилкаштар аст.
Сокинони Осиёи Марказӣ аз Чин нигарониҳо доранд. Онҳо ӯро дарк карда наметавонанд. Онҳо намедонанд, ки аз вай чӣ метавон интизор шуд. Дар ин маврид, Иёлоти Муттаҳида бартарӣ дорад, аммо мушкил инҷост ки Чин ба лоиҳаҳои мушаххас, ки ба рушди иқтисодӣ, коммуникатсияҳои нақлиётӣ ва эҳтимолан баландтар шудани сатҳи зиндагӣ мусоидат мекунанд, маблағи ҳангуфте сармоягузорӣ кардааст. Бо ин рақобат кардан душвор аст.
Масалан, вақте ки ман ҳафтаи гузашта дар Қирғизистон будам, донишҷӯён аз ман пурсиданд, ки агар Чин ба Тайван ҳамла кунад ва бо ИМА ҷанг оғоз кунад, чӣ мешавад? Ин ба Осиёи Марказӣ чӣ гуна таъсир мерасонад? Ман қаблан дар ин маврид фикр накарда будам, аммо посухи ман чунин буд: “Иёлоти Муттаҳида талош мекунад кишварҳои Осиёи Марказиро маҷбур кунад, ки ба таҳримҳои зидди Чин бипайванданд ва интиқоли газро қатъ кунанд”. Аммо баъдан бо мардуми ин ҷо суҳбат кардам ва онҳо гуфтанд, ки чунин намешавад. Кишварҳои Осиёи Марказӣ тамоми талоши худро барои ҳифзи бетарафӣ анҷом хоҳанд дод.
Хатароти ба миён омадани хало дар Осиёи Марказӣ
Бозигарони дигари таъсиргузор, мисли Туркия, Эрон ва ҳатто шояд Ҳинд ба нақши афзояндаи Чин дар Осиёи Марказӣ чӣ вокуниш хоҳанд кард? Дар бораи дурнамои ин бозигарон дар минтақа чӣ назар доред?
Дар бораи Туркия ва Эрон маълумоти зиёд надорам. То ҷойе ман медонам, бисёриҳо фикр мекарданд, ки Туркия нуфузи худро дар минтақа тавсеа медиҳад, аммо дар асл ин тавр нашуд. Чанд соли ахир як давраи эҳёи сиёсати хориҷии Туркия буд, онҳо дар Ховари Миёна нақши муҳим доранд ва талош мекунанд, ки то ҷойе ба унвони миёнарав дар ҳалли низоъ дар Украина баромад кунанд; Туркия хеле шуҳратпараст аст ва мехоҳад як қудрати бузурги минтақавӣ бошад ва мо метавонем тахмин кунем, ки Туркия талош мекунад ин ҷо нақши бузургтареро бозӣ кунад, аммо ман ба қадри кофӣ иттилоъ надорам, то посухи қаноатбахш бидиҳам.
Эрон метавонад як василаи хуби ҷуғрофӣ барои Осиёи Марказӣ бошад, аммо албатта ба далели таҳримҳо бо Амрико мушкил дорад. Ҳамчунин идеяи як долони Шимол-Ҷануб вуҷуд дорад, ки асосан Русия-Эрон-Ҳиндустонро дар бар мегирад.
Аммо боз ҳам, мумкин аст ин мавзӯъ бар асари таҳримҳои ИМА алайҳи Русия ва Эрон каме печида шавад ва Иёлоти Муттаҳида шояд нахоҳад, ки Ҳиндустон дар ин лоиҳа иштироки фаъол дошта бошад. Дар мавриди Хиндустон, тавре ки пештар гуфта будам, бинобар мушкилоти Афғонистон дар робита ба пайвастани Осиёи Миёна бо Ҳиндустон ва Осиёи Ҷанубӣ душвориҳо вуҷуд доранд.
Ҳамаи ин кишварҳо – Туркия, Эрон ва Ҳинд – имкон доранд, ки ба ин ё он роҳ дар минтақа нақш дошта бошанд, аммо ба назар мерасад, ки Чин нисбат ба дигарон ҷойгоҳи устувортаре дорад.
Ба фикри шумо агар Русия дар амалиёти низомии худ шикаст бихӯрад, дар минтақа тағйироте ба амал меояд?
Агар Русия комилан шикаст бихӯрад, шояд мушкилот хеле бадтар шавад ва Русия маҷбур мешавад комилан аз минтақа хориҷ шавад ва ба Чин имкон диҳад, ки онро таҳти назорат бигирад. Ин дар сурати шикасти комили Русия аст, вақте ки қувваҳои мусаллаҳи он чунон шикаст бихӯрданд, ки барои барқарор кардани онҳо солҳои зиёд лозим шавад. Дар ин шароит Русия наметавонад ба таври муассир СПАД-ро дар минтақа раҳбарӣ кунад.
Намедонам, кор то инҷо мерасад ё не, шояд Русия аз нигоҳи худ ба натиҷаи нисбатан барояш мусоидтаре дар Украина ноил шавад ва шояд аз чунин шикасти фоҷиабор раҳо ёбад. Аммо агар ноком шавад, ин як зарбаи бузург ба ҳузури Русия дар минтақа хоҳад буд ва эҳтимолан ин чиз як халое эҷод кунад.
Толибон аслан тамоми Афғонистонро таҳти назорат надорад. Дар шимол гуруҳи марбут ба ДИИШ вуҷуд дорад, ки аз Толибон итоат намекунад. Фикр мекунам, ки тарсу ҳарос асосан ба он марбут аст, ки терроризм, ҷудоиталабӣ, ифротгароӣ ва ба ин монанд хатарҳо аз марзҳои Афғонистон берун мешаванд ва Толибон қудрати ҷилавгирӣ аз онҳоро надоранд.
Фаҳмиши ман ин аст, ки ҳоло Толибон танҳо барои таҳти назорат гирифтани тамоми Афғонистон талош доранд. Аз ин рӯ, нигарониҳои онҳо дар дохили кишвар мутамарказ шудааст ва ман аз нақшаҳои густариши нуфузашон берун аз марзҳои Афғонистон огоҳ нестам.
Моҳи августи соли 2021, замоне ки Толибон қудратро ба даст гирифтанд, Русия дар ин ҷо, дар Тоҷикистон, дар наздикии марз машқҳои муштараки низомии СПАД-ро баргузор кард. Русия мехост нишон диҳад, ки кишварҳои Осиёи Марказиро аз ҳар гуна бесуботӣ, ки аз Афғонистон сар мезанад, ҳифз хоҳад кард. Ин барои Русия муҳим аст, зеро намехоҳад терроризм ва бесуботӣ нахуст ба Осиёи Марказӣ ва баъдан эҳтимолан ба қаламрави Русия паҳн шавад.
Ҳамзамон, Чин аз Русия даъват кард, ки дар тамринҳои низомии дохилӣ дар Чин, ки ҷузъи қавии зиддитеррористӣ дорад, ширкат кунад. Аз ин рӯ, муколамаҳое вуҷуд доранд, ки агар воқеан вазъ дар Осиёи Марказӣ аз зери назорат берун шавад, шояд Чину Русия дахолати муштараки низомиро баррасӣ кунанд.