Блогерони тоҷик, муаллифони навори пурсарусадо дар бораи занони сабукпо мегӯянд, ки дар бораи оқибати он фикр намекарданд. Ҳоло дар интизори мурофиаи додгоҳӣ ҳастанд. Коршиносон мегӯянд, ки ин парванда ба озодии сухан ва эҷодиёт таъсири манфӣ дорад.
Ба канали мо дар Telegram бипайвандед!
Чанде қабл дар Ютуб навори “Барон ва Рустам, рейди фоҳишаҳо дар трасса” аз ҷониби ду блогер – Рустам Ашуров ва Беҳрӯзи Шариф нашр гардид. Ба гуфтаи онҳо дар давоми як шаб ин наворро 180 ҳазор нафар тамошо кардааст.
Вале пас аз 17 соати пахши навор, блогерон ба Раёсати корҳои дохилаи шаҳри Душанбе даъват ва бозпурсӣ шуданд. Нисбати онҳо бо моддаи 144-и Кодекси ҷиноятӣ парванда боз гардид.
Моддаи 144-и Боби 19- Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ғайриқонунӣ ҷамъ ва паҳн кардани маълумот оид ба ҳаёти шахсӣ
2) Ҳамин кирдор, ки аз ҷониби шахс бо истифодаи мақоми хизматиаш анҷом дода шудаааст, бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то ҳаштсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо корҳои ислоҳӣ ба мўҳлати то ду сол ё бо маҳрум сохтан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.
Рустам Ашуров, яке аз муаллифони навор, 12 уми август дар суҳбат ба Cabar.asia гуфт, ки бори охир онҳоро 6-уми август ба Прокуратураи шаҳрӣ даъват карданд.
– Ба мо дар Прокуратураи шаҳрӣ гуфтанд, ки парвандаро ҷамъбаст карда, ба додгоҳ равон кардаанд. Гуфтанд, ки эҳтимол дорад, дар давоми даҳ рӯз мурофиаи додгоҳии онҳо шурӯъ шавад, – илова кард Ашуров.
Бо вуҷуди он ки қариб як моҳ аз ин парванда гузашт, аммо мурофиа ҳанӯз оғоз нашудааст.
“Фикр намекардем, оқибат чӣ мешавад?”
Блогерон дар суҳбат ба CABAR.asia иброз доштанд, ки наворро бидуни маслиҳати ҳуқуқшинос сабт карданд. Фикр намекарданд, ки оқибати ин кор онҳоро ба баҳси додгоҳ мебарад.
Дар ин навор дида мешуд, ки ин блогерон чанд занро, ки рӯяшон пӯшонида шуда буду аз онҳо фоҳиша ном мебурданд, дар хиёбонҳои пойтахт савори мошин карда, бо онҳо дар бораи нарху хизматрасониашон суҳбат мекарданд. Илова бар ин ҷавонон ба занони дар навор буда, маблағ пешниҳод карда, мегӯянд, ки он шаб кор накунанд ва ба хона назди фарзандонашон баргарданд.
Дар ҳамин ҳол Вазорати корҳои дохили ҶТ, ин наворро ғайриахлоқӣ гуфта, изҳорот дод, ки блогерон Беҳрузи Маҷидиён (Шарифи), Рустам Ашуров, Шаҳриёр Ҷалилов ва Юсуфҷони Давлатмурод (ду шахси охир дар омода кардани навор ширкат кардаанд) ба паҳн намудани маълумот дар бораи ҳаёти шахсӣ муттаҳам мешаванд (моддаи 144-и Боби 19- Кодекси ҷиноятии ҶТ).
Бар асоси банди қонуни дар боло зикршуда аз 10 то 25 ҳазор сомонӣ ҷарима (аз 1 то 2,5 ҳазор доллари США) ва ё як сол бо ҷалб ба корҳои ислоҳӣ ҷазо пешбинӣ шудааст.
Дар изҳороти Вазорати корҳои дохилии ҶТ омадааст:
– “Таҳиякунандагони ин навор меъёрҳои ахлоқиро риоя накарда, дар баробари ошкорнамоии шахсияти онҳо ҳамзамон шаъну шарафи занону духтаронро бо ин роҳ паст задаанд, ки боиси муроҷиати занону духтарон ба Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе гардида, муроҷиаткунандагон хостори андешидани чораҳои қонунӣ нисбати таҳиякунандагон ва пахшкунандагони навори мазкур дар шабакаи Интернет шудаанд. Кормандони милитсияи пойтахт муроҷиат ва шикояти занонро мавриди омӯзишу баррасӣ қарор дода, дар натиҷаи роҳандозӣ намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шахсияти ба истилоҳ блогеронро ошкор ва ба мақомоти милитсияи пойтахт дастрас намуданд”.
Ҳамчнунин дар изҳороти вазорат омадааст, ки таъсиси чунин шабакаҳо ва пешбурди ин тарзи фаъолияти иттилоърасонӣ мамнуъ набуда, вале он нафароне, ки худро блогер медонанду бо ин роҳ мехоҳанд маблағ ба даст оваранд бояд меъёрҳои ахлоқиро риоя намуда, дар доираи қонун фаъолиятро ба роҳ монанд:
– Дар акси ҳол боиси ба вуҷуд омадани нофаҳмӣ ва андешидани чораҳои қонунӣ нисбати чунин афрод мегардад, – омадаст дар изҳороти ВКД.
Блогерон: “мақсади мо ҳам воқеиятро нишон додан буд”
12 уми августи соли ҷорӣ, Рустам Ашуров дар суҳбат ба мо қайд кард, ки ҳадафи асосии онҳо аз сабти навор, ин каме ҳам бошад пешгирӣ кардан аз бадахлоқӣ дар ҷомеа буд.
“Дуруст аст, ки мо фаришта нестем, мақсади мо ҳам воқеиятро нишон додан буд. Бубинед пас аз нашри навори мо заноне, ки бо танфурӯшӣ машғул буданд, қариб ба “кор”набаромадаанд, яъне бо муштариёни худ зиёд эҳтиёткор шуданд.
Ба гуфтаи Рустам Ашуров қабл аз пахши навор онҳо медонистанд, ки баъдан ба онҳо мушкилӣ хоҳад шуд, вале то ин андоза фикр намекарданд.
“Мо аз аввал медонистем, ки пас аз нашри навор ба мо мушкилӣ мешавад, ҳатто занги кормандони мақомотро ҳам интизор будем. Мо мунтазир шудем, аз ҷавобгарӣ нагурехтем, хостем як навигарӣ кунем. Мақсади мо пулкоркунӣ набуд, ҳатто мо дар Ютуб ҳамон қисматеро, ки мешавад аз бинандаи зиёд пул ба даст овард, хомӯш кардем.
Медонистем, ки моро тафтиш мекунанд ва мо тавонем исбот карда, ки ин корро на барои пул кардаем. Ҳатто ман фаҳмидам, ки ҳамон заноне, ки бо ин машғул буданд ва ё ҳоло ҳам машғуланд, аз эҳтиёт кор мегиранд.
Бо зикри муаллифони навор дар шабакаҳои иҷтимоӣ пур аз наворҳои беобрӯкунандаи занон бо чеҳраҳояшон нашр шудааст, ки касе то ҳол барои он муҷозот нашуда буданд. Агар кадоме аз ин муаллифон ба ҷавобгарӣ кашида мешуд, шояд онҳо низ сари ин масъала фикр мекарданд.
Сӯҳбат бо занони танфурӯш душвор буд, онҳо аз суҳбат гурехта, байни худ мегуфтанд, ки “бо яке семкат накуна”. Маълум буд, ки пас аз сабти навори блогерон, ин занон зиёд эҳтиёт шудаанд.
Лекин яке аз ин занон дар суҳбат бо мо гуфт, ки шахсан ӯ пас аз нашри навори блогерон зарар надида, балки фоида дидааст.
“Чанд рӯз қабл вақте дар роҳ меистодем, як мошин омад дар назди мо истод. Мошини гаронарзиш набуд ва аз дохили он як ҷавон баромад, ки бойбача наменамуд. Мо 7 нафар истода будем, ҷавон ба назди мо омада, ба дасти чор нафарамон 200-сомонӣ ва ба шашум нафарамон, ки ҷавонтару нисбатан зебо буд, 300-сомонӣ дод. Гуфт, ки имшаб кор накунеду ба назди фарзандонатон равед, ростӣ мо зиёд хурсанд шудем ва фикр мекунам, ки пас аз наворе, ки дар бораи мо нашр карда буданд, дигарон дида, ба мо кӯмак кардан мехоҳанд”- гуфт зан, ки ба танфурӯшӣ машғул аст.
Баҳс дар шабакаҳои иҷтимоӣ: Вазорат духурагӣ кард?
Пас аз нашри хабари ба ҷавобгарӣ кашида шудани блогерон дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсу баррасиҳои зиёд пайдо шуд. Аксари истифодабарандагони Фейсбук аз ин ҷавонон пуштибонӣ мекарданд. Дар ин баҳсҳо гуфта мешуд, ки мақомот ба ҷои кушодани парванда нисбати блогерон, беҳтараш аз танфурӯшии занон пешгирӣ мекарданд.
Яке аз фаъолони Фейсбук бо шарти ифшо нашудани номаш ба CABAR.asia гуфт, амалеро, ки блогерон анҷом доданд, то ҷое боиси дастгирӣ аст.
– Ман фикр мекунам, ки ин парванда мақсаднок аст ва шояд тиҷорати касеро халалдор мекунанд. Ҳар рӯз дар сомонаҳои иҷтимоӣ “хиёнати занҳо” гуфта, наворҳо пахш мекунанд, ки нангу номуси занҳоро мерезонад, вале касе на пайгирӣ мекунаду на ба ҷавобгарӣ мекашад, – гуфт ҳамсӯҳбати CABAR.asia.
Ба фикри ӯ, Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон то ҷое “духурагӣ” ҳам кардааст.
– Зеро худи вазорат чандин маротиба чеҳраи занонро ё дар дигар навор чеҳраи муллоҳоро, ки бо ин ё он кори фаҳш даст задаанд, нишон додааст, – иброз дошт вай.
Ба гуфтаи ӯ, блогеронро зарур аст, ки дар баррасии чунин корҳову мушкилиҳои иҷтимоӣ фаъол бошанд.
– Мутаассифона блогерони тоҷик корашон фақат таҳқиру туҳмати ҳамдигар мебошад. Баъзе вақтҳо ба хотири муштарӣ ва лайк наворҳоеро мемонанд, ки ҳам худашон ва ҳам миллатро шарманда мекунанд. Аслан дар ҳамаи кишварҳои дунё блогерон сиёсатмадоранд, вале дар мо ҳеҷ блогере ба сиёсат ҷуръати воридшуданро надорад, – илова кард ӯ.
Дар ҳамин ҳол Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯйи Вазорати корҳои дохилӣ ба Cabar.asia иброз дошт, ки “инро тафтишот муайян мекунад, ки то куҷо қонун вайрон шудааст. То ба анҷом расидани тафтишот, чизе гуфта наметавонем”.
Хуқуқшинос: Баҳс оғоз меёбад … агар соҳибони симо шикоят кунанд
Абдураҳмон Шарипов, ҳуқуқшиноси тоҷик ба CABAR.asia гуфт дар амалҳои кормандони мақомот ягон духурагӣ дида намешавад.
“Мувофиқи талаботи моддаи 147-и Кодекси граждании ҶТ, ҳар як шахс ҳуқуқ ба тасвири шахсӣ дорад. Дар баробари ин ҳеҷ кас ҳуқуқ надорад, ки тасвири ягон шахсеро беризоияти ӯ, дар сурати вафоти ӯ бошад, беризоити ворисонаш истифода намояд.
Кормандони мақомот занону мардонро дар ҳолати фаҳш ба навор гирифтанд. “Вале оид ба истифода шудани ин наворҳо дар воситаҳои ахбори омма, аз ҷониби занон ва мардони соҳиби тасвири шахсӣ арзу шикоят оварда намешавад, ягон баҳс шуда наметавонанд”, илова кард ҳуқуқшинос.
Ба гуфтаи ӯ баҳси додгоҳӣ дар ҳоле оғоз меёбад, ки агар соҳибони симо нисбати наворбардорон ба ҳимояи ҳуқуқашон тасвиришахсӣ арзу шикоят кунанд.
“Эҳтимол ҳаст, ки блогерони дигар аз эҳтиёт кор бигиранд”
Истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ бар ин назаранд, ки пас аз ин қазия эҳтимол дорад, ки блогерони дигар аз эҳтиёт кор бигиранд ва ин як тарс додан ба дигарон мебошад.
Абдуллоҳ Ғурбатӣ, хабарнигори ҷавон гуфт, ки “мақомот бо ин амали худ мехоҳад дастрасии мардумро бо иттилоот, озодии сухан маҳдуд кунад ва ба дигар блогерону нафароне, ки бо пахшу нашри маводҳо машғул ҳастанд, як паёме диҳад, ки дар сурати чунин амал ҳамин гуна бархурд онҳо интизор аст
Нуриддин Қаршибоев, роҳбари Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон гуфт, ки дар ин қазия маҳдудияти озодии баён дида мешуд.
“Ба андешаи ман, дар амали блогерон ғаразе ё иттиҳоме барои паст задани занҳо ба назар намерасид. Ба истилоҳ, блогерон кори хайре барои пешгирии занон аз шуғли фоҳишагӣ намуданд. Онҳо ҳаддалимкон кушиш карданд, ки симои занонро нишон надиҳанд. Муҷозот нашудани онҳо далели гунаҳкор набуданашон аст”- гуфт Қаршибоев.
Аҳмад Каримзода, дигар истифодабарандаи Фейсбук дар саҳифааш навиштааст, дар кишварҳои демократӣ блогнависон пеш аз ҳамаи ба ҷомеи шаҳрвандӣ ва худи ҳукумат муфиданд.
«Блогерон воқеан аз мушкили мавҷуда ва ҳалталаб ҳарф мезаданд. Кореро, ки бояд бояд ҳукумат анҷом диҳад, мегуяд Каримзода.
Ба назари ӯ таъқиби блогерон ва парвандаҳои сохта бар зидди онҳо поймолкунии қонунҳои кишвар ва рушди блогнависӣ аст.
Дурнамои блогнависӣ дар Тоҷикистон ба фикри ман мусбат аст. Ҷавонони бо ирода метавонанд тавассути блогнависӣ дар кишвар тағйиротеро ба вуҷуд оранд. Онҳо ҳамзамон метавонанд фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳомии ҳуқуқ ва ҳатто аз фаъолони сиёсӣ бошанд” навиштааст Каримзода.
Ин мавод дар доираи тарҳи «Giving Voice, Driving Change — from the Borderland to the Steppes Project», ки бо кумаки молии Вазорати хориҷаи Норвегия иҷро мешавад, навишта шудааст. Назароти дарҷшуда дар ин матлаб баёнгари дидгоҳи хоси расона ва ё сарпарасти ин тарҳ нест.