© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Гуфтушунидҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба сарҳад чӣ гуна мегузаранд?

Пас аз ба сари қудрат омадани президент Шавкат Мирзиёев ҷараёни гуфтушунидҳои Тошканд ва Душанбе вобаста ба ҷудокунӣ ва аломатгузории сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон босуръат гардид. Ҳукуматҳо бовар мекунонанд, ки ихтилофҳои ҷиддӣ дар ду кишвар оид ба ин масъала вуҷуд надорад. Аммо коршиносон ба ин назаранд, ки гуфтушунидҳои сарҳадиро зарур аст суръат бахшанд, то аз барномаҳои эҳтимолан номатлуб гурезанд.  Ҳамчунин коршиносон аз он нигаронанд, ки шаффофият дар ин масъала вуҷуд надорад.


Ба Telegram канали мо обуна шавед!


Ҳаҷми умумии сарҳад миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон 1332,9 километр, аз ҷумла сарҳади хушкигард – 1227,98  километр, обӣ  (дарё) – 105 километрро ташкил медиҳад. То имрӯз сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон дар асоси Созишномаи аз 5 октябри соли 2002  ва Шартнома оид ба минтақаи алоҳидаи сарҳади давлатӣ аз 9 марти соли 2018 пурра ҷудо карда шудааст. Айни замон корҳои аломатгузорӣ идома дорад.

Кай гуфтушунид оид ба ҷудонамоӣ ва аломатгузории сарҳади давлатии Тоҷикистону Узбекистон оғоз шуд?
Соли 2000ум Тоҷикистон ва Ӯзбекистон Комиссияи байниҳукуматии оид ба ҷудонамоӣ ва аломатгузории сарҳади давлатиро таъсис доданд. 5-уми октябри соли 2002 дар ҷараёни сафари президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов ба Душанбе созишномаи сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон ба имзо расида буд. Дар ҳуҷҷат нишон дода шудааст, ки «ҷонибҳо тақрибан 1100 км, аз ҷумла 86% чорроҳаҳои сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистонро муайян кардаанд. Ҳангоми гуфтушуниди минбаъда вобаста ба сарҳад махсусан баҳс сари НБО-и мансуб ба Фарҳод, дар баҳри Сирдарё, ки дар наздикии шаҳри Ширини вилояти Сирдарёи Ӯзбекистон қарор дорад, ба вуҷуд омад, Ҳамчунин боз як мушкили дигар дар он аст, ки ҳангоми ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ҳукумати Ӯзбекистон ҳудуди сарҳали Тоҷикистону Ӯзбекистонро минагузорӣ карда буд. Омадани Шавкат Мирзиёев ба сари ҳокимяти Ӯзбекистон ба гуфтушунидҳо умеди тоза дод. Дар иҷлосияи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба ҷудо ва аломатгузории сарҳади давлатӣ, ки 10-уми январи соли 2018 дар Душанбе баргузор шуда буд, ҷонибҳо қитъаҳои баҳсноки сарҳади давлатӣ, аз ҷумла НБО-и Фарҳодро пурра розигӣ доданд. Ҳангоми сафари давлатии президенти Ӯзбекистон ба Тоҷикистон моҳи марти соли 2018 созишнома оид ба аломатгузории минтақаҳои алоҳидаи сарҳади давлатӣ ба имзо расонида шуд. Он замон ҳукумати Тоҷикистон изҳор дошт, ки моликияти танҳо як қитъаи хурд норӯшан боқӣ мемонад. Ҳамин тариқ сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар асоси Созишномаи аз 5-уми октябри соли 2002 ва Шартнома оид ба минтақаҳои алоҳидаи сарҳади давлатӣ аз 9-уми марти соли 2018 пурра ҷудо карда шуд. Тибқи хабарҳои ВАО, Душанбе ва Тошканд ба гуруҳҳои дахлдор, аз ҷумла, заминшиносон ва хариташиносон, намояндагони Вазорати корҳои хориҷӣ ва хадамоти сарҳадӣ супориш доданд, ки тартиби барқарорсозии нишонаҳои сарҳадиро то охири соли 2021 мувофиқа намоянд.
Делимитатсия ва демаркатсия чист?
Тибқи муайяннамудаи САҲА делимитатсияи сарҳад ин – сабти ҳуқуқии шартномаи хатҳои сарҳади давлатӣ миёни давлатҳои ҳамсоя мебошад, ки дар харитаи топографӣ ба таври графикӣ тасвир ёфтааст, метавонад қисми ҷудонашавандаи шартнома ё ин ки замимаи он бошад.

Демаркатсия – аломатгузорӣ дар қаламрави гузаргоҳи сарҳади давлатӣ байни давлатҳои ҳамсоя бо аломатҳои сарҳадӣ мебошад, ки дар ҳуҷҷатҳои нишонгузорӣ таҳия шудааст.

Ҳоло НБОи Фарҳод ва обанбори Фарҳод ба кӣ таалуқ дорад?
Обанбори «Фарҳод» соли 1947 дар дарёи Сирдарё дар шимоли Тоҷикистон сохта шудааст. Майдони он 48 км – ҳаҷм – 350млн.м3, дарозӣ – 46 км, паҳноӣ – 3,1 км ва қаъри миёна – 7мро ташкил медиҳад. Он барои ҷамъоварии об аз Сирдарё ва худҷоришавӣ ба даштҳои Гурусна (Голодной Ӯзбекистон ва Қазоқистон) ва Далверзини (Ӯзбекистон ва Тоҷикистон) пешбинӣ шудааст. Дар ҳайати ин маҷмааи нерӯгоҳи обӣ сарбанд ва танзимкунандагони хоҷагии об дохил мешавад, ки яке аз таъмингарони НБО-и Фарҳод мебошад. НБОи Фарҳод ва обанбори Фарҳод солҳои зиёд дар муносибат бо Душанбе ва Тошканд «себи обдор» буд. Ҳарду кишвар барои ин минтақаи сарҳадӣ даъвогар буданд. Соли 2002 Душанбе ба ин минтақа назоратро ба роҳ монд, дар сарбанд ҳарбиёнро гузошт. 17 августи соли 2018 ҶТ ва ҶӮ доир ба тасдиқи Созишнома дар хусуси қитъаҳои алоҳидаи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон табодули назар карданд. Дар асоси он, мақоми шартномавӣ-ҳуқуқии сарбанди Фарҳод муайян карда шуд, ки тибқи он он дар ихтиёри Тоҷикистон гузашт. Инфрасохтори НБОи «Фарҳод» ба ҷониби Ӯзбекистон дода шуд. Ҳудуде, ки НБО ҷойгир аст, ҳудуди Тоҷикистон эътироф мешавад, худи НБО бошад, дар ихтиёри Ӯзбекистон мемонад. Ҷониби Тоҷикистон барои амнияти иншоот ҷавобгӯ аст, Ӯзбекистон бошад масъалаи техникии онро таъмин мекунад.
Чӣ қадар гузаргоҳ миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон амал мекунад?
Тибқи Созишнома миёни Ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон оид ба гузаргохҳо тавассути сарҳад аз соли 2002, дар сарҳади давлатӣ 16 гузаргоҳ мавҷуд аст, аз ҷумла 9 гузаргоҳи мавқеи байналмилалидошта, боқимонда дуҷониба мебошад. Аз ҷониби Тоҷикистон 12 гузаргоҳ дар вилояти Суғд, боқимонда- дар вилояти Хатлон ва шаҳри Турсунзода ҷойгир шудааст. Аз ҷониби Ӯзбекистон бошад, як гузаргоҳ дар вилоятҳои Самарқанд ва Намангон ва шаҳри Ҳисор қарор дорад. Дар Ҷизаху Сирдарё 2 гузаргоҳ, дар Тошканд ва вилояти Фарғона – 3то. Сурхандарё – 4то мавҷуд аст. Ғайр аз ин, феврали соли 2019 боз як гузаргоҳи назоратӣ 17умин фаъол шуд, ки ноҳияи Ҳисори Тоҷикистонро бо ноҳияи БабатагУзуни вилояти Сурхандарёи Ӯзбекистон пайваст мекунад.
Чаро ҷараёни ҷудонамоӣ ва аломатгузории сарҳад миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон вақти зиёдро гирифт?
Ба ақидаи сиёсатшиноси ӯзбек Рафаэл Сатторов, дар кашолёбии ҷараёни гуфтушунидҳо оид ба сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон муносибати пуршиддати дуҷонибаи президентҳо Ислом Каримов ва Эмомалӣ Раҳмон таъсир расонидаст. «Имрӯз омили шахсии президенти дувуми Ӯзбекистон боиси муносибатҳои гарми ду кишвар гардид ва раванди гуфтушунидҳоро ба самти динамикӣ расонид»,- мегӯяд Сатторов. Аммо проффесори Донишгоҳи Қазоқистон – Олмон Рустам Бурнашев ба ин назар аст, ки ҷараёни гуфтушунидҳо оид ба сарҳад миёни Ӯзбекистон ва Тоҷикистон тақрибан ҳамон тавре мерафт, ки дар дигар кишварҳои ҳамсоя рух медиҳад. «То ба наздикӣ дар бораи мушкилот на бо демаркатсия, балки бо делимитатсияи минтақаҳои алоҳида ва фаъолияти марзҳо (мавҷудияти низоми раводид байни ду кишвар, истихроҷи минтақаҳои наздисарҳадӣ ва ғайра) сухан гуфтан бамаврид буд. Хушбахтона, бисёре аз ин мушкилоти зикршуда тадриҷан бартараф гардиданд», – мегӯяд Бурнашев. Вай ба саволи он ки чаро раванди ҷудонамоии сарҳадҳо миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба қитъаҳои алоҳида ба мушкилот дучор шуд, ба таври возеҳ ҷавоб дода натавонист. Ба гуфтаи вай, тасвири асосноки каму бешро метавон бо усулои таҳлили вазъият ба ҷудошавии блокҳои махсуси таҳлилӣ; иҷтимоӣ, технологӣ, иқтисодӣ, экологӣ ва сиёсӣ истифода бурд. «Масалан, вазъи иҷтимоии аҳолӣ, ки дар ҳудуди сарҳадҳо зиндагӣ мекунанд, бисёр зич ба ҳам печидаанд – мардум оиладор мешаванд. Аз ҳарду ҷониби сарҳад хешованд доранд. Маълум аст, ки ин мардум ба режими шадиди марзӣ таваҷҷуҳ надоранд», гуфт Бурнашев. Ба қавли вай, ҳамчунин мушкилоти иқтисодӣ ва техникӣ, масалан бо масъалаҳои истифодаи об ё чарогоҳҳо мавҷуд аст. Ҷанбаҳои техникӣ ва сиёсӣ мавҷуд набудани ҳуҷҷатҳои саросар эътирофшудаи сарҳадҳоро дар қаламрави Иттиҳоди Шӯравӣ дар бар мегиранд. Ин вазъ аз он сабаб вазнинтар мешавад, ки мушкилоти марзҳоро дар минтақаи мо якбора дар якчанд сатҳ – ҳадди ақал дар сатҳи миллӣ, маҳаллӣ ва ҷомеа баррасӣ мешаванд. Агар мақомоти марказии ҳукумат қарор қабул кунад, ин на ҳамеша маънои онро дорад. к и дар сатҳи маҳал ё ҷомеа бо онҳо розӣ ҳастанд. Ва баръакс», – мегӯяд Бурнашев.
Кадом қитъаҳо то баҳсбарангез боқӣ мемонад?
Дар ин маврид шарҳи расмӣ нест. Олими тоҷик Анвари Сафарӣ дар диссертатсияи худ «Масаъалаҳои марзӣ дар сиёсати дохили Тоҷикистон» (саҳифаҳои 141-142) дар такя ба бойгонии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон менависад: «Аз 13 то 18 феврали соли 2007 дар шаҳри Тошкант ҷаласаи муштараки Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҷудонамоӣ ва аломатгузории сарҳади давлатӣ баргузор шуд. Дар ин вохӯрӣ масъалаи вобаста ба муайян намудани сарҳади давлатӣ дар боқимонда 4 нуқтаи баҳснок миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон – Қизил Мазор (ҳозира деҳаи Заркуҳ), Обанбори НБОи «Фарҳод», Сарвак ва ҷангалзорҳои Конибодом баррасӣ гардида, қарорҳои дахлдор оид ба натиҷаҳои комиссияи муштарак қабул шуд. Сафарӣ қайд мекунад, ки тибқи маълумотҳои бойгонӣ, ҷониби Тоҷикистон ба ҳуҷҷатҳои қаблан таҳия шуда такя кардааст то нуқтаҳои ба Тоҷикистон таалуқдоштаро тасдиқ намояд. Аммо ҷониби Ӯзбекистон ба нодурустии ин ҳуҷҷатҳо ишора мекунад. Дар натиҷа дар мавриди моликияти нуқтаҳои баҳсӣ ихтилофи назар ба вуҷуд омад ва аломатгузории марз ба таъхир гузошта шуд Аммо дар хабарҳои ҳафтаномаи тоҷикии «Фараж» гуфта мешавад, ки Тоҷикистон тибқи Созишномаи дуҷониба бо Ӯзбекистон тасмим гирифтааст, то ба ин кишвар 300га заминҳои ноҳияи Масчоҳро диҳад. Ба гуфтаи манбаъ, ба ин 300 га замин калонтарин ҷойҳои тавлиди тилло қарор дорад. Ҳукумати маҳаллӣ он вақт аз шарҳи ин хабар худдорӣ карда буданд. Аммо дар натиҷа роҳбарияти вилояти Суғд ин хабарро рад карда буд.

Дар умум вазъияти ҳозираи бо ҷудонамоӣ ва аломатгузории сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистонро чӣ тавр метавон баҳо дод?

Тибқи баҳодиҳии собиқ муовини фармондеҳи Қушунҳои сарҳадии Тоҷикистон Нуралишо Назаров, масъалаи ҷиддӣ дар ҷудонамоӣ ва аломатгузории сарҳад миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон нест. Вале, ба гуфтаи вай дар ноҳияҳои наздисарҳадии ду кишвар аллакай хеле пеш муноқишаҳои ҳамарӯза рух медиҳад. Коршиносон бар ин назаранд, ки музокира оид ба сарҳадро бояд тезонид, то ин ки аз сенарияҳои имконпазири манфӣ пешгирӣ кард.

«Албатта, номуайянӣ дар ҷудосозӣ ва аломатгузорӣ метавонад ба оқибатҳои манфӣ оварда расонад. Аз ҷумла, ин эътимоди мутақобилаи миёни давлатҳоро коҳиш медиҳад, ки ба робитаҳои мустақими субъектҳои муносибатҳои иқтисодӣ, шаҳрвандон ва сохторҳои иҷтимои фарҳангии онҳо таъсири манфӣ мераасонад»,- мегӯяд сиёсатшиноси тоҷик Шокирҷон Ҳакимов. Вай инчунин афзуд, ки мақомоти ду кишвар бояд ба ҷомеа дар бораи пешрафти музокирот маълумоти бештар диҳанд. Сиёсатшинос Рафаэл Сатторов чунин мешуморад, ки барои ҳалли мушкилоти дуҷониба чораҳои фавқулодда, «аз ҷумла интихоб, ки сарҳади давлатӣ метавонад маъмурӣ бошад» зарур аст. «Нуктаи дуюм – ба ҷомеъа ба таври ошкорро расонидани он аст, ки сиёсати «на як ваҷаб замин ва на имтиёз» хусусияти хеле тангназар ва кӯтоҳандешона дорад. 

Вақти он аст, ки аз ин аксиомаҳои хато даст кашид. Бо дарназардошти иқтидори иқтисодӣ ва аҳамият, инчунин таҳдиди афзоянда ба амнияти озуқаворӣ, ҷонибҳо бояд ба гунае гузаштҳои ногузир, вале фоидаовар кунанд», – мегӯяд Сатторов.


Маводи мазкур дар доираи барномаи ментории лоиҳаи «Роҳҳои нави ВАО ва рушди журналистикаи рақамӣ дар Осиёи Марказӣ»-и Институти Инъикоси Ҷанг ва Сулҳ IWPR бо дастгирии Ҳукумати Бритониё таҳия шудааст. Мазмуни мақола нуқтаи назари расмии IWPR ё Ҳукумати Бритониёро инъикос намекунад.

If you have found a spelling error, please, notify us by selecting that text and pressing Ctrl+Enter.

Spelling error report
The following text will be sent to our editors: