© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Тамринҳои низомии Чину Тоҷикистон дар ВМКБ: мубориза бо терроризм ё ҳифзи сармояи Хитой дар минтақа?

“Оё вобастагии беш аз ҳадди иқтисодӣ аз Чин сабаби вобастагии беш аз ҳадд дар бахшҳои геополитика, амният ва низомӣ намешавад? Дар ниҳоят, аз таърих ва сиёсатшиносии ҷаҳонӣ аксиомаи маъруфе расидааст, ки вобастагии иқтисодӣ дер ё зуд ба вобастагии сиёсӣ ва низомӣ боис мегардад”. Ин нукта дар матлаби барои CABAR.asia навиштаи сиёсатшиноси тоҷик Парвиз Муллоҷонов таъкид мешавад.      


Подпишитесь на наш канал в Telegram!


16c99ca76a848483490949 (1)
16c99ca76d048483491789
16c99ca771d48483492532
16c85085d8c48480630154
 Тамринҳои муштараки низомиёни тоҷику чинӣ – “Ҳамкорӣ-2019” дар ВМКБ. Акс аз mod.gov.cn

Размоиши ахири муштараки неруҳои Тоҷикистону Чин – “Ҳамкорӣ-2019” дар ВМКБ чӣ дар Тоҷикистон ва чӣ дар хориҷ таваҷҷуҳи бисёриҳоро ба худ ҷалб намуда, дар матбуоту интернет сару садоҳои зиёдеро бапо кард[i]. Аслан,   машқҳои муштарак набояд ба чунин вокунише рӯ ба рӯ шаванд. Дар ҳоле ки ҳарду кишвар қарордоди ҳамкорӣ дар бахши амният ва муқовимат бо терроризмро доранд.

Бар пояи иттилои расмӣ, ин машқҳо бо ҳадафи тарҳрезии иқдомҳои муқовиматӣ ҳангоми убури эҳтимолии ҷангиёни гуруҳҳои ҷиҳодӣ тавассути марзи муштараки Тоҷикистону Афғонистон анҷом шудаанд. Дар навоҳии шимолии Афғонистон бино ба хабарҳои хадамоти марзбонии Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир чандин ҳазор ифротгаро ҷамъ омадаанд, ки миёнашон зодагони кишварҳои пасошӯравӣ ва Шинҷони Чин ҳастанд[ii].

Ба дунболи мантиқи расмӣ, баргузор намудани чунин размоишҳо ба манфиати ҳарду ҷониб созгор аст ва на аз ҷониби шарикони Тоҷикистон дар СПАД ва на дар ҷомеаи Тоҷикистон набояд мавзӯъҳоеро ба миён биёварад. Дар ҳоле ки миқёси машқҳо бузург нест ва дар он аз ҷониби Тоҷикистон танҳо як баталён ва аз ҷониби чиниҳо як рота иштирок мекунанд.  Аммо чанд ҳолате ҳаст, ки чаро якбора дар чашми ҷомеаи ҷаҳонӣ ва бисёре аз шореҳон аҳамият касб кардани ин машқҳои хурдҳаҷми низомиро рӯшан мекунад. Маҳз ҳамин ҳолатҳо суолҳои зиёдеро халқ кардаанд, ки таҳлили амиқро тақозо мекунанд ва то имрӯз беҷавоб мондаанд.

Манбаъ: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Манбаъ: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Қаблтар аз ҳама ин далел боиси нигаронӣ мешавад, ки афзоиши ҳамкориҳои низомии Чину Тоҷикистон дар пасманзари вобастагии зудсуръати иқтисодии Тоҷикистон аз Чин амалӣ мегардад. Феълан, Чин яке аз қарздиҳандаҳои асосии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, ҳамчунин ба сармоягузори аслӣ ва шарики тиҷоратӣ бадал шудааст ва дар ин замина кайҳост Русия ва дигар кишварҳои ИДМ-ро дуюмдараҷа кардааст.    

Манбаъ: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Манбаъ: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар чунин шароит суоле ба миён меояд: оё вобастагии беш аз ҳадди иқтисодӣ аз Чин сабаби вобастагии беш аз ҳадд дар бахшҳои геополитика, амният ва низомӣ намешавад? Дар ниҳоят, аз таърих ва сиёсатшиносии ҷаҳонӣ аксиомаи маъруфе расидааст, ки вобастагии иқтисодӣ дер ё зуд ба вобастагии сиёсӣ ва низомӣ боис мегардад.

 Мубориза бо терроризм ё…?

Агар Чин ба иқтисоди кишвар садҳо миллион доллар ворез мекунад, пас дар дурнамо метавонад дар мавриди ҳуқуқи худ ҷиҳати ҳифзи сармояҳояш садо баланд намояд – бо баҳонаи ин ки манфиатҳои иқтисодиаш дар натиҷаи бесуботии сиёсӣ ва ё кадом як амали ҳукумати маҳаллӣ зери хатар қарор гирифтаанд.

Чунин бармеояд, ки ба эҳтимоли ғолиб мубориза бо терроризм танҳо яке аз сабабҳои машқҳои муштарак дар ВМКБ буда, он ҳам аввалиндараҷа нест. Воқеан, ба имкони ба ҳудуди Чин гузаштани ҷангиёни уйғур бо убури ду марз бовар кардан мушкил аст. Аз ин бештар бовар кардан душвор аст, ки гузаштани чандсад ҷиҳодӣ ҳатто дар оянда тавонад барои артиши Чин ва марзи он хатаре эҷод кунад.  

Дар асл, вазифаи стратегӣ барои Чин имрӯз ҳифзи тарҳҳо ва сармоягузориҳои бузургҳаҷму бисёрмиллиардии хориҷиаш мебошад. Дар навбати аввал, сухан дар бораи тарҳи стратегии “Як камарбанд-як роҳ” аст ки дар чорчуби он танҳо дар кишварҳои пасошӯравии Осиёи Марказӣ нақшаи сармоягузории 60 миллиард доллари ИМА дар назар аст. 

Қартаи ташаббуси “Як камарбанд-як роҳ” дар Осиёи Марказӣ

Дар бораи миқёси стратегии ин тарҳ ин далел гувоҳ аст, ки авохири моҳи апрели соли 2019 он аллакай 126 кишварро, ки дар ҳудуди онҳо 63 дар сади аҳолии замин зиндагӣ мекунанд, фаро гирифт. Барои роҳандозии он раҳбарияти Чин бо 29 созмони байналмилалӣ қарордод баст ва миқёси эҳтимолии иқтисодии он 21 триллион доллар арзёбӣ мешавад.

Манбаъ: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Манбаъ: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ҳадафи аслии тарҳ – дар ҷаҳон ва пештар аз ҳама дар атрофи Чин бунёди қамарбанди инфрасохтории нақлиётӣ ва тиҷорӣ мебошад, ки дастрасӣ ба захираҳои табиии маҳаллӣ ва бозори  фурӯши маҳсулоти тайёрро таъмин кунад. Роҳандозии ин барнома имкон медиҳад, арзиши аслии молҳои содиротии тавлиди Чин коҳиш ёбад ва ин омил онро дар бозори ҷаҳонӣ бештар рақобатпазир мегардонад. 

Бо ин ҳол, иқдоми “Як камарбанд-як роҳ” барои раҳбарияти Чин аҳамияти аввалиндараҷаи стратегӣ дорад. Ҳаҷми харҷҳо барои роҳандозии ин тарҳ ба ҳадест ки хароб шудан ва ҳатто қисман анҷом нашудани он ба иқтисоди Чин зарбаи бузург мезанад.

Мутобиқан, дар чунин шароит ҳифзи манфиатҳои ин тарҳи азим ва дар маҷмуъ сармоягузориҳои хориҷӣ барои раҳбарияти имрӯзаи Чин ба мақоми аввал мебарояд. Ин ба сиёсати дурусти хориҷии Чин далолат мекунад, ки мунтазам на танҳо дар бахши иқтисод, балки дар бахши амният ва ҳамкориҳои низомӣ ҳам ба бозигари бузурги байналмилалӣ табдил мешавад.

Нақши нави Чин дар ҷаҳон

Бори аввал дар мавриди нақши нави Чин баъди хатми ҷанги шаҳрвандӣ дар Шри-Ланка гуфтугузорҳо баланд гардид. Пирӯзии неруҳои ҳукуматӣ дар соли 2009 бо шарофати ёрии низомию иқтисодии Чин, ки ҳудуди як миллиард долларро ташкил мекард, имконпазир шуд.

Ҳукумати Шри Ланка, ки барои нақзи ҳуқуқи инсон дар инзивои байналмилалӣ қарор дошт, ба қарзҳо, кумаки дипломатӣ ва низомии Чин такя кард.

Аммо қарзҳои беруна миёни аъзои хонаводаи раисҷумҳур Раҷапакса, ки 80 дарсади тамоми хароҷоти давлатиро назорат мекарданд, тақсим мешуд. Дар натиҷа, то имрӯз ба ҷойи рушди иқтисодӣ Шри-Ланка ба чоҳи қарзҳо ғутид, беш аз 40 дарсади қарзи берунаи кишвар ба Чин рост меояд.

Мисоли Шри-Ланка нишон медиҳад, ки чаро тарҳи бузурги “Як камарбанд-як роҳ” дар кишварҳои ҷаҳони сеюм бо муваффақият роҳандозӣ мешавад. Дар феҳристи кишварҳои қарздор, ки аз 40 то 80 дарсади қарзҳои беруниашон ба Чин рост меояд, таври маъмул кишварҳое шомил мебошанд, ки дар қатори охири раддабандиҳои байналмилалӣ оид ба мизони коррупсия, озодии иқтисодӣ, демократия ва ба ин монанд нишастаанд. 

Дар ин кишварҳо иқтисод ва  ҷараёни пул дар дасти гуруҳҳои коррупсионӣ, ки таври маъмул манфиатҳои гуруҳии худро аз манфиатҳои давлат боло мегузоранд, қарор доранд.
Фаъолият ва тасмимҳои онҳо берун аз назорати ҷомеа ва парлумон аст; мутобиқан, қарордодҳои басташуда бештар дурнамои манфиатҳои Чинро инъикос мекунанд, ки акнун на танҳо иқтисодӣ, балки геополитикӣ ва амниятӣ низ ҳастанд. 

Дар ин замина, мешавад тахмин зад, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ҳам ба ҳамин самт равонаанд. Пас аз соли 2014, вақте ошкоро мухолифатҳои Ғарб ва Русия дар Украина оғоз гардид, ҳузури Чин дар минтақа ба таври қобили мулоҳиза шиддат гирифт.

Мешавад гуфт, ки васвосиҳои роҳбарияти путинӣ нисбат ба Ғарб ва Украина дарҳоро барои суръат гирифтани таъсири на танҳо иқтисодӣ, балки низомӣ ва амниятии Чин дар минтақа боз кард. Дар муқобилият бо Ғарб Владимир Путин маҷбур аст шарик ва иттифоқчиёнашро дар Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, қабл аз ҳама дар мисоли Чин ҷустуҷӯ кунад. 

Бар ин асос, имрӯз дипломатияи русӣ маҷбур аст аз суръат гирифтани таъсири Чин дар минтақа чашм пӯшад.

Ягона ҷавоби ҷониби Русия Иттиҳоди гумрукӣ ва Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё шуд, ки ҳамчун “мехкӯб” кардани ҳудуд ва маҳдуд кардани фарогирии чинӣ аққалан дар  бахшҳои иқтисод ва савдоро мемонад.

Дар ҷомеаи коршиносии русӣ авзои минтақаро гоҳе некбинона “дуумвират ё раёсати муштараки русӣ-чинӣ” меноманд, вақте Русия дар бахши амният бозигари асосӣ боқӣ мемонад ва Чин дар бахши иқтисод пештоз аст.

Дуумвират” ва ё триумвират?

Аммо агар Тоҷикистонро бигирем, ки ҳанӯз ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё шомил нашудааст, истилоҳи “дуумвират” дигар ҳамчун талоши нишон додани хостаҳо ба сифати воқеият маълум мешавад. Махсусан ин дар пасманзари тасмимҳои ахир дар мавриди де-факто ҳамроҳ бо Чин созмон додани хадамоти марзбонӣ дар ҳудуди ВМКБ, дар назди марзи Тоҷикистону Афғонистон намоён аст.

Гуруҳи муштараки низомӣ аз Чин ва Тоҷикистон марзи муштараки ду кишварро назорат мекунанд. Акс аз theguardian.com
Гуруҳи муштараки низомӣ аз Чин ва Тоҷикистон марзи муштараки ду кишварро назорат мекунанд. Акс аз theguardian.com

Ин созишномаи соли 2016 барои кишвар ва минтақа аҳамияти калон дорад, зеро бар асоси он ҷониби Чин сохтмони 11 нуқтаи марзиро маблағгузорӣ мекунад ва дар ҷониби Тоҷикистонии марз бо Афғонистон 30-40 постгоҳ месозад. Дар ин постгоҳҳо шаҳрвандони Тоҷикистон хидмат мекунанд, дар ҳоле ки тамоми хароҷот барои нигаҳдорӣ ва фаъолияти заставаҳо бар дӯши ҷониби Чин аст.

Ҷузъиёти созишнома маълум нест, аммо талаботи он шартҳои созишномаи миёни Русия ва Тоҷикистон дар мавриди сарҳадро ба ёд меорад, ки то соли 2005 амал мекард. Он замон ҷониби Русия ҳамчунин ҳифзи марзи Тоҷикистону Афғонистонро маблағгузорӣ мекард, дар ҳоле ки бахши аъзами марзбононро тоҷикон ташкил медоданд.

Аз ин рӯ, саволи мантиқие ба миён меояд, ки оё сухан дар бораи де-факто интиқоли як қисми марз таҳти назорати чиниҳо меравад?

Дар замони худ, неруҳои марзбонии Русия Тоҷикистонро бо тақозои ҷониби Тоҷикистон тарк намуданд. Бар пояи иттилои Викиликс[iii], сабаби асосӣ он буд, ки русҳо мустақим ба корҳои дохилии Тоҷикистон дахолат намуда, гоҳе бо мухолифин ва гоҳе бо собиқ қумондонҳои саҳроии ҳукуматӣ буданд.

Ҳоло суол ин аст, ки оё ҷониби Тоҷикистон замоне ки агар чунин як хоҳиш ва ё зарурат пайдо шавад, бо назардошти мизони вобастагии иқтисодӣ аз Чин метавонад марзбонони он кишварро аз сарҳади  Тоҷикистону Афғонистон берун кунад?

Дар аҳди ҳузури русҳо дар марз сиёсатшиносони рус зиёд мегуфтанд, ки сарҳади Тоҷикистону Афғонистон “марзи берунии Русия” ва “минтақаи пеши муҳофиза алайҳи исломгароҳо” ҳаст. Чунин як мантиқи мушобеҳро дар мавриди зарурати муҳофизат аз ҷиҳодиҳо имрӯз ҷониби Тоҷикистон ва Чин барои таҳкими созишномаҳои нав ҷиҳати ҳифзи марз бо Афғонистон баён мекунанд.

Суол ин ҷост ки раҳбарияти Чин ҳам (мисле ки замоне русҳо мекарданд), марзи Тоҷикистону Чинро ба сифати “марзи берунӣ”-и худ баррасӣ мекунанд? Ва дар дурнамо стратегҳои Чин марзи Тоҷикистону Чинро чӣ гуна арзёбӣ мекунанд – ба сифати сарҳади “дохилӣ”-и Чини бузург ва ё “хатти дуввуми дифоъ” алайҳи терроризми исломӣ?

Дар ин замина, иттилои зиду нақиз дар расонаҳои ҷаҳонӣ дар мавриди вазъи воқеӣ дар марзи Тоҷикистону Чинро ба ёд овардан бамаврид аст. Ин матлабҳо баъди ба ихтиёри Чин супурдани як қисми қитъаҳои баҳсбарангези замин аз ҷониби Тоҷикистон дар соли 2011 афзоиш ёфт[iv].

Дар он замон расонаҳои хабарии хориҷӣ чанд маротиба бо сарлавҳаҳои сенсатсионӣ дар бораи он ки гӯиё дар заминҳои баҳсӣ дар ноҳияи Мурғоб низомиёни чинӣ ҳузур пайдо кардаанд ва дар бораи кадом як мувофиқаҳои махфӣ ҷиҳати бар ивази замин ва манбаи канданиҳои фоиданок гузашт карда шудани қарзҳои хориҷӣ матлабҳо нашр намуданд. 

Соли 2013 дар як қатор расонаҳои русӣ иттилое дар бораи ҳузури неруҳои чинӣ дар ноҳияи Мурғоби ВМКБ нашр шуд, каме пештар бошад, дар бораи ба ҳудуди Тоҷикистон ворид шудани неруҳои марзбонии Чин хабар дода шуд. Аксари ин хабарҳо тасдиқи худро наёфтанд ва рад карда шуданд.

Дар ҳамин ҳол, мавҷудияти чунин хабарҳо нишони нигарониҳо чӣ дар кишварҳои ИДМ ва чӣ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ перомуни чигунагии вазъият дар минтақа мебошад. 

Нигарониҳои муайян ва афзояндае миёни шарикони Тоҷикистон дар ИДМ, махсусан Русия вуҷуд дорад. Омадани марзбонони чинӣ метавонад ҳамчун рафтан аз сиёсати бисёрсамта ба ҷониби сиёсати яксамта ва ҳузури барузшудаи Чин маънидод шавад. Дар ин бастагӣ, ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё шомил нашудани Тоҷикистон ҳам ба эҳтимоли зиёд аз ҷониби шарикон аз ИДМ ҳамчун натиҷаи таъсир ва ҳатто фишори Чин арзёбӣ мегардад.

Дар матбуоти Ғарб ва расонаҳои академии он матлабҳои ҳушдордиҳанда ҳар чи бештар ба назар мерасанд, ки аз нигаронӣ ва шакку шубҳаҳо дар кишварҳои ғарбӣ далолат мекунанд. Бо назардошти вазъи мураккаби имрӯзаи миёни ИМА, Ҳиндустон ва Чин, инчунин вазъи Афғонистон, масъалаи тавсеаи иқтисодӣ ва низомии Чин дар минтақаи Осиёи Марказӣ аҳамияти калони байналмилалиро касб менамояд.

Ин нигарониҳо ва нобовариҳо бештар аз хусусияти имзои созишномаи Тоҷикистону Чин ҳам бармало мешаванд, ки он бидуни мубоҳисаҳои оммавӣ ва коршиносӣ, машварат бо шарикони геополитикӣ, инъикос дар матбуот, балки дар ҷараёни мувофиқати пинҳонӣ ва бо тартиби пӯшидаву ғайраву ҳоказо имзо шудааст.

Дар натиҷа чӣ ҷомеаи кишвар ва чӣ ҷомеаи ҷаҳонӣ, шарикон аз СПАД аз тасмимҳои гирифташуда замоне огоҳ мешаванд, ки ҳама чӣ аллакай ҳал шуда ва дигар чизеро намешавад тағйир дод.

Ана ҳамин чиз ҳам боиси шакку шубҳа ва ҳам ҳадсу гумонҳо нисбат ба ояндаи равобити Чину Тоҷикистон ва рушди минбаъдаи вазъ дар марз, ҳалли мушкилоти даъвоҳои ҳудудӣ аз ҷониби Чин ва ғайра мегардад. Ҳамзамон, мавҷудияти чунин шакку шубҳаҳо ба имконоти давлати Тоҷикистон ҷиҳати ба таври зарурӣ ҳимоя аз истиқлол ва ягонагии ҳудудии худ, ба шаъну эътибори кишвар дар арсаи байналмилалӣ зиёни чашмгире расонида, эътимоди бозигарон ва шарикони байналмилалиро ба ояндаи Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил ва устувор халалдор месозад.

Вале муҳимтар аз ҳама он аст, ки ин нобоварӣ ва ноумедӣ дар дохили ҷомеаи Тоҷикистон ҳар чи бештар меафзояд ва вокунишҳои манфӣ ба созишномаи миёни Чину Тоҷикистон ва хусусияти интишороту шарҳҳо дар бахши тоҷикии Интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ гувоҳи ин мебошанд.

Имрӯз маҳз бахши тоҷикистонии шабакаҳои иҷтимоӣ ҷиҳати чен кардани вокуниши ҷомеа ба фаъолият ё тасмимҳои ҳукумат маводи хубе ба шумор мераванд.

Ва руҳияи интиқодию руҳафтодагӣ нисбат ба имконоти кишвар ҷиҳати ба таври зарурӣ ҳимоя карда тавонистан аз истиқлоли худ, ки дар ҷомеа ба мушоҳида мерасад, нишонаи аз ҳама бад ва изтиробовар чӣ барои ҳукуматдорони Тоҷикистон ва чӣ барои кулли ҷомеаи мамлакат маҳсуб мешавад. Зеро маҳз он давлати миллие дар ҷаҳони муосир устувор ва ояндадор аст, ки мардумаш ба он эътимод дошта бошанд.


Ин мавод дар доираи тарҳи «Giving Voice, Driving Change — from the Borderland to the Steppes Project», ки бо кумаки молии Вазорати хориҷаи Норвегия иҷро мешавад, нивишта шудааст. Назароти дарҷшуда дар ин матлаб баёнгари дидгоҳи хоси расона ва ё сарпарасти ин тарҳ нест.


[i] Таджикско-китайские учения на высокогорном полигоне “Джелонди” в ГБАО

[ii] Р.Рахмонали: “На границе скопилось более 6 тысяч иностранных наемников”

[iii] Депеши Wikileaks выставляют лидера Таджикистана в невыгодном свете

[iv] Таджикистан передал часть земли Китаю

 

 

If you have found a spelling error, please, notify us by selecting that text and pressing Ctrl+Enter.

Spelling error report
The following text will be sent to our editors: