© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

“Чун Иттиҳоди Шӯравӣ”: Интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон баргузор гардид

Тавре интизор мерафт президенти амалкунанда Эмомалӣ Раҳмон, дар интихобот ба пирӯзӣ ноил шуд. Мувофиқи маълумоти Комиссияи марказии интихоботи, зиёда аз 90 фоизи интихобкунандагон ба ӯ овоз доданд.


Дар Telegram канали мо обуна швед!


Хозиршавии интихобкунандагон, бино ба маълумоти пешакии Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР), 85,39% ва  ё 4 миллиону 221 ҳазор интихобкунандагонро ташкил додааст. Шумораи умумии интихобкунандагон 4 миллиону 900 ҳазору 545 шаҳрвандонро ташкил медод.

3 миллиону 837 ҳазору 927 нафар, ё 90,92% интихобкунандагон, ба номзадии Раҳмон овоз доданд, гуфт роҳбари КМИР Бахтиёр Худоёрзода рӯзи 12 октябр.

Дар маҷмӯъ, участкахои интихоботӣ дар Тоҷикистон 3375 ва 39- то дар кишварҳои хориҷӣ кушода шуда буд.

Эмомалӣ Раҳмон барои  7 соли оянда дубора интихоб шуд.  Раҳмон аз соли 1994 ба ҳайси президент кор мекунад. Қонуни Пешвои миллат ба ӯ имкон медиҳад, ки номзадии худро  ба мақоми президентӣ як чанд маротиба пешбарӣ кунад.

Рӯзноманигорони CABAR.asia раванди овоздиҳиро, ки шуруъ аз соати 6-и субҳ оғоз ёфта, то соати 8-и шаб давом кард, пайгири намуд.

 

Мушоҳидаҳо нишон дод, ки дар участкаҳои мазкур чораҳои зидди эпидемияви  марбут ба пандемияи COVID-19 риоя гардидааст. Интихобкунандагон бо ниқобҳои тибби  таъмин гардида,  дастҳои худро бо маводи антисептики безарар   гардонанд. Валле, аз ҷиҳати дигар, ҳангоми овоздиҳӣ  қонуншиканиҳо ба назар мерасид.

Масалан, дар як участкаи интихоботӣ, ки дар мактаби  № 78-и ноҳияи Рӯдакӣ воқеъ аст, яке аз интихобкунандагон ду бюллетенро ба қуттии овоздиҳӣ андохтааст ва дигаре бошад чаҳортояшро. Ҳарчанд тибқи қонун, ҳар як интихобкунанда танҳо як овоз дорад ва, метавонад танҳо як бюллетенро ба қуттии овоздиҳӣ андозад.

Ба саволи рӯзноманигори CABAR.asia, ин нафарон посух доданд, ки аъзоёни оилаи инхо бо сабаби бемор шуданашон ба интихобот омада натавонистанд аз ҳамин лиҳоз онхо ба тарафдори овоздихи бюллетенро пур намудаанд.

Маъмурияти участкаи интихоботӣ  ба саволи журналистон дар бораи  бюллетенҳои изофӣ додан посухи дақиқ надод. Пас аз дучор шудан ба ин гуна ҳолати ногувор, яке аз кормандон ба хашм омада  ба ҳамкасбони худ гуфт, ки дигар ба касе бештар аз як бюллетен дода мешавад.

Дар ин участкаи интихоботӣ ду нафар нозирон аз Ҳизби ҳокими Халқии Демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) ширкат доштанд. Валле, ба суоли журналистон, оиди бюллетенҳои изофӣ, нозирон изҳор доштанд, ки ин қонуншиканиро надидаанд.

Бояд қайд намуд, ки макони ҷойгиршавии нозирон воқеан аз қуттиҳои овоздиҳӣ ва кабинаҳо хеле дур буд. Аз чӣ сабаб бошад,ки  нозирони ҲХДТ аз сабаби ҷойгиршавии номусоидашон эътироз накарданд. Дар макони  овоздихӣ нозирони байналмилалӣ набуданд.

КМИР даъво дошт, ки дар интихобот 145 байналмилалӣ ва зиёда аз 13000 нозири маҳаллӣ ҳузур доштанд.

Бино бар гуфтаи рӯзноманигорон, иштироки интихобкунандагон зиёд набуд. Асосан, хоҳишмандон барои овоздиҳӣ дар соатҳои аввали кори комиссияҳои интихоботӣ омадаанд. Аммо шумораи онҳо низ на он қадар баланд буд.

8
7
6
5
4
3
2
1
9

Асомиддин Раҳимов, сокини 66-солаи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, яке аз  аввалин овоздиҳанда ба шумор мерафт. Раҳимов қайд намуд, ки  ӯ барои овоздиҳӣ ва    “рушди кишвар” омадааст. Вай  бо  нафароне, ки мегӯянд, натиҷаи интихобот аллакай  маълум аст  розӣ нест.

“Боварӣ дорам, ки овози ман қудрат ва аҳамияти хосса дорад”, – гуфт Раҳимов.

Пас аз нисфирӯзӣ,  бо вуҷуди кам будани овоздиҳии интихобкунандагон, шумораашон боз ҳам коҳиш ёфт. Дар участкаҳо ба ҷуз аъзои дилгиршудаи комиссияҳои интихоботӣ манзараи дигаре дида намешуд. 

Ба рақамҳои Комиссияи марказии интихоботии Тоҷикистон гӯрухи мухолифин бовар надоранд

Гурӯҳи нозирони байналмилалии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ эълон карданд, ки интихоботи президентии Тоҷикистон «тибқи Конститутсия ва Қонуни конститутсионӣ дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шудааст.  Мувофиқи усулҳои аз ҷониби умум эътирофшудаи интихоботи демократӣ  озод, рақобатпазир будан ва  изҳори озоди иродаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин мекарданд. “

Нблюдатели Межпарламентской ассамблеи СНГ. Фото: iacis.ru
Нозирони Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ. Акс: iacis.ru

Ҳамин гуна андешаро ҳайати мушоҳидакорони Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) низ изҳор дошт.

“Қайд карда мешавад,, ки интихобот дар заминаи васеи рақобат дар фазои ошкорбаёнӣ ва шаффофияти маъракаи интихоботӣ, бо иштироки фаъолонаи намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои интихоби мустақилона  баргузор гардид”, – гуфта шуд, дар изҳороти нозирони СҲШ.

Иттиҳоди Аврупо (ИА) қайд намуд, ки ” гӯё интихоботи президентӣ оромона ва мураттабона гузаштааст.”

“Бо вуҷуди ин, мо изҳор мекунем, ки баъзе тавсияҳое, ки дар гузориши ниҳоии Арзёбии Миссияи САҲА / ДИДҲБ оид ба интихоботи парлумонии моҳи марти соли 2020 оварда шудаанд, боқӣ мондаанд ва амалӣ намешаванд, ба монанди истиқлолияти ВАО ва плюрализми сиёсӣ” – гуфт котибаи ИА дар изҳорот.

ИА инчунин хабар дод, ки  тӯли 6-8 ҳафта коршиносони ташкилот гузориши ниҳоиро дар бораи интихоботи президентии Тоҷикистон нашр хоҳанд кард.

Чор рақиби Эмомалӣ Раҳмон эътирофи натиҷаҳои интихоботро эълон карданд ва гуфтанд, ки онҳо аз чӣ гуна баргузор шудани овоздиҳӣ шикоят надоранд.

Саидҷаъфар Усмонзода, раиси Ҳизби Демократии Тоҷикистон ва вакили парлумон бар ин назар аст, ки интихоботи президентии имсол дар фазои ором ва осоишта гузашт.

«Ягона камбудии интихобот маъракаи нокифояи номзадҳо мебошад. Зарур буд, ки барои нишон додани барномаҳои номзадҳо лавҳаҳои махсус насб  мешуд, то мардум  огоҳи пайдо мекарданд аз нақшаҳои ояндаи номзадҳо. Бисёр шаҳрвандон на танҳо барномаҳоро  намедонистанд, балки худи номзадҳоро низ намедонанд», – гуфт Усмонзода дар мусоҳибааш бо CABAR.

Саидджафар Усмонзода. Фото с личной страницы в facebook.com
Саидҷафар Усмонзода. Акс аз саҳифаи шахсии facebook.com

Вай инчунин дар рӯзи интихобот ягон вайронкунии қонунгузории интихоботро мушоҳида накард.

Валле, шурӯъ аз соатҳои аввали овоздиҳӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо  паёмакҳо хабарҳо паҳн карданд, оиди далелҳои “овоздиҳии оилавӣ” – вақте ба  як аъзои оила бюллетенҳои ҳамаи хешовандонаш дода мешуд.

Ингуна ашхос  даъво доштанд, ки хешовандонашон дар  кор банд ҳастанд ва аз онҳо хоҳиш карданд, ки барои тамоми оила овоз диҳанд. КМИР дар робита бо ин хабарҳо  шарҳе надод.

Фаромуз Иргашов,  ҳуқуқшиноси 30-сола аз шаҳри Хоруғ, ки натавонист мустақилона сабти ном шавад, дар интихобот муваффақ нашуд , ба CABAR гуфт, ки ӯ ба интихобот нарафтааст, зеро ба адолати онҳо бовар надорад.

«Ман ба интихобот нарафтам, зеро ба шаффофияти онҳо ҳеҷ бовар надорам. Беҳтараш дар фикри тиҷорати худ бошед. Тибқи мушоҳидаҳои ман, асосан намояндагони мақомот ба интихобот рафтанд », – гуфт Иргашев.

Раҳбари Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров дар сафҳаи худ, Фейсбук ба ҳақиқат будани маълумоти КМИР дар бораи иштироки интихобкунандагон шубҳа кард.

КМИР қайд намудааст, ки соати 15:00, 11 октябр дар интихоботи президентии Тоҷикистон тақрибан 71% интихобкунандагон иштирок доштанд.

Рахматилло Зойиров. Фото с личной страницы в facebook.com
Рахматилло Зойиров. Акс аз саҳифаи шахсии facebook.com

«Шумо бояд ҳадафи бештар ва хоксори дошта бошед. Набояд  дурӯғ  ва фиреб диҳед ”, – гуфт раҳбари ҲСДТ, ва ин паёмро шарҳи пурратар дода.

Дар мусоҳиба бо ВАО Зойиров гуфт, ки ҲСДТ интихоботро бойкот эълон кардааст, аммо аъзои ҳизб раванди овоздиҳиро назорат мебаранд, аз ҷумла иштироки мардумро. Вай инчунин изҳор дошт, ки ҲСДТ натиҷаҳои интихоботро эътироф намекунад.

Баъзе корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ  рақамҳои баровардаи иштирокчиёни интихоботии КМИР-ро зери шубҳа медонанд, чун як миллион нафар интихобкунандагон ё тақрибан 20% дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар хориҷа қарор доранд.

Бино бар маълумоти Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия, масалан дар Русия моҳи июни соли равон беш аз як миллион  шаҳрвандони Тоҷикистон сабти ном шуданд.

Қисми зиёди муҳоҷирони тоҷик дар Маскав зиндагони мебаранд. Аммо сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов гуфтааст, ки ӯ интизор дорад, ки тақрибан панҷ ҳазор интихобкунандагон ба участкаи интихоботие, ки дар сафорати Тоҷикистон дар Маскав кушода шудааст, ҳозир мешаванд.

Голосование в посольстве Таджикистана в Москве. Фото: tajembassy.ru
Овоздиҳӣ дар сафорати Тоҷикистон дар Маскав.Акс:tajembassy.ru

“Овоздиҳӣ дар интихобот ба интизориҳои мо ҷавобгӯ буд. Шояд,тақрибан соати 16:00 мо мегуем, ки 90-95% шумораи одамоне, ки мо интизор будем, ба  овоздиҳи омаданд. Бо назардошти вазъ, мо ин ҳолатро интизор набудем – чун дар давоми  рӯз одамон фаъолона иштирок карданд”, – гуфт сафир.

Рӯзноманигор ва коршиноси тоҷик Нуралӣ Давлат бар ин назар аст, ки интихоботи дар даврони истиқлолият  буда, шавқовар ва ҷолиб набуд. Ба гуфтаи ӯ, ин интихобот , хотироти дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ бидуни рақобат баргузор гардидаро, ба хотир меовард.

“Дар айни замон, тамоюле ба назар мерасад, ки ҳар як интихоботи солҳои қаблӣ назар ба ин интихобот камеҳам бошад ҷолиб буданд”, – гуфт Нуралӣ Давлат.

Хронологияи раванди интихобот:

6 август – Ду палатаи парлумони Тоҷикистон розӣ шуданд, ки интихоботи президентӣ 11 октябр баргузор шавад. Интихоботи президентӣ бояд  рӯзи 6 ноябр баргузор мешуд, аммо вакилон гуфтанд, ки бинобар ҳолати пандемия, интихобот бояд як моҳ пеш баргузор шавад.

15 август – Ҳизби аграрии Тоҷикистон Рустам Латифзодро ба интихобот пешбарӣ кард.

22 август – Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон Абдухалим Ғаффорзодаро ба мансаби президентӣ пешбарӣ кард.

23 август – Ҳизби Демократии Тоҷикистон пешвои худ Саидҷаъфар Усмонзодро барои ширкат дар интихобот пешбарӣ кард. Валле, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ номзадии Усмонзодаро бо сабаби он, ки 260 ҳазор фоизи овозҳоро барои сабти ном ҷамъоварӣ накард, рад намуданд.

24 август – Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ эълон кард, ки номзадииРустам Раҳматзодаро пешбарӣ мекунад.

26 август –  иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро барои ширкат дар интихобот пешбарӣ кард.

31 август – Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон низ номзадии Эмомалӣ Раҳмонро ба мансаби президентӣ пешбарӣ кард.

31 август – Ҳизби Сотсиал-Демократии Тоҷикистон, ягона ҳизби воқеии мухолифини кишвар интихоботи президентиро бойкот кард. Раҳматилло Зоиров, раиси ҲСДТ, таъини рӯзи интихоботро 11-уми октябр “ғайриқонунӣ” донист ва дар ин муддат ҷамъоварии 260 ҳазор имзо ба тарафдории номзадро ғайриимкон хонд.

3 сентябр – Фаромуз Иргашев, ҳуқуқшиноси 30-сола аз шаҳри Хоруғ, маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, мустақилона номзадии худро ба мансаби президентӣ эълон кард. Аммо Фаромуз Иргашев ба далели ҷамъ накардани 260 ҳазор имзо натавонист сабти ном шавад. Ҳангоми пешбарии ӯ манбаъҳои ҳукуматӣ гуфтанд, ки қонунгузории интихобот барои интихоботи президентӣ тартиби худпешбариро қонуни  нахондааст.

3 сентябр – Ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистон номзадии Эмомалӣ Раҳмонро пешбарӣ кард.

5 сентябр Ҳизби коммунисти Тоҷикистон номзадии  Мероҷ Абдуллоевро пешбарӣ  ба мақоми президентӣ карданд.

13 сентябр – Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР) Тоҷикистон панҷ номзади президентиро ба қайд гирифт. Инҳо: Рустам Латифзода, Абдуҳалим Ғаффорзода, Рустам Раҳматзода, Мироҷ Абдуллоев ва Эмомалӣ Раҳмон.

15 сентябр – КМИР ба панҷ номзад шаҳодатномаро тасдиқ кард ва номзадҳо расман барномаи таблиғотии худро оғоз карданд.

9 октябр – маъракаи интихоботӣ ба охир расид.

10 октябр дар Тоҷикистон “рӯзи хомӯшӣ” эълон шуда буд.

11 октябр – Интихоботи президентӣ аз соати 6:00 то 20:00 давом кард.

12 октябр – Комиссияи марказии интихобот натиҷаи интихоботро эълон намуд. Тибқи иттилои КМИР, Эмомалӣ Раҳмон бо 90,92 фоизи овозҳо пирӯз гардид.


Ин матлаб дар доираи лоиҳаи IWPR “Giving Voice, Driving Change — from the Borderland to the Steppes Project” омода шудааст.

If you have found a spelling error, please, notify us by selecting that text and pressing Ctrl+Enter.

Spelling error report
The following text will be sent to our editors: