© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Сокинони вилояти Хатлон аз нарасидани оби нушокӣ танқисӣ мекашанд

Сокинони вилояти Хатлон солҳост, ки аз адами дастрасӣ ба оби нушокӣ шикоят мекунанд, аммо касе барои ҳал кардани ин мушкил иқдом намекунад.


Ба саҳифаи мо дар Фейсбук обуна шавед!


Ороста, сокини 48-солаи рустои Лолазори ноҳияи Вахш мегӯяд, маҷбур аст хонаводаи ҳафтнафариашро бо оби ошомиданӣ таъмин намояд. Дар деҳае, ки ӯ ҳамроҳи оилааш зиндагӣ мекунад, лӯлаи оби ошомиданӣ мавҷуд нест. Онҳо обро ҳангоми боридани барфу борон захира мекунанд. Аммо бо ин далел, ки ҷануби Тоҷикистон аз ҳад гарм буда, барфу борон танҳо як давраи кутоҳи зимистон меборад, бештаври вақт маҷбур ҳастанд обро бихаранд.

“Имсол тақрибан боронгарӣ набуд ва мо на ҳама вақт имкони захира кардани обро дорем. Ҳоло як мошин обро бар ивази 200 сомонӣ (тақрибан 18 доллари ИМА) мехарем”,- гуфт ҳамсуҳбати мо.

Дар рустое, ки Ороста зиндагӣ мекунад, 70 хоҷагӣ инак 30 сол мешавад, ки лӯлаи оби нушокӣ надоранд. Сокинон оби барфу боронро дар чоҳҳои махсус нигоҳ дошта, онро то охири баҳор истифода мебаранд. Тобистон ва тирамоҳ бошад, маҷбур ҳастанд, об бихаранд.

Сокинон кайҳо ин русторо тарк мекарданд, аммо ин кор осон нест. Зеро дар минтақае, ки об нест, касе хоҳиши харидани манзилро надорад.

Деҳаи Лолазори ҷамоати Машъали ноҳияи Вахш ҳанӯз аз замони Шӯравӣ оби нушокӣ надорад, лӯлаи об, ки аз дарёи Вахш ба русто кашида шуда буд, кайҳо хароб шудааст.

Тӯра Қаландаров, сокини деҳаи Лолазор мегӯяд, чор тоннаи обро бо арзиши аз 200 сомонӣ (тақрибан 18 доллар) ва бештар аз ин харидорӣ мекунад. Ин миқдор об барои хонаводае, ки аз 8 нафар иборат аст, ҳамагӣ барои як ҳафта мерасад.

“Оби борон аз бом ба чоҳ мерезад ва мо онро барои нӯшидан нигоҳ медорем. Баъзан он пури кирм аст ва бӯйи бад мекунад, вале маҷбур ҳастем онро истеъмол кунем, чун интихоби дигар надорем”,-мегӯяд Қаландаров.

Томчӣ, рустои куҳие дар ноҳияи Кушониён аст, ки сокинонаш ҳамчунин аз нарасидани оби нушокӣ танқисӣ мекашанд. Онҳо низ маҷбур ҳастанд, оби барфу борон захира кунанд ва об бихаранд. Борҳо ба мақомот муроҷиат кардаанд, вале мушкилашон ҳалнашуда боқӣ мондааст.

Бино ба омори расмии идораи хоҷагии оби вилояти Хатлон тақрибан 30 деҳа ба оби тозаи нушокӣ дастрасӣ надорад. Сокинони марказҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ҳам баъзан ба чунин мушкил мувоҷеҳ мешаванд.

Гулнора Тошкадиева, сокини 30-солаи рустои Иттифоқи ноҳияи Вахш аст. Дар ин деҳа ҳудуди 90 хонавода зиндагӣ мекунад ва ҳамаи онҳо маҷбуранд оби нушокиро аз масофаи ду километр – аз шохоби дарёи Вахш бикашонанд.

Ба гуфтаи Гулнора, ӯ ҳамроҳи писари ноболиғаш рӯзона то 60 литр об мекашад. Монанди вай занону кӯдакони ҷамоати “Бистсолагии истиқлолият” тамоми вақти холии худро ба овардани об сарф мекунанд.

Мақомот мегӯянд, мушкили ин рустоҳо ҳалшаванда аст, аммо барои ҳалли он ҳеч шитоб намекунанд. Нарасидани оби нушокӣ аз ҳама бештар дар ноҳияҳои Вахш, Кушониён, Балх ва Хуросон ба назар мерасад.

Моҳи сентябри соли 2018 Бонки ҷаҳонӣ татбиқи барномаи наверо дар вилояти Хатлон шурӯъ кард, ки таъмини об ва меъёрҳои беҳдорӣ ё санитарияро дар манотиқи деҳот дар назар дошт. Гуфта мешуд, арзиши лоиҳа 58 миллион доллар буда, он ба ҳукумати Тоҷикистон дар шакли грант ё кумаки бебозгашт дода мешавад.

Он вақт гуфта мешуд, ки мушкили об дар вилояти Хатлон давоми панҷ соли оянда ҳал мешавад. Аммо сокинон мегӯянд, аз касе дар бораи ёрӣ барои ҳал кардани мушкилашонро нашунидаанд.

Лоиҳа таъмини 400 000 нафарро бо оби тозаи нушокӣ ва сохтмони иншооти санитарӣ ё ташнобро барои 100 000 кӯдаку наврас пешбинӣ мекард. Ҳарчанд мақомот мегӯянд, ки кор оғоз шудааст, аммо сокинони маҳаллӣ иддао доранд, тағйироте дар ин самт ба назар намерасад.

Бар асоси ин лоиҳа қарор буд, масъалаи дастрасӣ ба оби тозаи ошомиданӣ дар ноҳияҳои Вахш, Леваканд Кушониён, Дӯстӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Ҷайҳун ва Восеъ ҳал карда шавад.

Мақомоти вилоят мушкили нарасидани обро барои сокинон тасдиқ карда, гуфтанд, давоми ду соли ахир вазъ беҳтар шудааст.

Яке аз масъулини хоҷагии манзилию-коммуналии вилояти Хатлон гуфт, 86 дарсади сокинони деҳоти минтақа ба оби нушокии бехатар дастрасӣ надоранд.

Ҳукумати Тоҷикистон чанд солро пайи ҳам “Соли оби тоза” эълон кард, ки ҳадафи он бо оби нушокӣ таъмин кардани сокинон гуфта мешуд, аммо ин мушкил ҳанӯз ҳалношуда боқӣ мондааст.

If you have found a spelling error, please, notify us by selecting that text and pressing Ctrl+Enter.

Spelling error report
The following text will be sent to our editors: