© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Биёбоншавӣ мушкилоти ҷиддӣ барои Тоҷикистон

Коршиносони тоҷик омили аслии биёбоншавиро ба фаъолиятҳои бесарусомони кишоварзӣ рабт медиҳанд.

Акс: CABAR.asia
Акс: CABAR.asia

Дар миёни кишварҳои минтақа Тоҷикистон давлати нисбатан осебпазир ба ҳисоб меравад. Кишвари мо на танҳо аз болоравии ҳарорат ва хушксолӣ, балки аз оқибатҳои офатҳои табиӣ низ азият мекашад.

Аммо бино ба хулосаи коршиносон, ки дар гузоришҳои солонаи Кумитаи ҳифзи муҳити зист, як қатор созмонҳои байналмилалии экологӣ ваташкилотҳои ҷамъиятии маҳаллӣ инъикос ёфтаанд, ба ин кор на танҳо иқлим, балки пеш аз ҳама истифодаи ғайриоқилонаи об ва замин сабаб мешаванд.

Мушкилоти биёбоншавӣ ё таназзули хок дар Тоҷикистон аз солҳои аввали истиқлолият вуҷуд дошт. Қариб тамоми заминҳои кишоварзии ҷумҳурӣ ба таназзул дучор шуда, иштибоҳҳои дағал ҳангоми истифодаи замин раванди биёбоншавиро метезонад.

 Чаро замин хароб мешавад?

Агар ба таърихи масъала назар андозем, миёнаҳои солҳои 90-уми асри сипаришуда, дар Тоҷикистон хусусигардонии оммавии колхозу совхозҳо сурат гирифт. Зиёда аз 75 ҳазор гектар замини корам дар байни аҳолии деҳот тақсим карда шуд, то худро бо маҳсулоти кишоварзӣ таъмин намоянд. Дар ҷойи колхозҳо хоҷагиҳои сершумори деҳқонӣ пайдо шуданд.

Ҳангоми тақсим кардани заминҳои колхозӣ чизи аз ҳама муҳимро фаромуш карданд. Тамоми низоми обёрӣ–зерсохторҳои гидротехникӣ, пойгоҳҳои обкашӣ, каналҳои обёрӣ бесоҳиб монданд.

Дере нагузашта ҳамаи онҳо хароб гардиданд, каналҳо аз хошок пур шуданд, қубуру ҷӯйборҳо аз байн рафтанд, пойгоҳҳои обкашӣқисман талаву тороҷ, боқимондаҳояшон бошанд, занг хӯрда, тамоман фарсуда шуданд. Дар натиҷа қисми зиёди киштзорҳои обёришаванда ба заминҳои лалмӣ табдил шуданд.

Солҳои зиёд каналҳои магистралӣ ва селпарторо тоза накарда, соҳилҳои онҳо мустаҳкам нашуданд, об қабати ҳосилхези заминро шӯста бурд. Раванди таназзули заминҳои обёришаванда густурда шуда, тақрибан то соли 2015, ки дар кишвар татбиқи барномаи давлатии барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда, идома ёфт.

Дар Тоҷикистон бештар заминҳои лалмӣ ва чарогоҳҳо ба хатари биёбоншавӣ рӯбарӯ ҳастанд. Тибқи маълумоти Барномаи миллии амал оид ба мубориза бо биёбоншавӣ, бар асари эрозия шӯсташавии хок вобаста ба релеф аз 27 то 372 тонна дар як гектарро ташкил медиҳад.

“Ин як рақами хеле бузург аст, – мегӯяд доктори илмҳои кишоварзӣ Қурбоналӣ Партоев. – Чарогоҳ ва заминҳои лалмӣ қабати алафдори худро аз даст дода, дар ҳоли харобшавианд, агар чораҳои зарурӣ андешида нашаванд, онҳо ба биёбонҳо табдил меёбанд”.

Тибқи маълумотҳои оморӣ, соли 2020 дар ҷумҳурӣ дар тамоми бахшҳои хоҷагидорӣ саршумори чорвои калони шохдор беш аз 2,5 миллион ва саршумори чорвои хурд тақрибан 6 миллион сарро ташкил додааст. Тоҷикистон қариб 4 миллион гектар чарогоҳ дорад, ки барои нигоҳубини чорпоён кифоя нест.

Ба таъкиди Партоев, шумораи зиёди раммаҳое, ки аз меъёр бештар дар чарогоҳҳо нигоҳдорӣ мешаванд, сабаби маҳви марғзорҳо ва ба вуҷуд омадани биёбонҳо мегардад.

Олимони Институти ботаникаи Академияи илмҳои Тоҷикистон тавсия медиҳанд, ки чорпоён дар як ҷо дар 3-4 сол як маротиба чаронда шаванд. Дар акси хол, қабати ҳосилхез аз байн рафта, заминаи литогении хок вайрон мешавад.

Тимур Идрисов, сарвари ташкилоти ҷамъиятии “Замини хурд” ба сабаби дигари биёбоншавӣ – буридани оммавии дарахтон ишора кард.

“Ҳанӯз сад сол пеш майдони ҷангалзор дар Тоҷикистон 25 дарсади қаламрави умумии кишварро ташкил медод. Имрӯз он то се дарсад коҳиш ёфтааст”,-таъкид мекунад эколог.

Рӯзноманигор Сайфиддини Суннатӣ, муаллифи чандин мақола оид ба экологияи кишоварзӣ қайд мекунад, дар нишебиҳое, ки ҷангалҳо бурида мешаванд, намии хок камтар аст. Решаи дарахтон заминро фишурда, эрозияро пешгирӣ мекунанд. Ба гуфтаи ӯ, барои наҷот додани заминҳо аз биёбоншавӣ ба лоиҳаи миллие мисли “Девори сабз”-и чиниҳо, ки дар доираи он дар биёбони Гоби шинонидани дарахтҳо ҷараён дорад, зарурат дорем. Тибқи нақша то соли 2050 биёбони мазкур бояд ба ҷангал табдил дода шавад.

Деҳқон Акрам Абдусамадов, ки ба кишти лалмӣ машғул аст, мегӯяд, дар солҳои 90-ум ва аввали солҳои 2000-ум дар доманакӯҳҳо ба таври оммавӣ дарахтони дӯлонаро буриданд.

“Гирду атрофи замини ман дӯлоназор буд, ҳоло ягон дарахт намондааст. Дар натиҷа, дар ҷойи онҳо дараҳои калони даҳшатангез пайдо мешаванд. Тамоми он манзараҳои зебо аз байн рафта, қисмати ҳосилхези хок шӯста шуд”,-мегӯяд ӯ.

Оқибатҳои биёбоншавӣ

Коршиноси масоили ҳифзи муҳити зист Акрам Қурбонов зимни суҳбат дар мавриди оқибатҳои экологии биёбоншавӣ изҳор дошт, ки он метавонад сабаби нобудшавии қабати ҳосилхези замин, васеъ шудани минтақаҳои регзор ва бад шудани вазъи саломатии одамон гардад. Ба гуфтаи ӯ, раванди биёбоншавӣ аллакай ба ҷануби Тоҷикистон, ки ҷангалҳо тақрибан ба пуррагӣ нобуд шуда, ҳайвоноти калони ваҳшӣ аз байн рафтаанд, таъсири сахт гузоштааст. Онҳо танҳо дар минтақаҳои махсус муҳофизатшаванда маҳфуз мондаанд.

“Ҷангалҳои туранга (туранга ё сафедори сиёҳбарг ба иқлими гарму хушк мутобиқ аст) дар водии Вахш моро аз тӯфонҳои регу ғубори Афғонистон эмин нигоҳ медошт, ҳоло тӯфон озодона то Душанбе мерасад”,- афзуд эколог.

Ба таъкиди Акрам Қурбонов, хусусияти туранга дар он аст, ки онро на қаламча карда мешавад ва на пайванд.

Биёбоншавӣ ба иқтисодиёт ҳам таъсири манфӣ мерасонад, зеро вай заминҳои пахтаи обӣ, чарогоҳҳои зимистона ва ҷангалзорро фаро мегирад. Мутахассисон ҳисоб кардаанд, ки ҳар гектар замини аз дастрафта метавонист ҳадди ақал 1000 доллар фоида биёрад.

Акс: CABAR.asia
Акс: CABAR.asia

Фалокатро чӣ тавр пешгирӣ кардан мумкин аст?

Феълан, бо пурзӯр намудани назорат бар истифодабарии замин, инчунин бо ёрии лоиҳаҳои созмонҳои байналмилалӣ суръати таназзул нисбатан заиф гардида, раванди ба муомилоти кишоварзӣ баргардонидани заминҳои бекорхобида шурӯъ гардидааст.

Холмурод Раҳмон, раҳбари Оҷонсии беҳдошти замин ва обёрии Тоҷикистон дар як нишасти хабарӣ изҳор дошта буд, ки барои барқарор кардани тамоми системаи обёрӣ дар кишвар дастикам 750 миллион доллар лозим аст. Дар ҳоли ҳозир шаш лоиҳаи сармоягузорӣ оид ба беҳдошти замин ва обёрӣ ба маблағи умумии 165,4 миллион доллар амал мекунад.

Ба гуфтаи Ориф Хоҷазода, раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон, то соли 2023 беш аз 25 ҳазор гектар замин ба муомилот баргардонида мешаванд.

Аммо танҳо бо беҳтар кардани вазъи мелиоративии замин мушкилро намешавад ҳал кард. Гап сари тағйирёбии иқлим аст, ки аз истифодабарандаҳои замин муносибати аз пештара дигаргунатареро талаб мекунад. Акнун бояд ба парвариши зироат дар гармхонаҳо ва обёрии қатраӣ бештар таваҷҷуҳ кард. Давлат бошад, барои мутобиқ намудани навъҳои нави растанӣ шароит фароҳам биёрад. Ба омори Вазорати кишоварзӣ, феълан Тоҷикистон худашро танҳо ба андозаи 20-25 дарсади мавриди ниёз ба тухмии кишоварзӣ таъмин мекунад.

Коршиносон таъкид мекунанд, ки агар афзоиши ҳарорати ҳаво ногузир бошад ва тағйиротҳои зиёде дар иқлими мо бебозгашт бошанд, пас ҳеч касе ба мо халал намерасонад, ки бо роҳи барқарор намудани ҷангалҳо ва чораҳои дигари муассир барои наҷот додани киштзорҳоямон аз харобшавӣ ва ба биёбон табдил шудани ҷангалзорҳо иқдом кунем.


Ин матлаб дар доираи лоиҳаи IWPR “Amplify, Verify, Engage: Information for Democratisation and Good Governance in Eurasia”, ки аз ҷониби ВКХ-и Норвеж маблағгузорӣ мешавад ва лоиҳаи “Рушди расонаҳои нав ва рӯзноманигории рақамӣ дар Осиёи Марказӣ”, ки онро Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) бо дастгирии Ҳукумати Бритониёи Кабир амалӣ мекунад, таҳия шудааст. Муҳтавои матлаб баёнгари нуқтаи назари расмии IWPR, ВКХ Норвеж ё Ҳукумати Бритониёи Кабир нест.

If you have found a spelling error, please, notify us by selecting that text and pressing Ctrl+Enter.

Spelling error report
The following text will be sent to our editors: