Суди вилояти Хатлон дар минтақаи Кўлоб сокини 23 – солаи ноҳияи Муъминободро бо иттиҳоми узвият дар равияи «Салафия» (ташкилоти фаъолияташ мамнўъ дар Тоҷикистон) равонаи зиндон намуд.
Ба Telegram канали мо обуна шавед!
Муродов Хуршед Ҷурахонович санаи таваллудаш 18 – уми апрели соли 1994 зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Муъминобод миллаташ тоҷик мебошад. Дар ин бора додгоҳи минтақаи Кўлоб зимни нишасти матбуотӣ ниҳодаш дар моҳи июли соли 2017 ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Муродов Хуршед нусхаи фикри айбдориро санаи 10. 04. 2017, гирифтааст ва дар айбдорӣ бо қисми 2 моддаҳои 307 прим 3, қисми 1 моддаи 189 қисми 1 моддаи 347 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳабс қарор дорад.
Изатулло Табарзода, раиси додгоҳи минтақаи Кўлоб зимни нишасти матбуотӣ моҳи июли соли 2017, чунин тавзеҳ дод: -«Муродов Хуршед Ҷурахонович дидаву дониста, ки 8–уми декабри соли 2014 бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷкистон равияи дини «Салафия» дар ҶТ иттиҳоди экстремистӣ (ифротгароӣ) эътироф шудааст ва 14 –уми апрели соли 2015 мутобиқи ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилоти «Давлати Исломӣ» ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ) эътироф ва фаъолияти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шуда, сомонаи интернетии он баста шуда ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон воридоти паҳни аудиосабтҳо, видионаворҳо, ва адабиёту варақаҳои ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ) манъ гардидааст. Ҷиҳати давом додан ва аз нав оғоз намудани фаъолияти ғайриқонунии манъшудаи иттиҳоди экстремистӣ (ифротгароӣ) равияи дини «Салафия» номбурда аз моҳи декабри соли 2013 то моҳи феврали соли 2016 ҳангоми дар Федератсияи Россия қарор доштанаш тавассути телефони мобилиаш дар сомонаи интернетии «одноклассники» бо номҳои мустаори «Муҷибураҳмони А» ва «умар- Умар» баромад кардааст.
Ў санаи 7–уми июли соли 2015 дар шаҳри Читаи Федератсияи Россия қарор доштанаш тавассути телефони мобилиаш дар сомонаи интернетии «одноклассники», аз суроғаи электронии Сулаймонов Нозим Ҳотамович бо номи мустаори «ШАҲАДА или ПОБЕДА», акси парчами ташкилоти террористӣ – экстримистии «Давлати Исломи Ироқу Шом» – ро нусхабардори карда, бо мақсади иштирок дар фаъолияти ташкилоти экстремисти «ифротгароӣ» «Давлати Исломи Ироқу Шом» дар суроғаи электрониаш бо номи мустаори «Муҷибурраҳмони А» дар бахши «фото» ҷойгир намудааст. Ҳангоми азназаргузаронии сомонаи интернетии «одноклассники» дар суроғаи электронии Муродов Х. Ҷ. бо номҳои мустаори «Муҷибураҳмони А» ва «умар-Умар» матнҳои динӣ, сабтҳои видеогиву аксҳо ёфта гирифта шуданд. Номбурда аз моҳи сентябри соли 2012 барои муҳоҷирати меҳнати ҳамроҳи рафиқонаш Амруллои А. ва Сулаймонов Н. Ҳ. ба шаҳри Читаи Федератсияи Россия сафар намудаанд. Ба иттилои додгоҳи минтақаи Кўлоб мувофиқи хулосаи ташхиси давлатии диншиносии №50 аз 17- уми марти соли 2017 дар файлҳои 3- юми аксҳои Муҷибураҳмон ва 7 –уми (заметки Муҷибураҳмон) папкаи «Муҷибурраҳмон» 2 акси байрақи ташкилоти экстримистии – террористи «Давлати Исломии Ироқу Шом» ва дар файли «Группы» -и папкаи «умар – Умар» ҷой дода шудааст, ки ҳамаи инҳо мансуб ба ақидаи равияи ифротгарои «Салафӣ» буда метавонанд ва сабабгори барангехтани кинаву адовати динӣ – мазҳаби гарданд…» Дар ин бораи додгоҳи минтақаи Кўлоб нисбати Муродов Хуршед Ҷурахонович ҳукм қабул намуда, бо қисми 2 моддаҳои 307 3, қисми 1 моддаи 189 ва қисми 1 моддаи 347 и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шудааст. Бо дастрасии моддаи 67 қисми 3 –и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи қисман зам кардани ҷазоҳо, ҷазои ниҳои нисбати Муродов Х. Ҷ. маҳрум сохтан аз озоди ба муҳлати 6 (шаш)- сол бо адои ҷазо дар калонияи ислоҳии низомаш пурзур таъин карда шудааст.
Бояд гуфт, ки ҳоло дар тамоми Тоҷикистон барномаҳои ҷиддӣ барои ҷилавгирӣ аз пайвастани ҷавонон ба гурўҳҳои ифротӣ рўйи даст гирифта хоҳад шуд. Бино ба омори расмии Додситони кулли Тоҷикистон, дар солҳои охир беш аз 1000 шаҳрванди Тоҷикистон ба гурўҳи тундрави «Давлати исломӣ» шомил шудаанд.
Исломи Раҷабалӣ
Ин гузориш дар ҳамдастӣ бо Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи «Тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон» омода шудааст.