Тайи панҷ моҳи ахир бештари коргарони неругоҳи Роғун ва бархе аз муассисаҳои марбути он бо мушкили дарёфти маош мувоҷеҳ шудаанд.
Расонаҳо хабар доданд аз норозигии муаллимони омӯзишгоҳи муҳандисии шаҳри Роғун, ки навишта буданд, ки мегуфтанд чаҳор моҳ аст музди маошашонро наметавонанд бигиранд.Ба канали мо дар Telegram бипайвандед!
Раҳбарияти омӯзишгоҳ ҳам зикр кардаанд, ки дар сурати ба суратҳисоби онҳо ворид шудани маблағ аз неругоҳи Роғун ҳатман маоши онҳо пардохт мешавад.
Самариддин Ёқубов, мудири Коллеҷи муҳандисии шаҳри Роғун гуфтааст, ки аз январи соли ҷорӣ кормандон маоши худро дарёфт накардаанд.
”Ҳозир маблағгузорӣ дар ин коллеҷ ,дарвоқеъ мушкил дорад. Ба неругоҳи “Роғун”,ки маблағгузорӣ шуд, ба мо ҳам маблағгузорӣ мешавад. Агар не, интизор мемонем”, – гуфт Ёқубов ба Радиои Озодӣ. Садама дар неругоҳи Роғун Аммо неругоҳи Роғун, ки давлати Тоҷикистон иншооти “ҳаёту мамот”- кишвар ба қалам медиҳад на танҳо бо мушкилии таъмини маблағ рӯбарӯ шудааст. Қатъи мармуз ва муаммоангези чархаи аввали неругоҳ, ки моҳи ноябри соли гузашта ба фаъолият оғоз карда буд, боиси овозаҳои зиёд шуда ва дар долонҳои ҳукумати Тоҷикистон низ ташвишҳоу нигарониҳоро ба бор овардааст. Қоҳир Расулзода-сарвазири Тоҷикистон, рӯзи 16-уми май ба маҳалли сохтмони неругоҳи Роғун рафта аз сатҳи об, пуршавии обанбор, сарбанд ва вазъияти чархаҳо аз наздик дидан кардааст.Тибқи иттилои дафтари матбуоти неругоҳ айни замон баландии об дар обанбор ба сатҳи зарурӣ расида ва баъди муоинаи сарбанд кадом мушкилоте ба қайд гирифта нашудааст. Ба навбати худ намояндагони ширкати итолиёвии “Salini impregilo SpA” муҷрии барномаи бунёди неругоҳи Роғун низ гуфтаанд, мизони оби обанбор аз сатҳи баҳр ба 1020 ва иртифои оби обанбор ба 60 метр расида тайи як ҳафта, ки чархаи аввал ба таври озмоишӣ фаъъол шуд, кадом мушкилие ба бор наомадааст. Ба таъйиди ҳамин манбаъ дар ҳамин ҳаҷму сатҳ ҷамъ омадани об имкон медиҳад, ки чархаи аввал дубора ба фаъолият бипардозад. Қарор буд чархаи дуввуми неругоҳ дар апрели соли ҷорӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор бигирад. Аммо ин иттифоқ ба амал наомад.Баракс, ончуноне гуфтем чархаи аввал ҳам аз фаъолият уфтод. Ва шурӯъ аз оғози март то даҳаи аввали апрел кишвар дар шароити лимити шадиди барқ ба сар бурд. Мақомот дар робита ба қатъи фаъолияти чархаи аввал кадом маълумотеро ироа намекунанд. Вале сару садоҳо дар бораи пайдо шудани шикоф дар девори обанбори Роғун дар саросари кишвар паҳн шуданд. Барканории сармуҳандиси сохтмон дар рӯзи чаҳоруми март аз тарафи раиси ҷумҳурӣ ин сарусадоҳоро бештар доман зад. Расонаҳо аз он менавиштанд, ки Роғун ба садама дучор шудааст ва масъулони неругоҳ маҷбур шудаанд, ки обанборро тахлия (холӣ) кунанд. Масуъулини соҳа ин ахборро таъйид ва такзиб накарданд вале изҳор доштанд, ки дар неругоҳ “корҳои профилактикӣ ва техникӣ” ҷараён дорад ва сабаби тахлияи ҳавз ва қатъи фаъолияти чархаи аввал ҳамин аст.Чархаи аввали Роғун 16 ноябри соли гузашта, дуруст дар рӯзе, ки дар Тоҷикистон Рӯзи президент эълом шудааст, бо суханронии Эмомали Раҳмон ва намояндагони корпусҳои дипломатӣ, меҳмонон аз хориҷи кишвар,намояндагони созмонҳои молиявии байналмилалӣ, бо баргузории як маросими бошукӯҳ ифтитоҳ шуда буд. Аммо ин чарха танҳо се моҳ фаъолият карда чизе бештар аз 90 млн. кВт.соат истеҳсол доштаасту тамом.
Пайдо ва беш аз пеш бузургтар шудани рахна дар баданаи сарбанд водор кард, ки масъулини неругоҳ оби анборро холӣ кунанд ва даст ба мараммати он бизананд. Ҳамакнун ба назар мерасад, ки бо мусоидати коршиносони хориҷӣ мушкил бартараф шуда ва интизор меравад чархаи аввал фаъолияти худро дубора аз сар бигирад.Замони азсаргирии фаъолияти чархаи аввал номаълум аст. Сайфитдинов: Масъулини неругоҳ бештар дар пайи манфиатҳои худ ҳастанд Вале ба бовари мутахассисин ва коршиносони тоҷик истифодаи мавод ва маҳсулоти пастсифати сохтмонӣ, ки мунҷар ба рух додани ҳамчунин ҳодиса дар нерӯгоҳ гардид дар оянда низ имкон дорад пеш ояд. Ғуломиддин Сайфиддинов, коршиноси бособиқаи соҳаи энергетикаи Тоҷикистон мегӯяд, масолеҳи сохтмонӣ аз қабили сементу арматура,ки ба Роғун ворид мешавад, сифатан паст аст: “Барои дарғот бояд аз масолеҳ ва маводи аълосифат ва дорои стандартҳои байналмилалӣ истифода шавад. Аммо мутаассифона онҳое, ки дар таъминоти неругоҳ масъулият доранд, бештар дар пайи манфиатҳои тиҷоратии худ ҳастанд ва оқибати кори худро андеша намекунанд”. Ҷаноби Сайфиддинов афзуд назорат ва ташхиси маҳсулотеро, ки барои неругоҳ ба кор мебаранд як гурӯҳи муайян дар ихтиёр доранд ва дар асл таъминкунандаи семент ва арматура ҳам гурӯҳи мазкур аст. Аммо масъулони нерӯгоҳ бо такзиби ҳамчунин иттиҳом мегӯянд ҳама маводу маҳсулоти сохтмонӣ аз ташхис (лабаратория) гузаронида мешавад. Ва ҷое барои нигаронӣ аз истифодаи маводи пастсифати сохтмонӣ вуҷуд надорад. Барои Роғун чанд сум сарф шуд? Давлати Тоҷикистон дар соли ҷорӣ аз бюҷети ҷумҳурӣ барои корҳои сохтмонии неругоҳи Роғун беш аз 2 миллиард сомонӣ, муодили 220 миллион доллар ихтисос додааст. Ихтисоси маблағ аз ҳисоби бюҷет аз соли 2007 шурӯъ шуда ва то ҳамин акнун аз ҳамин сарчашма барои корҳои сохтмонӣ дар Роғун беш аз ду миллиард доллар сарф шудааст. Дар соли 2007 ва 2008 аз бюҷети давлатӣ барои корҳои сохтмонӣ дар ин неругоҳ бештар аз сад миллион ва шуруъ аз соли 2009 то 2019 аз 200 то 220 миллион доллар ҷудо шудааст. Бар замми ин пулҳо ҳамчунин дар соли 2010 ҳукумат тариқи фурӯши саҳмияҳо ба аҳолӣ ва корхонаҷоту муассисаҳо 185 миллион доллари дигарро барои ин неругоҳ ба даст овард. Зимнан фурӯши ин саҳмияҳо аз роҳи иҷборӣ сурат мегирифт ва дар шароите, ки беш аз 60 дар сади аҳолии мамлакат дар зери хатти фақр ба сар бурда муҳтоҷи кумакҳои башарии созмонҳои ёригари байналмилалӣ буд. Бонки ҷаҳонӣ давлати Тоҷикистонро водор кард аз идомаи фурушӣ маҷбурии саҳмияҳо худдорӣ кунад. Дар давоми солҳои 2017 ва 2018 давлат бо ба фурӯш гузоштани авроқи гаронбаҳо –евробондҳо барои сохтмони Роғун дар бозорҳои аврупоӣ тавонист 500 миллион доллари дигарро барои сохтмони неругоҳ ҷалб кунад. Ба ин тартиб ҷамъи умумии ин маблағҳо болиғ (беш) аз се миллиард долларро ташкил медиҳад. Ин дар ҳолест, ки маблағи умумӣ барои анҷоми сохтмони неругоҳро давлат ва ширкати итолиёвии “Salini impregilo SpA ”,ки иҷрокунандаи сохтмони неругоҳ аст, 3,9 миллиард доллар баровард кардаанд.Аммо шароит ва вазъият дар ҳоли ҳозир чунин аст ки ҳатто ду чархаи аввали неругоҳ бо ин ҳама масраф ва сармоягузорӣ ба кор сар накардаанд. Агарчанде мақомоти неругоҳ ва ниҳодҳои марбутаи давлати Тоҷикистон бо итминон аз кори дурусту саҳеҳ ва масрафи ҳадафмандонаи сармояи ҷалбшуда суҳбат мекунанд аммо коршиносон ва таҳлилгарони тоҷик аз мушкилоти фаровони неругоҳ бахусус дар масрафи маблағҳо ҳарф мезананд.
Қочоқи маводду маҳсулоти неругоҳ аз қабили сузишворӣ ва равғанҳои молиданб, шинаву чархҳо ва дигар қисмҳои эҳтиётӣ, изофанависӣ, адами шаффофият, тақаллуб дар муҳосибот аз мушкилоти ҳаррузаи неругоҳ арзёбӣ мешавад. Ба ақидаи ин коршиносон бавижа масрафи пулҳои бюҷет ва қарзҳое, ки давлат барои ин сохтмон гирифтааст шаффоф ва дастраси ҷомеа нест. Баракс масориф ва махориҷи ин неругоҳ, ки миллионҳо,балки миллиардҳо долларро дар бар мегирад, пинҳон ва ноаён нигоҳ дошта мешавад. Масъуд Собиров, иқтисодшиноси тоҷик ва узви Комиссиюни назорати маблағҳои саҳмия дар ин неругоҳ гуфт, ки то кунун ёд надорад, ки мақомот дар бораи пулҳои сарфшуда дар ин неругоҳ расман гузориш карда бошанд: “Ҳамагӣ як бор ва он ҳам дар оғози ташкили ин комиссион ҷаласа доир шуд. Ва он ҳам дар соли 2010 буд. Аз он замон касе касеро ҳам даъват накардаанд ва кадом гузоришу ҳисоботе ҳам дар иртибот ба маблағҳои Роғун ва чи тавр сарф шудани онҳо дар ҷое нашр нашудааст”. Ҷаноби Собиров афзуд, камиссиюне, ки гӯиё барои назорати маблағҳои аз фуруши саҳмияҳо ба даст омада таъсис дода буданд ҳамагӣ як бор ва он ҳам дар соли 2010 ва танҳо 15 дақиқа ҷалса доир кардаасту халос”.Ин коршиноси тоҷик дар ҳоле аз адами шаффофияти харҷу масрафи маблағҳо дар ин неругоҳ сӯҳбат мекунад, ки Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дар пайи як санҷиш дар соли 2016 ба маблағи 186 миллион камомад, изофанависӣ ва дигар ҷароими молиявию муҳосиботиро ошкор карда буд. Вале ин танҳо мавриде аст ки дар иртибот ба фаъолияти молиявии неругоҳ маълумот ба нашр расидааст. Дар ҳоле, ки маблағи ин неругоҳ аз ҳисоби бюҷет аст, бар тибқи муқаррароти ҷорӣ Оҷонси мубориза бо фасод ҳар се ва Палатаи ҳисоб ҳар ду сол муваззафанд, ки фаъолияти молиявии онро тафтиш кунанд. Аммо номаълум аст,ки ҳамчунин тафтиш ва санҷиши молиявӣ доир шудааст ё хайр? Аудити байналмилалӣ Гузашта аз ин дар чаҳорчӯби ҳамкориҳо бо Сандуқи байналмилалии Пул ва Бонки ҷаҳонӣ Тоҷикистон уҳдадор аст ки аудити корхонаҳои бузурги санъатии худро бо ҷалби аудиторони байналмилалӣ доир кунад. Дар гузашта аудиторони байналмилалӣ ба ҳангоми тавтиши фаъолияти Бонки миллӣ ва ширкати давлатии алюминиюми тоҷик-ТалКо садҳои миллион доллар маблағҳои ба сирқат ва ғайримақсаднок истифодашударо ошкоро карда буданд. Аммо то кунун ва бавижа дар се соли ахир баргузор шудан ё нашудани аудит дар неругоҳи Роғун номаълум аст. Ифшои камбуд ва мушкилоти муҳосиботӣ дар неругоҳ ва шакку гумоназаниҳо дар мавриди фаъолияти Роғун дар ҳоле аст, ки пудратчии генералӣ ва ё фармоишгари ин иншооти бузурги давлат дар ихтиёри “РоғунГЭСстрой” гузошта шудааст. Ин ширкати боқимонда аз даврони шӯравӣ аст, ки дар соли 2007 аз тарафи ширкати хусусии “Исмоили Сомонӣ-Асри 21” дар доираи барномаи хусусигардонии корхонаҷоти хурду миёнаи ҳукумат харидорӣ шуд. Ва ҳамзамон бо сармоягузории неругоҳи Роғунро аз ҳисоби бюҷети давлатӣ бо қарори рақами 395- ҳукумати Тоҷикистон аз 2-юми августи соли 2008 бо имзои Э.Раҳмон фармоишгар ва пудратчии генералии сохтмони истгоҳи барқи обии Роғун “Роғунская ГЭСстрой”таъйин шуд. Ширкати “Исмоили Сомонӣ –Асри 21” ба Ҳасан Асадуллозода додарарӯси президент Э.Раҳмон тааллуқ дорад ва табъан, ки “РоғунГЭСстрой” сарфу харҷи маблағҳои ҷудошуда аз бюҷетро таҳти контроли худ даровардааст. Тамоми суратҳисобҳои ин ширкат дар “Ориёнбонк” аст, ки раиси ин бонк ҳам Ҳасан Асадуллозода мебошад. Аз ҳамин ҷост, ки фаъолияти неругоҳ ба таври пӯшида ҷараён мегирад ва бо як қарори ҳукумат, ин неругоҳ дар соли 2010 “моликияти истисноии давлат” эълон шуд ва тамоми ҳисобу китоби муҳосиботӣ ва маблағҳои ҷалбшавандаи онро Ҳасан Асадуллозода зери контрол дорад. Ахиран давлати Тоҷикистон барои идомаи сохтмони неругоҳ аз Бонки ҷаҳонӣ дархости кӯмак кардааст вале посухи ин бонк, бо ишора ба ин қарори ҳукумат, ки неругоҳро “моликияти истисноии давлат” хондааст,манфӣ будааст. Бо ин ҳол то кунун касе аз масъулин дар иртибот ба инки чаро чархаи аввал аз фаъолият бозистод ва инки чаро чархаи дуввум, ки қарор буд дар апрели соли ҷорӣ ба кор сар кунад, посух надодааст. Аммо дар сафари расмии худ дар апрели соли ҷорӣ ба Маскав Эмомалӣ Раҳмон,раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар дидораш бо намояндаҳои тоҷикони муқими Русия ваъда додааст,ки чархаи дуввуми Роғун дар моҳи сентябр дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт. Аммо бо таваҷҷӯҳ ба онки барои корандозии чархаи аввал тӯли ду сол (аз 13 октябри 2016 то ноябри соли 2018) лозим омад то дар обанбор об дар сатҳи зарурӣ ҷамъ оварда шавад вале имрӯз,ки дар апрел обанбор холӣ шуд, чи тавр мешавад обанбор ба қадри кофӣ дар моҳҳои башумор пур шуда ва чархаи дуввум ҳам ба кор дарояд. Неругоҳи Роғун 6 чарха дорад. Иртифои сарбанди он 335 метрро ташкил медиҳад ва солона 17 миллиард киловатт-соат барқ тавлид хоҳад кард.Бо ба истифода додани он мушкили танқиси барқ дар Тоҷикистон комилан ҳал шуда ва Тоҷикистон метавонад ба хориҷ аз кишвар аз ҷумла Афғонистон, Покистон ва Ӯзбакистон барқи худро содир кунад. Аз маҳалли сохтмони неругоҳ 42 ҳазор кӯч дода хоҳанд шуд. Дар баробари ин, сохтмони НОБ-и Роғун дигар хароҷот дорад. Барои мисол, сокинони деҳаҳои мавзеи обанбори неругоҳи Роғун дар ноҳияи Нуробод мачбуран хонаву дари худро тарк мекунанд. Аҳолии ин деҳаҳои куҳистонӣ аз ин ба баъд сокини водӣ дар навоҳии Данғара, Турсунзода ва Файзобод хоҳанд шуд. Раванди кӯчонидани аҳолии ин деҳаҳо қарор аст то соли 2040 ба анҷом бирасад. Ба ин тартиб аз маҳалли сохтмони неругоҳ 42 ҳазор сокин аз 40 русто ба макони дигар кӯч дода хоҳанд шуд. Давлат барои ҷосозии сокинони ин рустоҳо 200 миллион сомонӣ, муодили 20 миллион доллар дар назар гирифтааст.
Дар гузашта Дидбони ҳуқуқи башар (Human Rights Watch-HRW) аз нақзи ҳуқуқи сокинон дар ҷараёни маъракаи куч додани онҳо аз як мавзеъ ба мавзеъи дигар интиқод карда буд. Дар гузориши ин созмон гуфта мешуд, ҳарчанд ҳукумати Тоҷикистон ба риояи меъёрҳои байналмилалӣ барои кӯч додан таъкид мекунад,оилаҳо барои аз нав сохтани манзил ҷуброни пурра намегиранд.
Аммо масъалаи кӯч додани ин сокинон ба маҳалли нави кору иқомат танҳо мушкиле ношӣ аз камбуди пул нест. Раҳимҷон Ҳақназаров,як сокини рустои Чинори ноҳияи Нуробод, ки дар садади кӯчидан аст, гуфтааст бо ин ҳама душворӣ ва камбуди аз саргирии зиндагӣ дар ҷойи нав розӣ аст аз боғу роғ ва хонаву дар ва таърихи чанд насли авлоди худ даст бикашад то бар иваз фардои беҳтари мардуми тоҷик таъмин шавад. Вале ҳамсояи дигари ӯ шубҳа дорад, ки барномаи ва нақшаи бунёди неругоҳро масъулин саривақт ба анҷом бирасонанд. Ва аммо сокиноне, ки ҳамакнун аз маҳалли зисти бобоии худ ҷудо мешаванд ва дубора зиндагӣ месозанд,мегӯянд, розианд, ки хонаву дар ва боғоту мазореъашон аз даст биравад, зери обанбор бимонад, агарки дигар “светмурӣ” дар Тоҷикистон дар воқеъ ба афсона табдил шавад…. Тавсияи Бонки ҷаҳонӣ Зимнан давлати Тоҷикистон бо як дархосте аз Бонки ҷаҳонӣ хост, ки барои идомаи корҳои сохтмонӣ кумаки молиявӣ кунад. Аммо Бонки ҷаҳонӣ зимни посухи на он қадар рӯшан аз қарори ҳукумати Тоҷикистон дар мавриди “моликияти истисноии давлат” эълон кардани неругоҳи Роғун ёдовар шуда (с.2009) тавсия додааст, ки барномаи сохтмони Роғун ислоҳ ва дар он барои ҳузури бахши хусусӣ имконият фароҳам карда шавад. Масъуд Собиров, иқтисодшиноси тоҷик низ бар ин бовар аст ки барои анҷоми корҳои сохтмонӣ ҳукумати Тоҷикистон тавони молиявӣ надорад. “Шояд чархаи як ва ду гардон бишавад вале дар идома бидуни дарёфти ҷалби сармоя ва сармоягузорони хориҷӣ ин барнома солҳои дароз идома хоҳад дошт ва як сарбории вазнине бар дӯши бюҷети давлатӣ хоҳад шуд”, – гуфт Собиров.Ин мавод дар доираи тарҳи «Giving Voice, Driving Change — from the Borderland to the Steppes Project», ки бо кумаки молии Вазорати хориҷаи Норвегия иҷро мешавад, нивишта шудааст. Назароти дарҷшуда дар ин матлаб баёнгари дидгоҳи хоси расона ва ё сарпарасти ин тарҳ нест.