© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Суқути титанҳо, ё чаро наҷоти ду бонки калонтарини Тоҷикистонро ғайриимкон буд?

Дар Тоҷикистон иҷозатномаи ду бонки калонтарини кишвар – «Агроинвестбонк» ва «Тоҷиксодиротбонк»-ро бозхонд гирифтанд. Дар Бонки миллии Тоҷикистон изҳор доштанд, ки ба хотири ин бонкҳо боварии мардум ба системаи бонкӣ кам гаштааст. Аммо коршиносон бар ин назаранд, ки амонатгузорон бо сабаби номукаммалии тартиби баргардонидани он, ки манфиатҳои шахсони воқеиро таъмин намекунад, ба бонкҳо боварӣ надоранд.


Бонки миллии Тоҷикистон. Акс аз: CABAR.asia
Бонки миллии Тоҷикистон. Акс аз: CABAR.asia

21 май Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) иҷозатномаи ҶСК «Агроинвестбонк» ва ҶСК «Тоҷиксодиротбонк»-ро бозпас хондааст.

Ҳанӯз то ба наздикӣ ин бонкҳо дорои низоми муҳим ҳисобида мешуданд ва 50% -и бахши бонкиро фаро мегирифтанд. Тибқи маълумотҳои Бонки миллии Тоҷикистон, ин бонкҳо танҳо ба беш аз 30 ҳазор нафар шахсони воқеӣ  хизмат мерасонанд.

Қарори бозпас хондани иҷозатномаи худро БМТ бо он асоснок мекунад, ки норасоии такрорӣ дар фаъолияти молиявии бонкҳо «хусусияти системавӣ» пайдо карданд. Ин камбудиҳо «дар натиҷаи номукаммалии низоми идоракунии корпоративӣ, нотавонии касбии роҳбарон ва шахсони мансабдор» ва бисёр омилҳои дигар ба вуҷуд омадаанд.

 Дар натиҷа ин камбудиҳо ба он оварда расонид, ки аз мавқеи бонкҳои дорои низоми муҳим онҳо ба ташкилотҳои қарзӣ бо саҳми ночиз дар системаи бонки табдил ёфтанд.

Дар БМТ изҳор доштанд, ки нишондодҳои молии ҳарду бонк то рафт манфӣ гашта истодааст ва бонкҳо барои идомаи фаъолият қобилият, имконият ва захираҳои кофӣ надоранд.

«Дар ҳамин ҳол афзоиши шумораи шикоят ва муроҷиат ба коҳиши боварии мардум ба бонк ва дар маҷмуъ системаи бонкӣ  оварда расонид», – гуфта мешавад дар изҳороти БМТ, ки ба ҳарду бонк бахшида шудааст.

Тибқи тартиботи барҳамдиҳӣ, дар бонкҳо маъмурияти муваққатӣ таъин гардид, ки  фаъолияташ аз ҷумла фурӯши дороиҳои бонкҳо бо мақсади баргардонидани қарзҳои амонатгузоронро дар бар мегирад.

Тибқи маълумотҳои БМТ, қарзи умумии ҶСК«Агроинвестбонк» то моҳи апрели соли ҷорӣ беш аз 1,38 млрд. сомонӣ (тақрибан 121 млн. доллари ИМА), ҶСК «Точиксодиротбонк»  – беш аз 1,26 млрд. сомонӣ (тақрибан  110,4 млн. доллари ИМА)-ро ташкил медиҳад. Дороиҳои «Тоҷиксодиротбонк» дар маҷмуъ беш аз 3,92 млрд. сомонӣ (тақрибан 392,5 млн доллари ИМА), аз «Агроинвестбонк» – 1,82 млрд сомонӣ (159,5 млн. доллари ИМА) мебошад.

Дар БМТ ваъда дода шудааст, ки ба амонатгузорон маблағҳояшонро бармегардонанд. Амонатгузороне, ки суғурта доранд (дар «Агроинвестбонк» 27,7 ҳазор – 86% аз теъдоди умумии амонатгузорон суғурта доранд. Дар «Тоҷиксодиротбонк» 3,5 ҳазор ё 64%) пурра маблағҳояшонро аз Фонди амонатии суғуртавии шахсони воқеӣ мегиранд». Боқӣ (4 ҳазор амонатгузори «Агроинвестбонк» ва 2 ҳазор амонатгузори «Тоҷиксодиротбонк») қисман аз ҳисоби ҳамин Фонд баргардонида мешавад. Қисми дигари пасандозҳои шахсони  воқеӣ ва ҳуқуқӣ аз ҳисоби фурӯши дороиҳои худи бонкҳо баргардонида хоҳад шуд.

Мутобиқи қонун «Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ» ҷараёни барҳамдиҳӣ бояд 2 солро ташкил диҳад, аммо тибқи қарори додгоҳ, ин муҳлат шояд дароз карда шавад. Аммо раиси «Тоҷиксодиротбонк» Тоҷиддин Пирзода ваъда додааст, ки аллакай пас аз ним сол тамоми қарзҳои амонатгузорон пардохт мешавад.

Мушкили бонкҳо чӣ гуна пайдо шуд?

Бахши бонкии  Тоҷикистон соли 2014 дучори буҳрон шуд. Сарфи назар аз он ки мақомот аз ибтидо инро бо таъсири омилҳои беруна алоқаманд карданд, ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ инро бо идоракунии нодуруст ва коррупсия рабт доданд ва ба ҳукумат тавсия доданд, ки онҳоро бартараф кунад.

Парвиз Муллоҷонов. Акс аз саҳифаи шахсии Facebook.com
Парвиз Муллоҷонов. Акс аз саҳифаи шахсии Facebook.com

Ба гуфтаи коршиноси тоҷик Парвиз Муллоҷонов, барои наҷоти ҳарду бузургтарин бонкҳо аз БОР, БАТР ва дигар донорҳои байналмилалӣ дар ҳаҷми 450 миллион евро дастрас карданӣ буданд.

«Донорҳо тафтишоти худро гузаронида, рад карданд ва гуфтанд, ки аз наҷот додани онҳо, барҳам додани ин бонкҳо осонтар аст. Нақшаи ҷалби сармоя аз дигар сарчашмаҳо низ ғайриқобил буд»,- мегӯяд Муллоҷонов

Ба қавли ӯ, бонкҳо аз барои лоиҳаҳои нобарор ба буҳрон гирифтор шуданд. Аз ҷумла, лоиҳаи ширкати ҳавопаймоии «Тоҷиксодиротбонк» «Нахуст лизинг», ки лоиҳаҳои тавсеа ва сохтмони намояндагиҳои минтақавии алоҳида, ки ҳар кадоми онҳо тибқи ҳисобҳои гуногун то 500 ҳазор  доллари ИМА арзиш доранд.

«Нахуст лизинг» дар бозори Тоҷикистон яке аз аввалин ширкатҳои лизингӣ ба ҳисоб меравад, ки соли 2004 аз ҷониби «Тоҷиксодиротбонк» ташкил гардида буд. Ширкат, аз ҷумла ба Тоҷикистон ҳавопаймоҳоро барои иҷора ворид кардааст. Аммо соли 2014 Агентии назорат давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон роҳбарияти ширкати «Нахуст Лизинг»ро бо он айбдор кард. ки ҳангоми воридоти «Боинг 757-200 ЕR» бо мақсади саркашӣ аз пардохтҳои гумрукӣ дар ҳаҷми тақрибан 21 млн. сомонӣ (тақрибан о1,8 млн. доллари ИМА) ҳуҷҷатҳои қалбакӣ тартиб додааст.

Ҳамчунин, тибқи маълумотҳои Муллоҷонов, «Тоҷиксодиротонк» ба ҳайси кафили қарзҳои гуногуни калон ва кӯтоҳмуддат, ки аз ҷониби ширкатҳои бузурги тоҷик дода шудааст, баромад мекард.

Донорҳо тафтишоти худро гузаронида, рад карданд ва гуфтанд, ки аз наҷот додани онҳо, барҳам додани ин бонкҳо осонтар аст.

«Қисмати бештари ин қарзҳо, билохира бебозгашт шуданд. Ғайр аз ин, бештари қарзҳо бе санҷиши гарав дода мешуданд ё ин ки арзиши гарав дидаву дониста аз ҳисоби  бозгашт, ки ба 30% маблағи қарз расидааст, зиёд шудааст. Вақте бонкҳо кӯшиши фурӯши амволи ба гарав гузошташударо карданд, маълум шуд, ки арзиши воқеии он ду баробар кам аз арзиши расмӣ мебошад. «Агроинвестбонк» бошад, тибқи ҳисоботҳои яке аз донорҳои пӯшида, 37 қарзи бузургро бе ҳеҷ гарав додааст», – мегӯяд Муллоҷонов.

Илова бар «Агроинвестбонк» ва «Тоҷиксодиротбонк», миёнаҳои соли 2010 ин мушкилот бо ду бонки дигар «Тоҷпромбонк» ва «Фононбонк» низ рух дода буд, ки соли 2017 фаъолияташон қатъ гардид.  Аммо он вақт мақомот тасмим гирифтанд, ки «Агроинвестбонк» ва «Тоҷиксодиротбонк»-ро бо роҳи додани 3,9 миллиард сомонӣ қарзи 2%-и солона наҷот диҳад. Аз ҷумла, 2,25 млрд. сомонӣ «Агроинвестбонк» ва 1,07 млрд. сомонӣ «Тоҷиксодиротбонк» гирифтанд.

Ҳамзамон ин бонкҳо  ҷустуҷӯи сармоягузорони берунаро шуруъ карданд ва ҳатто маълумот  дар бораи созишномаҳо бо ин ё он сармоягузори хориҷӣ пайдо гардид, аммо дар ниҳоят ин кӯшишҳо бенатиҷа  анҷом ёфт.

Соли 2019 сардори давлат  Эмомали Рахмон дар мулоқот бо кормандони молия, андоз, гумрук ва соҳаи бонкӣ баромад карда, якбора бахши бонкиро, аз ҷумла фаъолияти худи Бонки миллиро танқид намуд.

«Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар баъзе ҳолатҳо шахсони масъули бонкҳо ба азхудкунии маблағҳо машғул буда, ғайриқонунӣ ба одамони наздикашон қарзҳои бонкиро бе таъмини гарав додаанд» – қайд карда буд Раҳмон.

Дар маҷмуъ дар бахши бонкии кишвар, ба қавли президент, тибқи маълумотҳои Прокуратураи генералӣ, дар давоми 10 соли охир нисбати 372 нафар парвандаи ҷиноӣ боз карда, дар ҳаҷми 2,1 млрд. сомонӣ (184 млн. доллар) барқарор карда шудааст.

Дар суханронии худ Раҳмон қайд намуд, ки дар давоми солҳои 2007-2018  Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон  483 ҷиноятҳои иқтисодии дорои хусусияти коррупсионӣ дошта, ошкор карда шуд, ки 177 нафари он кормандони бонкҳо будааст.

Асосан кормандони бонкҳоро дар азхудкунӣ, сарф кардан ва ғайриқонунӣ додани қарзҳо айбдор мекунанд. Нисбати кормандони «Агроинвестбонк» 68 парвандаи ҷиноӣ ва нисбати кормандони «Тоҷиксодиротбонк» 60 парвандаи ҷиноӣ боз шуда буд.

Чаро натавонистанд наҷот диҳанд?

Ба гуфтаи коршиносон, мушкилоти бонкҳои тоҷик хеле пештар аз буҳрони ҷаҳонии молиявии соли соли 2014  шуруъ шуда буд, ки гуфта мешуд дар беҳтарин ҳолат дар бораи мененҷменти заиф, дар бадтарин ҳолат дар бораи ҷалби баъзе аз роҳбарият бо нақшаҳои коррупсионӣ ишора мекард.

 «Ба ҳар сурат. чунин нишондодҳо сабаби ҷиддӣ барои иваз шудани роҳбарият мебошад, аммо онҳо дар вазифаҳои худ монданд, ки ин ба сармоягузорон эътимоди лозимро ба вуҷуд наовард. Аз ҳамин ҷо талаботи донорҳо дар бораи бастани бонкҳо мебошад», – гуфт  Муллоҷонов.

Абдуманнон Шералиев. Акс аз саҳифаи шахсиаш аз Facebook.com
Абдуманнон Шералиев. Акс аз саҳифаи шахсиаш аз Facebook.com

Иқтисодчӣ  Абдуманнон Шералиев чунин мешуморад, ки аз оғоз ҳеҷ гуна нақша барои наҷоти ин бонкҳо набуд.

«Фикр намекунам, ки барои наҷоти бонкҳо умуман вуҷуд дошта бошад.  Бо эҳтимоли зиёд, қарори барҳамдиҳӣ аз ибтидо тибқи нақшаи мавҷуда гирифта шудааст. Ин ду бонк аз ҷиҳати состемавӣ муҳим буданд ва барҳамдиҳии онҳо 4 сол пеш воқеан ба вазъи бонкӣ ва ҳатто сиёсӣ таъсир мерасонид.  Вале ҳоло хатар кам карда шудааст. Системаи бонкӣ дигаргун шуд, бонкҳои нави дорои низоми муҳим пайдо шуданд, ки соҳибони пурқудрати онҳоро ин ду бонк сахт таъсир мерасониданд», – мегӯяд коршинос.

Коршиноси дигар, ки нахост номаш фош шавад, ҳамчунин мегӯяд мақомот дастгирии давлатиро пешниҳод карда, дар навбати аввал кӯшиши мушкилоти худро хал намудан кард, на ин ки бонкҳоро наҷот диҳад.

 «Маблағҳои қарзи гирифташуда пеш аз ҳама барои пардохти андозҳо ва дигар уҳдадориҳои давлатии бонкҳо сарф карда шуданд. Қисми зиёди он барои баргардонидани пасандозҳои калони «шахсони алоҳида» ба мансабдорони баландпоя сарф шудааст.

Яъне, ин маблағҳо барои беҳтар намудани фаъолияти молли бонкҳо сарф нашуданд. Танҳо барои пардохти ин ё он ҳисобҳо истифода шуданд. Имрӯз, пас аз барҳамдиҳӣ дороиҳои асосӣ низ ба фоидаи давлат мусодира карда мешаванд. Бо назардошти буҷаи холӣ, он танҳо аз ин вазъ фоида мегирад», – гуфт ҳамсуҳбати портали таҳлилии CABAR.asia.

Минбаъд  оё мардум ба бонкҳо боварӣ мекунанд?

Дар иттилоияи БМТ Тоҷикистон ишора шудааст, ки вазъ дар атрофии ҳарду бонк ба «коҳишёбии мардум ба Бонк ва дар умум ба сохтори бонкӣ» овардааст.

Пайрав Чоршанбиев. Акс аз саҳифаи шахсии Facebook.com
Пайрав Чоршанбиев. Акс аз саҳифаи шахсии Facebook.com

Аммо, ба андешаи шореҳи иқтисодӣ Пайрав Чоршанбиев, сухан натанҳо дар бораи муфлисшавии бонкҳо меравад, зеро чунин вазъ метавонад дар дилхоҳ кишварҳо низ рух диҳад, балки дар бораи тартиби баргардонидани мабалағҳои амонатгузорон меравад, ки муовфиқи он шахсони воқеӣ дар рӯйхати ҷабрдидагон охиринанд ва «ҳеҷ кас намехоҳад навбати худро диҳад».

«Манзара чуни наст: Ҳукумат дар симои Вазорати молия ҳуҷҷатҳои амволи сердаромадро барои пӯшонидани маблағҳои худӣ ва давлатӣ мегирад (аз ҷониби БМТ бароварда мешавад), пас дар навбати худ хароҷоти раванди муфлисшавӣ ва маоши мудири махсус ва кормандони бонк, пардохти қарзҳои ба бонк додашуда», – шарҳ медиҳад ӯ.

Ба гуфтаи ӯ, ин талаботҳо дар моддаи 35-и Қонун «Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ» навишта шудааст, ҳарчанд тибқи Кодекси шаҳрвандӣ амонати худро аввал бояд шахсони воқеӣ гиранд.

«Амонатгузорони  «Тоҷпромбонк» дар навбати худ аз рӯи ин ҳодиса Вазорати молия ва Вазорати адлияро ҳукмбарорӣ мекарданд. Мардум хоҳиш мекарданд, то навбатро ба онҳо диҳанд, чунки сохторҳои давлатӣ дар ҳар сурат маблағҳои худро мегиранд, вале ҳеҷ як мисол онҳоро дастгирӣ накард », – мегӯяд Чоршанбиев.

Гузашта аз ин, ба гуфтаи Чоршанбиев, барои хотима додан ба ин баҳсҳо мақомот бо моддаи 2-и Қонун «Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ» ислоҳ ворид карданд, ки дар сурати фарқияти байни қоидаҳои Қонун «Дар бораи барҳамдиҳӣ» ва муқаррароти дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба барҳамдиҳии ташкилотҳои  қарзӣ марбутанд. Муқаррорти қонуни мазкур татбиқ карда мешавад.

  Ҳамчунин, ба моддаи 65 Кодекси шаҳрвандии ҶТ,  ислоҳ ворид карда шуд, ки дар он омадааст: «Ҳангоми барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ талабҳои қарзгирандаҳо тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ қонеъ карда мешаванд». Яъне, пеш аз ҳама сохторҳои давлатӣ бояд қарзи худро бигиранд,

набудани дастгирии аҳолӣ аз ҷониби давлат ба андешаи Чоршанбиев мардумро аз бонкҳо дур мекунад.

«Мардум дар бонкҳо маблағгузориро қатъ карданд, аммо асъори хориҷиро сарфа мекунанд, ки дар бозори асъор мушкилоти муайян эҷод мешавад. Бахши бонкӣ зарари ҷиддӣ мебинад, зеро маржи асосии бунёдиии тиҷорати бонкӣ ҷалби маблағҳои амонатгузорон бо фоизи паст ва додани ин пулҳо дар шакли қарз бо фоизи баландтар мебошад, – мегӯяд Чоршанбиев.

Аммо ба қавли ӯ, солҳои охир бахши дигари бонкӣ пайдо шудааст, ки Чоршанбиев инчунин ба он «Ориёнбонк»-и куҳнаро ворид кард, ки ба он буҳрон таъсир нахоҳад кард.                                                              

«Ин бонкҳо ба амонатҳо ниёз надоранд. Онҳо аслан ҳамёни як тиҷорати дигари фоиданоктаранд. Яъне, шахс тиҷорати фоидаовар дорад, пули зиёде дорад.  барои он ки ин маблағҳо ҳаминхел наистанд, вай бонк ташкил медиҳад ва пулҳояшро бо ҳар тариқ –  қарз медиҳад ва дигар хизматрасониҳоро (интиқол, мубодилаи асъор ва ғайра) гардиш медиҳад. Чунин бонкҳо зарар намебинанд, зеро маблағи амонатдорон муҳим нест», – гуфт коршинос.

If you have found a spelling error, please, notify us by selecting that text and pressing Ctrl+Enter.

Spelling error report
The following text will be sent to our editors: