© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Таназзули замин дар вилояти Хатлон ба муҳити зист таҳдид мекунад

Солҳои охир дар минтақаҳои аграрии Тоҷикистон мушкили таназзули заминҳои кишоварзӣ ҳарчӣ бештар доғ мешавад. Коршиносон бар ин назаранд, ки барқарорсозии ин заминҳо мушкил аст ва ҳамаи ин равандҳо ба муҳити зист таъсири манфӣ мерасонанд.


Акс аз CABAR.asia
Акс аз CABAR.asia

Дар вилояти Хатлони Тоҷикистон даҳҳо гектор замин корношоям ва ғайри қобили истифода шудааст. Акбардин Музаффаров, як кишоварз аз водии Вахши вилояти Хатлон мегӯяд, аз шаш гектор замини кишоварзии мансуб ба хонаводаи онҳо, як гектораш дигар барои кишт мувофиқ нест. Ӯ тахмин мекунад, ки заминҳои боқимонда ҳам ба наздикӣ корношоям мешаванд.

“Бисёр заминҳои кишоварзӣ, хусусан заминҳои хоҷагии мо солҳои зиёд кишт карда нашудаанд. Замин шӯразор шуда, ҳосил намедиҳад. Дар чунин вазъият чизе кошта наметавонем, зарар мебинем”,-мегӯяд ӯ.

Акбаралӣ, деҳқони дигар аз ноҳияи Қубодиён мегӯяд, дар мавзеи   Юлдузқоқи ин минтақа замин дорад ва дар он ангур, ғалла ва пахта кишт мекунад. Аммо давоми чанд соли охир замин барои кишоварзӣ мувофиқ нест.

“Мо аслан аз ҳисоби кишоварзӣ зиндагӣ мекунем”, – шикоят мекунад ӯ.

Тавре аз Кумитаи идораи замини вилояти Хатлон ба CABAR.asia хабар доданд, майдони умумии заминҳои кишоварзие, ки ғайри қобили кишт шудаанд, 885 гекторро ташкил медиҳад. Ин заминҳое ҳастанд, дар гузашта деҳқонҳо онҷо маҳсулоти кишоварзӣ парвариш мекарданд, вале солҳои охир корношоям гардида, аз истифода бароварда шудаанд. Ба иттилои манбаъ, ин заминҳо ба далели камобӣ ё технологияи нодурусти обёрӣ ба ботлоқ, шӯразамин ё биёбон табдил шудаанд.

Брошенные земли Хатлонской области (3)
Брошенные земли Хатлонской области (2)
Брошенные земли Хатлонской области (1)
 

Дар ҳамин ҳол, аз Агентии беҳдошти замин ва обёрии вилояти Хатлон ба CABAR.asia гуфтанд, айни замон зиёда аз 86 ҳазор га замин тавассути насосҳо обёрӣ мешавад.

Аммо коршиносон раванди таназзули заминро ба мушкилоти тағйирёби иқлим ва болоравии ҳарорат низ марбут медонанд.

Тоҳир Розиқов, коршиноси соҳаи кишоварзӣ мегӯяд, яке аз минтақаҳое, ки миқдори зиёди заминҳояш ғайри қобили истифода шудааст, мавзеи Юлдузқоқ (миёни мардум ҳамчун Эшакмайдон маъруф аст) мебошад.

“Дар ин минтақа қаблан даҳҳо деҳқон кор мекард, аммо солҳои охир ин заминҳо камҳосил шуда, даҳҳо гектор замин комилан корношоям шудааст”, -афзуд Розиқов.

Камол Қурбонов, корманди Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон бар ин назар аст, ки таназзули заминҳои кишоварзӣ на танҳо ба кишоварзону боғдорон, балки ба муҳити зист ҳам зиён мерасонад.

Ба гуфтаи Қурбонов, ин дар натиҷаи камобӣ, нодуруст истифода кардани технологияи обёрӣ аз ҷониби кишоварзон, тоза накардани заҳбуру заҳкашҳо ба вуҷуд меояд. Дар натиҷа қабати ҳосилхези замин вайрон шуда, намӣ аз байн меравад, раванди хушкшавӣ пурзӯр мегардад, ки ба нобуд шудани растаниҳо оварда мерасонад.

“Дар ин ҳолат аз бодҳои дорои чангу ғубор муҳофизат кардан ғайриимкон аст. Ин на танҳо ба муҳити зист, балки ба одамон низ зарар мерасонад”, – таъкид кард Қурбонов.

Диловар Пирзода, сардори Раёсати идораи замини вилояти Хатлон мегӯяд, таназзули заминҳои кишоварзӣ дар аксар шаҳру навоҳии вилоят мушоҳида мешавад, вале бештари онҳо дар ноҳияи Қубодиён ҷойгиранд. Масоҳати умумии заминҳои корношоям дар ин минтақа 534 гекторро ташкил медиҳад.

Мақомоти вилояти Хатлон изҳор доштанд, ки тасмим доранд заминҳои ғайри қобили истифодаро ба ҳолати қаблиашон баргардонанд. Дар ноҳияи Шаҳритӯс гуфтанд, аллакай ҳудуди 50 га заминро барқарор кардаанд.

Ба андешаи Тоҳир Розиқов, барои барқарор кардани замин заҳбурҳоро тоза кардан ва заминҳоро обёрӣ кардан лозим аст, аммо ин кори содаву осон нест ва иҷрои он рӯз то рӯз мушкилтар мешавад.

Ҳарчанд намояндагони Кумитаи идораи замини вилояти Хатлон сабаби таназзули заминро ба камбуди об марбут медонанд, аммо коршиносон омили дигари ин равандро тағйирёбии иқлими ҷаҳонӣ мегӯянд.

Эколог Ҷӯрабек Мирҷонов сабаби хароб шудани заминҳои кишоварзиро дар тобистонҳои гарм ва зимистонҳои камбориш медонад. Вай гуфт, солҳои ахир бар асари тағйирёбии иқлим мизони боришот – барфу борон коҳиш ёфта, ба кам шудани намии замин оварда расонидааст.

“Аз тарафи дигар, солҳои охир тобистонҳо гармтар шуд, ки ба муҳити зист ва наботот таъсир мерасонад. Дар натиҷа заминҳои кишоварзӣ ғайри қобили истифода мешаванд, бодлес (эрозия) ба амал меояд, қабати ҳосилхези хок аз байн меравад, мувозинати байни хоку растанӣ вайрон мешавад, ки ин ҳама ба табиат ва муҳити зист таъсири манфӣ мерасонад”,- гуфт ӯ.

If you have found a spelling error, please, notify us by selecting that text and pressing Ctrl+Enter.

Spelling error report
The following text will be sent to our editors: