© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Гузориши тасвирӣ: Узбекистон ва Тоҷикистон дар замони пандемияи коронавирус

Коронавирус ба зиндагии сокинони Узбекистону Тоҷикистон чӣ таъсире гузошт?


Ба шабакаи мо дар Telegram обуна шавед!


Бар пояи иттилои вазорати тандурустии Узбекистон то субҳи 25 март 55 ҳолати гирифторӣ ба коронавирус сабт шудааст. Феълан, 12,7 ҳазор шаҳрванди Узбекистон дар карантин қарор доранд – қисме дар беморхона ва қисме дар хона.

Сар аз 24 март ҷиҳати ҷилавгирӣ аз паҳншавии каронавирус ҳамсоякишвар ҳолати тақвиятёфта ҷорӣ кард. Аз ҷумла, шурӯъ аз 25 март ба сокинон дар кӯча бидуни ниқоб гаштан манъ шудааст. Ҳаракати тамоми намуди василаи нақлиёт аз дигар минтақаҳо ба Тошканд қатъ гардид.   

Ҳамзамон, ба як қатор шаҳрвандон, аз ҷумла хидматчиёни давлатӣ вуруд ба Тошканд иҷозат дода мешавад. Аммо гузаштан аз назорати тиббӣ барои ҳар нафар, ки ба пойтахт меояд ва ё аз он берун мешавад, ҳатмӣ аст.

Кӯчаи Буюқ Турон дар Тошканд. Акс аз CABAR.asia
Кӯчаи Буюқ Турон дар Тошканд. Акс аз CABAR.asia

Чанд рӯз аст, ки кӯчаҳои пойтахти Узбекистон холӣ шудаанд. 

Хазинаи метрои Мустақилиқ Майдонӣ пушида аст. Акс аз CABAR.asia
Хазинаи метрои Мустақилиқ Майдонӣ пушида аст. Акс аз CABAR.asia

Метро ва дигар намуди нақлиёти ҷамъиятӣ дар шаҳр кор намекунад.

Донишкадаи омӯзгории ба номи Низомӣ. Акс аз CABAR.asia
Донишкадаи омӯзгории ба номи Низомӣ. Акс аз CABAR.asia

Аз 16 март дар тамоми муассисаҳои томактабӣ, миёна ва олӣ дар Узбекистон карантин эълон гардид.  

Масҷиди Носирхон, ноҳияи Челонзор. Акс аз CABAR.asia
Масҷиди Носирхон, ноҳияи Челонзор. Акс аз CABAR.asia 

Ҳукумати он кишвар ба муассисаҳои динӣ тавсия дод, баргузории ҷамъомадҳои оммавиро маҳдуд намоянд. Дар масҷидҳо бошад, аз мусалмонон хостанд, дар хонаҳояшон ибодат кунанд. 

Тоҷикистон: коронавирус монеи ҷашнҳо нашуд

Бино ба иттилои вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон то 26 март дар кишвар ягон ҳолати гирифторӣ ба бемории COVID-19 ба қайд нарасидааст.

Шурӯъ аз моҳи феврал то 18 март наздики 1900 нафар, ки аз хориҷ вориди қаламрави кишвар шудаанд, ба карантини дуҳафтаина фиристода шуданд.

Гуфтанист, дар шабакаҳои иҷтимоӣ чанд шикояти афроде, ки дар карантин нигаҳдорӣ мешаванд, чарх мезанад. Аз ҷумла нафароне ки дар осоишгоҳи Варзоб ҷойгир шудаанд, аз ҳолати зидисанитарӣ ва набудани ёрии лозими тиббӣ шикоят кардаанд. 

первый карантин (9)
первый карантин (8)
первый карантин (7)
первый карантин (6)
первый карантин (4)
первый карантин (2)
первый карантин (1)

Пас аз шикоятҳо, шоми 22 март ин шаҳрвандон ба осоишгоҳи дигари ноҳияи Варзоб, ки шароити беҳтари зиндагӣ дорад, интиқол ёфтанд.

Новый карантин (2)
Новый карантин (1)
Новый карантин (3)

20 март дар пайи хатари паҳншавии коронавирус Тоҷикистон фазои ҳавоияшро барои хатсайрҳои байналмилалӣ баст. Дигар ҳеч чорае ҷиҳати ҷилавгирӣ аз паҳншавии коронавирус дар Тоҷикистон гирифта нашудааст.

Душанбе, 21 март. Нақлиёти ҷамъиятӣ дар ҳолати маъмулӣ фаъолият дорад. Акс аз CABAR.asia
Душанбе, 21 март. Нақлиёти ҷамъиятӣ дар ҳолати маъмулӣ фаъолият дорад. Акс аз CABAR.asia

Аҳолӣ аз хатари ин вирус, ки бештар аз домони солмандон ва афроди иммунитеташон заиф медорад, ба таври бояду шояд огоҳонида нашудаааст. Дар қиёс ба кишварҳои дигар, сокинони пойтахти Тоҷикистон карантинро риоят намекунанд.

6 фотогалерея -4
6 фотогалерея -3
6 фотогалерея -2
6 фотогалерея -1

Солмандон ҳам, ки дар гуруҳи осебпазир барои коронавирус маҳсуб меёбанд, карантинро риоя намекунанд.

Солмандони Душанбешаҳр ҳам карантинро риоя намекунанд. Акс аз  CABAR.asia
Солмандони Душанбешаҳр ҳам карантинро риоя намекунанд. Акс аз  CABAR.asia

Аммо баъзе сокинони Душанбе ва минтақаҳои дигар бо ибтикори худ дар кӯчаҳо бо ниқоб мегарданд.

8 фотогалерея -3
8 фотогалерея -2
8 фотогалерея -1
8 фотогалерея -4

16 март намояндагии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон ба ҳукумати кишвар тавсия дод, аз баргузории чорабиниҳои оммавӣ худдорӣ варзад. Аммо 21-22 март дар ҷумҳурӣ аз Наврӯз бодабдаба ҷашн гирифта шуд.

21 март, Душанбе. Консерти идона дар назди театри опера ва балет. Акс аз CABAR.asia
21 март, Душанбе. Консерти идона дар назди театри опера ва балет. Акс аз CABAR.asia

Инчунин, мақомот сабқати бузкаширо, ки бо ҳузури даҳҳо човандоз баргузор шуд, манъ накарданд.

10 фотогалерея -2
10 фотогалерея -1
10 фотогалерея -3
м

Имсол, бузкашӣ дар деҳаи Чавалай, наздикии шаҳри Душанбе гузаронида шуд.


Ин мавод дар доираи лоиҳаи “Giving Voice, Driving Change – from the Borderland to the Steppes Project” омода шудааст.

If you have found a spelling error, please, notify us by selecting that text and pressing Ctrl+Enter.

Spelling error report
The following text will be sent to our editors: