Дар кинотеатри “Зебуннисо”-и шаҳри Душанбе зиёда аз 600 нафари касбу кор, синну сол ва шавқу завқашон гуногун гирди ҳам омаданд. Ҳамаи онҳоро ҷашнвораи бошукуҳи ҳарсолаи Go Viral, ки аллакай маҳбуби тамоми тоҷикистониён гардидааст, муттаҳид мекунад.
Ҷашнвораи Go Viral дар Душанбе одамонро гирди ҳам меоварад, то дар мавриди мушкилот, роҳҳалҳо ва ёфтани посухҳо ба пурсишҳои муҳим бо ҳам суҳбат биороянд.
Дар саҳни зебою бузурги кинотеатри “Зебуннисо” ҷашнвораро сарвари минтақавии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Осиёи Марказӣ Абахон Султоназаров, сафири Иёлоти муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон Мануэл Микаллер ва сарвари минтақавии Spirit of America Зак Баззи ифтитоҳ намуданд.
Абахон Султоназаров тамоми иштирокдорону меҳмонони ҷашнвораро хайрамақдам гуфта, таъкид намуд, ки Go Viral як лоиҳаи минтақавӣ буда, барои эҷоди шабака ва ҷамъияти намояндагони касбу кори гуногун аз кишварҳои гуногун имконият фароҳам меорад.
Султоназаров ёдовар шуд, соли дуюм аст, ки “шарафи баргузор кардани ин ҷашнвораи бошукуҳ бар души IWPR дар Осиёи Марказӣ вогузор шудааст”.
“Go Viral як майдони минтақавӣ мебошад, ки имкон медиҳад миёни пешвоёни афкор, навоварон ва эҷодкорони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои табодули афкор, мусоидат барои расидан ба ҳадафҳо, инчунин ҳалли мушкилот иртибот барқарор шавад”,-таъкид намуд ӯ.
Сафири фавқулода ва мухтори ИМА дар Тоҷикистон Мануэл Микаллер аснои ироаи сухани ифтитоҳии худ қайд кард, ки ИМА бо Тоҷикистон барои тавонмандсозии насли оянда ҳамкорӣ мекунад, зеро “иқтисоди худро бо ҳам рушд медиҳем”.
“Бо тадбиқи навоварӣ шумо барои Тоҷикистон ояндаи фарогир, ҳаяҷонангез ва умедворкунандаро эҷод мекунед. Мо ифтихор дорем, ки Тоҷикистон мизбони яке аз қавитарин шабакаҳои Go Viral дар Осиёи Марказӣ аст”,- гуфт Микаллер.
Сарвари минтақавии Spirit of America ва шарики IWPR Зак Баззи таъкид кард, ки ҳеч як чорабинӣ ин қадар одамони гуногун – соҳибкорон, рӯзноманигорон, навоварон, рассомон, пешвоёни афкор, тарроҳон ва умуман, хаёлпарастонро ҷамъ намекунад. Дар идомаи суханрониаш инчунин таъкид намуд, ки “ҳеч рӯйдоде мисли Go Viral ҷавононро барои орзуҳои бузург ва амалӣ шудани он орзуҳо ангеза намебахшад”.
“Мо муътақидем, ки беҳтарин роҳ барои дастёбӣ ба тағйироти мусбати устувор ин шарикӣ, муколамаи фарҳангҳо, забонҳо ва нуқтаи назари гуногун аст. Зеро маҳз тафовути дидгоҳҳои мо барои навоварӣ, эҷодкорӣ ва ҳалли мушкилот мусоидат мекунад”,- афзуд ӯ.
Ширкати “Coca-Cola”, гуруҳи расонаҳои “Asia Plus” ва “Babilon-T” низ шарикони IWPR дар баргузории ҷашнвораи Go Viral ҳастанд.
Дар рӯзи аввали ҷашнвора дар толорҳои мухталифи кинотеатри “Зебуннисо” дар чаҳор самт – расона, тиҷорат, ТИК ва фарҳанг ҷаласаҳои мубоҳисавӣ баргузор шуд.
Коршиносону мутахассисони маъруфи кишвар аз асрори касбу кори худ ба ҷавонони тоҷик қисса карданд.
Чӣ гуна аз зеҳни сунъӣ истифода кунем?
Дар яке аз толорҳо мутахассисони Тоҷикистону Қазоқистон имконот, мушкилот, имрӯз ва ояндаи касбҳои халлоқ дар воқеияти муосирро баррасӣ карданд.
Ба гуфтаи сухангӯён, бахши касбҳои халлоқ дар кишвар босуръат рушд мекунад ва талабот ба ихтисосҳои марбут ба он рӯз то рӯз зиёд мешавад. Бо вуҷуди ин, хеле муҳим аст, ки технология ва чолишҳои нав дар касбҳои халлоқ сарфи назар нашаванд, балки халлоқияти худро бо истифода аз имкониятҳои нав озмоиш кунед ва дар айни ҳол тафаккур ва халлоқияти худро барои ғояҳои нав боз нигоҳ доред.
Наққоши рақамӣ Насиба Каримова дар мавриди мушкилот ва имкониятҳои нав дар касбҳои халлоқ суҳбат карда, таъкид намуд, ки дар ибтидо аз риштаи анъанави санъат ба санъати рақамӣ гузаштан барои ӯ душвор буд.
“Дар расмкашии анъанавӣ ман ба таври физикӣ сепояро медидам, мӯқаламро ба даст мегирифтам ва рангро ба коғаз мезадам, аммо дар тасвири рақамӣ ҳамаи ин асбобҳо дар дохили як планшет ҳастанд. Эҳсосот мутафовит аст”,- мегӯяд Насиба.
Ин мураккабӣ ба имконияти ҳамкорӣ ва ёрии мутақобил табдил гардид. Насиба аз тарроҳи графикӣ ва рассом Фаррух Сафарзода дарсҳои инфиродӣ гирифт ва дар иваз ба ӯ нақошии анъанавиро омӯзонд.
Аснои суҳбатҳо перомуни имконот ва мушкилоти касбҳои эҷодӣ, сухангӯён нақши барномаҳоеро таъкид карданд, ки ахиран дар асоси зеҳни сунъӣ пайдо мешаванд, аз ҷумла дар асоси дархости матнӣ тасвирҳо эҷод мекунанд.
“Чунин барномаҳо метавонанд дар кори эҷодии шумо кумак расонанд, онҳо метавонанд як қисми кори шуморо иҷро кунанд ва ба ин васила вақт ва захираҳоеро сарфа кунанд, ки шумо метавонед онро барои диди умумии стратегии лоиҳаи худ масраф кунед”,-гуфт Давлат Зоҳидов, мутахассиси риштаи VFX.
“Зеҳни сунъӣ аллакай як чизи ҷойуфтода аст, он дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти мо вуҷуд дорад. Ё савори ин мавҷ шуда, бо он дар як сатҳ мемонем ё зери ин мавҷ қарор мегирем ва имкониятҳои зиёдеро аз даст медиҳем”,- изҳор дошт Баҳром Холматов, тарроҳи UX/UI.
Сухангӯён ба саволҳои сершумори иштирокдорони мубоҳиса ҷавоб дода, изҳори умедворӣ карданд, ки ҷавонони кишвар касбу ҳунарҳои бо халлоқият алоқамандро интихоб мекунанд.
Фаъолияти глобалӣ дар шароити инқилоби рақамӣ
Ҷаласаи навбатӣ ба мавзӯи афзоиши фаъолияти ҷаҳонӣ ва тавонмандсозӣ дар шароити инқилоби рақамӣ бахшида шуд. Онро Меган Уорд пешниҳод кард.
Меган аз таҷрибаи мунҳасир ба фарди худ ба сифати бунёдгузор ва мудири кулли оҷонси брендсозии Femology суҳбат кард. Ба гуфтаи ӯ, ин таҷрибаҳо барои ошкор кардани баъзе меъёрҳои ҷомеа, ки бар асари онҳо бисёре аз занҳо натавонистаанд дар касбашон пешрафт кунанд, кумак кардааст. Вай бо як илҳоми хоса дар бораи чӣ тавр таъсис додани Femology, аввалин маркази коворкинг (coworking – кори муштарак) дар Детройт нақл кард, ки барои занҳо нигаронида шудааст.
“Femology чизе бештар аз як фазои идорӣ барои занон аст. Femology шеваи муносибати занони соҳибкорро ба худ ва ҷамоаҳои худ тағйир дод ва барои тавсеаи тиҷораташон ба онҳо кумак расонд”,-таъкид намуд Меган.
Ӯ бо руҳбаландӣ изҳор дошт, ки мавқеи беназири Femology беш аз 15 000 занро аз қишрҳои мухталифи ҷомеа гирди ҳам оварда, ба онҳо имкони дастрасӣ ба фурсатҳои мухталифро медиҳад. Бар илова, он ба рушди муносибатҳои байни наслҳо, ки аксар вақт дар муҳити касбӣ нокифоя буданд, саҳм гузоштааст.
Меган ба соҳибкорони ҷавон ва навкор тавсия дод, ки зовияи беназири худро дар як мушкили хос пайдо намоянд ва таваҷҷуҳро ба малакаҳо ва имкониятҳое, ки аллакай вуҷуд доранд, ҷалб кунанд.
Дар тиҷорат фоида чизи асосӣ нест!
Ҷаласаи “Дар фикри оянда: даромад ва масъулиятро чӣ гуна тавъам кунем?” бо муҳокимаи мавзӯи муаллифӣ дар тиҷорат ва масъулияти иҷтимоӣ дар тиҷорат оғоз ёфт.
Ҳомии ҳуқуқ Дилрабо Самадова аснои суҳбат дар мавриди тиҷорат ба аҳамияти принсипи масъулияти иҷтимоӣ дар тиҷорат таъкид намуд.
“Мо озодиро дар ҳама мафҳумҳои он, аз ҷумла дар тиҷорат тарғиб мекунем”,-қайд намуд Дилрабо Самадова, сарвари иҷроияи Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ.
Ҳама коршиносони ин ҷаласа ба ин хулоса, ки фоида набояд омили асосии пешбурди тиҷорат бошад, мувофиқат карданд. Сухангӯён ба аҳамияти эҷод, дастгирӣ ва пешбурди арзишҳо ва ҷомеа махсус таъкид карданд.
“Вақте ман қаҳвахона кушодам, пеш аз ҳама мехостам як фазое эҷод кунам, ки ҷавонони соҳаҳои гуногун, зерфарҳангҳои гуногунро ба ҳам биёрад”,- изҳор дошт Заррина Ғафурова, муассиси қаҳвахона- коворкинги “Monday”.
“Агар ҷаҳонро тағйир доданӣ бошед, аз худатон оғоз кунед”,- илова кард Искандар Икромӣ.
Ҷанг барои таваҷҷуҳ: таърихчаи фардисозии муҳтаво
Манучеҳр Ғаффорзода, муассиси як стартап дар бахши Big Data, дар бораи аҳамияти таблиғоти инфиродӣ сухан гуфт. Ба гуфтаи ӯ, вазифаи асосии таблиғкунанда ин аст ки бифаҳмад дар ҳар хона чӣ мегузарад ва одамоне ки онҷо зиндагӣ мекунанд, чӣ мехоҳанд.
Солҳои 2000-ум Google пайдо шуд ва дар ҳалли ин мушкилот кумак кард. Ширкат бо ёрии системаи ҷустуҷӯӣ маълумоти воридшударо мехонад, ҷамъ меорад ва мефурӯшад.
Муҳимияти фардикунониро ширкатҳои бузурге мисли Netflix ва Amazon ҳам дарк кардаанд.
Соли 2006, Netflix барои эҷоди алгоритмҳои тавсиявӣ озмун эълон кард, ки миллион доллар ҷоиза дошт. Ба шарофати онҳо, соли 2022 даромади ширкат 7,92 миллиард долларро ташкил дод.
Amazon бошад, солона аз чунин алгоритмҳои тавсияи маҳсулот 35 миллиард доллар бештар даромад мегирад.
“Дар Тоҷикистон, мутаассифона тиҷорат аз чунин имконият маҳрум аст. Реклама фардисозӣ нашудааст, ки имкон намедиҳад бозор рушд кунад”, – гуфт Ғаффорзода.
Ҷониби торики муҳтавои фардишуда вобастагии шадиди одамон ба шабакаҳои иҷтимоӣ ва гаҷетҳо мебошад. YouTube саҳфаи худро барои корбар мутобиқ мекунад, ки ин вақти сарфшударо дар платформа хеле зиёд мекунад. Ба наворҳои дархости аввалия шумораи боз ҳам бештари видеоҳои ба ҳамон мавзӯъ вобаста илова карда мешаванд, ки барои ҷалби таваҷҷуҳ ва ҳарчӣ бештар дар платформа боқӣ мондани корбар нигаронида шудаанд.
Сохтани филми кӯтоҳ: аз идея то амалишавӣ
Коргардони филм, хатмкардаи ВГИК Азиз Сатторӣ дар мавриди сохтани филмҳои кутоҳ дарси маҳорат гузаронд.
Ба гуфтаи ӯ, драматургияи филми кутоҳ аз сохтори филм, қаҳрамон, чолишҳо, идея ва сенария иборат аст. Сенария поя ва асоси филм мебошад,- қайд кард ӯ.
“Филмноманависи хуб дар санъати синамои муосир мисли алмос арзиш дорад”, – мегӯяд Сатторӣ.
Вай афзуд, худи тамошобин объекти синамо аст ва ҳар он чизе ки аз сар мегузаронад, ҷодуи синамо номида мешавад.
“Имрӯзҳо барои ҷалби таваҷҷуҳи тамошобин ҷаҳишҳои эҳсосии мудаввом зарур аст. Одамон бояд тамоми доманаи эҳсосотро таҷриба кунанд”,- гуфт Сатторӣ.
Ҳангоми ҷавоб гуфтан ба саволҳо таъкид намуд, ки дар филмсозӣ ҳар иштирокдори раванди филмбардорӣ асосӣ мебошад.
Дар ҷараёни дарси маҳорат иштирокдорон идеяҳои худро барои сенарияи филм фикр карданд. Шарт ин буд, ки дар кино бояд шахс, дурбини аксбардорӣ ва илҳом мавҷуд бошанд. Сенарияи аввал дар бораи рассоме буд, ки барои пайдо кардани манбаи илҳоми худ ҷаҳонгардӣ мекунад. Дуюм, дар бораи писарбачае ки дар рӯзи таваллудаш дурбини куҳнаи аксбардорӣ туҳфа гирифтааст. Саввум, дар бораи як зан ва саги ӯ, ки дар садамае фавтидааст.
Расонаҳо ва блогнависӣ дар Тоҷикистон: Чӣ буд? Ҳоло вазъ чигуна аст? Оянда чӣ мешавад?
Дар Go Viral перомуни расонаҳо ва блогнависӣ рӯзноманигорон ва блогнависони маъруфи тоҷик Наргис Қосимова, Фаридун Замонов, Рафаэл Гулов, Манижа Аҳмадова ва Ҳабибҷон Баҳриддинов суҳбат карданд.
Ин ҷаласа бо ин савол оғоз шуд, ки диплом дар интихоби касб чӣ нақш дорад? Сухангӯён ба ин нукта таъкид карданд, ки дониш, хоҳиш, истеъдод ва фаҳмидани ин ки шумо чӣ мехоҳед, хеле муҳимтар мебошад.
“Кореро анҷом бидиҳед, ки дилатон мехоҳад”,-изҳор дошт Наргис Қосимова.
Наргис Қосимова ахиран ба блогнависӣ шурӯъ кардааст.
“Имрӯз ман мефаҳмам, ки аудиторияи мақсадноки ман онҳое ҳастанд, ки руҳан ба ман наздиканд. Умедворам ки дар оянда шумораи пайравони ман зиёд мешавад”,- афзуд ӯ.
Дар бораи тамоюлҳо
Манижа Аҳмадова нақл кард, ки соли 2002 вақте ба “Азия-Плюс” омад, баъзе ҳамкорон пешгӯӣ мекарданд, ки умри радио ба поён мерасад, вале пурсишҳо нишон медиҳанд, ки радио то имрӯз шунавандагони худро дорад.
“Барои аз даст надодани аудитория бояд онро эҳсос кунед”.
Дар бораи муҳтавои YouTube ва Instagram
“Ман дар Instagram ва YouTube муҳтавои гуногун нашр мекунам, зеро онҷо ду аудиторияи гуногун ҳаст”,- мегӯяд Рафаэл. Ба гуфтаи ӯ, аудиторияи Ютуб нисбатан сину соли калонтар аст, ба он ҷо одамоне меоянд, ки пас аз як рӯзи корӣ мехоҳанд наворҳои тӯлонитар тамошо кунанд. Дар ҳоле ки Instagram дорои аудиторияи ҷавонтар аст ва барояшон муҳим аст ки иттилоъро дар вақти камтаре дарёфт кунанд.
Дар бораи standup дар Тоҷикистон
“Вақте бори аввал ба standup машғул шудам, дар Тоҷикистон он тақрибан вуҷуд надошт”,- мегӯяд Ҳабибҷон Баҳриддинов.
“Вақте муҳтаво эҷод мекунед, ба менталитети аудитория такя кунед. Пас аз чанде, тамошобинон ҳаҷви мураккабтарро талаб мекунанд”,-муътақид аст ҳаҷвнигор.
Фарқ надорад, ки шумо бо кадом забон гап мезанед – ба тоҷикӣ ё русӣ, чизи асосӣ ин аст ки ба мардум наздиктар шавед.
Наргис Қосимова бар ин назар аст, ки блогерҳо набояд ҳатман муҳтавои муфид нашр кунанд. “Оё муҳтавои шумо бояд муфид бошад? Не! Ҳеч кас аз касе қарздор нест. Имрӯз рисолати мо хушбахт будан аст”,- таъкид намуд ӯ.
Чизи муҳим ин аст, ки мегӯяд Наргис, ба зӯроварӣ, ба парокандагӣ даъват накунед ва бар хилофи арзишхои худ ҳаракат накунед.
Манижа мегӯяд, “дар муқоиса бо блогнависӣ, расонаҳо бояд масъулияти иҷтимоӣ дошта бошанд, зеро мо барои навиштаи худ масъулем”.
“Агар шумо самимӣ бошед, аудитория инро эҳсос мекунад”,- илова кард Рафаэл.
Ҳабибҷон мегӯяд, блогерҳо дар назди аудиторияи худ масъуланд: “Мо худамон сензураро барои худ эҷод мекунем – ман дашном надодан, аудиторияро ба роҳи бад набурданро дар назар дорам”.
Дар бораи мушкилоти “хейт”
Рафаэл Гулов қайд кард, ки дар оғоз бо “хейт” мубориза бурдан барояш душвор буд. Вақте ба ҳайси рӯзноманигор кор мекард, танҳо нафароне наздаш меомаданд, ки дар борааш сухани мусбат доштанд, аммо дар шабакаҳои иҷтимоӣ одамон шахсро дар рӯ ба рӯяшон намебинанд ва таҳқир кардан осонтар аст.
Ба гуфтаи Наргис Қосимов, ояндаи наздик дар Тоҷикистон блогнависони коршинос пайдо мешаванд, мардум ба фурӯхтани курсҳои худ шурӯъ мекунанд.
Агар Instagram-и шуморо гирам…
Дар нимаи дуюми рӯз бозии интерактивии “Ман чӣ гуна чеҳраи ҷамъиятӣ ҳастам” баргузор шуд. Онро Мадина Рӯзматова, мутахассиси PR ва иртибот аз Узбекистон анҷом дод. Ӯ дар бораи аҳамияти бренди шахсӣ суҳбат кард.
“Бренди шахсӣ на ҳамеша дар бораи пул, аммо ҳамеша дар бораи таъсиргузорӣ аст. Аммо, агар чунин ҳадаф вуҷуд дошта бошад, таъсиргузориро ба пул табдил додан мумкин аст. Бренди шахсӣ ба шумо кумак мекунад, ки дар бораи шумо суҳбат кунанд, дар бораи шумо фикр кунанд”,- мегӯяд Мадина.
Технологияи брендинги шахсӣ барои тиҷорат, барои шахсиятҳои маъруф ва барои сиёсат гуногун аст, аммо дар сохтани брендинг барои сиёсат ва шоу-бизнес шабоҳат вуҷуд дорад.
Муҳтаво гуногун аст, мисли шумораи пайравон, аммо ин бренди шахсӣ нест.
“Агар ман Instagram-ро аз шумо бигирам, шумо нест мешавед. Бренди қавии шахсӣ маҷмӯи иртиботот аст”,- мегӯяд Мадина.
Чӣ тавр мефаҳмем, ки бренди шахсии қавӣ дорем? Вай мегӯяд, маъруфият танҳо дар асоси як муҳтаво корагар намешавад.
“Дар бораи шумо бояд расонаҳо нависанд, дар бораи шумо аудиторияи мақсадноки шумо бояд бигӯяд ва бинависанд. Бренди шахсӣ муҳтаво аст, аммо на танҳо муҳтавое ки аз ҷониби шумо офарида шудааст”,-таъкид намуд ӯ.
Ин ҷаласа бо бозие ба охир расид, ки дар он ҳар кас шахсияти худро ба тасвир кашид.
Дар фарҷоми рӯзи аввали ҷашнвора бо иштироки овозхонҳои маъруф консерт баргузор шуд.